Хабари рӯз

Дар минтақа чӣ мегузарад ва Афғонистонро ба куҷо мебаранд?

Манбаъ: “Афғонистон Интернешнл”

Нақши қудратҳои бузурги истеъморӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико ва шабакаҳои истихборотии онҳо дар ҷангҳои Афғонистон то ҳадди зиёде ифшо ва баррасӣ шудааст, аммо ширкатҳои нафтӣ, ҷангҳои ниёбатӣ, ҷангҷӯёни аҷир ва даллолони онҳо, камтар дар маърази таваҷҷуҳ ва баррасии расонаҳо қарор гирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки нақши онҳо густардатар ва асаргузортар аз бисёре ҷавониби дигар будааст; то он ҷо, ки пас аз пирӯзӣ дар ҳар маърака, маъмурон ва даллолони ҳамин ширкатҳо бар курсиҳои баланд насб шуданд. Яке сафир шуд, дигаре ба ҳайси войсаройи кишвари мафтуҳа гумошта шуд ва касоне ҳам садри аъзам ва раиси ҷумҳур шуданд. Қудрат низ ба ҳамон гурӯҳҳо ва ҷангҷӯёни аҷире супурда шуд, ки онон баргузида ва истихдом карда буданд.

Ахиран ширкати Делтаи марбут ба Саудӣ қарордоди истихроҷи нафт ва гози соҳати Кашк ва Тирпул ба арзиши 200 миллион долларро бо Иморати Толибон имзо кард.

Нуктаи ҷолиб дар ин робита ҳузури сафири махлуъи Амрико дар Кобул ва маъмури собиқи ширкати Юниколи Амрико дар нишастҳои ин қарордод ба унвони даллол ва миёнҷӣ буд. Ҷолибтар ин ки Вашингтон эълом кард ӯ на маъмури Амрикост ва на аз Вашингтон намояндагӣ мекунад.

Аксулуламали Саудӣ низ сукут ва адами пардохтан ба ин қарордод буд. На сафири Саудӣ дар Кобул ва намояндаи дигар дар нишастҳо ҳузур дошт ва на эъломияе дар ин робита мабнӣ бар рад ё таъйиди қарордод содир кард. Аммо табсираҳо ва ситоишҳо аз адреси Иморот дар робита ба абъод ва муфоди ин қарордод хеле аҷиб ва диданӣ буд. Дар ҳоле, ки натоиҷи чунин қарордодеро сӣ сол қабл ва дар даври нахусти ҳукуматашон дида ва чашидаанд. Ин на озмоиши нахустини як таҷриба аст; балки такрори таҷрибае дорои собиқаи беш аз ним қарн аст, ки дар ноамниҳо ва ҷангҳои ниёбатии Афғонистон нақши густардае доштааст.

Намунаҳое аз таҷрибаи таърихӣ

Панҷоҳу панҷ сол қабл ва дар поёни ҳукумати шоҳии мутлақаи Зоҳирхон, Амрико, ки имтиёзи пружаҳои ҷануб ва ғарби Афғонистонро дар ихтиёр дошт, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти захоири ҳамин соҳа, кори тафаҳҳусоти нафт ва гоз дар онро оғоз кард. Сохтмонҳои заруриро эъмор кард ва гомҳои ибтидоиро бардошт. Аммо ранҷиши ҷиддии Ризошоҳи Паҳлавӣ боис шуд идомаи корро дар нимаи роҳ мутаваққиф кунад; барои он ки Эрон дар он замон жандарми Амрико дар минтақа ва аҳамияташ беш аз Исроил барои Амрико буд. Истихроҷи нафт ва гази соҳати Бодғис ва Ҳирот, таъсири ҷиддӣ бар захоири Эрон мегузошт; зеро ин манотиқ ба якдигар пайваста ва ҳамҷаворанд.

Панҷ сол баъд, дар даврони ҳокимияти Сардор Довуд ва замоне, ки русҳо ҷойи Амрикоро гирифтанд, онон низ дар ҳамин минтақа корҳои ибтидоии иктишоф ва истихроҷро оғоз карданд; аммо бахт бо онон ёрӣ накард ва корашон нотамом монд. Кудето алайҳи Довуд, ҳокимияти нокоми коммунистҳо, сипас ишғоли Афғонистон ва наздик ба чаҳордаҳ сол ҷанг, фурсате боқӣ нагузошт, то ширкати вобаста ба онон, Газпром (“Сангар”: Дар он замон ширкати “Газпром” вуҷуд надошт ва соҳаи гази Шӯравиро вазорати газ контрол мекард), ин минтақаро дар ихтиёр бигирад.

Ҳангоме, ки гурӯҳҳои ниёбатӣ вориди саҳна шуданд ва ҷангҳои ниёбатии онон оғоз гардид, ширкатҳои бузурги байналмилалии нафтӣ монанди Юникол ва Бридас рақобатҳои худро ба Афғонистон мунтақил карданд. Бридас муваффақ шуд Эътилофи Ҷабалуссироҷро истихдом кунад. Ин ширкат талош кард ҳокимони Кобулро қонеъ созад ва ононро ба пазириши ин тарҳ омода кунад, ки газ ва нафти Туркманистон, таҳти мудирияти ҳамин ширкат, аз масири Бодғис–Ҳирот ба Покистон ва Ҳинд интиқол ёбад. Онон бидуни эъломи расмӣ ба тавофуқ расиданд. Ҳадоё, туҳфаҳо ва кумакҳои ибтидоии молӣ кори худро кард.

Аммо ин тавофуқ муддати зиёде пинҳон намонд. Хеле зуд дар расонаҳои амрикоӣ мунташир шуд, ки дар авоили соли 1996, Бридас як миллион доллар ба ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ пардохт карда буд. Ба гуфтаи Бридас, ин маблағ кумаке барои таъмини маводи сӯхти зимистонӣ буд; аммо дар қазияи Бридас дар баробари Юникол дар маҳкамаи истинофи Амрико, ин пардохт дар муқобили тавофуқе зикр шудааст, ки ба Бридас ҳаққи эъмори хутути лӯлаи нафту газ дар хоки Афғонистонро медод.

Манобеи дигар ин муомилаи пинҳониро бештар ифшо карданд ва гуфтанд: Бридас ба яке аз аъзои шинохташудаи Эътилофи Ҷабалуссироҷ пешниҳоди як миллион доллар дода буд, то пружаи Юниколро бо мушкилот мувоҷеҳ созад ва агар Юникол қарордодро ба даст оварад, аз убури хатти лӯла ҷилавгирӣ кунад.

Дар сӯи дигар, Юниколи амрикоӣ ва Делтаи Саудӣ барои интиқоли нафту гази Туркманистон, дар соли 1997 ширкати чандмиллиятӣ (консорсиум)-ро бо номи “Сентгас” (Central Asia Gas Pipeline Ltd.) таъсис карданд. Дар ин ширкат, бузургтарин саҳм, 46,5 дарсад, мутааллиқ ба Юникол ва 15 дарсад мутааллиқ ба Делта буд. Саҳми ҳар яке аз дигар шурако, шомили Туркманистон, Индонезиё, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва Покистон, 7 дарсад ё камтар аз он буд.

Барои Русия низ саҳме 10-дарсадӣ дар назар гирифта шуда буд, аммо ин чизе шабеҳи шӯхӣ буд; зеро ин ширкат асосан дар баробари Газпроми Русия ва бо ҳадафи поён додан ба султаи комили Маскав бар захоири Осиёи Марказӣ эҷод шуда буд. Аз ҳамин рӯ, Русия хеле зуд адами узвияти худро дар ин консорсиум эълом кард ва бо ин кор, саҳми даҳдарсадии Маскав низ бар 46 дарсади Амрико афзуда шуд ва ба 56 дарсад расид.

Юникол ҷониби Толибонро гирифт, ҳайати ононро ба Амрико даъват кард ва бо ҳадоёву туҳфаҳое аз онон пазироӣ намуд. Асосан дар ташкили гурӯҳи Толибон, Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Бритониё, Амрико ва Покистон муштаракан даст доштанд. Ин гурӯҳ бо ин ҳадаф дар Кветтаи Покистон ва аз миёни дуррониҳои Қандаҳор ташкил шуд, ки Бритониё ва Саудӣ хостори бозгардондани низоми пешини шоҳӣ ва подшоҳи махлуъ ба Афғонистон буданд. Толибон бо ин тарҳ мувофиқат карда буданд. Аз ҳамин рӯ, Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Покистон ҳукумати ононро ба расмият шинохтанд.

Ширкати Делта итминон дошт, ки тамоми захоири нафту гази Туркманистон дар ихтиёри онон қарор хоҳад гирифт. Ин вазъият барои Маскав ва Теҳрон қобили таҳаммул набуд. Аз ин рӯ, кумакҳои худро ба Масъуд ва Раббонӣ дар баробари Толибон чанд баробар карданд. Ҳар рӯз чанд ҳавопаймои русӣ, мамлув аз силоҳу муҳиммоти русӣ ва банкнотҳои афғонии чопшуда дар Русия, аз масири Машҳад ба Кӯлоб мерасид ва сипас ба Хоҷа Баҳоуддини Тахор интиқол дода мешуд.

Акнун ва наздик ба се даҳа баъд, Делта бори дигар ба Афғонистон бозгаштааст. Даллоли пешин низ ҳамроҳи он; ва тарҳи иттисоли Туркманистон, Ҳирот, Қандаҳор, Покистон, Ҳинд ва Гводар бори дигар дар дасти баррасӣ аст. Аз ҳамин рӯ, тадовум ва пайвастагии геополитикӣ миёни пружаи имрӯз ва тарҳи даҳаи 1990 ба вузуҳ қобили мушоҳида аст.

Дар 7 сентябри соли ҷории 2026, Вазорати маъодини Толибон ва ширкати Саудии Делта Интернешнл қарордоди иктишоф ва истихроҷи нафту гази соҳати Кашк–Тирпули Ҳиротро имзо карданд. Дар марҳалаи нахуст, сармоягузории 200-миллиондолларӣ эълом шуд ва сафири пешини Амрико дар Кобул низ дар маросими имзои қарордод ҳузур дошт. Ин ҳузур ногаҳонӣ набуд. Дар 24 октябри 2025 низ ҳамин сафир дар канори Шоҳир Алтақӣ, раиси иҷроии Делта, дар маҷлиси Абдулғанӣ Бародар нишаста буд ва дар он ҷо ба сароҳат дар бораи “иктишофи газ, истихроҷи он ва эъмори хатти лӯла” гуфтугӯ шуда буд.

Тарҳи кунунии Делта танҳо ба истихроҷи гази Афғонистон маҳдуд намешавад. Бар асоси изҳороти мақомоти Толибон, Делта мехоҳад дар TAPI гази Туркманистонро харидорӣ кунад, зарфияти тавлиди майдонҳои газии Туркманистонро афзоиш диҳад, аз Ҳирот то Спинбулдак хатти лӯла эъмор кунад, сипас онро аз тариқи Покистон то марзи Ҳинд бирасонад ва дар Гводар як маркази бузурги газ эҷод кунад. Ин пружа чунон азим аст, ки ба 50 миллиард доллар сармоягузорӣ ниёз дорад.

Чигуна бипазирем, ки ин ширкат бидуни иҷоза ва мувофиқати ҳукуматҳои Амрико ва Саудӣ ҷуръати чунин сармоягузории азимеро карда бошад; он ҳам дар ҳоле, ки Амрико ҳукумати Кобулро ба расмият намешиносад ва ҳатто аз ин ҳам фаротар меравад ва мегӯяд: ҳукумати Кобул ҳомии терроризм ва террористҳост ва сармоягузорӣ дар ин кишвар ба террористҳо суд мерасонад.

Ин ширкатҳо кишварҳоеро бармегузинанд, ки на низоми усулӣ ва қонунӣ доранд, на ҳукумате бархӯрдор аз ҳимояти миллат, на Қонуни Асосӣ, на шӯро ва на идораи марказии нерӯманд ва муттаҳид, то битавонанд бо харидани чанд чеҳраи қудратманд, тамоми ҳукумат ва идораро дар чанги худ бигиранд ва ҳар чӣ мехоҳанд анҷом диҳанд. Ҳамон гуна, ки акнун бо ҷалб ва истихдоми чанд фарди қудратманд тавонистанд қарордодеро ба даст оваранд, ки бо иқдомоти густардаи низомӣ, сиёсӣ ва молӣ натавониста буданд ба он даст ёбанд.

Бо яқин метавон гуфт, ки ин қарордод монанди гузашта, ҷангҳои ниёбатии тӯлонӣ ва густардаеро барои афғонҳо ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Рақибони ин ширкат дастбаста ва монанди нозире бетафовут боқӣ нахоҳанд монд. Чунин қарордодҳо танҳо замоне бидуни мушкил қобили иҷро ҳастанд, ки бо як ҳукумати қонунӣ ва баромада аз хости миллат мунъақид шаванд. Ҳукуматҳое, ки бо пул ва силоҳи бегонагон эҷод ва таҳмил шудаанд, ҳаргиз наметавонанд арзишҳо ва захоиреро, ки ба тамоми миллат тааллуқ доранд, бо ину он муомила кунанд ва аз паёмадҳои зиёнбори чунин муомилоти худсарона ҷилавгирӣ намоянд. Ҳатто агар касе хонаи шахсии худро низ ба дигаре бифурӯшад, усулан мукаллаф аст ризоят ва мувофиқати ҳамсояро дар назар бигирад

Аммо имрӯз вазъияти Афғонистон чунон аст, ки чанд зӯрманди як гурӯҳ метавонанд кишвар, арзишҳо ва захоири онро гоҳе ба Амрико бифурӯшанд, гоҳе ба Русия ва Чин, гоҳе ба Ҳинд ва гоҳе ба Покистон, гоҳе ба Эрон ва гоҳе ба Саудӣ; бидуни он ки аз миллат бипурсанд ва чунин масоили бузурги миллиро дар Шӯрои мумассили миллат мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Бояд мутаваҷҷеҳ буд, ки Русия хоҳони тадовуми султа ва инҳисори худ бар масирҳои содироти энержии Осиёи Миёна аст ва ба ҳар қимате мекӯшад монеъи интиқоли газ ва нафти ин кишварҳо аз тариқи Афғонистон ба ҷануб шавад.

Эрон ҳатто беш аз Русия мухолифи ҷиддии ин пружа аст ва тайи чанд даҳаи гузашта барои ҷилавгирӣ аз ин пружа беш аз русҳо сармоягузорӣ кардааст. Теҳрон иҷоза нахоҳад дод ду бозори бузурги Покистон ва Ҳиндро барои ҳамеша аз даст бидиҳад.

Делта ва Юникол ва ҳар ширкати дигаре танҳо дар сурате метавонанд дар кори худ муваффақ бошанд, ки чунин муомилаи бузурги миллиро бо як ҳукумати қонунӣ анҷом диҳанд, на бо як тарафи ҷанг ва қарордод низ бар асоси довталабии озод миёни ширкатҳои рақиб мунъақид шавад, на монанди гузашта аз тариқи ришва ва харидани чанд зӯрманд. Агар онон гумон мекунанд, ки Русия, Чин ва Эрон он қадар заиф шудаанд, ки акнун ҳеҷ тавоне барои иқдом алайҳи онон надоранд, ин яқинан иштибоҳи бузург ва эътимоди бедалел ба қудрати худ хоҳад буд.

Онон ин қарордодро дар Ҳирот имзо карданд, аммо билофосила пас аз он Ҳусиҳо Боб-ул-Мандабро тасарруф карданд ва ҳамалотеро алайҳи Саудӣ анҷом доданд. Ҳатто ҳамлаи паҳподӣ ба сӯи Макка сурат гирифт. Саудӣ бо Туркия ва Покистон паймони дифоӣ имзо кард ва инак Муҳаммад бин Салмон ба Миср меравад ва аз он кишвар хоҳад хост дар ҷанги ҷорӣ мушорикат кунад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони амниятии Қатар ва Туркия ба Кобул меоянд. Бидуни шак яке аз аҳдофи сафари ногаҳонии онон ин хоҳад буд, ки Толибон дар ивази ҳамсӯӣ бо Ҳинд ва Эрон, ҳамсӯӣ бо Туркия ва Саудиро интихоб кунанд. Маълум нест Толибон ҳамкории пешини худро бо Теҳрон ҳифз хоҳанд кард ё ҷиҳати собиқи худро тағйир хоҳанд дод ва пайвастан ба эътилофи зидди Эронро судманд хоҳанд донист? Ҳамчунин маълум нест, агар ба ин ҷиҳат рӯй оваранд, чӣ нақше ифо хоҳанд кард?

Ҳукумати кунунии Кобул, ки ҳукумати як гурӯҳ аст, на шӯро дорад ва на қонуни асосӣ. Раҳбарони он дар хориҷ интихоб шудаанд ва Кобул аз сӯи Амрико ба онон супурда шудааст ва ҳамин акнун низ бо мухолифатҳои ҷиддии дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона рӯбарӯ аст. Агар касе гумон мекунад, ки ҳамин ҳукумат метавонад барои онон корҳои зиёде анҷом диҳад, ин иштибоҳи бузурги дигар хоҳад буд.

Магар нокомиҳои гузашта ва таҷрибаҳои хунини қаблӣ кофӣ набуд, то аз такрори иқдомоти мушобеҳ худдорӣ шавад?


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!