Покистон бо таркибе аз ҷангу дипломатия, ба дунболи нобудии Толибон нест.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”
Бозии ҷолиби Покистон дар табонӣ бо роҳбурдҳои бузурги Амрико дар минтақа, ки дар тақобул бо қудратҳои минтақа аст, вориди марҳалаи ҳассосе мешавад. Дар ин ростои таҳлилӣ, иртиботи он бо буҳрони Ховари Миёна, аз ибтидои амр, низ машҳуд будааст.
Аммо дар ин миён, тағйироте дар нигоҳҳои амниятӣ дар сатҳи минтақа ба вуҷуд омада, ки мубтанӣ бар он, Покистон низ худро бо шароити ҷадид айёр месозад. Ин ҳамзамонӣ ва айёрсозӣ, мусодиф аст бо таҳаввулоти амиқи амниятӣ дар сатҳи минтақа, ки дар сояи он покистониҳо низ дар пайи касби манофеи худ ҳастанд.
Бояд тазаккур дода шавад, ки Покистон низ дар пайи хунсосозии таҳдидҳои ҷиддӣ дар баробараш, ба унвони авлавияти мутлақи худ аст. Маҳори гурӯҳҳо, созмонҳо, чеҳраҳо ва ҷилавгирӣ аз табдил шудани Толибон ба як ҷараёни мустақил, худсар ва бидуни қайду шарт, барои Исломобод ва дастгоҳи амниятии он як хатти қирмиз аст.
Дар ин масир, ин ки Толибон набояд бидуни назар ва дидгоҳи покистониҳо дар масири тафоҳум ва таомул бо дигар бозигарон ҳаракат кунанд, як баҳси асосии дигар аст. Албатта, ки Ҳинд дар таҳти доктринаи пешгиронаи Исломобод ва қудратҳои осиёӣ дар сояи роҳбурди бесуботсозии Ғарб, дар як масир бо ҳам гиреҳ мехӯранд.
Дар зимн, доктринаи дифои пешгиронаи Исломобод, ки мубтанӣ бар умқи стратегӣ буд, таҳаввули ҷадидро дар мафҳум ва шеваи амал ба таҷриба мегирад. Ба ҳамин асос аст, ки Покистон дар майдони Афғонистон, амалан доктринаашро тағйир медиҳад. Ин тағйир дигар мутарассиди ҳамла нест то дифо сурат гирад, балки бояд бар асоси иқтизоъи замон ва авлавиятҳо, ҳамлаи пешдастона ҷойи онро пур кунад.
Дар идомаи ин доктрина, Афғонистони дирӯз дар дидгоҳи бузургтари покистониҳо, бояд ба манбаъе барои контроли таҳдиди ҳисобшуда дар баробари Ҳинд, Эрон, Русия ва Чин мубаддал шавад ва ҳатто дар як доираи бузургтар, дар сояи рақобати Исломобод бо Туркия ва кишварҳои арабӣ низ аз ин зарфият истифода сурат гирад.
Дар ин гирудор, Толибон гоҳе дар чархаи фишор ва инзиво гирифтор мемонанд. Ин гурӯҳ дар як таҳлили бузургтар, мулзам ба итоат аз Покистон ва Ғарб аст, дар ҳоле ки омилҳои дохилӣ, тарс аз бесуботӣ ва зарурати эҷоди роҳҳои бадил ҷиҳати раҳоӣ аз вобастагии мутлақ ва якҷониба ба Ғарб ва Покистон, ин гурӯҳро дар масири инҳироф аз тааҳҳудҳои дастурномаи Давҳа қарор медиҳад. Инҳирофе, ки масираш ба Пекин, Деҳлӣ, Маскав ва Теҳрон меанҷомад.
Ҳамин печидагии авзоъ аст, ки гоҳе мунҷар ба тақобули низомӣ ва кунишу вокунишҳои низомӣ миёни Толибон ва Покистон мешавад ва гоҳе майдон ба дипломатия дода мешавад.
Ба ҳамин малҳуз аст, ки гоҳе фишори низомӣ ва амалиётӣ бар ин гурӯҳ, бо тавҷеҳи ҳамалоти маҳдуди низомӣ, майдонро гарм месозад. Зеро дар дидгоҳи Исломобод, Толибон набояд суқут кунад ва ҷойгузини он дар майдон биёяд, балки бояд мустақил набошад, қобили пешбинӣ бошад ва манофеи амниятӣ ва ҳаётии Исломободро риоят кунад.
Ҳатто анҷоми ҳамалот дар манотиқи шарқии Афғонистон, дар дидгоҳи бузурги покистониҳо, талоше дар ҷиҳати табдили воқеиятҳо ба дидгоҳе ғайриқобили бозгашт аст. Дар ин масир, гоҳе дипломатия короӣ дорад ва гоҳе абзори фишор нақши асосӣ ифо мекунад. Ба ҳамин манзур, як бастаи ҳамоҳанг аз фишорҳо бар Толибон ба сурати ҳамзамон фаъол мешавад то ин гурӯҳро аз доираи нуфузи рақибони Исломобод дур нигоҳ дорад.
Дар ҳамин росто, сатҳи танишҳо ба амд поён ва дар як миқёси қобили андозагирӣ ва контрол ҳифз мешавад то на беасар бошад ва на он қадар афзоиш ёбад, ки барои Исломобод ҳазиназо ва сангин шавад. Пас ҳадафи аслии ин бозии амниятӣ ва гоҳе пурриск барои Покистон дар баробари Толибон ирсоли паёми зимнӣ ба соири гурӯҳҳо аст, ки агар дар тақобул бо манофеи Исломобод амал кунанд, дигар Афғонистон маҳалли амне барояшон нахоҳад буд.
Дар ин бозӣ яке аз вижагиҳои аслӣ, ки барои Исломобод имтиёзи қобили иттико фароҳам мекунад, заъфи сохтории Толибон аст. Ин гурӯҳ алорағми вобастагӣ, адами машруият, собиқаи торики террористӣ ва сабти ҷиноёти созмонёфта алайҳи башарият, аз маҳдудияти манобеъ низ ранҷ мебарад. Бинобар ин Покистон бо иттико ба ишрофи иттилоотии худ, фишорро дақиқан бар ҳамин нуқоти заъф танзим мекунад то натиҷаи беҳтаре ҳосил шавад.
Баръало, талоши Покистон барои ин ҳама сенариясозӣ ва ҳазинасозии амниятӣ, ношӣ аз нигаронӣ аз вуқӯи сенарияҳои ғайриқобили пешбинӣ ва ғофилгиркунанда аст. Зеро нигоҳи ҷаҳонӣ ба Толибон, тактикӣ, гузаро ва мақтаъӣ аст ва мумкин аст дар ҳар лаҳза дастхуши таҳаввули ғайримунтазира шавад. Дар чунин ҳолат, сармояи стратегии Исломобод, яъне Толибон, метавонад дар чашм барҳам задане аз байн биравад ва тамоми ҳазинаҳои сарфшуда бенатиҷа бимонад.
Дар асл, нигаронии аслии покистониҳо аз вуқӯъи таҳаввули драматикӣ дар Афғонистон аст, ки бидуни машварат бо ин кишвар рух диҳад. Ба ҳамин манзур, алорағми тамоми ҳимоятҳо аз Толибон, Исломобод нигоҳи комилан мусбате ба ин гурӯҳ надорад ва онро комилан қобили иттико намедонад, аммо он тур нест, ки комилан аз ин гурӯҳ даст кашидааст.
Ин бадин маъност, ки дар сурати тағйир дар рӯйкарди ҷаҳонӣ нисбат ба Толибон, ин гурӯҳ метавонад ба унвони абзори чоназанӣ ва як корти имтиёз барои Исломобод мавриди истифода қарор гирад. Бино бар ин, ҳифзи сатҳе аз таниши маҳдуд ва контролшуда бар Толибон, ба унвони як асл дар роҳбурди Покистон боқӣ мемонад.
Дар ниҳоят, Покистон бо таркибе аз ҷангу дипломатия, ба дунболи нобудии Толибон нест, балки мехоҳад онҳоро дар як “қафаси геополитикӣ” нигоҳ дорад, ҷое ки озодии амал маҳдуд аст, аммо ҳазинаи нигоҳдории Толибон барои Исломобод низ боло нест. Ин бозии печида, дар шароите, ки ҳеҷ чиз комилан қобили эътимод нест, барои Исломобод як фурсате роҳбурдӣ маҳсуб мешавад ва то равшан шудани вазъияти ниҳоӣ, ин бозии мушу гурба идома хоҳад ёфт.