Хабари рӯз

Назми амниятии Ховари Миёнаро чӣ гуна метавон бозтаъриф кард?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”

Ироаи посухи дақиқ ба ин пурсиш ки оё ҷанги Эрон ва Амрико оғозгари як назми ҷадиди минтақаӣ аст, зотан печида ва чандқабата аст. Ин душворӣ аз онҷо ношӣ мешавад, ки назми амниятии пешин дар Ховари Миёна, худ маҳсули як равандии таърихии тӯлонӣ ва мутаассир аз авомили мутааддиде будааст; авомиле чун ҷуғрофиёи стратегии минтақа, ҳузури бозигарони мутанаввеъи давлатӣ ва ғайридавлатӣ, нақшофаринии созмонҳои иқтисодии зинафъ, манофеи якҷонибаи Иёлоти Муттаҳида, ташдиди танишҳои фирқаӣ ва тадовуми низомҳои иқтидоргарои секулор. Ин маҷмӯаи авомил, пеш аз ҳар гуна таҳаввули ахир, сохтори печидае аз мувозинаи қувваро шакл дода буданд ки ба содаагӣ қобили фурӯпошӣ ё ҷойгузинӣ набуд.

Бо ин ҳол, фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, тарҳи Ховари Миёнаи Бузург аз сӯи Иёлоти Муттаҳида, рухдодҳои маъруф ба баҳори арабӣ, суқути бархе режимҳои мухолифи Вашингтон, ва дар канори он, рушду густариши бозигарони ғайридавлатӣ назири гурӯҳҳои шиъа, ДОИШ ва Алқоида, ба тадриҷ ин назмро дучори фарсоиш кард.

Дар ҳамин бистар, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дунбол кардани роҳбурди умқи стратегӣ, талош намуд доманаи нуфузи худро дар минтақа густариш диҳад. Ҳамчунин шаклгирии паймони Иброҳим ва таҳаввулоти низомии ахир, аз ҷумла ҷангҳои маҳдуд, аммо таъсиргузор, амалан муодилоти пешинро барҳам заданд ва заминаи вуруди минтақа ба марҳалае тоза аз таомулоти амниятиро фароҳам сохтанд.

Яке аз шохистарин вижагиҳои ин вазъияти ҷадид, коҳиши нисбии гегемонияи Иёлоти Муттаҳида аст. Ин коҳиш на ба маънои ҳазфи комили нақши Амрико, балки баёнгари маҳдуд шудани тавони он дар аъмоли иродаи якҷониба аст. Гегемонияе, ки дар чорчӯби назми маъруф ба «Пакс Американа» ва пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум шакл гирифт, бар пояи эҷоди давлатҳои ҳамсӯ бо Вашингтон ва таъмини амнияти онон бино шуда буд. Ин назм дар даврони ҷанги сард ва ҳатто пас аз он, то ҳадди зиёде тавонист тавозуни матлубе барои Амрико эҷод кунад. Аммо таҳаввулоти ахир нишон додаанд, ки ин модел дигар ба ҳамон шакли гузашта коромад нест.

Дар шароити ҷадид, нигоҳи давлатҳои минтақа низ дучори таҳаввул шудааст. Дигар иттикои мутлақ ба чатри амниятии Амрико, ба вижа дар шароите, ки Вашингтон худ даргири рақобатҳои ҷаҳонӣ бо қудратҳое чун Чин аст, ба унвони як роҳбурди пойдор талаққӣ намешавад.

Дар натиҷа, кишварҳои минтақа ба дунболи танаввуъбахшӣ ба равобити худ ва эҷоди мувозина миёни қудратҳои бузург ҳастанд. Ин тағйири нигариш, яке аз нишонаҳои муҳими гузор ба як назми чандқутбӣ аст.

Дар чунин бистар, чанд сенарияи эҳтимолӣ барои шаклгирии назми ҷадид қобили тасаввур аст.

Нахуст, талош барои эҷоди навъе иттиҳоди амниятӣ миёни кишварҳои арабӣ, ки битавонад ба унвони вазнае дар баробари соири бозигарон амал кунад.

Дувум, ҳаракат ба сӯи тавофуқҳои амниятии инъитофпазир бо қудратҳои шарқӣ, бавижа Чин, ки дар он манофеи Эрон низ ба сурати нисбӣ лиҳоз шавад.

Севум, шаклгирии манотиқи ҳоили амниятӣ, ки битавонанд аз ташдиди танишҳо ҷилавгирӣ карда ва навъе таодулӣ шикананда аммо қобили мудирият эҷод кунанд.

Ин сенариоҳо на илзоман ба сурати ҷудогона, балки мумкин аст ба сурати таркибӣ дар ояндаи минтақа таҳаққуқ ёбанд.

Дар ин миён, нақши қудратҳои минтақаӣ низ ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст. Кишварҳое, ки аз зарфиятҳои иқтисодӣ, низомӣ ва ҷамиятӣ бархурдоранд, акнун беш аз гузашта дар талошанд то дар бозтаърифи назми амниятӣ нақшофаринӣ кунанд.

Анбошти таслиҳотӣ, афзоиши буҷетҳои дифоӣ ва тавсеаи тавони боздорандагӣ, ҳамагӣ нишондиҳандаи ҳаракат ба сӯи навъе худиттикоии амниятӣ ҳастанд. Бо ин ҳол, ин раванд бидуни дар назар гирифтани манофеи қудратҳои бузург, ба вижа дар ҳавзаи энергия, қобили давом нахоҳад буд.

Чандқутбӣ шудани тадриҷии минтақа, ба ин маъност, ки дигар як қудрати воҳид қодир ба таъйини қавоиди бозӣ нест. Дар иваз, маҷмӯае аз бозигарон бо манофеъи гоҳ мутазод ва гоҳ ҳампӯшон, дар ҳоли шакл додан ба як назми печида ва чандқабата ҳастанд.

Дар ин миён, кишварҳое, ки битавонанд аз буҳронҳои кунунӣ бо камтарин осеб убур кунанд, шонси бештари барои табдил шудан ба қутбҳои оянда хоҳанд дошт. Туркия, ба унвони намуна, дар сурати иттихози мавозеъи роҳбурдии муносиб, метавонад яке аз ин қутбҳо бошад, ҳарчанд ин амр башиддат вобаста ба наҳваи таомули он бо соири бозигарон, аз ҷумла Исроил ва Эрон аст.

Бо вуҷуди тамоми ин таҳаввулот, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон як бозигари калидӣ боқӣ хоҳад монд. Ҳузури низомӣ, шабакаҳои иттилоотӣ ва нуфузи иқтисодии ин кишвар, ҳамчунон абзорҳои муҳиме дар шаклдиҳӣ ба муодилоти минтақавӣ ҳастанд. Ҳатто агар теъдоди пойгоҳҳои низомии Амрико коҳиш ёбад, коркарди онҳо ба унвони аҳрами фишор ва абзори назоратӣ ҳифз хоҳад шуд. Бинобар ин, сухан гуфтан аз ҳазфи комили нақши Амрико, беш аз он ки таҳлиле воқеъбинона бошад, навъе иғроқ маҳсуб мешавад.

Дар канори Амрико, нақши Чин ба унвони як бозигари иқтисодӣ ва батадриҷ амниятӣ, ба таври фазояндае дар ҳоли тақвият аст. Пекин бо тамаркуз бар таъмини амнияти энержӣ ва густариши равобити иқтисодӣ, рӯйкарде камҳазина ва камтанишро дар пеш гирифтааст. Ин сиёсат ба Чин иҷоза медиҳад бидуни вуруди мустақим ба даргириҳо, нуфузи худро дар минтақа густариш диҳад. Тавофуқоти дуҷониба бо кишварҳои арабӣ ва Эрон, бахше аз ин роҳбурд ҳастанд, ки дар дарозмуддат метавонанд ҷойгоҳи Чинро ба унвони як қудрати таъйинкунанда тасбит кунанд.

Дар муқобил, Русия бештар бо рӯйкарде амниятӣ ва геополитикӣ ба минтақа менигарад. Ҳадафи Маскав, илова бар маҳдуд кардани нуфузи Амрико, эҷоди иттиҳодҳои ҷадид ва тақвияти ҷойгоҳи худ дар муодилоти ҷаҳонӣ аст. Ҳарчанд рақобат дар бозори энержӣ миёни Русия ва кишварҳои Ховари Миёна вуҷуд дорад, аммо аз манзари амниятӣ, ин минтақа барои Кремлин аҳамияти вижае дорад. Таҷрибаи даврони ҷанги сард низ нишон додааст ки Русия тавоноии ифои нақши фаъол дар таҳаввулоти Ховари Миёнаро дорад.

Бо ин ҳама, чолиши аслӣ дар масири шаклгирии назми ҷадид, моҳияти гузор ва нопойдори он аст. Минтақа дар ҳоли убур аз як давраи интиқолӣ аст, ки бо ибҳом, бесуботӣ ва фуқдони як доктринаи амниятии мунсаҷим ҳамроҳ аст. Ин вазъият, имкони бурузи буҳронҳои ҷадидро афзоиш медиҳад, аммо дар айни ҳол фурсатҳое барои бозтаърифи равобит ва эҷоди сохторҳои навин низ фароҳам меоварад.

Дар ниҳоят, метавон гуфт он чи дар тангаи Ҳурмуз ва ба таври куллӣ дар Ховари Миёна дар ҳоли рух додан аст, на оғози як назми комилан ҷадид, балки оғози фароянди шаклгирии он аст. Назме, ки ҳанӯз тасбит нашуда, аммо нишонаҳои он ба вузуҳ қобили мушоҳида аст.

Ояндаи ин назм, ба авомили мутааддиде аз ҷумла масири сиёсатҳои Эрон, ҷиҳатгирии кишварҳои арабӣ, нақшофаринии қудратҳои бузург ва ҳамчунин ҷойгоҳи Исроил дар ин муодила бастагӣ дорад. Ончи мусаллам аст, ин аст, ки минтақа дигар ба содагӣ таҳти султаи як қудрати воҳид нахоҳад буд ва масири он ба сӯи навъе чандқутбӣ шудани тадриҷӣ, ҳарчанд пурҳазина ва пурчолиш, дар ҳоли ҳаракат аст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!