Бонки Рушди АвруОсиё дар стратегияи худ то соли 2026 барои Тоҷикистон 500 миллион доллар ихтисос додааст.
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳимми стратегиест, ки роҳбарияти кишвар ба он аҳамияти хоса медиҳад. Иқтисодиёти рақамӣ дар ҷаҳон бо суръати тез рушд меёбад, ки тамоюли он дар Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад. Аммо ин раванди осон нест ва дар мавриди он, ки дар кишвари мо табдилдиҳии рақамӣ то чӣ андоза бомуваффақият сурат мегирад, бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов суҳбат кардем.
Дар Тоҷикистон Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ, Барномаи тиҷорати электронӣ ва Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 қабул шудааст.
“Тоҷикистон тақрибан 20 сол пеш ба роҳи рушди иқтисодӣ ворид шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ ва душвориҳоеро, ки ба сари мардуми кишварамон омада буд (ҳама хуб дар хотир доранд) ва гузариш аз барқарорсозии баъдиҷангӣ ба рушди иқтисодӣ (таърихи боз ҳам кӯтоҳтар дорад) Тоҷикистон ба амалигардонии иқдомҳои воқеӣ дар ин самт дар солҳои 2010-2012 шуруъ кард. Маълум аст, ки дар ин муддати кӯтоҳ дар ҳамаи бахшҳои иқтисодиёт ҷаҳиши калон нишон додан душвор аст, баъзе масъалаҳо хусусияти аввалиндараҷа доранд ва баъзеи онҳоро ба таъхир гузоштан мумкин аст.
Метавон гуфт, ки масъалаи рақамикунонӣ аз ин нуқтаи назар ба таъхир гузошта шуда буд, вале имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон ба табдилдиҳии рақамӣ дар кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. Барои мисол, яке аз чунин иқдомҳо – таъсиси як созмони алоҳидае, ки ба рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Тоҷикистон машғул хоҳад шуд. Ин иқдом ва як қатор қарорҳои дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки тадбирҳо оид ба ҷорӣ намудани рақамикунонӣ дар ҳаёти мо на танҳо дар сатҳи ҳукумат, балки дар сатҳи мақомотҳои минтақавӣ низ андешида мешаванд.
Дар Тоҷикистон Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ, Барномаи тиҷорати электронӣ ва Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 қабул гардидаанд.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки шаҳрвандони одӣ бешубҳа мехоҳанд, ки ин раванд тезтар сурат гирад, то ин ки ҳалҳои (технологияҳои) рақамӣ, бахусус дар соҳаи идоракунии давлатӣ, тезтар ҷорӣ карда шаванд ва мо аз тамоми имконоти ҳукумати электронӣ баҳраманд бошем. Вале, такрор мекунам, ки Тоҷикистон ба марҳилаи рушди комил тақрибан 15 сол пеш гузашт, ки ин нисбатан муддати кам аст” – мегӯяд Фаридун Усмонов.
Бонки Рушди АвруОсиё дар стратегияи худ то соли 2026 ба нақша гирифтааст, ки дар табдилдиҳии рақамии Тоҷикистон фаъолона иштирок кунад: ба кишвари мо 500 миллион доллар ихтисос дода шудааст.
Албатта, ҳукумати электронӣ яке аз ҷузъҳои асосии рақамикунонӣ ба ҳисоб меравад. Дар кишварҳое, ки дар он ҷо ҳукумати электронӣ тараққӣ кардааст, ба шаҳрвандон имкониятҳои зиёд пешниҳод карда мешавад: сабти ном тавассути навбати электронӣ дар беморхонаҳои давлатӣ, даст кашидан аз нусхаҳои чопии бисёр ҳуҷҷатҳо ва ба тариқи онлайн гирифтани шаҳодатномаҳо ва хидматрасониҳои давлатӣ. Дар Тоҷикистон дар самти рақамисозӣ ба ғайр аз ҳукумати электронӣ таваҷҷуҳи зиёд ба фароҳам овардани имкониятҳои нав барои соҳибкорон зоҳир карда мешавад: масалан, ҷорӣ кардани варақаҳо ва борхатҳои рақамӣ, низоми иҷозатномадиҳӣ ва бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин, рақами мушахассаси андозсупоранда.
Рақамикунонии иқтисодиёт як раванди ҷаҳонӣ буда, кӯшишҳои ҳамоҳангшудаи ҳукумат, соҳибкорон ва шарикони байналмилалиро тақозо мекунад. Чӣ тавр Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро дар ин самт роҳандозӣ мекунад?
Бонки рушди АвруОсиё тибқи стратегияи худ то соли 2026 ният дорад дар табдилдиҳии рақамикунонии Тоҷикистон фаъолона иштирок намояд: барои Тоҷикистон 500 миллион доллар ихтисос дода шудааст.
Тоҷикистон ва Русия нақша доранд, ки дар тадқиқотҳои кайҳон бо мақсадҳои осоишта, дар зондиронии фосилавии Замин, омодасозии кадрҳо ҳамкорӣ кунанд: Роскосмос ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин бора созишнома имзо карданд.
Фаридун Усмонов мегӯяд: “Дар ин масъала ҳар як кишвар оид ба ташаккули робитаҳои шарикӣ бо давлатҳои гуногун диди худро дорад. Баъзе кишварҳо манфиатҳои тиҷоратӣ доранд, яъне онҳо аз ин пул кор кардан мехоҳанд, барои баъзе кишварҳо обрӯву мақом авлавият дорад, яъне онҳо мехоҳанд худро як кишвари кумакрасон нишон диҳанд, кишварҳои сеюм, ҳарчанд хоҳишу имконият дошта бошанд ҳам, аз ягон ҷиҳат маҳдуданд, барои баъзе кишварҳо муҳити забон номувофиқ аст. Ва агар ҳамаи инро ба инобат гирем, пас маълум мешавад, ки ҳамкориҳо дар самти технологияҳои рақамӣ танҳо бо кишварҳои ҳамсояи наздиктарин, аз қабили Қазоқистон, Русия ва қисман Озарбойҷон фаъолона густариш меёбанд. Дар масъалаи ҷорӣ намудани давлати рақамӣ, имрӯз Қазоқистон ва Русия салоҳиятҳои хеле калон доранд ва онҳо ба татбиқи технологияҳои нав дар Тоҷикистон низ мусоидат мекунанд.
Дар мавриди манфиатҳои тиҷоратӣ сухан ронда, мехостам як мисоли хеле кӯҳна, вале рӯшанро қайд кунам. Ин ба парвандаҳои додгоҳӣ, ки беш аз 15 сол пеш дар Тоҷикистон рух дода буданд, тааллуқ дорад: ширкати Microsoft алайҳи як омӯзгори мактаби деҳаи дурдасти Тоҷикистон, ки бе гирифтани иҷозат аз ширкат, нармафзорро (таъминоти барномавиро) ба шогирдонаш пешниҳод кард, ба додгоҳ шикоят бурд. Ин як мисоли хеле равшани он аст, ки барои ширкатҳои ғарбӣ на татбиқ ва интиқоли дониш, балки фақат манфиати тиҷоратӣ афзалият доранд: онҳо мехоҳанд аз ҳама чиз, аз ҷумла аз кӯдаконе, ки дар деҳаҳои дурдасти гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, пул кор намоянд.
Намунаи дигар ҳамкориҳои байналмилалӣ: ҷавонони тоҷик ба таҳсил дар Ҳиндустон ва Чин аз рӯи ихтисосҳои технологӣ ва илмҳои дақиқ фаъолона ҷалб карда мешаванд. Бешубҳа, Русия дар ин масъала пешсафии худро нигоҳ медорад: Русия қариб ҳеч гоҳ бо Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи маориф қатъ накардааст ва на дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ва на баъд аз он моро тарк накардааст. Теъдоди квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия ҳар сол зиёд мешавад. Ва ман мехостам, ки теъдоди бештари ҷавонон аз ин имконот истифода бурда, ихтисосҳои техникӣ ва фанҳои дақиқро интихоб кунанд. Тавре мушоҳида мекунем, шумори зиёди ширкатҳои Русия барои рушди ҷузъҳои алоҳидаи ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии иқтисодиёти кишвари мо ҷалб карда мешаванд, ҳамзамон технологияҳои гуногуни иттилоотии ширкатҳои русӣ татбиқ карда мешаванд ва албатта, Русия дар ин самт дар Тоҷикистон рақиб надорад”.
ИСЛОМ НАЗАРАЛИЕВ: “Татбиқи амсилаҳои таълимии русӣ дар Тоҷикистон барои тезонидани омодасозии мутахассисони соҳибихтисос имконият ва ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти рақамӣ замина фароҳам меорад. Шарикӣ бо ширкатҳои русӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ дастрасии Тоҷикистонро ба таҷриба ва захираҳои беҳтарини ҷаҳонӣ таъмин намуда, ҳамчунин барои рушди на танҳо рақамикунонӣ, балки умуман соҳаи иқтисодиёт имкониятҳои иловагӣ боз мекунад.”
Тоҷикистон ва Русия нақша доранд, ки дар тадқиқотҳои кайҳон бо мақсадҳои осоишта, таҳқиқи (зондиронии) фосилавии Замин ва омодасозии кадрҳо ҳамкорӣ кунанд: Роскосмос ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин бора созишнома имзо карданд.
Воқеан, Русия, ки дорои имконоти бузурги технологӣ мебошад, бо Тоҷикистон мубодилаи таҷриба карда, ба кишвари мо барои расидан ба истиқлолияти технологӣ имконият фароҳам меорад. Байни кишварҳои мо ташаббусҳои зиёд дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ карда мешаванд: моҳи октябр дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он дар бораи таҳияи 30 лоиҳаи тиҷоратӣ ба маблағи қариб 4 миллиард рубл эълон карда шуд. Аксари ин лоиҳаҳо ба рақамисозӣ, аз ҷумла таъсиси ҳукумати электронӣ ва шаҳрҳои ҳушманд тааллуқ доранд. Вобаста ба шаҳри ҳушманд бояд гуфт, ки соли гузашта дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Русия» дар ин самт лоиҳа пешниҳод карда шуд: ширкати «Росатом» ба Тоҷикистон роҳҳалҳои худро оид ба идоракунии давлатӣ пешниҳод мекунад.
Тавре коршинос Фаридун Усмонов қайд мекунад, яке аз муаммоҳои муҳим, ки ба рақамикунонии босуръати кишвари мо монеъа эҷод менамояд, норасоии мутахассисон дар ин соҳа мебошад. Аз ин лиҳоз, лоиҳаҳои Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон дар ин самт муҳим арзёбӣ карда мешаванд: барои таҳияи барномаҳои гуногуни таълимӣ барои донишҷӯёну мактаббачагон ва дигар чорабиниҳое, ки фаъолияти илмиро оммавӣ мегардонанд, беш аз 2,5 миллиард рубл ихтисос дода шудааст.
“Татбиқи амсилаҳои таълимии русӣ дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба омодасозии мутахассисони соҳибихтисос суръат бахшида, барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти рақамӣ замина гузошта шавад. Ба шарофати ҳамкориҳои шарикӣ бо ширкатҳои русӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, Тоҷикистон ба таҷриба ва захираҳои беҳтарини ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо мекунад, ки ин барои рушди на танҳо бахши рақамикунонӣ, балки умуман соҳаи иқтисодиёт имкониятҳои иловагӣ боз мекунад.
Мутаассифона, дар баъзе соҳаҳо норасоии шадиди кадрҳо мушоҳида мешавад, яъне давомоти наслҳо вуҷуд надорад: аксари олимони мо синну соли калон доранд ва ба ҷои онҳо кадрҳои ивазкунандаи арзанда намерасанд. Дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурии мо зиёда аз 2 миллиону 200 ҳазор хонандагон таҳсил мекунанд, ин гурӯҳи калони одамоне мебошанд, ки ба омӯзиши илмҳои дақиқ ҷалб кардан мумкин аст ва албатта, онҳоро ҳавасманд бояд кард. Аммо, чунон ки мебинем, теъдоди онҳое, ки таҳсилро дар мактабҳои олӣ давом медиҳанд, аз шумораи хонандагони мактабҳои миёна хеле кам аст. Ин аз зарурати ба роҳ мондани фаъолияти таълимӣ, бедор кардани шавқу рағбати ҷавонон ба илмҳои дақиқ шаҳодат медиҳад. Ман маҳз ҳаминро ҳамчун монеаи асосӣ барои дар Тоҷикистон фаъолона ва мустақилона рушд додани технологияҳои рақамӣ мебинам” - мегӯяд Ислом Назаралиев.