Истихбороти Покистону Чин чӣ гуна давлати Ҳусайнаро суқут доданд.
Нависанда: “Шарқ” – “Дипломатияи эронӣ”
Ниҳодҳои иттилоотии Ҳинд мӯътақиданд Созмони истихбороти артиши Покистон мавсум ба ISI ва Чин коммунистӣ дар густариши эътирозот ва суқути давлати Ҳусайна нақш доштанд. Ба гузориши “Шарқ”, эътирози мусоламатомези донишҷӯён ба бекорӣ ва наҳваи саҳмиябандии машоғили давлатӣ дар Бангладеш, ки дар моҳи гузашта оғоз шуда буд, баъд аз муддати кӯтоҳе ба эътирозоти саросарӣ табдил шуд. Ба тавре, ки матолиботи рафъи табъиз дар машоғили давлатӣ ба сарнагунии давлати Шайх Ҳусайна тағйири моҳият дод.
“Таймс оф Индия” ба нақл аз ниҳодҳо ва мақомоти иттилоотии Ҳинд гузориш додааст, ки Созмони истихбороти Покистон аз шохаи донишҷӯии Ҷамоати исломии Бангладеш барои бесуботсозӣ ва суқути давлати Шайх Ҳусайна ҳимоят карда буд. Ба навиштаи ин расона, шохаи донишҷӯии Ҷамоати исломии Бангладеш мавсум ба Чатро Шибир аз ибтидои соли ҷории мелодӣ “ҳимояти молии дархӯри таваҷҷуҳе барои бесуботсозии давлати Ҳусайна” аз ISI-и Покистон дарёфт карда буд.
Мақомоти иттилоотии Ҳинд гумон мекунанд, ки манобеъи молӣ барои бесуботсозии давлати Ҳусайна аз тариқи ниҳодҳои чинӣ, ки дар Покистон фаъолият мекунанд, таъмин шудааст. Ба навиштаи “Апк таймс”, Шайх Ҳусайна, нахуствазири собиқи Бангладеш, дар талош буд, ки дар канори равобити наздик бо Деҳлии нав, равобити дӯстонае низ бо Пекин барқарор кунад, аммо равобити наздики Бангладеш бо Ҳинд ва Ғарб боиси норизоиятии Чини коммунистӣ буд.
Бар асоси оморҳои расмӣ, мизони воридоти Бангладеш аз Чин 10 баробар бештар аз содироти ин кишвар буда ва ҳамчунин Чин бузургтарин шарики тиҷории Бангладеш дар солҳои гузашта будааст. Фаъолиятҳои гурӯҳҳои ифротгаро дар Ҳинд ва кишварҳои ҳамсоя, яке аз нигарониҳои мақомоти давлати Нарендра Моди будааст.
Ҳамчунин ниҳодҳои иттилоотии Ҳинд, Ҷамоати исломии Бангладешро ба унвони яке аз “гурӯҳҳои ифротгаро” барои солҳои мутамодӣ таҳти назар доштанд. “Таймс оф Индия” ба нақл аз як афсари иттилоотии Ҳинд гузориш додааст, ки ҳадафи ниҳоии гурӯҳи Ҷамоати исломии Бангладеш, ташкили давлати мушобеҳ бо давлати Толибон аст ва Созмони истихбороти артиши Покистон ба ин гурӯҳ итминон додааст, ки барои эҷоди давлати мушобеҳи Толибон дар Бангладеш ба Ҷамоати исломӣ кумак мекунад.
Дар ҳамин ҳол, расонаи “Дипломат” ҳушдор додааст, агар Амрикову Ҳинд бихоҳанд аз афзоиши нуфузи Чини коммунистӣ бар минтақа ҷилавгирӣ кунанд, бояд аз инқилоби Бангладеш ибрат бигиранд ва барои тазмини суботи ниҳодҳои қудратманди демократӣ дар Ҷануби Осиё талош кунанд.
Таҳлилгари ин расона бо интиқод аз сиёсати мақомоти ҳиндӣ дар Бангладеш афзудааст, сиёсатмдорон ва таҳлилгарон дар Деҳлии нав барои муддати тӯлонӣ бовар доштанд, ки сиёсати “мушти оҳанин”-и Шайх Ҳусайна дар хидмати манофеи Ҳинд аст ва акнун бо вуқӯи инқилоб дар Бангладеш мушаххас шуд, ки онҳо иштибоҳ мекарданд.
Бар асоси ин мақола, ҳукуматҳои иқтидоргаро ва мубтанӣ бар “мушти оҳанин” барои муддати тӯлонӣ натавонистаанд давом биоваранд ва муттаҳидони минтақаӣ баъд аз муддате ба далели амалкарди номуносиби ин ҳукуматҳо, бо хатари аз даст рафтани манофеъ ва эътибори минтақаӣ мувоҷеҳ шудаанд.
Давлати Шайх Ҳусайна яке аз муттаҳидони стратегии давлати Нарендра Моди буд, ки дар тавсеаи проектҳои зербиноӣ, ҳаллу фасли ихтилофҳои марзӣ миёни ду кишвар ва муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ бо якдигар ҳамкорӣ мекарданд.
Шайх Ҳусайна, рӯзи душанбе истеъфо дод ва ба Ҳинд гурехт. Ба ин тартиб, умри 15-солаи давлати ӯ ба поён расид. Бар асоси гузоришҳо, дар ин хушунатҳо ҳудуди 250 нафар кушта ва ҳазорон нафар захмӣ шудаанд.
Генерал Вақеруззамон, фармондеҳи артиши Бангладеш, дар як суханронии телевизионӣ эълом кард, Бангладеш дар ҳоли сипарӣ кардани як инқилоб аст ва давлати муваққат ташкил хоҳад шуд. Ҳамзамон тасовире аз парчами Толибон, Бангладеш ва Фаластин дар миёни инқилобиён мунташир шуд.
Бархе аз корбарони ҳиндӣ низ бо интишори тасовир ва видеоҳое аз хонаҳои оташгирифта, дар бораи таҳдиди амниятии хонаводаҳои ҳинду дар Бангладеш тавассути бархе мӯътаризони ифротӣ ибрози нигаронӣ карданд.
Як рӯз баъд аз сарнагунии давлати Бангладеш, гурӯҳҳое аз донишҷӯёни мӯътариз эълом карданд, аз Муҳаммад Юнус, иқтисоддон ва барандаи ҷоизаи сулҳи “Нобел” барои раёсати давлати муваққати Бангладеш ҳимоят мекунанд. Муҳаммад Юнуси 84-сола аз мухолифони матраҳи Шайх Ҳусайна аст. Гуфта мешавад, Муҳаммад Юнус ҳозир шуда, то ба таври муваққат қудратро дар даст бигирад.