Амрико дар бозии геополитикаи Афғонистон чӣ аҳдоферо думбол мекард?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика
Муҳиммтарин паёмади ҳузуру хурӯҷ аз Афғонистон аз ҷониби Амрико амниятӣ сохтани раванди сиёсӣ дар минтақа аст. Он чӣ дар перомуни Афғонистон, ки манишан он вазъияти Афғонистони пас аз Амрико аст, ҷараён дорад, таҳаввули хос дар динамика сиёсӣ ва тағйири он ба моҳият низомӣ аст. Имрӯз дигар мавзӯъоти демократия, озодиҳои маданӣ ва... дар сатҳи минтақа матраҳи баҳс нест. Он чӣ тамоми минтақаро даргири худ сохта, амнияти шиканандагӣ аст, ки решаи ин ноамнӣ ба Афғонистон бар мегардад.
Терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ҳатто фактори ҷудоиталабиро низ таҳти шуо қарор додааст. Ин авомил боис шудаанд, то тамоми минтақа аз мантиқи амнияти низомӣ бештар баҳра бубаранд ва ин дақиқ чизест, ки Амрико мехост. Дар зимн, раванди рӯ ба ташаннуҷ дар муҳити амниятии минтақа, ҷудо аз масоили терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ҷудоиталабӣ ва фурсатҳое, ки гегемонияи Амрико дар тайи ду даҳа мусоид сохтааст, унсури муаммои амниятӣ аст, ки миёни бозигарони мутааддид дар сатҳи минтақа шакл гирифтааст.
Муаммои амниятӣ миёни Чин, Русия ва Эрон агарчи зоҳиран қобили мушоҳида нест, аммо таъсири манфӣ бар раванди ҳамгироӣ ва иттиҳоди стратегиву сохторӣ (паймони Шонгҳой) хоҳад дошт. Масалан, талоши ҳар се кишвар - Чин, Русия ва Эрон - барои эҷоди роҳҳои таомул бо Толибон, ба масобаи як муаммои амниятӣ, боиси бадгумонӣ ва эҷоди зеҳнияти шаккок дар равобити амниятӣ ва ҳамгироӣ дар равандҳои амниятӣ дар сатҳи минтақа миёни бозигарон аст.
Ҳадафи дигар эҷоди сохторҳои мувозии амниятӣ дар қолаби бозигарони ғайридавлатӣ, ширкатҳои милитаристии фаромиллиятӣ ва мусаллаҳсозии минтақа ба унвони як нуқтаи кӯр дар равобити амниятӣ дар сатҳи Осиё аст. Ин сиёсат ибтидо дар Ховари Миёна бо оғози “баҳори арабӣ”, суқути диктаториҳои мухолифи Амрико ва зуҳури ДОИШ ба унвони як комплекси бузурги террористӣ, ки дорои сохтор ва манобеи фаровони пулӣ буд ва бо тасхири ҷуғрофияи бештар дар барнома буд, то тамоми минтақаи Ховари Миёна то Шимоли Африқоро даргири як раванди амниятӣ ва чолишзо намоянд, ки бино ба таҳаррукоти ҷиддии русҳо, чиноиҳо ва эрониҳо, ин раванд рӯ ба нокомӣ гузошт.
Ҳоло айни барнома дар хусуси Осиёи Марказӣ таҳти Бозии Бузурги Ҷадид бо бозигарони мутааддиди давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар ҳоли вуқӯъ аст. Афғонистонро минҳайси конуни бистарсози ин таҳаввули мухарриби амниятӣ интихоб кардаанд. Ҳавзаи Шонгҳой бо вуҷуди таъқиби равандҳои ҷудогонаи амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ, аз иттиҳоди хубу ҳамгироии маънодоре дар ин хусус, истифода бурдааст. Паёми мусбат низ дар ин хусус ин аст, ки тақрибан як навъ иҷмои амниятӣ ва сиёсӣ дар хусуси масоили минтақа миёни кишварҳои узв вуҷуд дорад.
Дарки муштарак, зеҳнияти мувозӣ ва мутақорин дар миёни аъзои қудратманди Шонгҳой боис шудааст, то ҳамзамон ду раванди мутазоди амниятӣ дар сатҳи минтақа дар як хатти тақотуъ қарор гиранд: раванди аввал ба раҳбарӣ ва таҳти ҳимояти Амрико, Инглис ва муттаҳидони ғарбиашон дар ҷиҳати акси раванди амниятсозӣ дар ҷараён аст ва мухилл (барҳамзананда)-и амният тасбит шудааст; раванди дувум дар воқеъ вокунишӣ аст, ки кишварҳои минтақа ва умдатан аъзои Шонгҳой дар ҷиҳати муқобила бо таҳдидҳои бархоста аз таҳаррукот ва созмондиҳиҳои Амрико аз бистари Афғонистон, рӯи даст гирифтаанд.
Чӣ чизе дар ҳоли вуқӯъ аст?
Ба назар мерасад, минтақа баъд аз ду соли ғиёбати зоҳирии Амрико, дар як чолаи амниятӣ ва геополитикии анархия фурӯ рафтааст. Ҳузури сохтории бозигарони ғайрдавлатӣ ва мухталкунандагони амният, монанди гурӯҳи Толибон, минҳайси режими бистарсози раванди рӯ ба рушди терроризми давлатӣ, созмондиҳии ҳадафманди гурӯҳҳои мафиёӣ, ки аз аххозӣ, терроризми сайберӣ, қочоқи маводи мухаддир, ифротгароӣ ва фақр баҳраи фаровон мегиранд, дар ростои стратегияи бозмувозина дар ҷиҳати тавлиди манобеи қудратии фаровон барои Амрико ва дар ҷиҳати пешбурди ин бозӣ ба нафъи ин кишвар, дар ҳаракатанд.
Терроризм бузургтарин абзор дар хидмати аҳдофи тавсеаталибонаи кишварҳои қудратманд, ҳамвора мавриди назар будааст. Терроризми давлатӣ, ки дар Афғонистон ҳоким аст, тавониста шакли муназзаме аз таҳдидҳои амниятиро фарорӯи кишварҳои перомунӣ қарор бидиҳад. Дар зимн, даргирии марзии гурӯҳи Толибон минҳайси як давлати террористӣ, бо Эрон, Туркманистон, Покистон (ба шакли зоҳирӣ), аъмоли сиёсатҳои ҷангталабона мабнӣ бар ҳидояти гурӯҳҳои террористӣ ва кӯмак ба эҷоди тавонмандиҳои ин гурӯҳҳо дар ҷиҳати мухтал сохтани амнияти Осиёи Марказӣ, авомили боризи шаклгирии як раванди амниятӣ аст, ки заминасози он Амрико будааст. Чунончи бист соли ҳузури Амрико дар Афғонистон, тамоми минтақаро мусаллаҳ сохта ва сохторҳои қудратманди террористиро барои аҳдофи баъдӣ, ба вуҷуд овардааст.
Он чӣ бармало аст, ин аст, ки Амрико ва муттаҳидонаш аз даргирии мустақим бо Чин, Русия, Эрон ва соири давлатҳои мутахосим ба иллати уфули тавонмандиҳояшон, мавҷудияти маҳдудиятҳо дар манобеъ, тавозуни роҳбурдиву ҳастаӣ, доктринаи боздорандагӣ ба воситаи силоҳи ҳастаӣ, баҳампайвастагии иқтисодӣ ва ниёз ба додуситади иқтисодӣ барои ба чархиш даровардани иқтисоди ҷаҳонӣ, эҳтироз мекунанд. Дар иваз, аз роҳкорҳои ниёбатӣ, ҳимоят аз раванди рӯ ба рушди терроризм дар минтақа бо зарфиятҳои хуфтаи он, эҷоди мухиллиҳои амниятӣ ва барҳам задани назми амниятӣ дар сатҳи минтақа кор мегирад.
Ин раванд нуқтаи оғозине дошта, ки мунҷар ба қудратгирии ин гурӯҳҳо шудааст. Ҳол мо бо рушди ин раванд, дар як масири суудӣ дар ҷиҳати таъмини манофеъи амрикоӣ ба воситаи терроризм ҳастем. Авҷи ин раванд бо тахосуму даргирии мутақобил ва истифодаи блоки Шонгҳой аз роҳкорҳои мумкин, нуқтаи атфе дар таърихи рӯёрӯии Ғарб бо Шарқ хоҳад буд. Агарчи адабиёти имрӯз Шарқу Ғарб намешиносад, аммо бештар тибқи назарияи интиқоли қудрат, Осиё ва Амрико-Аврупоро метавон ба ин қутббандии тавъам бо эътилофҳои маънодор, тавсиф кард.