Хабари рӯз

Қадри фидокории Эмомалӣ Раҳмонро бояд донист ва ҳушдорҳои ӯро ҷиддӣ гирифт.

Нависанда: Рустами Рушангар, таҳлилгар

Маъмулан бузургии раҳбарони сиёсии кишварҳо, ба нуфуси зиёди кишварҳои таҳти ҳокимияти онон ё вусъати қаламрави ҷуғрофиёии кишварҳо, рабт дода мешавад, дар ҳоле, ки ин дуруст нест. Бархе аз шахсиятҳои сиёсӣ кишварҳои кӯчакеро раҳбарӣ мекунанд, аммо шахсиятҳои бузургеанд. Яке аз онон бетардид Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аст. Ман дақиқ намедонам, ки мардуми Тоҷикистон то чӣ андоза қадри ин марди бузургро медонанд, аммо ин возеҳ аст, ки ӯ барои тоҷикон (ҳам тоҷикони Тоҷикистон ва ҳам тоҷикони Афғонистон) афкори баланд ва диди стратегӣ дорад.

Яке аз намунаҳову нишонаҳои афкори баланд ва диди стратегии Эмомалӣ Раҳмон барои тоҷикон, балки тамоми нерӯҳои зиддитолиб ва зиддитерроризм дар Афғонистон, ҳимояти қотеъ, бедареғ ва бедиранг аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд аст. Ман ҳеҷ тардиде надорам, ки ҳимояти ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ боис шуд, ки нигоҳи Русия, Эрон ва бархе аз кишварҳои дигари минтақа низ то ҳудуде дар ҷиҳати ҳимоят аз Ҷабҳаи Муқовимат ва хатари терроризми байнулмилалӣ аз қаламрави Афғонистон таъдил шавад.

Аз авзоъ ва қароин чунин бар меомад, ки ҳама кишварҳои минтақа, пеш аз баргаштондани дубораи Толибон ба қудрат, фотиҳаи муқовиматро хонда буданд ва ҳама таҳти шароит ва ҷавви сиёсӣ-таблиғотие, ки Амрикову Покистон ва кишварҳои ҳавзаи Халиҷ ба нафъи Толибон ва созмонҳои террористӣ эҷод карда буданд, омода шуда буданд, ки барои онҳо нақши “охируззамонӣ” дар Афғонистон қоил шуда ва ҳокимияти онҳоро ҳарчанд бо икроҳ бипазиранд ва ба таъқиби он стратегияи расмиятбахшии тадриҷиро думбол кунанд. Аммо иқдоми ҷасурона ва мутаҳаввиронаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамаро шигифтзада ва сипас дучори шакку тардид кард.

Дарвоқеъ ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷабҳаи муқовимат дар замоне сурат гирифт, ки ноумедӣ аз баргашти Афғонистон ба шароити ғайритолибонӣ/пасотолибонӣ дар дохил ва берун аз ин кишвар дар авҷ буд. Дақиқан шароит ҳатто бадтар аз хазони 1996 - замони ба қудрат расидани Толибон дар даври аввал - буд. Замоне, ки ҳама чашми умед ба Толибон дӯхта буданд ва касе фардои пас аз Толибонро тасаввур ҳам намекард, аммо Аҳмадшоҳ Масъуд, бунёнгузор ва фармондеҳи кулли муқовимат, эълом кард, ки ҳатто агар ба андозаи кулоҳам ҷо бошад, меистам ва муқовимат мекунам. Эмомалӣ Раҳмон дар даври дувуми ба қудрат расидани Толибон, айни кори Аҳмадшоҳ Масъудро кард. Ӯ дар авҷи ноумедӣ ва дар ҳоле, ки ҳама сози таслимӣ менавохтанд, дар канори муқовимат истод ва эълом кард, ки муқовимат ягона роҳи ҷилавгирӣ аз фурӯ рафтани Афғонистону минтақа ба коми терроризм ва тавтиаҳои калони истеъморӣ аст.

Бегумон дар кӯтоҳмуддат, Эмомалӣ Раҳмон хатари бузургеро ба ҷон харид. Бо эъломи ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимат, Тоҷикистон ба конуни таваҷҷуҳи гурӯҳи террористии Толибон ва ҳампаймонони террористи ин гурӯҳ мубаддал шуд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон ин шуҷоат ва дурандеширо дошт, ки хатари кӯтоҳмуддатро ба ҷон бихарад то кишварашро дар баробари терроризм дар дарозмуддат бима кунад.

Акнун шояд террористон таҳаррукоте дар марзҳои Тоҷикистон ва ҳатто дар дохили Тоҷикистон барои интиқомгирӣ аз давлати Эмомалӣ Раҳмон дошта бошанд, аммо бегумон ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон дар дарозмуддат сипари дифоъии мутмаине дар баробари ҳамалоти терроризм на фақат ба Тоҷикистон, балки дар умум барои Осиёи Марказӣ  эҷод кард.

Тоҷикон ва нерӯҳои зиддитолибонии Афғонистон дар кулл инро медонанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва давлати таҳти раҳбарии ӯ дар шароити бад дар канори ҳамсоягон ва бародарони мазлумашон истоданд ва дар оянда ин эҳсонро фаромӯш нахоҳанд кард ва иҷоза нахоҳанд дод, ки терроризм дар сарзаминҳояшон лонагузинӣ кунад ва террористон аз он ҷо иқдоме алайҳи Тоҷикистон анҷом диҳад. Шояд дар кӯтоҳмуддат террористон ин корро анҷом диҳанд, аммо дар дарозмуддат ҳамеша тоҷикон ва дигар ақвоми муқовимативу озода ва огоҳе вуҷуд хоҳанд дошт, ки террористони душмани минтақа ва Тоҷикистонро аз пушти ҷабҳа бизананд ва иҷоза надиҳанд, ки терроризм бар Осиёи Марказӣ ғалаба кунад. Дар ин ҳеҷ шаке нест.

Албатта, набояд як хатари хазандаро нодида гирифт. Он ин ки террористон талош хоҳанд кард, ки дар сарзаминҳои шимол ва шимолу шарқ (Тахор, Бадахшон, Кундуз, Бағлон, Самангон, Ҷузҷон, Форёб ва...), таҳти номи густариши омӯзишҳои динӣ, мадориси диниро афзоиш диҳанд ва аз миёни ғайрипаштунҳо, қабл аз ҳама тоҷикон, алайҳи мардуми Осиёи Марказӣ душман тарбия кунанд.

Таҷриба нишон дода, ки тоҷикони мадрасаӣ хеле тундравтар аз паштунҳову ҳазораҳо ва ӯзбекҳои мадрасаӣ ҳастанд. Тоҷик вақте мадраса рафт, ҳувияту таърих ва фарҳангу асолати худро фаромӯш мекунад ва ҳозир аст, ки алайҳи бародари хунии тоҷики худ шамшер бикашад. Ин хатар бояд ҷиддӣ гирифта шавад. Ин ягона сӯрохе аст, ки эҳтимоли мор газидан аз он вуҷуд дорад.

Толибони террорист пайваста дар манотиқи шимол, зери номи таваҷҷуҳ ба мадориси динӣ, террорист тарбия доранд. Тозафориғони мадрасаи тозатаъсис, дар қадами аввал уламои динии маҳаллӣ ва бумиро такфиру нобуд хоҳанд кард ва сипас алайҳи мардум шамшер ба даст хоҳанд гирифт. Дар ин замина аҳли қаламу фарҳанги Бадахшону Тахор ва... масъулияти бузурге ба ӯҳда доранд. Ба назари ман, бояд Ҷабҳаи муқовимат, давлати Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ як барномаи стратегии боздоранда рӯи даст гиранд. Ҳимоят аз равшанфикрон, қаламбадастон ва фарҳангдӯстони ҳавзаи шимолу шарқ ва эҷоди марокизи омӯзишиву роҳандозии маъракаҳои густурдаи огоҳидиҳӣ ба ҷавонон бахше аз ин барнома метавонад бошад.

Ангезаи навиштани ин сутур, изҳороти ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди афзоиши хатари терроризм дар Афғонистон ва хабари фароғати ҷамъе аз духтарон аз мадориси динии тозатаъсиси Толибон дар Бадахшон буд. Ин ду мавзӯъ хеле бо ҳам рабт доранд ва Эмомалӣ Раҳмон хеле беш аз дигарон ин рабтро медонад. Ӯ натанҳо минҳайси як тоҷик ва барои адои масъулият тоҷиконааш яктана дар баробари терроризм истодааст, балки ба ҳақ ҳушдорҳое, ки ӯ дар бораи тақвияти терроризм медиҳад, баҷо ва бамавқеъ аст. Дер ё зуд кишварҳое, ки ба ҳар далеле ин ҳушдорҳоро ҷиддӣ намегиранд ва онро бо саҳлангорӣ ба ҳисоби тааллуқоти табории Эмомалӣ Раҳмон бо тоҷикони Афғонистон мегузоранд ва дар ҳамин чорчӯб кӯчак мепиндоранд, мутаваҷҷеҳи иштибоҳоти ҳавлноки худ хоҳанд шуд. Рӯзе, ки террористон дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ замбурӯғвор зуҳур кунанд ва ҷазоири қудрати манфӣ ва ошӯбзо эҷод кунанд, ки давлатҳои ин минтақаро ёрои муқобила бо он набошад!


Дин

Тероризм

08-май-2026 By admin

“Бобо”-и сокини табақаи…

Даҳ соли поёнии зиндагии раҳбари Алқоида чӣ гуна сипарӣ шуд?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!