Хабари рӯз

Зане, ки барои аввалин бор шаҳодат дод, ки паштунҳо дар Афғонистон аксарият нестанд ва ин ҳақиқате буд, ки ҳанӯз камтар марде ҷуръати баён онро дорад...

Нависанда: доктор Яъқуб Ясно, устоди таърих, фарҳанг ва адабиёт, узв ҳайати мушовараи "Сангар"

Баргардон: Фирдавси Низом

Сухан аз адолату озодӣ ҳамеша чолишангез будааст, зеро ҳар гурӯҳи қавмӣ ва мазҳабӣ тасаввур ва бардошти вижа ба худро аз адолат ва озодӣ дорад. Бинобар ин, хеле душвор хоҳад буд, бо навиштор, гуфтор ва рафтори худ ҳамаро розӣ нигаҳ дошт ва ҷониби адолату озодӣ низ буд. Агар фарде бихоҳад ҷониби адолату озодӣ бошад, боистӣ интихоб кунад, ки маслиҳатҳои қавмӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоӣ ё адолату озодиро дар назар бигирад. Дар интихоби адолату озодӣ ҳам ин ва ҳам он мумкин нест, яъне наметавон маслиҳатҳои мазҳабӣ, қавмӣ ва ғайраро дар назар гирифт ва ҳамаро хуш нигаҳ дошт ва худро ҳомии адолату озодӣ низ номид.

Сурайё Баҳо солҳо аст масири душвори адолату озодиро интихоб кардааст. Дар ин масир дучори мушкилоти хонаводагӣ, иҷтимоӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ шудааст, аммо ҳамчунон ҷониби адолату озодӣ мондааст. Ӯ аз ҳар абзору расонае барои ин ки тавониста бошад ба адолату озодӣ бипардозад, истифода кардааст. Дар рӯзгоре, ки расонаҳои иҷтимоие монанди Фейсбук ва ғайра чандон ривоҷ надоштанд, хонум Баҳо аз расонаи блог истифода мекард ва дар блог дар бораи адолату озодӣ менавишт.

Ман барои нахустин бор соли 2004 бо Сурайё Баҳо аз тариқи навиштаҳояш ошно шудам ва пайгири навиштаҳояш будам, ҳамин ки ёддоштеро дар блог нашр мекард, мехондам. Он вақт касоне ки дар интернет фаъол буданд, аз блог истифода мекарданд ва блогнависӣ хеле ривоҷ дошт. Ман низ веблоге сохтам ва ба веблогнависӣ шурӯъ кардам. Аз он рӯзгор (соли 2005) то акнун навиштаҳояшро мехонам.

Бо ривоҷи Фейсбук ва расонаҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳону Афғонистон блогнависӣ камранг шуд. Сурайё Баҳо фаъолият навишторияшро дар Фейсбук шурӯъ кард ва дар канори фаъолияти навишторӣ дар Фейсбук, китоби “Раҳо дар бод”-ро нашр кард, ки бо нашри ин китоб, ҳақоиқи ногуфтаи бештар аз ним қарни Афғонистон аз замони Зоҳиршоҳ то давраи муҷоҳидинро ошкор намуд. Ман дар бораи китоби “Раҳо дар бод” навиштаам, ин ҷо намехоҳам вориди мабоҳиси китоб шавам. Аммо агар бихоҳам дар кул навиштаҳои Сурайё Баҳоро дастабандӣ кунам, ба ин маворид метавон ишора кард:

 

Дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва арзишҳои мудерн

Меъёр дар навиштаҳои хонум Баҳо ҳуқуқ инсон аст. Фарқе намекунад, ки ин инсон ӯзбек, ҳазора, тоҷик, паштун ва… аст. Агар ҳуқуқи башарии як инсон ва як гурӯҳи инсонӣ зери ҳар номе чӣ қавмӣ, мазҳабӣ ва ҷинсиятӣ нақз шуда, ӯ дар он бора навишта ва иттилоърасонӣ кардааст. Ин ки гурӯҳе бар асоси  нигаришҳои мутаассибонаи қавмӣ бар афроде ситам кардааст, бидуни ҳарос ва мулоҳизае аз он қавм интиқод кардааст. Таъкидаш дар навиштаҳо ин буда, ки арзишҳои мудерни шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи фардӣ риоят шавад ва галагаро набошем, зеро галагароии бадавӣ, ки ба фашизми қавмӣ бианҷомад, ба нафъи ҳеҷ гурӯҳ ва қавме дар Афғонистон нест.

Аз сарони қавми паштун барои галагароӣ ва паштунволӣ интиқод мекунад ва мегӯяд, бо ин галагароӣ ҷилави арзишҳои мудернро дар ҷомеаи паштун гирифтаанд ва рӯзгори ақвоми ғайрпаштунро низ сиёҳ сохтаанд. Ҳар гурӯҳе, ки асабияти қавмии сарони қавми паштунро тақлид карда, аз он гурӯҳ низ интиқод кардааст. Барои Сурайё Баҳо инсоният муҳим будааст, дар ғайри он парвои тоҷик, ҳазора, ӯзбек, паштун ва ғайраро надоштааст.

 

Дифоъ аз ҳуқуқи зан

Сурайё Баҳо аз рӯзгоре, ки блогнависӣ мекард то акнун, яке аз меҳварҳои фаъолияти навишторӣ ва расонаии ӯ ҳуқуқи башарии занон аст. Интиқодаш маъмулан бештар бар ду гурӯҳ будааст: гурӯҳе, ки мардсолору боварҳои ҷинсиятзада ва бадавӣ доранд ва мухолифи ҳуқуқи башарии занонанд ва афроде, ки аз ҳуқуқи занон истифодаи абзорӣ мекунанд ва ба номи зан проект ва фонд мегиранду фасод мекунанд.

Фарқе надошта, ки гурӯҳи занситез ва бадавификр, мутааллиқ ба кадом қавм буда ва мебошад. Мутааллиқ ба ҳар қавме буда, аз онҳо интиқод кардааст, ҳатто мулоҳизаи нигаришҳои мазҳабии онҳоро накарда ва дар навиштаҳояш баён карда, ки нигаришу боварҳои мазҳабӣ хостгоҳи занситезӣ аст. Касоне, ки бо занон барои гирифтани проект бархурди абзорӣ дошта, аз онҳо низ интиқод кардааст. Фарқе надошта, ки ин проектгирон зан ё мард будааст.

Дифоъ ва ҳимояти Сурайё Баҳо аз занон барои ҳуқуқи башарии занон будааст ва монанди бисёре аз занон вонамуд ҳам накардааст, ки ман фаъоли ҳуқуқи зан ва ҳуқуқи башар ҳастам, зеро дифоъ аз ҳуқуқи занонро ҳадафи башари худ медонад ва нахоста зери номи фаъоли ҳуқуқи занон проект бигирад ва ё лақабу ном ва нишон камоӣ кунад.

 

Интиқод аз сарони сиёсии тоҷик

Сурайё Баҳо аз тоҷикҳои Кобул асту шинохти хуб аз ҳамаи ақвом дорад ва бо афроди ақвоми мутафовити Афғонистон дар гуфтугӯ ва иртибот будааст. Аммо мабнои нақди ӯ бар афрод ва сарони сиёсӣ, иҷтимоӣ ва қавмӣ нест. Дар ҳоле, ки худаш тоҷик аст, лекин бештарин нақдро бар сарони сиёсии тоҷик доштааст ва ба масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ диди популистии қавмгароёна надорад, ки ҳар сиёсатмдори тоҷикро тавсиф кунад ва агар касе аз сиёсатмдорони тоҷик интиқод кунад, ӯ вокуниши қавмӣ нишон диҳад ва аз он сиёсатмдор ҳимоят кунад.

То ҷое, ки ман навиштаҳояшро хондаам, хатти қирмизе дар нақд надорад. Ҳар касе, ҳар қавме, мазҳабу дине аз назари ӯ қобили нақд аст. Аммо дар наққодӣ ҷониби инсофро дар назар дорад, коркарду хубиҳои тарафро дарк ва дар сурати қобили тақдир бошад, муаррифӣ ва тақдир мекунад.

 

Баёни ҳақоиқ

Он чи дар навиштаҳои Сурайё Баҳо бисёр аҳамият дорад, баёни ҳақоиқ, ба вижа баёни ҳақоиқе аст, ки ба сурати созмондиҳишуда ва ҳадафмандона тавассути ҳукуматҳои қавмӣ пинҳон ва кетмон шудаанд. Ҳақоиқеро, ки ӯ баён мекунад, шунидагӣ нест, балки шоҳиди бисёрии ин ҳақоиқ буда ва аз онҳо чашмдид дорад, зеро ӯ донишкадаи иқтисодро дар Донишгоҳи Кобул хонда ва дида, ки чӣ гуна ҷараёнҳои ихвонӣ ва Халқу Парчам шакл гирифта, ҳукумати Зоҳир ва Довуд чӣ гуна суқут карда ва чӣ гуна ҳукумати Халқу Парчам рӯи кор омадааст.

Ҳақоиқи пинҳон ва кетмоншудае, ки дар китоби “Раҳо дар бод” баён шуда, дар ҳеҷ китобе баён нашудааст. Аҳамияти баёни ҳақоиқи китоби “Раҳо дар бод” дар ин аст, ки нависанда шоҳиди пушти саҳнаи моҷароҳои сиёсӣ буда ва он чиро баён мекунад, дидааст. Масалан, шоҳиди моҷаро ва саҳнае будааст, ки дар саршумории замони Довуд, қавми паштун аксариятӣ намешавад, аммо аз тарафи Довуд паём дода мешавад, дар ҳар сурате қавми паштун аксарият нишон дода шавад. Барои ин ки қавми паштун аксарият нест ва аксариятсозии қавми паштун дар саршумории шаффоф ва қонунӣ душвор аст, аз замони Довуд то акнун прусаи саршуморӣ тавассути ҳукуматҳои қавмӣ ба таълиқ дармеояд ва ҳар гоҳе баҳси саршуморӣ пеш биёяд, прусаи саршуморӣ дучори бунбаст мешавад. Ин таълиқу бунбаст то вақте идома хоҳад дошт, ки ҳукумат битавонад дар саршуморӣ қавми паштунро аксарият нишон диҳад ё ин ки то он вақт ба андозаи кофӣ самти шимолро аз паштуни Покистон пур кунад ва паштунро аксарият бисозад. Агарчи Вазорати сарҳадот ва қабоил солҳо аст афроди қавми паштунро аз Покистон дар Афғонистон, ба вижа дар Борикоби Кобул, Парвон, Кописо, Келагайи Бағлон, Бадахшон, Саманагон, Балх ва ғайра ҷо ба ҷо мекунад, аммо аксариятсозӣ бо ин ҷобаҷои низ замон мебарад. Эҷоди канали Қӯштеппа ва ҷобаҷоии афроди толиби паштуни покистонӣ дар он ҷо яке аз бузургтарин ҷобаҷоии таърихии афроди паштуни хориҷӣ аз замони Муҳаммадгули Муҳманд ба баъд хоҳад буд.

Ин мавридро барои ин арз кардам, ки чунин ҳақоиқеро танҳо дар навиштаҳои Сурайё Баҳо, ба вижа дар китоби “Раҳо дар бод” метавон ёфт. Ҳақиқати кетмоншудаи саршуморӣ яке аз даҳҳо мавриде аст, ки дар китоби “Раҳо дар бод” омадааст. Ҳар касе шуҷоати баёни чунин ҳақоиқеро надорад.

Ин ёддоштро бо сухане аз Арасту дар бораи Афлотун ба поён мерасонам. Арасту гуфта буд, агар қарор бошад аз баёни ҳақиқат ва Афлотуни устодам якеро интихоб кунам, ҳақиқатро интихоб мекунам, агарчи Афлотун устодам аст. Бо ин нақл мехоҳам инро бигӯям, ки Сурайё Баҳо дар баёни ҳақиқат парвои ҳеҷ касеро надорад ва интихобаш ҳамеша гуфтан ва баёни ҳақиқат будааст.


Дин

Тероризм

08-май-2026 By admin

“Бобо”-и сокини табақаи…

Даҳ соли поёнии зиндагии раҳбари Алқоида чӣ гуна сипарӣ шуд?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!