Хабари рӯз

Узвият дар СААД ба Тоҷикистон барои чӣ лозим аст?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

СААД ягона сохтор дар фазои пасошӯравист, ки дар ҳолати таҷовузи беруна кафолати кумаки мутақобила ва дастгирии сиёсӣ медиҳад. Вале бо вуҷуди ин, гоҳ-гоҳ дар доираҳои муайян суоли “узвият дар СААД барои чӣ лозим аст” шунида мешавад. Дар ин матлаб кӯшиш мекунем, ба ин суол посух диҳем.

 

ИҚТИДОРИ ҲАРБИИ ТАКМИЛДОДАШУДА

Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки қариб ҳеч яке аз кишварҳои узви СААД барои мустақилона муқобилат кардан ба таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти миллӣ иқтидори кофии ҳарбию техникӣ надоранд. Узвият дар СААД ба кишварҳо имкон медиҳад, ки неру ва кӯшишҳои худро барои муҳофизат аз таҳдидҳои эҳтимолии беруна муттаҳид карда, мавқеи худро қавитар ва устувортар гардонанд. Илова бар ин, фаъолият дар доираи СААД ба кишварҳо имкон медиҳад, ки захираҳои низомии худро таҳким бахшанд: кишварҳои узви ин Созмон имконияти табодули таҷриба, технология ва захираҳо дар соҳаи мудофиаро пайдо мекунанд, ки ин ба баланд бардоштани самаранокӣ ва муосиркунонии қувваҳои мусаллаҳи онҳо мусоидат менамояд, инчунин, тавассути тамринҳо, амалиётҳо, ва миссияҳо дар доираи ин созмон қобилияти ҷангии худро беҳтар мегардонанд. Ҳамчунин, дар бораи вазифаи дипломатии СААД низ бояд ёдовар шуд, зеро ҳамкории кишварҳо дар соҳаи амният ба ҳалли низоъҳо ва таъмини суботи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Маълум аст, ки бузургтарин кишвари узви СААД (аз лиҳози ҳудуд, аҳолӣ, иқтисод, захираҳои низомӣ ва нуфуз дар арсаи байналмилалӣ) Русия мебошад, ки як навъ таҳриккунандаи ин созмон баромад мекунад. Ҳамчунин, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус ва Арманистон узви он мебошанд. Вале Арманистон узвияти худро дар ин созмон аз моҳи феврали соли ҷорӣ мутаваққиф кардааст, ки президенти ин кишвар онро чунин шарҳ додааст: “Уҳдадориҳои СААД нисбат ба Арманистон, бахусус дар солҳои 2021-2022 иҷро нашудааст” (сухан дар бораи муноқишаи Арманистону Озарбойҷон дар Қарабоғи кӯҳӣ меравад). Пас аз  ин Арманистон аз пардохти ҳақи узвияти солона ба СААД сарпечӣ кард, аммо ба гуфтаи роҳбарияти ин созмон, СААД уҳдадориҳои худро дар назди Арманистон риоя мекунад.

Ба гуфтаи коршиноси тоҷик, профессори кафедраи робитаҳои байналмилалии ДМТ Ниёз Мирзоев, Русия дар муноқишаи Арманистону Озарбойҷон ягона мавқеи имконпазири бетарафиро ишғол кардааст, зеро Арманистон узви СААД мебошад ва  Озарбойҷон бошад ба ҳайати ИДМ шомил аст, Русия ҳамчун миёнарав баромад карда, хар ду тарафро ба хамкорӣ ва имзои созишномаи сулҳ даъват намуд. Коршинос бар ин назар аст, ки рӯҳияи эътирозии Арманистон аз таъсири сиёсатмадорони ғарбӣ вобаста аст: “Шояд касе аз онҳо ба Арманистон ва махсусан ба Пашинян пуштибонии худро ваъда карда бошад. Албатта, касеро беасос айбдор кардан мумкин нест, аммо ба назари ман, ин ҳама кори НАТО аст. Ман дигар сабабҳоро намебинам."

       СААД хамеша таъкид мекунад, ки созмон хусусияти тақобулӣ не, балки зиддибӯҳронӣ ва сулҳпарварона дорад. Созмон мувофиқ будани фаъолияти худ ба ин ҳадафро ба таври возеҳ дар Қазоқистон нишон дод - вақте моҳи январи соли 2022 баъзе минтақаҳои кишварро мавҷи эътирозҳо фаро гирифт, ки ба андешаи коршиносони масоили робитаҳои байналмилалӣ, он ҳамоҳангшуда буда ва ба табаддулоти давлатӣ равона шуда буд. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дарҳол воқеаҳои дар кишвар рӯйдодаро “амали террористии аз ҷониби нерӯҳои беруна тарҳрезишуда ва ба амнияти Қазоқистон таҳдидкунанда” номида,  бо хоҳиши дастгирии Қазоқистон дар “рафъи ин хатари террористӣ” ба кишварҳои СААД муроҷиат намуд”. СААД дарҳол нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳро ба ин кишвар сафарбар кард ва пас аз се рӯзи вуруди нерӯҳои СААД вазъ дар Қазоқистон ба эътидол омад.

 

ТАҲДИДҲОИ МУОСИР

Аммо чунин фаъолияти СААД дар ҳолатҳои фавқулода дида мешавад. Таҳдидҳои муосир бошанд, бештар хусусияти фаромиллӣ пайдо мекунанд. Фаъолияти имрӯзаи созмон, ки ба самти афзалиятнок табдил ёфтааст, мубориза бо терроризми байналмилалӣ дар шаклҳои мухталифи он, бо паҳн кардани ақидаҳои ифротгароӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, инчунин, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро дар бар мегирад. Ин чолишҳо ва таҳдидҳое мебошанд, ки ба муқобили онҳо танҳо дастаҷамъона  метавон мубориза бурд.

Дар байни вазифаҳои СААД ба масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад, зеро ин кишвар бо сабаби ҷойгир буданаш дар чорроҳаи минтақаҳо ва фарҳангҳои гуногун таърихан маркази таҳдидҳои геополитикӣ ва геостратегӣ будааст. Имрӯз Афғонистон паноҳгоҳи гурӯҳҳои мухталифи террористӣ ва бузургтарин тавлидкунандаи афюн дар ҷаҳон мебошад, зиёда аз ин солҳои охир ба ин кишвар даҳҳо ҳазор ҷангҷӯёни мусаллаҳ аз Ховари Миёна интиқол дода шудаанд. Бо назардошти он ки дарозии марзи Афғонистон бо Осиёи Марказӣ беш аз 2,3 ҳазор километрро ташкил медиҳад (аз он 1,3 ҳазор километраш бо Тоҷикистон аст), минтақа яке аз осебпазиртарин минтақаҳои ҷаҳон нисбат ба амалҳои террористӣ маҳсуб ёфта, сохтори мураккаби иҷтимоию демографии кишвар вазъи онро  боз ҳам вазнинтар мегардонад.

Аз ин рӯ, муттаҳид кардани талошҳо барои таъмини амният дар доираи СААД ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои дигар кишварҳои минтақа зарур аст. Созмон фаъолиятҳои мақомотҳои салоҳиятдори кишварҳои узви СААД-ро ҳамоҳанг сохта, табодули иттилоотро дар бораи таҳдидҳои эҳтимолии террористӣ таъмин менамояд, инчунин, машқҳо ва амалиётҳои муштаракро барои муқобилат бо таҳдидҳои эҳтимолӣ баргузор мекунад. Масалан, бо мақсади пешгирӣ кардани ҷалби шаҳрвандони мо ва бастани роҳҳои пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ, мунтазам амалиёти “Зархарид” гузаронида мешавад. Баҳори соли ҷорӣ муовини Дабири кулли СААД Валерий Семериков иттилоъ дода буд, ки соли 2023 ҳудуди 2,4 ҳазор ҳолатҳои маблағгузории фаъолиятҳои террористӣ дар қаламрави кишварҳои СААД ошкор шудааст.

Дар минтақа инчунин, барои ҷилавгирӣ аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолона корбарӣ шуда истодааст. Соли 2021 дар доираи СААД Стратегияи зидди маводи мухаддир барои 5 сол қабул карда шуд. Инчунин, амалиёти "Канал-Перехват" бисёр муассир мебошад, ки бо мақсади бастани роҳҳои интиқоли маводи мухаддир амалӣ карда мешавад: соли 2023 дар давоми 5 рӯзи ин амалиёт дар қаламрави кишварҳои СААД қариб 900 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд, 854 ҷинояти маводи мухаддир ошкор ва 400 нафар боздошт шуданд,  инчунин ,зиёда аз 400 манбаъҳои интернетӣ, ки тавассути онҳо иттилоот дар бораи маводи мухаддир паҳн карда шуд.

Барои баланд бардоштани омодагии узви СААД барои вокуниши муассир ба ҳолатҳои гуногуни террористӣ ва ҳарбӣ мунтазам тамринҳои муштарак гузаронида мешаванд. Соли 2024 бо ташаббуси Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон 7 адад машқҳои низомӣ гузаронида мешаванд, аз ҷумла: "Ҳамкорӣ - 2024", "Бародарии вайроннашаванда - 2024", машқҳои махсуси "Ҷустуҷӯ - 2024", "Эшелон - 2024", "Скала - 2024", "Кобалт - 2024", тамринҳои муштараки "Марз - 2024". Ин ба таҳкими иқтидори захираҳои низомии кишварҳои СААД ва таъмини вокуниши ҳамоҳангшуда ва муассир мусоидат хоҳад кард.

Боз як ҳадафи муҳимми СААД - эҷоди сипари зидди ҳавоӣ дар самтҳои стратегӣ буд: дар ин самт корҳо барои таҳкими низоми ягонаи зиддиҳавоии кишварҳои узви СААД идома доранд. Русия аллакай ба Тоҷикистон 8 адад комплексҳои С-300 ва дигар таҷҳизоти барои фаъолияти боэътимоди системаҳои зиддиҳавоии заруриро дастрас кардааст.

Қобили зикр аст, ки дар Созмон, ба ғайр аз корҳои дар доираи вазифаҳои асосии  СААД иҷрошаванда, инчунин, аз рӯйи дархостҳои мушаххаси аз ҷониби кишварҳои пешниҳодшуда корбарӣ карда мешавад. Масалан, имрӯз коршиносони ин созмон ташаббуси тоҷикон оид ба таъсиси маркази вокуниши башардӯстонаи СААД дар вилояти Хатлонро, ки ба мубориза бо исломгароии радикалӣ ва ҳифзи фазои иттилоотии СААД машғул хоҳад шуд, баррасӣ менамоянд.

Бо вуҷуди он ки дар ин мавод танҳо як қисми фаъолияти СААД таҳлил шудааст, аммо он барои дарки муҳим будани узвият дар ин созмон барои амнияти ҳар як кишвари узви он кофӣ аст. Ва таҳлилро метавон бо гуфтаҳои коршинос Ниёз Мирзоев ҷамъбаст кард: “СААД кафили амнияту субот аст ва ман фикр мекунам, ки тамоми кишварҳои ИДМ бояд ба ин созмон шомил шаванд. Дар ҷаҳони муосир барои муқовимат ба чолишҳои нав бояд иттиҳодияҳои минтақавиро тақвият бахшем».


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!