Хабари рӯз

Тиҷорат ва зиндагии муҳоҷирон чӣ гуна тағйир хоҳад ёфт?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Дар Тоҷикистон як гурӯҳи кории байниидоравӣ амал мекунад, ки ба таҳлили дақиқи оқибатҳои эҳтимолии шомилшавии кишварамон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё машғул аст, дар ин бора дар як нишасти матбуотӣ сардори Вазорати рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода хабар дод.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё: бозори устувор ва афзоянда

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё як иттиҳодияи байналмилалиест, ки барои амиқгардонии ҳамкориҳои иқтисодӣ байни кишварҳои узви иттиҳод таъсис дода шудааст. Ба он Русия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон шомиланд. Дар сохтори Иттиҳод инчунин давлатҳои нозир низ ҳастанд: Молдова (аз соли 2018), Ӯзбекистон ва Куба (аз соли 2020), Эрон (аз соли 2024). Нозирон метавонанд дар маҷлисҳо иштирок кунанд, аммо ба қабули қарорҳо таъсир расонида наметавонанд.

Ҳадафи асосии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таъмини ҳаракати озоди молҳо, хизматрасониҳо, сармоя ва қувваи корӣ байни ин кишварҳо мебошад. Бо ин максад дар савдо бо дигар мамлакатҳо тарифи ягонаи гумрукӣ амал мекунад, инчунин дар бахшҳои асосии иқтисодиёт қоидаҳо мувофиқа карда мешаванд.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аллакай асоснокии худро ҳамчун сохтори устувор ва серҳаракат собит кардааст. Тиҷорати дохилӣ байни кишварҳои узв ба 97 миллиард доллар ва ҳаҷми савдо бо кишварҳои сеюм ба 800 миллиард доллар расидааст, ки ин Иттиҳодро бо қудратҳои пешрафтаи иқтисодии ҷаҳон баробар мекунад. Бояд қайд кард, ки иқтисодиёти Иттиҳод рушдеро нишон медиҳад, ки аз нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ баландтар (пештар) аст: дар соли 2024 ин нишондиҳанда дар муқоиса бо 3,3 фоизи ҷаҳонӣ беш аз 4 фоизро ташкил дод. Сатҳи бекорӣ дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё то 2,8% коҳиш ёфтааст, ки ин аз суботи иҷтимоӣ дар дохили иттиҳод шаҳодат медиҳад.

Тоҷикистон дар ҳамгироии иқтисодӣ

Қариб даҳ сол аст, ки Тоҷикистон имкони пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ мекунад. Ин масъала то ҳол печида ва гуногунҷанба боқӣ монда, дар ҷомеа ва дар байни коршиносон андешаҳои мухталифро ба вуҷуд овардааст. Ҳоло мамлакат дар марҳалаи омӯзиши амиқи ин масъала қарор дорад. Гурӯҳи махсус таъсис дода шудааст, ки оқибатҳои эҳтимолии ҳам мусбӣ ва ҳам манфии чунин иқдомро таҳлил мекунад. Мақомоти Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки дар қабули қарор шитоб набояд кард, яъне ҳангоми қабули қарор бояд бодиққат баркашид ва манфиатҳои дарозмуддати кишварро ба инобат гирифт. Интихоби ниҳоӣ танҳо пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи коршиносон ва пешниҳоди хулосаҳои онҳо сурат мегирад.

Ба ҳайати гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба шомилшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё намояндагони блоки иқтисодии ҳукумат, Вазорати адлия, Хадамоти гумрук ва Кумитаи андози Тоҷикистон шомил гардидаанд.

Бо дарназардошти он, ки Тоҷикистон аллакай ба иқтисоди кишварҳои Иттиҳод ба таври амиқ ҳамгиро шудааст, узвият дар ин иттиҳод як қадами мантиқӣ мебошад, ки фоидаи калони иқтисодӣ меорад. Агар сохтори воридоти мол ба Тоҷикистонро дар нимаи аввали соли 2025 таҳлил кунем, пас чунин нишондиҳандаҳоро мебинем: Русия – 26,9% аз тамоми воридот, Чин – 26,2%, Қазоқистон – 14,2%, Ӯзбекистон – 5,1%, Эрон – 4,6%, Беларус – 2,7%, Кореяи Ҷанубӣ – 2,5%, Туркия – 2,3%. Ҳамин тариқ, тақрибан нисфи тамоми молу хизматрасониҳои воридотии  Тоҷикистон ба кишварҳои узви Иттиҳод рост меояд – фаъолият аз рӯи қоидаҳои умумӣ тиҷоратро осон ва хароҷотро кам мекунад.

Шомилшавӣ ба Иттиҳод дастрасӣ ба бозори умумиро бо зиёда аз 180 миллион истеъмолкунандагон таъмин мекунад. Ин барои содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ ва дигар молҳои тоҷик бисёр муҳим аст. Ба туфайли содда гардидани расмиёти гумрукӣ ва кам шудани монеаҳои тиҷоратӣ маҳсулоти онҳо рақобатпазиртар мегардад.

Имкониятҳои геоиқтисодӣ ва сармоягузорӣ

Узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои Тоҷикистон имкониятҳои беназири геоиқтисодиро низ фароҳам меорад. Ҷумҳурии мо метавонад худро аз ҷиҳати стратегӣ ҳамчун як маркази муҳими транзитӣ барои интиқоли мол аз кишварҳои сеюм – Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Арабистони Саудӣ нишон диҳад. Тоҷикистон бо истифода аз робитаҳои шариконаи худ дар Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ метавонад ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таҳвили молҳои гуногунро ба роҳ  монда, ҳамчун пул байни минтақаҳои бузурги иқтисодӣ хизмат кунад. Ин ба рушди инфрасохтори логистикӣ ва нақлиётии ҷумҳурӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани аҳамияти ҷуғрофию сиёсии кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Ҷанбаи асосӣ – ин дастрасӣ ба захираҳои бузурги сармоягузорӣ мебошад. Бонки рушди АвруОсиё алакай дар бораи нақшаҳои худ оид ба чаҳор баробар зиёд кардани шумораи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон хабар дод (эълом дошт). Интизор меравад, ки то соли 2026 ҳиссаи маблағҳои Бонк дар сандуқи сармоягузории ҷумҳурӣ ба 10% мерасад. Тибқи ҳисобҳо, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва саноатӣ бо дастгирии Бонки рушди Авруосиё метавонад афзоиши солонаи ММД-и Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро ба андозаи 1,5 фоиз таъмин намояд.

Илова бар ин, системаи молиявии мамлакат низ такони пурзур хоҳад гирифт. Ҳамгироӣ ба бозори умумии молиявии Иттиҳод боиси пастшавии арзиши қарзҳо барои соҳибкорон ва аҳолӣ мегардад, илова бар ин бонкҳо барои пасандозҳо шартҳои муфидтар пешниҳод карда метавонанд. Ин як сикли самаранокро ташаккул дода, пасандозҳои дохилиро ба сармоягузориҳои дарозмуддати барои азнавсозии иқтисодиёт зарурӣ табдил медиҳад.

"Гурӯҳи корӣ бо дарназардошти вазъи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, тезутунд шудани вазъи ҷуғрофию сиёсӣ ва дигар омилҳои беруна ин масъаларо таҳлил мекунад. Инчунин таҷрибаи кишварҳои аз рӯи сохтори иқтисодиёт ба иштирокчиёни Иттиҳод наздик мавриди омӯзиш қарор дорад". Вазири иқтисодиёти Тоҷикистон Завқи Завқизода

Инчунин, Комиссияи иқтисодии Авруосиё, ки як мақоми доимоамалкунандаю боломиллии Иттиҳод мебошад, дар раванди ҳамгироӣ нақши махсус мебозад. Маҳз ин комиссия кори Иттиҳод ва иҷроиши созишномаҳои байни кишварҳои иштирокчиро таъмин менамояд.

Николай Кушнарев, директори департаменти сиёсати саноатии Комиссияи иқтисодии Авруосиё қайд мекунад: "Осиёи Марказӣ як минтақаи дорои иқтидори бузург, ҳам аз ҷиҳати ҳамкориҳои байни давлатҳо ва ҳам аз ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷо мавқеи арзандаро ишғол мекунад.  Яке аз вазифаҳои муҳим дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт ва рушди ҳамкориҳои саноатӣ мебошад. Комиссияи иқтисодии Авруосиё маҳз барои ҳамин самт масъул аст. Мо фаъолона корбарӣ карда истодаем, аз ҷумла бо роҳи барпо намудани корхонаҳои истеҳсолии муштарак: масалан, дар саноати сабук, кимиёвӣ ва мошинсозӣ.

“Гурӯҳи корӣ бо дарназардошти вазъи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, тезутунд шудани вазъи геосиёсӣ ва дигар омилҳои беруна ин масъаларо таҳлил мекунад. Инчунин таҷрибаи кишварҳои аз рӯи сохтори иқтисодиёт ба иштирокчиёни Иттиҳод наздик мавриди омӯзиш қарор дорад” - Вазири иқтисодиёти Тоҷикистон Завқи Завқизода.

Ғайр аз ин, дар доираи барномаҳои миллӣ механизми нави молиявӣ тартиб дода шуд, ки барои дастгирии лоиҳаҳо ба маблағи умумии то 1 миллиард рубл имконият фароҳам меоварад. Ин ба туфайли тавсеаи ваколатҳои комиссия, аз ҷумла имконияти маблағгузории мустақими ташаббусҳои саноатӣ имконпазир гардид. Мо моҳи январи соли ҷорӣ ба татбиқи амалии он шурӯъ кардем. Лоиҳаи якум - лоиҳаи муштарак дар соҳаи мошинсозии роҳи оҳан гардид. Айни ҳол имконияти татбиқи механизми дастгирӣ дар дигар соҳаҳо низ баррасӣ гардида истодааст».

Президенти Русия Владимир Путин: Маскав Душанберо ҳамчун шарики муҳим дар Осиёи Марказӣ қабул мекунад ва ба рушди равобити тиҷоративу иқтисодӣ дар фазои Авруосиё манфиатдор аст.

Дастгирии иҷтимоӣ

Президенти Русия Владимир Путин: Маскав Душанберо ҳамчун шарики муҳим дар Осиёи Марказӣ қабул мекунад ва ба рушди равобити тиҷоративу иқтисодӣ дар фазои Авруосиё манфиатдор аст.

Яке аз вазифаҳои афзалиятноки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё рушди бозори ягонаи меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Барои Тоҷикистон, ки маблағҳои интиқолии муҳоҷирон таърихан як қисми назарраси ММД-и кишварро ташкил медиҳанд, ин аҳамияти хеле калон дорад. Узвият дар Иттиҳод ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатиро ба таври қонунӣ мустаҳкам карда, дастрасии баробари онҳоро ба хизматрасонии тиббӣ, таҳсилот ва кафолатҳои иҷтимоӣ таъмин менамояд. Таҳлилгарон ҳисоб кардаанд, ки танҳо аз ҳисоби афзоиши маоши муҳоҷирон ва беҳтаршавии шароити кории онҳо дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистон метавонад дар панҷ соли аввал пас аз пайвастшавӣ ба Иттиҳод 1,3-1,5 миллиард доллар даромади иловагӣ ба даст орад. Ин на танҳо фоидаи мустақими иқтисодӣ, балки як абзори пуриқтидор барои паст кардани шиддати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии ҳазорҳо оилаҳои тоҷик мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пайвастан ба бузургтарин лоиҳаи ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ метавонад як такони бузург барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон гардад ва ба марҳилаи нави рушд роҳ кушояд. Муносибати Тоҷикистон ба ин масъала нишон медиҳад, ки мақомоти кишвар раванди ҳамгироиро ҷиддӣ гирифта, аҳамияти онро барои рушди ояндаи кишвар хуб дарк мекунанд.


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!