Хабари рӯз

Ягона роҳи ҳифозати тоҷикҳо аз душманонашон, як давлати мустақили тоҷик бо як ҳукумат қавӣ, ҳамроҳ бо ҳувияти тоҷик аст.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Федерализм асосан як формаи сиёсӣ барои тавзеи қудрат ва эҷоди фазои мусолиматомез аст. Машрут бар ин ки бистари лозими он ҳамвор шуда бошад. Як теъдоди тоҷикҳо баҳси федерализмро ба унвони ноҷӣ ва ҳалоли мушкилоти Афғонистон, ба асоси таҳрики ғайритоҷикҳо бар зидди паштунҳо, матраҳ месозанд.

Федерализм, як сохтори сиёсӣ аст, аммо баҳси мо мабҳаси як ҷуғрофияи мустақили тоҷикҳо аст, ки битавонад, иқтидори сиёсӣ ин табори бузургро тазмин кунад. Тафовут дар ин ҷост, ки мо хостори як ҷуғрофияи мустақил, як давлати муқтадир ва як миллати муҷаззо аз дигарон ҳастем. Аммо ин тоҷикҳо дар як гирдоби тавтеа гир афтода ва намедонанд дар ақиби масъала федерализм, чӣ балое бар сар тоҷикҳо хоҳад омад.

Инҳо намедонанд, ки федерализм ба ҳеҷ унвон ба маънои хатми фасод, беадолатӣ ва фақр нест. Инҳо намедонанд, ки ғайритоҷикҳо аз ҳазора ва узбекҳо, дар талошанд то ба воситаи тавони бозуи тоҷикҳо, мабҳаси федерализмро боло кашида ва баъд аз он ҷуғрофияи тоҷикҳоро онҳо тасоҳуб кунанд.

Ин тоҷикҳои федералист, қабл аз тарҳи мавзуи федерализм, бояд ёд бигиранд ва оқилона фикр кунанд, ки барои таъмини адолат, бахусус дар мавриди тоҷикҳо, ниёз ба федерализм надорем. Ниёзи аслии мо мубориза барои тасхири ҷуғрофияи худи мо ва ҳифзи он аз шарри пантуркизм, паштунизм ва аъмоли тахрибкоронаи ҳазораҳо дар таҳти ливои ҷумҳурии демократии Ҳазористон аст, ки дар оянда дар назар аст дар ҷуғрофияи тоҷикҳо, сохта шавад.

Талоши мо барои феълан, бистарсозӣ аст. Ин ҷо бистари лозими сиёсӣ ниёз аст, то заминаро барои берун шудан аз бунбасти мавҷуд, фароҳам созад. Бистари радикале, ки масъалаи ҳувият ва иқтидори тоҷикҳоро дар як ҷуғрофияи мустақил, бо давлати мустақил ва ҳувияти тоҷикии он, матраҳ бисозад.

Мо қаблан тазаккур додем, ки дар паси масъалаи федерализм, тавтеае матраҳ аст, ки ғайритоҷикҳо ва мутаалифини паштуни онҳо, онро ба воситаи қуввату зӯри тоҷикҳо, мехоҳанд амалӣ созанд. Ин масъаларо ба асоси кадом далоил матраҳ месозем? Ба асоси қароини мавҷуд, шавоҳиди таърихӣ ва таҷрибиёти гузашта, ки тоҷикҳо бидуни ин ки бо ҳам тафоҳум кунанд ва як ҷуромади сиёсиро тамсил кунанд, дӯсте дар майдон надоранд ва на ҳам эътилоферо метавон бо ғайритоҷикҳо бо тоҷик, дар оянда тасаввур кард.

Ба ҳар сурат, ҳадафи аслии ғайритоҷикҳо аз ҳар қавме, истифода аз тавонмандии тоҷикҳо барои пеш кашидан, табу сохтан ва иҷроӣ сохтани тарҳи федерализм аст. Аммо дар марҳалаи ахир ин худи тоҷикҳо хоҳанд буд, ки ҷуғрофияашонро аз даст хоҳанд дод. Манотиқи шимол, шимолу шарқ, марказӣ ва ғарб, маъмулан ҷуғрофияи тоҷикҳо ҳаст, ки чашми ғайритоҷикҳо ба он бештар дӯхта шудааст. Ҳазора ва ӯзбек дар таҳти барномаи ҳавзаи порсизабон, проекти пантуркизм, талош доранд то манотиқи роҳбурдиро аз лиҳози сиёсӣ ва низомӣ ва мазиятҳои иқтисодӣ, дар ихтиёри худ дошта бошанд. Манотиқе, ки умдатан ва ағлабан тоҷик ҳастанд ва сарзамини таърихӣ ва обоиашон ҳисоб мешаванд.

Аммо тоҷикҳо тасаввур мекунанд бо тарҳи федерал, метавонанд соҳиби иқтидор шаванд. На, чунин нест, балки бо федералӣ сохтани Афғонистон, ки имкони он, чунон мутасаввир нест, сарзаминҳои бештареро дар ихтиёри дигарон, қарор хоҳед дод. Мо чаро ин мантиқро матраҳ месозем? Чун мушкили Афғонистон асосан як мушкили қудрати сиёсӣ аст, ки дар имтидоди хостҳо ва амёли қавмию таборӣ, табалвури бештар ёфтааст, на мушкили сохти қудрати сиёсӣ, ки федерализм битавонад, ҳалли он бошад. Мо натанҳо бо тарҳи федерализм, сарзаминҳои худро ба дигарон туҳфа медиҳем, бал аз чаҳор тараф, саркӯб хоҳем шуд.

Ёдатон бошад, ки федерализм, яъне тарҳи муҳосираи тоҷикҳо дар даруни як камарбанди таборгароёнаи ҳазораҳо, ӯзбекҳо, туркаманҳо ва паштунҳо. Мо аз ду роҳи боқимонда, ки яке миллат шудан аст ва дигараш матраҳ сохтани тарҳи федерал, барои поён додан ба муъзали кунунии беадолатӣ якеро интихоб кунем. Чун аслан аҷандои як миллат, як мардум аз лиҳози зеҳнӣ ва фикрӣ бо шикаст мувоҷеҳ шудааст ва омили умдаи он, Толибонанд. Ҳоло ҳар таҳаввули пасотолибонӣ, саломати ҷуғрофиёи Афғонистонро бо хатар мувоҷеҳ месозад ва ин масъала ҳатмӣ аст.

Тарҳи федералӣ ё ғайри он ило ташкили як давлати тоҷикии мустақил, ки дорои ҷуғрофияи муҷаззо аз ғайритоҷикҳо бошад, ҳеҷ роҳи ҳали маъқуле барои ҳал сохтани таззодҳои кунунии таборӣ нахоҳад буд.

Агар кишварро федералӣ созем ва фарз кунем, ки ин тарҳи федералсозӣ, бо мувофиқати соири гурӯҳҳои қавмии дигар, ҳамроҳ аст, аввалин иқдоми ҳазораҳо ва узбекҳо, тасарруфи Балх ба унвони маъбаргаи стратегӣ дорои аҳамиятест, ки барои тоҷикҳо аҳамияти фаровоне дорад. Агар кишвар федералӣ шавад, дар фардои федералӣ шудани кишвар касе ҳаққе ба тоҷикҳо ба нисбате беэътимодии худӣ, тафриқа, маҳаллагароӣ ва парогандагии ҷамъиятӣ, қоил нахоҳад буд. Ҳамин ҳоло, мо шоҳиди нашри вожаномаҳои ҳазора ҳастем, ки ин иддаои ҳазораҳо мабнӣ бар моликияти забони форсӣ ва ҳеҷ донистани тоҷикҳо мебошад. Тасаввур кунед вақте монеае монанди паштунҳо ва Толибон фарорӯи ҳазораҳо ва ӯзбекҳо набошад, тоҷик дар миёни ду санги осиёб об хоҳад шуд.

Тоҷикҳо бояд ҳушёр шаванд ва масоилро дарк кунанд, ки тарҳи пантуркистӣ ва иттиҳоди роҳбурдӣ миёни ҳазораҳо ва ӯзбекҳо, асосан ба манзури хориҷ сохтани тоҷикҳо аз меҳвари бозиҳои қудрати сиёсӣ дар оянда аст. Чаро худи ҳазораҳо ба танҳоӣ масъалаи федералӣ шуданро матраҳ намесозанд? Чаро ҳамвора мо тоҷикҳо мазмуни барномаҳои роҳбурдии ҳазораҳо ва ӯзбекҳо бошем? Бозтарҳи федерал дар шароити кунунӣ, авлавият нест, бал авлавияти мо дар шароити кунунӣ, ҷанг ва талоши сиёсӣ барои ташкили як ҷуғрофияи мустақили тоҷиктаборона аст.

Аз тарафи дигар, мушкили умдаи дигар ин аст, ки на толиб як неруи сиёсӣ аст, то бо он тарҳи федерал матраҳ шавад ва на ҳам мухолифони он як бадили муносиб ва дорои қуввати бузурге ҳастанд, ки битавонанд ҳариф ва рақиби Толибон дар оянда шаванд. Ба ин асос аст, ки мо мантиқи ҷанг ва муборизаро авлавият медиҳем. Ҳеҷ гоҳ холигоҳе барои муфоҳима, музокира ва диалог дар гуфтумони сиёсии  Афғонистони пасоТолибон ва дар замони кунунӣ вуҷуд надорад ва нахоҳад дошт. Бояд ибтидо барои ҳадафе биҷангем ва баъдан дар сояи он бо мадди назар доштани шароити кунунӣ, ба тарҳи як давлати мустақили тоҷик, фикр кунем.

Дар зимн, ба лиҳози бунёдӣ ҳеҷ тарҳи афғонистонии бархоста аз фикри нерӯҳои сиёсӣ дар Афғонистон машрӯъияти берунӣ надорад, дар ҳоле ки ҳар тарҳи минтақаӣ ва фароминтақаӣ бо хусусиёт ва мушаххасоти бегонаи он ваҷҳи таҳмилӣ бар вазъияти Афғонистон хоҳад дошт. Ҳоло ин неруҳои сиёсӣ ва дастаҷоти дар ҳоли табъид, ки дар талоши тапидан барои ҷилавгирӣ аз измиҳлоли таърихӣ ва сиёсиашонанд, чӣ кунанд ва чӣ карда метавонанд? Ин умдатарин бахши вазифа ва кори хонагии ин гурӯҳҳост. Бояд андаке тааммуқ кард, ки шароит барои чунин тарзи фикрӣ, то чӣ андоза метавонад мавриди қабули мардум ва дигарон қарор гирад?

Ё инҳо дубора пероҳани миллигароӣ бар тан кунанд ва ҷузъи як чархаи ботили таърих шаванд ва мунтазири як Бонни дигар бимонанд, ки дар чунин сурате, натиҷа измиҳлоли таърихӣ ва нақш бар об шудани ҳувияти табориашон хоҳад буд ё ин ки дар имтидоди таъйини ҳаққи сарнавишти табории хеш, мусаммам гарданд. Федерализм, роҳи севумӣ нест ва нахоҳад буд!

Масъалаи дигар ин аст, ки инҳо ҳеҷ гоҳ ба воқеиятҳои айнии ҷуғрофияи кишвар нигоҳ намекунанд. Минтақаро фаромӯш кардаанд ва ҳанӯз ҳам умедвори як проекти амрикоӣ ҳастанд. Як иштибоҳи роҳбурдӣ ва як хатои нобахшудании сиёсӣ, ки борҳо такрор шудааст. Дар зимн, агар мавзӯи ҷуғрофияро мадди назар гирем, бардошти ҳазораҳо ва ӯзбекҳо бо матраҳ сохтани масъалаи федерализм ин аст, ки баъд аз таҳаққуқи эҳтимолии он тоҷикҳоро маҳрум аз сарзаминҳои худашон созанд. Дар чунин сурате, ҷуғрофияи тоҷик вуҷуд нахоҳад дошт. Ёдамон бошад, ки агар чунин муҳосиба кардаем, ки ҳазора ва ӯзбек беҳтар аз паштун аст, ба хато рафтаем. Ҳар се душмани сарсахти тоҷикҳоанд ва талоше ҷуз ба фурӯ пошондани рӯҳияи тоҷиктабор надоранд.

Далели дигаре, ки мо мухолифи тарҳи федерал ҳастем, ин аст, ки асосан масъалаи федерализм дар сояи як иқтидори марказии мабнӣ бар як тавофуқи сиёсӣ ва файсалашуда бо ҳукуматҳои марказӣ ҷон мегирад. Хуб, ҳоло ин федерализми маҷолӣ татбиқ ёфт, иқтидори марказӣ дар дасти кӣ бошад? Агар қарор аст аксарият файсала кунанд, тоҷикҳо дар майдон танҳоанд. Ҳазора, ӯзбек ва паштунҳо ба асоси бардоштҳои манфиатгароёнаашон дар як саф ҳастанд. Боз ҳам иқтидори марказиро бохтаем. Агар паштун биёяд, масъалаи гегемонизми қавмӣ дар сохтори қудрати сиёсӣ ниҳодина мешавад. Агар ҳазора биёяд, ҷуғрофияи худро таъйин хоҳад кард ва дар як иттиҳоди роҳбурдӣ бо ӯзбекҳо қарор хоҳанд гирифт.

Тоҷик дар майдони федерализм ҷое надорад. Танҳо масъалаи муҳим барои убури пирӯзмандона аз бунбасти феълӣ барои тоҷикҳо ва тазмини иқтидори сиёсии онҳо як давлати мустақили тоҷикӣ, ҷуғрофияи мустақил ба асоси як миллат ва табори тоҷик аст. Роҳи дигаре вуҷуд надорад. Агар чунин нест, мухолифони дамдамимизоҷи мо, федералистҳои догматист, ки бо боварҳои хоми иттиҳоди роҳбурдӣ бо ҳазораҳо ва ӯзбекҳо такя кардаанд, тоҷикҳои хушбовар, ки бо бемории кӯдаконаи музмини иттиҳод дар қолаби ҳавзаи форсизабон ба ин тарҳи хатарнок ва музмаҳилкунандаи тоҷикҳо аз ҷониби ҳазораҳо ва ӯзбекҳо мубталоанд, чӣ хоҳанд кард?

Далоили дигаре низ дар назди мо аст, ки худ далели ҳаққонияти роҳи интихобшуда тавассути мост. Масалан, ин ки чаро мо ҳамвора масъалаи фуқдони як бистари лозими сиёсиро барои татбиқи федерализм, асоси як мантиқ дар радди федерализм қарор медиҳем? Чун мо шароити татбиқи як низоми федералро дар Афғонистон мусоид намебинем. Ҳанӯз ҳам костиҳое дар бистари ҷомеаи Афғонистон ҳамвор аст, ки тарҳи ҳар хел мантиқи маслиҳатҷӯёна, таслимталабона ва созишкоронаи масъалаи федерализмро рад мекунад. Ин шароит қарори зайл аст:

Фуқдони як давлати муқтадири миллӣ: на миллате вуҷуд дорад ва на ҳам давлате бар мабнои миллӣ будан шакл хоҳад гирифт;

Фуқдони ҳисси муштараки миллӣ ва руҳияи таҷзияталабӣ: на ҳазора, на ӯзбек, на паштун ва на дигарон ба ҳисси муштараки миллӣ бовар доранд, бал рӯҳияи таҷзияталабӣ дар ҳар як ин ақвом ниҳодина шудааст. Пас чӣ тавр федерализм маҷоли татбиқ пайдо кунад ва моро ба мақсуди суботи сиёсӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ бирасонад;

Ҳифзи истиқлоли сиёсӣ ва адами мудохилаи ҳамсоягон: барои ҳеҷ як аз ақвоми ҳазора, ӯзбек ва дигарон, масъалаи истиқлоли сиёсӣ дар мавҷудияти паштунҳо ва ё тоҷикҳо дар иқтидори сиёсӣ, маънӣ ва мафҳуми хосе надорад. Дар зимн мудохилаи ҳамсоягон, кишварҳои минтақа ва кишварҳои фароминтақа, яке аз авомили бесуботӣ, нобасомонӣ ва кашмакаш дар кишвар пиндошта мешавад. Биноан, тарҳи федерализм дар ҳаво ба масобаи навиштан ба рӯи ях аст, ки баъдан онро дар офтоб бигузорем;

- Тавоноии таъмини ҳазинаҳои низомии бюрократии федерал: Афғонистони феълӣ як кишвари вобаста аз лиҳози иқтисодӣ ба манобеъи берунӣ, фоқиди қобилияти тавлиди иқтисодӣ ва муҳтоҷи зарурии худ, иқтисоди масрафӣ ва фоқиди дидгоҳи мушаххаси иқтисодӣ дар хусуси худкифоии кишвар буда ва ин суннати таърихӣ то акнун идома доштааст. Дар чунин кишвари вобаставу фақир ва фоқиди тавоноии иқтисодӣ барои таъмини ҳазинаҳои молии низоми бюрократии як сохтори федерал чӣ гуна мо хостори татбиқи як низоми федерал ҳастем?

Рушди огоҳии сиёсӣ дар миёни тӯдаҳо: Ҳизби кунгура, маҷмааи федералистҳо, гурӯҳҳои қавмии ҳазораву ӯзбек ва абарпроекти пантуркизм, чӣ гуна ба татбиқи федерализм умедворанд, дар ҳоле ки барои рушди огоҳии сиёсӣ дар миёни тӯдаҳо, андак кореро анҷом надодаанд. Ин федералистҳо бифармоянд марқум бидоранд, ки то ҳол чӣ иқдоми равшангаронаро дар хусуси табйини мафҳуми федерализм, дар миёни тӯдаҳои мардум ҷиҳати рушду таолии огоҳии сиёсӣ анҷом додаанд?

Фуқдони рушди иқтисодии мутавозин дар тамоми кишвар: ҳавзаи шимолу ҷануб, бо ғарбу шарқ аз лиҳози манобеъи зерзаминӣ, мавқеияти транзитӣ, рушди даромади иқтисодӣ ва пайдевори зироатӣ, тафовутҳои фоҳише доранд. Чӣ гуна дар чунин замине ин дӯстони федералист хоҳони татбиқи як низоми федерал ҳастанд? Тафовутҳое аз сатҳи даромад то даромади нохолиси миллӣ дар миёни бошандагони чаҳор ҷуғрофияи шимол, ҷануб, шарқ бо ғарб, ба гунаи мустанад қобили мушоҳида будааст;

 -  Вуҷуди аҳзоби қудратманди сиёсӣ ва ниҳодҳои равшангар ва муфиди маданӣ: ба шумули Ҳизби кунгураи миллӣ, ки шиори федералхоҳӣ сар медиҳад, кадом маҷмаъ, ташаккул, ҷараён ва ё ҷунбише барои федерализм, сивои шиори миёнхолии он, бистарсозӣ кардаанд ва бадили низоми мутамаркиз ба гунаи айнӣ ҳисоб мешаванд? Ҳеҷ ҳизби сиёсии қудратманд, ки бо мардум иртиботи васиқ ва маҳкам дошта бошад, ҳеҷ ниҳоди равшангар ба ҷуз проектгарони ғарбӣ ва амрикоӣ, ҳеҷ фаъоли маданӣ (маданӣ - ба мафҳуми хоси амрикоӣ он дар бистари Афғонистон) натавонистаанд дар ҷиҳати тарвиҷ, ташреҳ ва табйин дурусти низоми федерал дар Афғонистон, кори муфидеро анҷом диҳанд. Бо ин ҳол, таваққӯъ аз чунин нокорагӣ, дармондагии фикрӣ, догматизми мусаллат ва худшефтагии федерал, чӣ тавр бистарсози як низоми федерал дар Афғонистон хоҳад шуд?

Вуҷуди як фарҳанги сиёсии муқтадир: аз фарҳанги сиёсӣ ба масобаи шинохти шаҳрвандон дар хусуси ҳукумату сиёсат ва ба сурати маҷмӯъи низоми сиёсӣ ёд мешавад. Дар Афғонистони таҳти султаи гегемонизми қавмии паштунӣ, танишҳои таборӣ миёни ҳазораҳо, ӯзбекҳо ва тоҷикҳо, ҳеҷ гуна фарҳанги сиёсӣ шакл нагирифта ва нигоҳи ҳазораҳову ӯзбекҳо аз баъди ҷонгирии ин ду қавм ба қудрати сиёсӣ, ҳамвора сохторшиканона будааст, на мутобеат аз низоми сиёсӣ дар чорчуби як фарҳанги сиёсии ҳоким. Тоҷикҳо ҳамвора бо бетафовутӣ дар баробари ин сохторшикании ҳазораҳову ӯзбекҳо бархурд кардаанд. Биноан, кадом фарҳанги сиёсӣ дар фазои сиёсии Афғонистон шакл нагирифта ва ин худ метавонад далеле бошад бар радди федерализм, ки як тавтеаи ба тамоми маънӣ сиёсӣ ва тоҷикситезона аст.

 Аммо чӣ бояд кард?

Барои бурунрафт аз муъзали кунунӣ, на федерализм, на миллигароӣ ва на иттиҳод бо ҳазораҳо ва ӯзбекҳо дар таҳти назарияи хатарноки ҳавзаи порсизабон, бал чанд масъала метавонад, роҳгушо бошад:

-  Як ҷанги файсалакун, ки ҳимояти минтақаро дошта бошад. Як миқдоре аз ҷуғрофия тасарруф шавад, баъдан мо бо чунин тарҳҳое дохили майдон шавем. Чун толиб аҳли гуфтугӯ нест ва танҳо забони туфангро медонад. Меҳвари Ҳиндукушҳо, рӯҳияи мардум ва бемайлӣ барои часпидан барои як миллати воҳид, заминаҳоеро барои ин кор мусоид месозанд. Дар чунин марҳалае барои ояндаи сохтори сиёсӣ дар ҷуғрофияи тоҷикҳо, тасмим гирифта хоҳад шуд;

-  Вуҷуди як ҳукумати муқтадир, ки инзибот ва диссиплинро барои таъмини адолат ва қонун ҳоким созад, ки ин шомили марҳалаи гузор мешавад. Ҳар замоне, ки субот таъмин шуд, ҷанг хатм шуд, баъдан метавон дар мавриди як сохтори сиёсии иттифоқӣ дар ҷуғрофияи тоҷикҳо, фикр кард. Иҷолатан, тарҳи сиёсии мо, ҷуғрофияи мустақили тоҷикҳо бо давлати мустақили тоҷикӣ ва бо ҳувияти мушаххас аст;

- Барои чунин тарҳе мувофиқати минтақа зарурӣ аст. Бузургтарин иштибоҳи сиёсиёни Афғонистон дар бист соли гузашта, иттико ба фароминтақа ва дасти кам гирифтани минтақа буд. Дар чаҳор атрофи Афғонистон, деги иқтидоргароӣ меҷӯшад. Демократия, низомҳои федерал, татбиқи гунаҳои ғарбии низоми сиёсӣ, на ба лиҳози корбурдӣ ва на ба лиҳози моҳиятӣ маҷоли муваффақият дорад. Ягона гузинаи мумкин, ки битавонад тоҷикҳоро аз газанди душманонашон ҳифз кунад, ҳамин масъалаи давлати мустақили тоҷикӣ, бо давлати муқтадири тавъам бо ҳувияти тоҷикӣ аст. Дигар худро фиреб надиҳем!


Дин

Тероризм

08-май-2026 By admin

“Бобо”-и сокини табақаи…

Даҳ соли поёнии зиндагии раҳбари Алқоида чӣ гуна сипарӣ шуд?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!