Ҳеҷ як аз кишварҳои исломӣ пушти сари Эрон наистод.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"
Пас аз кушта шудани Исмоил Ҳания дар Теҳрон, ба шумули худам бисёре аз таҳлилгарон, ба ин бовар буданд, ки Эрон интиқоми ин амалро аз Исроил хоҳад гирифт ва ҳамлае алайҳи Исроил созмондиҳӣ хоҳад кард. Аммо бо гузашти замон, ба назар мерасад Эрон тамоюле ба вуруди мустақими ҷанг бо Исроилро надорад ва далоили зайлро метавон барои адамии тамоюли Эрон ба ҷанг баён кард:
1 - Адами тавофуқи назар дар миёни мақомоти давлати Эрон: Ихтилофоти дарундавлатӣ яке аз далоили муҳим аст. Ба вежа, оқои Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон ба назар мерасад, ки ба ҳамлаи мустақим ба Исроил тамоюле надорад ва мумкин аст тарҷеҳ диҳад ба ҷойи ҷанг, аз роҳҳои дигаре барои посухгӯӣ, бахусус, аз ниёбатиҳо истифода кунад.
2 - Адами пуштибонии умумӣ: Бар асоси назарсанҷиҳо, аксарияти мардуми Эрон аз ҳамлаи мустақим ба Исроил ҳимоят намекунанд. Ин адами тамоюли умумӣ метавонад ба фишор бар мақомот барои ҷилавгирӣ аз даргирии мустақим мунҷар шавад, чунончи шудааст.
3 - Заъфи иқтисодӣ: Вазъияти иқтисодии Эрон ба гунаест, ки тавоноии таҳаммули ҳазинаҳои болои ҷангро надорад. Мушкилоти иқтисодии дохилӣ, аз ҷумла таҳримҳову буҳронҳои молӣ, маҳдудиятҳои зиёдеро барои Эрон эҷод кардааст.
4 - Камбуди таҷҳизоти пешрафта: Эрон ба таҷҳизоти низомии пешрафта, аз ҷумла паҳподҳо, ки барои муқобила бо нерӯҳои Исроил зарурӣ аст, ба мизони кофӣ ба дастрас дорад, аммо аз таҷҳизоти дигари пешрафта, ки Эрон битавонад Исроилро маҳор кунад, камбуд эҳсос мекунад.
5 - Гурӯҳҳои ниёбатӣ, метавонанд Эронро кӯмак кунанд, аммо машрут бар ин ки Эрон бо тамоми имконот онҳоро ҳимоят кунад, монанди Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ҳусиҳо, ки инҳо яке пайи дигар ба кӯмаки Эрон ниёз доранд ва метавонанд гоҳу бегоҳе барои Исроил музоҳиматҳои зиёдеро халқ кунанд.
6 - Таҳримҳои иқтисодии Амрико: Таҳримҳои иқтисодӣ, ки тавассути Иёлоти Муттаҳида алайҳи Эрон эъмол шудааст, фишори зиёде ба иқтисоди Эрон ворид кардааст ва эҳтимолан бар тасмимгириҳои низомии Эрон низ таъсир гузоштааст.
7 - Адами пуштибонии кишварҳои исломӣ: Бахусус кишварҳои арабӣ ба вузӯҳ аз даргирии мустақим бо Исроил пуштибонӣ намекунанд ва ҳатто баъзе аз кишварҳои исломӣ гуфтаанд, ки мо ракетаҳои Эронро аз фазои худ раҳгирӣ мекунем ва ин тасомим метавонад барои Эрон дарди сар эҷод кунад.
8 - Осебпазирии иқтисоди Эрон: Вазъияти иқтисодии осебпазири Эрон ва паёмадҳои он барои минтақа, ба вежа дар сурати дахолати кишварҳои дигар метавонад Эронро дар мавқеияти душворе қарор диҳад ва ҳазинаҳои болои ҷангро афзоиш диҳад.
9 - Адами ҳимояти комили Русия: Федератсияи Русия ба далели фишори ҷанги Украина ва ҳузури атбои яҳудӣ дар Исроил, тамоюл надорад, ки Эрону Исроил даргир шаванд. Ин мавзӯъ метавонад таъсири қобили таваҷҷуҳе бар тасмимоти Эрон ба хотири ҷанг бо Исроил дошта бошад.
10 - Билохира инзивоъ дар сурати иқдом: Агар Эрон ба даргирии мустақим бо Исроил ворид шавад, мумкин аст бо инзиво ва вокунишҳои байналмилалӣ мувоҷеҳ шавад.
Ба ҳамин далел, мақомоти эронӣ дур аз имкон нест, ки тасмим гирифта бошанд, то ба тақвияти гурӯҳҳои ниёбатӣ, ба вежа Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ҳусиҳо, Ҳашдалшаъбӣ ва як теъдод гурӯҳҳои ниёбатии дигарро ба таври мустақим алайҳи Исроил кӯмак ва ёрӣ кунанд.
Бидуни тардид Эрон дар пушти ин гурӯҳҳо қарор хоҳад гирифт ва Эрон мӯътақид аст, ки адами ҳимояти кишварҳои исломӣ, бавежа кишварҳои арабӣ, ӯро дар ин арса танҳо гузоштаанд ва Эрон медонад ҳеҷ раҳбари кишвари исломӣ ба дифоъ аз ҳамла бар Исроил пушти сари Эрон нахоҳад буд.