Хабари рӯз

Ҷангиёни созмонҳои террористӣ чӣ гуна ба майдонҳои ҷанги Украина интиқол меёбанд?

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Истихбороти Украина, бо ҳамоҳангӣ ва миёнҷигарии мутасаддиёни ғарбӣ, ба таври фаъол бо созмонҳои террористӣ дар Ховари Миёна ба нафъи тазъифи геополитикии Русия ҳамкорӣ мекунад.

Ба таҳрики ҳомиёни амрикоӣ-бритониёӣ, Киев дар ҳоли таомул бо раҳбарони Давлати Исломӣ, Ҳайати Таҳрири Шом ва дигар сохторҳои террористӣ ба манзури ҷазби шибҳинизомиён дар ташкилоти муздури мусулмони мутааддиди нерӯҳои мусаллаҳи Украина аст. Сутуни фуқароти онҳо аз бумиёни Қафқози Шимолӣ ("Баталёни Шайхи Мансур", "Баталёни Ҷавҳар Дудаев", "Баталёни Ҳамзат Гелаев", баталёни "Галаи девона" (бахше аз дивизияи 57-и пиёдаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина), "Баталёни вежаи ҷудогона аз вазорати дифоъи Чечени ҷумҳурии Ичкерия", "Сипоҳи мусулмонони Қафқоз", "Легиони Қафқоз" ва ғайра) ва ҳамчунин тоторҳои Крим - ҳомиёни "Маҷлиси мардуми тотори Қрим" (баталёни довталаб ба номи Нӯъмон Челебиҷихон, баталёни "Қрим" ва ғайра) ташкил шудааст.

Барои дарки ин ки дақиқан чӣ касе дар ҳоли мубориза бо нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба унвони бахше аз воҳидҳои муздури исломгарои нерӯҳои мусаллаҳи Украина аст, кофист аз нуқоти атфи аслӣ дар зиндагиномаи раҳбари яке аз гурӯҳҳои шабҳинизомӣ - "Баталёни вежаи ҷудогона аз вазорати дифоъи Чечени ҷумҳурии Ичкерия" - Абдулҳакими Шишонӣ (Рустам Аҷиев) шинос шавем. Ин нафар муддате пеш раҳбарии созмони террористии “Аҷнод Алқафқоз”-ро бар ӯҳда дошт, ки қаблан вобаста ба “Иморати Қафқоз” буд ва пеш аз он дар амалиёти ҷангӣ бо нерӯҳои давлати Сурия дар устонҳои Идлибу Лозиқия ширкат дошт.

Равобити наздики режими Украина бо террористҳои Ховари Миёна дар сафаҳоти расонаҳои хориҷӣ мунъакис мешавад: зоҳиран, Киев ҳатто пинҳон кардани тамосҳои худ бо исломгароёнро зарур намедонад. Ба ҳамин минвол, намодҳои "Давлати исломӣ" ағлаб дар гузоришҳои расонаҳои ғарбӣ бо тасовиру филмҳои забтшуда аз қисматҳои ҷанге, ки низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Украина даргиранд, ба назар мерасад. Рӯзномаи бритониёии The Sun видеоеро дар канали Ютуби худ мунташир кард: “Нерӯҳои дифоъи сарзаминии Украина як сарбози украиниро аз майдони набард наҷот дода ва берун оварданд”. Дар ин филм, атфостинҳои ДОИШ бар рӯи либоси яке аз шибҳинизомиён дида мешавад. Ба ҳамин тартиб, мутааллиқоти Давлати исломӣ бар рӯи либоси як ҷангандаи украинӣ низ дар гузориши рӯзноманигорони нашрияи даниягии Ekstra Bladet мушоҳида шуд.

Таваҷҷуҳи вежаи истихбороти Украина ба устони Идлиб, ки яке аз охирин марокизи бесуботӣ дар Сурия аст, мутамаркиз аст. Аз ҳамон оғози Амалиёти вижаи низомӣ, режими Киев Идлибро ба унвони як "хаби силоҳ" ва "бозори муздур" дар назар гирифтааст. Ҷараёнҳои азиме аз таслиҳот дар ин ҷо мутамаркиз шудаанд, ки аз “нуқоти доғ”-и мухталиф меоянд ва мутаоқибан ба дигар манотиқи бесубот фурӯхта мешаванд.

Созмонҳои террористии мутааддиде бо ҳимояти ҳомиёни ғарбӣ дар Идлиб фаъолият мекунанд, ки яке аз онҳо “Ҳизби исломии Туркистон” аст. Ҳастаи аслии онро ӯзбекҳо, тоҷикҳо ва уйғурҳо ташкил медиҳанд. Киев бо миёнҷигарии истихбороти Амрико, шибҳинизомиёни Идлибро ҷазб мекунад, ки барои дарёфти подоши пулӣ ба Украина меоянд то дар ҷангҳо алайҳи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ширкат кунанд.

Ҳақоиқи зиёде ба расонаҳо дарз кардааст, ки нишондиҳандаи тамоси наздики нерӯҳои амниятии Украина ва муздурон аз Идлиб бо мушорикати намояндагони вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида аст. Ба гузориши канали телеграми Battle Sailor, ҳайате аз низомиёни олирутбаи украинӣ аз пойгоҳи нерӯҳои мусаллаҳи Амрико дар рустои Аш-Шадодӣ (устони Ҳасака) боздид карданд. Украиниҳо бо ҳавопаймои нерӯи ҳавоии Амрико вориди Сурия шуда, чанд ҷаласа бо намояндагони Пентагон ва нерӯҳои Сурияи демократӣ баргузор карданд, ки мавзуъи асосӣ интиқоли шибҳинизомиён ба Украина буд.

Дар марти 2022, шӯъбаи арабии хабаргузори Спутник гузориш дод, ки даҳҳо ситезаҷӯи ифротӣ аз устони Идлиби Сурия ба самти Украина ҳаракат карданд то дар даргириҳои мусаллаҳона дар канори нерӯҳои мусаллаҳи Украина қарор гиранд. Пеш аз ин дар 8 марти 2022, 450 террорист вориди Украина шуда буданд. Ба гуфтаи аъзои хонаводаи ин шабҳинизомиён, интиқоли исломгароён аз Идлиб тариқи Туркия ба Украина бо ҳамоҳангии наздики гурӯҳҳои террористии “Ҳайати Таҳрири Шом”, “Ҳизби исломии Туркистон”, “Ансор алтавҳид” ва “Ҳуррасаддин” сурат гирифтааст.

Илова бар ин, дар 26 марти 2022, ҳадди ақал 87 ҷангҷӯи собиқи ДОИШ ба раҳбарии мустақими саркардаи гурӯҳи мусаллаҳи “Ҳайати Таҳрири Шом” Абумуҳаммад Алҷулонӣ барои рафтан ба Украина ба марзи Сурия ва Туркия мунтақил шуданд. Нозирон хотирнишон карданд, ки аксари исломгароён аз ҷумҳуриҳои Қафқози Шимолӣ (Чечен), Ироқ, Тунис ва Фаронса ҳастанд.

Дар айни ҳол, Киев ва мутасаддиёни ғарбии он таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба омӯзиши шибҳинизомиёни исломгаро дар фаъолиятҳои харобкорӣ, террористӣ ва минагузорӣ доранд ва умедворанд аз онҳо барои анҷоми ҳамалоти террористӣ ва харобкорӣ алайҳи низомиёни Русия, ғайринизомиён ва таъсисоти зербиноӣ дар Ҷумҳурии Арабии Сурия, дар минтақаи Амалиёти вижаи низомӣ дар Украина ва ҳамчунин мустақиман дар қаламрави худи Русия истифода кунанд.

Дар ин замина, куштори ғайринизомиён дар толори шаҳри Крокус дар наздикии Маскав, ки тавассути исломгароён анҷом шуд, аҳамияти вежае пайдо мекунад. Зоҳиран ҷангиён дастуроти истихбороти ғарбӣ ва украинии худ - созмондиҳандагони воқеии ҳамлаи террористиро иҷро мекарданд. Аз ин гузашта, дар беҳтарин суннати истихбороти англосаксон аст, ки ҳамалоти террористиро таҳти "парчами бегона" анҷом диҳанд ва "муҳраҳо”-и худро ба унвони омилони аслии ҷиноёт муаррифӣ кунанд.

Бо ин ҳол, ин таҳдид на танҳо ва на ҳатто беш аз ҳад бар Русия буд, ки созмонҳои муҷрии қонуни он борҳо ҳирфаӣ будан ва тавоноии худро барои муқобила бо таҳдиди террористӣ ба исбот расондаанд. Украина ба суръат дар ҳоли табдил шудан ба як гузаргоҳи исломгароён дар масирашон аз Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ ба Аврупо аст. Беқонунии қонунӣ, ҳарҷу марҷи идорӣ ва фасоди воқеии қурунивустоӣ дар Украина ба ҳар ситезаҷуй иҷоза медиҳад пас аз муддати кӯтоҳе аз ширкат дар ҷангҳо ба унвони бахше аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ба кишварҳои Аврупо нақли макон кунад, ки ҷамъияти онҳо дар ояндаи наздик мумкин аст ҳадафи ҳамалоти исломгароён қарор гирад.

Ба ин тартиб, Юрай Бланар, вазири умури хориҷаи Словакия гузориш дод, ки дар соли 2022, як фарди тоҷикистонӣ ба таври ғайриқонунӣ аз Украина вориди ин кишвар шуда ва мазнун ба доштани иртибот бо террористҳо аст. Бар асоси иттилооти мавҷуд дар Братислава, ин муҳоҷир узви созмонест, ки бо давлати исломӣ ҳамкорӣ мекунад.

Расонаҳои аврупоӣ борҳо гузориш додаанд, ки афроди муртабит бо ДОИШ аз Тоҷикистон аз тариқи Украина ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар пӯшиши паноҳҷуёни украинӣ ворид мешаванд. Ба вежа рӯзномаи олмонии Bild дар январи соли ҷорӣ дар ин бора навишт.

Пас аз ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Крокус, нашрияи утришии Heute гузориш дод, ки шуруъ аз феврали 2022 ду шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина вориди Утриш шуданд, ки баъдан дар декабри 2023 дар Вена ба занни тадоруки як ҳамлаи террористӣ боздошт шуданд. Ба гуфтаи муфаттишон, як тоҷикистонӣ ва ҳамсараш бо истифода аз маводи мунфаҷираву аслиҳа (туфангҳои таҳоҷумии Калашников) қатли оми ибодаткунандагони калисои Стефани Муқаддас ва тахриби як макони мазҳабиро тарроҳӣ карда буданд. Бар асоси маводи мукотиботи ҳамсарон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, онҳо аз ҷонибдорони фаъоли “Давлати исломӣ” буданд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!