Дар ҳошияи ҳамлаи террористӣ ба масҷиди шиаён дар Ҳирот
Нависанда: Сайидаҳмад Мусавии Мубаллиғ, раиси хабаргузории “Атлас”
1 - Мавлавӣ Асламҷор, волии Толибон барои Ҳирот дар китоби худ "Муътамади Мотурид, ман мӯътақиди Мотурид" шиаро аҳли бидъат медонад ва Мулло Ҳайбатулло, раҳбари Толибон бар китоби Мавлавӣ Абдулҳаким Ҳаққонӣ – “Ал-амора ул-исломия ва низомҳо” - муқаддимае менависад, ки таъйиди ақоиди салафӣ ва такфирии он аст. Дар ҳукумате, ки сохтори фикрии он чунин бошад, куштани аҳли бидъат -- ба заъми онҳо - қабеҳ нест, ки бихоҳанд қотилашонро дастгиру муҷозот кунанд.
2 - "Мадоралии Каримӣ" дар ҳузури садҳо инсони шиаи ҳазора фарёд мезанад, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ амирулмуъминини ҳама аст. Саидэҳсон Фозилзода ва бархеи дигар дар мадҳи Мулло Умар менависанд. Муҳаммад Акбарӣ бар раият будани худ барои Толибон таъкид мекунад. “Ҷаъфар Маҳдӣ” маҷизи (чоплусӣ) Сироҷуддини Ҳаққониро мегӯяд ва Шӯрои уламои шиаёни Афғонистон дафотири мароҷеъро дар Қуму Наҷаф дақалбоб мекунад, то аз таъмини ҳуқуқи шиаён дар иморати Толибон ба онҳо итминони хотир бидиҳад. Ин ҳаҷм аз зиллатпазирӣ ҳар арбоби беинсоферо бар тавсеаи зулм ҷорӣ месозад.
3 - Амирхон Муттақӣ Эронро муттаҳам ба ҳимоят аз ДОИШ мекунад, аммо Ҳасани Козимии Қумӣ ва Сайидҳасан Муртазави, ба ҷойи ин ки посухи Амирхон Муттақиро бидиҳанд, дар мулоқотҳо ва гуфтугӯҳои телевизионӣ таъкид мекунанд, ки дар дохили Эрон ба ҳеҷ кас иҷозаи мухолифат бо Толибонро намедиҳанд. Ин мавзеъгирӣ метавонад ин маъноро ифода кунад, ки вазъияти нигаронкунандаи шиаёни Афғонистон ва он чӣ толиб бар онҳо раво медорад, авлавияти аввали Эрон нест.
4 - Нухбагон ва қаламбадастҳои ҷомеа то вақте мазмуне барои худзанӣ ва тафриқа пайдо кунанд, ба умури муҳиму ҳаётӣ, ҳатто фикр ҳам намекунанд. Шояд он чи ки акнун дар набардҳои маҷозӣ мегузарад, дар шароити одӣ муҳимм бошад, аммо яқинан, акнун вақти вуруд ба онҳо нест. Аммо натиҷаи ниҳоӣ ин аст, ки мо он қадар мутафарриқ ҳастем, ки душман ҳар коре бо мо бикунад, боз ҳам мо наметавонем қудрати якдаст шавем ва муқобила кунем.
5 - Шайхин ва дигар муддаиёни раҳбарии ҷомеа, ки мухолифи толиб ҳастанд, замоне, ки имконот дар ихтиёр доштанд, то тавонистанд ба сару каллаи ҳам заданд ва акнун ҳам дар муҳоҷират мунтазир ҳастанд, то Амрико барои онҳо коре кунад. Ин таваҳҳум, ки мунтазир бошем дигарон барои мо коре кунанд ва ҳаққи моро аз толиб бигиранд, фақат як сароб аст.
Ва натиҷа он ки;
Дар чунин вазъияте чаро террористҳо аз куштани мо ҳарос дошта бошанд? Ба гумонам, муҳиммтарин мушкили мо ин аст, ки ҳанӯз ҳаҷми хатарро ба дурустӣ дарк накардаем. Қассобро бо чашми худ мебинем, аммо ҳанӯз бовар накардаем, ки қассоб, яке-яке ҳамаи моро хоҳад кушт. Бинобар ин на ба роҳи наҷот меандешем ва на ба пайдо кардани муттаҳиди стратегӣ, ки дар тангноҳо, канорамон боистад.