Пӯшиши ахлоқии заъифи имрӯз, мубориза бо маводи мухаддир аст; аммо ҳадафи воқеӣ, сарнагунии як давлати мустақилу осеби ҷонибӣ ранҷи мардуми Венесуэла аст. Агар ин мавзӯъ ошно ба назар мерасад, ба ин далел аст, ки қаблан ҳам чунин будааст.
Нависанда: Ҷефри Сакс ва Сибил Фарес, www.jeffsachs.org
Баргардон: доктор Ориф Айюбӣ
Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли бозгардондани китобчаи қадимии тағйири режими худ дар Венесуэла аст. Агарчӣ шиорҳо аз “бозгардондани демократия” ба “мубориза бо террористҳои маводи мухаддир” тағйир карда, ҳадафи аслӣ ҳамчунон ҳамон аст: контроли нафти Венесуэла. Равишҳои Амрико ошност: таҳримҳое, ки иқтисодро хафа мекунад, таҳдид ба зӯр ва ҷоизаи 50-миллиондолларӣ барои раисҷумҳури Венесуэла, Николас Мадуро, гӯӣ, ки дар Ғарби ваҳшӣ зиндагӣ мекунем.
Амрико ба ҷанг эътиёд дорад. Бо тағйири номи вазорати ҷанг, буҷети пешниҳодии Пентагон ба маблағи 1. 01 триллион доллар ва беш аз 750 пойгоҳи низомӣ дар ҳудуди 80 кишвар. Ин кишвар дар пайи сулҳ нест. Дар ду даҳаи гузашта, Венесуэла ҳадафи мудовими амалиёти тағйири режими Амрико будааст. Ангеза мушаххас аст: ҳудуди 300 миллиард бушкаи захоири нафтӣ дар камарбанди Ориноко, бузургтарин захоири нафтии ҷаҳон!
Дар соли 2023 Трамп ба сароҳат эълом кард: “Вақте ман рафтам, Венесуэла омодаи фурӯпошӣ буд. Мо онро тасарруф мекардему ҳамаи он нафтро ба даст меовардем… аммо ҳоло дорем аз Венесуэла нафт мехарем, пас дорем як диктаторро сирватманд мекунем.” Ин суханон мантиқи зерини сиёсати хориҷии Амрикоро ошкор мекунад: нодида гирифтани ҳокимияту тамаркуз бар тасоҳуби манобеъи дигари кишварҳо!
Он чи имрӯз дар ҳоли вуқуъ аст, як амалиёти тағйири режим ба раҳбарии Амрико аст, ки бо забони муқобила бо маводи мухаддир пушонда шудааст. Амрико ҳазорон нерӯ, киштии ҷангӣ ва ҳавопаймо дар дарёи Карибу Уқёнуси Ором мустақар кард. Раисҷумҳур ба CIA муҷаввизи амалиёти махфиро дар дохили Венесуэла додааст.
Дар 26 октябри 2025, сенатор Линдси Граҳам дар телевизиони миллӣ аз ҳамалоти ахири Амрико ба киштиҳои Венесуэла дифо кард ва гуфт, ҳамалоти заминӣ дар Венесуэла ва Колумбия “як эҳтимоли воқеӣ” аст. Сенатори дигарӣ, Рики Скотт, изҳор дошт, ки агар ӯ Мадуро буд, “ҳамин ҳоло ба Русия ё Чин мерафт.” Ин сенаторҳо дар паи одисозии ин идеяанд, ки Вашингтон таъйин мекунад чӣ касе дар Венесуэла ҳукумат кунад ва чӣ бар сари нафт он бияёд.
Дахолатҳои Трамп дар Венесуэла мавзӯи тозае нест. Дар беш аз 20 соли гузашта, давлатҳои мутаволии Амрико талош кардаанд сиёсати дохилии Венесуэларо ба иродаи Вашингтон мутеъ кунанд. Дар апрели 2002 кудатои кӯтоҳмуддати низомӣ ба таври муваққатӣ Ҳуго Чавезро барканор кард. CIA ҷузъиёти кудаторо аз қабл медонист ва Амрико фавран давлати ҷадидро ба расмият шинохт. Чавез дубора ба қудрат бозгашт, аммо Амрико ҳимояти худ аз тағйири режимро мутаваққиф накард.
Дар марти 2015, Барак Обама бо имзои фармони иҷрои 13692 вазъияти дохилии Венесуэларо таҳдиде “ғайриодӣ ва фавқулода” барои амнияти миллии Амрико эълом кард то заминаи таҳримҳои иқтисодӣ эҷод шавад. Трамп дар давраи аввали раёсатҷумҳуриаш таҳримҳоро ташдид кард ва дар январи 2019, Хуан Гуайдо, узви оппозисюнро “раисҷумҳури муваққати Венесуэла” эълом кард, гӯӣ Трамп метавонист раисҷумҳури ҷадиди Венесуэларо таъйин кунад. Ин иқдоми ноодилона ва беасар ниҳоятан дар 2023 шикаст хӯрд.
Акнун Амрико фасли ҷадиде аз тасоҳуби манобеъро оғоз кардааст. Трамп борҳо дар бораи “нигаҳ доштани нафт” сареҳ суҳбат кардааст. Дар 2019 дар бораи Сурия гуфт: “Мо нафтро нигаҳ медорем, нафтро дорем, нафт амн аст, нерӯ гузоштем фақат барои нафт.” Нерӯҳои Амрико ҳанӯз дар шимолу шарқи Сурия ва маёдини нафтӣ ҳузур доранд.
Бо ҳамалоти тоза ба киштиҳои Венесуэла ва баҳсҳои ҳамлаи заминӣ, давлати Амрико аз маводи мухаддир барои тавҷеҳи тағйири режим истифода мекунад. Бо ин ҳол, модаи 2 (4) Маншури Созмони Милал сароҳатан “таҳдид ё истифода аз зӯр алайҳи тамомияти арзӣ ё истиқлоли сиёсии ҳар кишвар”-ро мамнӯъ мекунад. Ҳеҷ назарияе дар бораи “ҷанги картелҳо” наметавонад тағйири режимро тавҷеҳ кунад.
Пеш аз ҳамалоти низомӣ, таҳримҳои Амрико ба масобаи абзори муҳосира амал кардааст. Обама чорчӯби таҳримҳоро дар 2015 эҷод кард ва Трамп онро барои сарнагунии Мадуро тақвият намуд. Иддао ин буд, ки фишори ҳаддиаксарӣ мардуми Венесуэларо тавонманд мекунад, аммо дар амал боиси суқути шадиди стандарти зиндагӣ, вахомати беҳдошту тағзия ва осеб ба гуруҳҳои осебпазир шуд.
Пӯшиши ахлоқии имрӯз мубориза бо маводи мухаддир аст, аммо ҳадафи воқеӣ сарнагунии давлати мустақилу ранҷи мардуми Венесуэл аст. Амрико борҳо амалиёти тағйири режим барои дастёбӣ ба нафт, ураниум, мазореъи муз (банана), хутути лӯла ва соири манобеъ анҷом додааст: Эрон (1953), Гватемала (1954), Конго (1960), Чили (1973), Ироқ (2003), Ҳаити (2004), Сурия (2011), Либиё (2011) ва Украина (2014). Акнун навбати Венесуэла аст.
Профессор Линдси О’Роурк дар китоби барҷастаи худ “Тағйири махфии режим” (2017), ба баррасии ҷузъиёт, пайомадҳо ва фаҷоеъи ҳадди ақал 64 амалиёти тағйири режими махфии Амрико дар солҳои 1947 то 1989 пардохтааст. Мутаасифона, улгуи сиёсати хориҷии Амрико мубтанӣ бар амалиёти тағйири режим махфӣ ва ошкор то имрӯз идома дорад.
Хостҳои давлати Амрико барои ташдиди иқдомоти нишондиҳанда бе таваҷҷӯҳи комил ба ҳокимияти Венесуэла, ҳуқуқи байналмилалу ҷони мардум аст. Ҷанг алайҳи Венесуэла ҷанг алайҳи кишварест, ки Амрикоро таҳдид накарда ва асоси қонунӣ надорад. Бомбаборони киштиҳо, банодир, полоишгоҳҳо ё сарбозон на нишонаи қудрат, ки авҷи рафтори гангстерии Амрико аст.