Ин омил метавонад мӯҷиби идомаи бақои Покистон шавад.
Нависанда: Ориф Ҳасанхон Охундзода, муҳаққиқ ва таҳлилгари масоили минтақаӣ ва Покистон, узви Шӯрои машваратии ”Сангар”
Агар ба нақшаи сиёсии меъёрии расман чопшудаи Покистон бингарем, мебинем, ки марзҳои вилоёти Панҷобу Синд ба ивази ин ки мустақиман рӯи он бошад, аз самти чапи дарёи Ҳинд мегузарад. Ин наворҳои борик ба унвони соҳоти "Качҳа" шинохта мешаванд ва аз ҷангалҳои захими рӯдхонаӣ ташкил шудаанд, ки аз рӯи тамоми нишонаву аҳдоф ғайри қобили мудирият ҳастанд. Дар муҷовирати Балучистони ҳамсоя, ин соҳот дар ҳақиқат пойгоҳҳои балучанд, магар ба иллати вежагиҳои қавмии хос амдан ба Панҷобу Синд шомил шудаанд.
Ин анклавҳои таҳти султаи балучҳо бо ҳилагарӣ ба ин ду вилоят ба унвони "наворҳои" буферии маҳаллӣ тавассути стратегистҳо ва мутахассисини бритониёиву маҳаллӣ шомил шуда буданд. Онҳо ба таври хомӯше хурдтарин ҷузъиёти чигунагии сохтани муассиртарин аҷзои як механизми буфери муҳофизатии печидаро, ки бо он кор карда тавонанд, ба вуҷуд оварданд, то аз императории афсонаии Ҳинд, ки манобеъ ва кунтроли он ҷазираи кӯчаки аврупоии онҳоро ба авҷи раҳбарии ҷаҳонӣ расонда буд, дифоъ кунанд. "Покистониҳо", ки ҷонишини бритониёиҳо ба унвони вакил ва вобаста шуданд, ба таври табиӣ тамоми чунин тартиботро дастнахӯрда гузоштанд, зеро манофеъи онҳо яксон буд.
Ин анклавҳои рӯдхонаии соҳили чапи Ҳинд аз назари қавмӣ балуч ҳастанд, аммо ин манотиқе ҳастанд, ки қавмияти балуч бо Панҷоби Ҷанубӣ ва Синди ғарбӣ шурӯъ ба татовуқ мекунанд ва башиддат бар онҳо таъсир мегузоранд. Ин балучҳо мумкин модели комили балучи қавмӣ набошанд, ба он хотир ки онҳо ба панҷобӣ, ҷаткӣ (сароикӣ) ва синдӣ сӯҳбат мекунанд ва умуру нигарониҳои онҳо дар он соҳот нуҳуфтааст, на дар Балучистон.
Аз ин рӯ, ин соҳот аз назари идорӣ ба Панҷобу Синд тааллуқ доранд – магар арзишманданд, ба хотире ки ба иллати шахсияту ҳувияти зотии ҷудогонаи балучӣ, онҳо як навъ қолаби "мутафовит"-и балучро ташкил медиҳанд, ки минҳайси як буфер барои баданаи аслии балуч амал мекунад. Дар сурати як таҳоҷуми муваффақи эронӣ, афғон ё русӣ – ё таркибӣ – ба сарзаминҳои ваҳшиву беназми балуч, ин назарияпардозӣ шуда буд, ки ин "манотиқи марзӣ" - панҷобиву синдӣ ба унвони ҳоили фаръӣ барои мақомоти бритониёӣ дар кӯмак ба онҳо хидмат хоҳанд кард, то корҳои дифоъии худро созмондеҳӣ кунанд. Ва шеваи аслии амалкарди ин буферҳои қавмӣ истифода аз ин "тафовути қавмӣ" буд.
Маълум мешавад, ки ҳоло, дар шароити тағйирёфтаи оғози буҳрони ниҳоии Покистон, ин соҳоти ваҳшӣ ва ақибмонда як бори дигар нақши қавӣ дар ҳаводис бозӣ мекунанд. Сокинини ин анклавҳо, ки аз муддати тӯлонии паноҳгоҳҳои беқонун барои гурӯҳҳои ғоратгарону муҳоҷимони таҳти султаи балуч будаанд, ки тавассути бритониёиҳо ба унвони "дакойтҳо" шинохта мешуданд (аз "доку" ё дузд дар забонҳои маҳаллии ҳиндӣ гирифта шудааст), сокинини ин муҳавватаҳо ҳоло бо паштунҳои толибони покистонӣ ё TTP даст дар даст ҳастанд, ки дар навбати худ дар Панҷоби ҷанубии фақир пойгоҳи ҳимоятӣ низ доранд. На танҳо ин, балки ин пайванд бештар ба қалби худи вилояти ноороми Балучистон, ки дар остонаи як шӯриши ҷудоиталаби секулар қарор дорад, тавсеа меёбад. Ҷудо аз эътиёд ба маводи мухаддири сиёсиву мазҳабӣ, нозири боҳуши қавмӣ дар ин ҷо мутаваҷҷеҳи ҳузуру амалиёти "тақсими эронӣ-ҳиндӣ" дар аз байн бурдани Покистони ноком хоҳад шуд.
Агар Имронхон ба сурати соддалавҳона ва номуваффақ талош мекард то системи аслии навистеъмории Покистонро бо шакли фашизми популистии худ дар авоил иваз кунад. Ин мумкин барои ҳомиёни норозии ӯ, ки як эътилофи роҳатеро бо TTP-балучҳо алайҳи давлати суннатии навистеъмории Покистон дар назар бигиранд, махсусан агар авзоъ вахим шавад ва нишонаҳои зиёде дар ин ҷиҳат вуҷуд дорад.
Натоиҷи ниҳоӣ ҳар чӣ бошад, чизе, ки дар уфуқ ба назар мерасад, як сарзамини пушти Покистон аст, ки аз вилоёти Панҷобу Синд бо манотиқи ҳоили ғарби ваҳшиву беназм эронӣ (паштуну балуч) ташкил мешавад, ки аз контрол хориҷ аст. Маълум мешавад, ин шеваест, ки кулчаи "давлати зойиди ҷиноҳ" пора мешавад, магар ин ки омили зикршуда дар боло ба як тариқа муваффақ ба тӯлонӣ сохтани умр он гардад.