Хабари рӯз

Тоҷикистон ба чӣ такя мекунад?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Бахши сӯзишворию энергетикии Тоҷикистон имрӯз яке аз бахшҳои асосиест, ки аз он тараққиёти тамоми соҳаҳои дигари истеҳсолоти моддӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ, амнияти иктисодӣ ва сохибихтиёрии мамлакат вобаста аст. Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳон бо шиддатёбии рақобат, таҳримҳои иқтисодӣ ва низоъҳои тиҷоратӣ рӯ ба рӯ шудааст, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа барои ҳар як кишвар, боло бурдани эътимоднокии таъмини нерӯи барқ гардидааст. Оё Тоҷикистон метавонад бахши энержии худ ва шарикони худро аз ин ҷиҳат боэътимод шуморад? Дар ин бора бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов суҳбат намудем.

Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки сармоягузориҳои Русияро барои бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ҷалб кунад, ки ин барои манотиқи кӯҳистонии кишвар хеле муҳим аст. Дар худи Русия аллакай 1330 адад ҳамин гуна нерӯгоҳҳо амал мекунанд.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги табиии энергетикӣ мебошад, аз ҷумла: ангишт, нафт, гази табиӣ, ҷараёни дарёҳо, радиатсияи офтобӣ, чашмаҳои гарм ва шамол. Аммо барои тараққӣ додани соҳаи энергетика танҳо мавҷудияти захираҳои энергетикӣ кифоя нест, бояд сифати захираҳо, инчунин шароити ҷойгиршавӣ ва имкониятҳои техникии коркарди онҳоро ба назар гирифт.

Асоси соҳаи энергетикаи Тоҷикистонро захираҳои обӣ ташаккул медиҳанд, ки 300-500 миллиард кВт/соат дар як сол арзёбӣ карда мешаванд. Ин назар ба ҳаҷми умумии истеъмоли неруи барқ дар тамоми Осиёи Миёна тақрибан 3 баробар зиёд аст. Истифодаи самараноки ин захираҳо имкон медиҳад, ки кишварҳои минтақаро бо энергияи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин созем, аммо имрӯз ҳамагӣ 5 фоизи иқтидори обию энергетикии кишвар истифода бурда мешаваду халос. Дар азхудкунии захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон кишварҳои шарик низ фаъолона саҳм мегузоранд: масалан, дар ҳавзаи дарёи Зарафшони Тоҷикистон якҷоя бо Ӯзбекистон як ҷамъияти саҳомии муштарак оид ба сохтмон ва истифодабарии нерӯгоҳи барқи обӣ таъсис дода шуд. Боз як ташаббуси муҳим - барқарорсозии нерӯгоҳҳои барқи обии калон дар ҷумҳурӣ: Фонди субот ва рушди Авруосиё барои барқарорсозии калонтарин иншооти гидроэнергетикии мамлакат — НБО Норак 40 миллион доллар ҷудо кардааст. Лоиҳаи корҳои таъмиркунӣ дар муддати як сол амалӣ гардида, ба туфайли он мӯҳлати хидматрасонии (истифодабарии) агрегатҳои гидроэнергетикӣ 35 сол дароз мешавад, инчунин эътимоднокии таъминоти барқ баланд гардида, имкониятҳои васеъ барои содироти нерӯи барқ фароҳам оварда мешаванд.

Аз соли 2013 инҷониб тибқи созишномаи байни ҳукуматҳои ду кишвар ба Тоҷикистон ба таври имтиёзнок (бе пардохти боҷи гумрукӣ) аз Русия сӯзишворӣ ва газ дастрас (таҳвил) карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки Неругоҳи барқи обии Сангтӯда - дуюмин нерӯгоҳи бузурги Тоҷикистон бо дастгирии Русия бунёд шудааст, имрӯз ширкатҳои русӣ барои  шарикӣ дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” изҳори ҳавасмандӣ мекунанд, ки ҳамчун “иншооти аср”  арзёбӣ гардида, пас аз ба анҷом расидани сохтмон ин иншоот ба рукни асосии соҳаи энергетикии Тоҷикистон ва “асоси бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ” табдил хоҳад ёфт.

Тоҷикистон ният дорад сармоягузориҳои Русияро барои сохтмони неругоҳҳои хурди барқӣ ҷалб кунад, ки барои минтақаҳои кӯҳистонии кишвар бисёр муҳим аст. Дар худи Россия аллакай 1330 адад ҳамин гуна нерӯгоҳҳои барқӣ амал мекунанд.

Бо вуҷуди он, ки асоси маҷмааи энергетикии Тоҷикистонро неругоҳҳои барқи обӣ ташкил медиҳанд, дар кишвар ба захираҳои нафту газ эҳтиёҷоти зиёд вуҷуд дорад, ва маълумотҳои оморӣ ба таври аён аз ин шаҳодат медиҳанд: «Дар соли 2024 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2023 қариб 9 фоиз зиёд аст», - қайд мекунад коршинос Фаридун Усмонов. – Чунин афзоиши назарраси воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи саноат дар Тоҷикистон фаъолона рушд карда, ин захираҳо бештар барои ниёзҳои истеҳсолӣ равона карда мешаванд. Таъминкунандаи асосии маводи сӯхт ба кишвари мо Русия мебошад, ширкати «Газпромнефт Тоҷикистон» дар соли 2024 ба кишвари мо 450 ҳазор тонна бензин ва ҳудуди 500 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ворид кардааст – ҳаҷми умумии воридоти бензин ва сӯзишвории дизелӣ ҳудуди 720 миллион долларро ташкил додааст. Маҳсулоти нафтии аз ҷониби ширкати «Газпромнефт Тоҷикистон» воридшуда тақрибан 45%-и ҳаҷми умумии воридоти ин захираҳо ба кишварро ташкил медиҳад. Ширкати «Газпромнефт Тоҷикистон» инчунин ба ҷумҳурии мо гази моеъ ворид кардааст, ки тақрибан 9,5%-и ҳаҷми умумии воридоти газро ташкил медиҳад.

Моҳи январи соли равон ИМА ширкати «Газпромнефт Тоҷикистон»-ро ҳамроҳ бо ширкати модариаш «Газпромнефт» ба феҳристи таҳримҳои Вазорати иқтисоди Амрико ворид карда, ба мақомоти Тоҷикистон дархост оид ба риоя кардани ин маҳдудиятҳо равон кард, вале маълум аст, ки барои Тоҷикистон, бо сабаби қисман аз таъминоти ширкати «Газпромнефт Тоҷикистон” вобаста буданаш, ҷорӣ кардани ҳар гуна маҳдудиятҳо нисбати ин ширкат душвор хоҳад буд. Бо назардошти он, ки иқтисодиёти кишвари мо аз ин шарикӣ вобастагӣ дорад, ин мавқеъи мақомоти Амрико он қадар дуруст нест.

Конҳои гази Тоҷикистон дар умқи 8-9 километр ҷойгир буда, барои азхудкунии онҳо воситаҳои техникӣ заруранд, ва дар ин самт бо ширкати «Газпроми» Русия ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб бар асоси созишномаи байни ҳукуматҳои ду кишвар ба тариқи имтиёзнок (бе пардохти боҷи гумрукӣ) аз Русия сӯзишворӣ ва газ ворид мекунад.

Дар байни дигар таъминкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва газ Ӯзбекистон низ қарор дорад       – соли гузашта таҳвили гази табиӣ аз ин кишвар 21% афзуда, ҳудуди 300 миллион метри мукаабро ташкил дод.

Бо вуҷуди зиёд будани талабот ба маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, истихроҷи нафт дар худи Тоҷикистон ночиз аст - то охири соли 2024 истихроҷи нафт дар Тоҷикистон 16 ҳазор тонна ва гази табиӣ 360 ҳазор метри мукаабро ташкил дод. Ин нишондиҳандаи хеле паст аст, ва албатта кишвари мо аз воридоти маҳсулоти нафтӣ вобастагии зиёд дорад.

Ҳамзамон Тоҷикистону Русия имкони коркарди муштараки захираҳои нафтии ҷумҳурии моро, ки ҳудуди 2 миллион тонна арзёбӣ мешавад, баррасӣ карданд. Маълум аст, ки ин миқдор барои таъмини иқтисодиёти кишварамон бо захираҳои зарурии энергетикӣ нокифоя аст, аз ин рӯ, тавре  мебинем Тоҷикистон фаъолона саъй дорад, то дар соҳаи иқтисодиёт ба истифодаи нерӯи барқ гузарад. Аз ин рӯ, дар бахшҳои иқтисодиёт бештар истеҳсолотҳоеро ҷорӣ карда истодаанд, ки тавассути нерӯи барқ роҳандозӣ карда мешаванд, ва нақшаҳои Тоҷикистон оид ба зиёд кардани шумораи мошинҳои электрикӣ дар кишвари мо ба ҳамин алоқаманд аст.

Конҳои гази Тоҷикистон дар умқи 8-9 километр ҷойгир буда, барои азхудкунии онҳо воситаҳои техникӣ заруранд ва дар ин самт бо ширкати «Газпром»-и Русия ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимнан дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 12 корхонаи коркарди нафт фаъолият мебаранд ва дар охири соли гузашта як корхонаи коркарди нафтро, ки дар ҳудуди МОИ “Данғара” воқеъ гардидааст, ба таври озмоиш (санҷиш) ба кор андохтанд. Ин корхона бо иқтидори коркарди 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафт дар як сол ҳанӯз 6 сол пеш сохта шуда буд, вале аксар вақт бо сабаби надоштани ашё барои коркард бекор меистад. Бо назардошти он, ки ҳаҷми маҳсулоти нафтии ба ҷумҳурии мо воридшаванда қариб ба иқтидори ин корхона баробар аст ва дар кишвари мо боз даҳҳо корхонаҳои дигари коркарди нафт мавҷуданд, ҳисобу китоб дар сохтмони заводи коркарди нафт дар асоси воридкунии ҳаҷми бештари нафт ба кишвари мо ва коркарди минбаъдаи он сурат мегирад.

Дар Тоҷикистон 14% захираи урани ҷаҳонӣ мавҷуд аст – ин барои рушди энергетикаи ҳастаӣ замина фароҳам месозад. Имконияти ҳамкорӣ бо ширкати “Росатом” дар бунёди нерӯгоҳҳои хурди атомӣ низ баррасӣ карда мешавад.

Дар ин самт бо ширкати русии «Татнефт» созишномаҳои муайян ба имзо расидаанд ва кишвари мо бо ширкати озарбойҷонии SOCAR дар мавриди воридоти эҳтимолии нафт ба кишвари мо барои коркарди минбаъдаи он музокирот анҷом додааст. Аммо дар бораи он, ки ба корхонаҳои коркарди нафти мо миқдори кофии нафт барои коркарди минбаъда дастрас хоҳад шуд, ҳанӯз сухан гуфтан барвақт аст. Ва ин корхона минбаъд низ бекор меистад, зеро барои коркард ашёи хом лозим аст ва масъалаи бозори фурӯш низ аҳамияти калон дорад.

Аммо сарфи назар аз ҳамаи ин ва бо назардошти он, ки Тоҷикистон дар истеҳсолот фаъолона ба нерӯи барқ ҳамчун захираи энергетикӣ мегузарад, тавре мебинем, кишвари мо дар ин самт бо ширкатҳои русӣ робитаҳои хеле наздик дорад: ин ширкатҳо саъй доранд дар раванди таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии кишвари мо, инчунин дар бунёди нерӯгоҳҳои нав иштирок кунанд. Илова бар ин, мақомоти Русия барои иштирок дар бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ва атомӣ дар кишвари мо изҳори хоҳиш намудааст. Барои ҳамкорӣ дар соҳаи энержӣ байни Тоҷикистону Русия имкониятҳои зиёде вуҷуд дорад”.

Дар Тоҷикистон 14 дарсади захираҳои урани ҷаҳонӣ мавҷуд аст, ки ин ҳамчун замина барои рушди бахши энержии ҳастаӣ хизмат мекунад. Имконияти ҳамкорӣ бо ширкати “Росатом” дар бунёди нерӯгоҳҳои хурди атомӣ низ баррасӣ гардида истодааст.

Ба саволи дар боло гузошташуда, ки оё соҳаи энергетикаи Тоҷикистон эътимоднок аст, баргашта, метавон гуфт, ки кишвари мо бешубҳа барои ҳамаҷониба рушд додани ин соҳа кӯшиш дорад, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои табиии мавҷуда, таҳияи вариантҳои алтернативии тавлиди барқ ва таҳкими робитаҳо бо шарикони боэътимод. Аз ин нуқтаи назар, Русия ҳамчун як ҳамсафари (дӯсти) “ҳаматарафа” баромад мекунад: бо ин кишвар равобити тиҷоратии мутақобилан судманд ба роҳ мондаем, инчунин, ширкатҳои русӣ дар амалисозии лоиҳаҳои стратегии энержӣ дар Тоҷикистон ба ҳайси сармоягузор баромад мекунанд.


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!