Зоҳиран, Путин ҳарифони ғарбии худро машғули ҷанҷоли Украина карда, худ дар фикри татбиқи нақшаи дигарест
Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири "Сангар"
Низоъ, ё дуруст аст бигӯем, фоҷиаи ошкор, ки дар маркази он Русия ва Украина қарор доранд, на фақат ин ду кишвар, балки тамоми ҷаҳонро ба як гирдобе савқ медиҳанд, ки касе аз он сар дар намеорад. Саҳоми ин бозӣ ҳар рӯз бештар ва ба таносуби таҳримҳои иқтисодии эъмолшуда бар теъдоди бозигарон афзуда мешавад.
Владимир Путин як умр ҷудокорӣ мекард. Ҷудо токтикҳои ҷолиб дорад. Яке ҳам ин аст, ки як ҷудокор бо ҷалби таваҷҷуҳи рақибаш ба як равиш равиши дигаре барои замингир кардани ӯро дар сар мепарварад. Зоҳиран, Путин ҳарифони ғарбии худро машғули ҷанҷоли Украина карда, худ дар фикри татбиқи плони дигарест.
Албатта, амалиёти низомӣ, дар асл, ҳеҷ гуна авотифи мусбатеро ба ҳамроҳ надорад, аммо ба вузӯҳ нишондиҳандаи вуҷуди тазодҳои ҳалнашудании байни тарафайн аст, ки ҳар кадом ҳақиқати хос, истидлолҳои мутақоидкунанда ва пешинаи худро барои низоъ дорад.
Таҳлили илал ва паёмадҳои рӯйдодҳои Украина бояд хунсардонаву бетарафона анҷом шавад, аммо акнун, ки эҳсосоти сарозершуда ва рагбори силоҳҳои таблиғотӣ мутаваққиф намешавад, ин кор ғайримумкин аст. Аввалин нахуствазири императории Олмон, Ото Фон Бисмарк, дар ин бора гуфта буд: "Ҳаргиз ба ин андоза дурӯғ намегӯянд, ки дар замони ҷанг, баъд аз шикор ва қабл аз интихобот мегӯянд." Ба ҳамин далел аст, ки дар оғоз баранда ва мағлуб мушаххас ва танҳо пас аз он таърихи ҷаҳон сохта мешавад.
Аммо Путин дар сар чӣ мепарварад?
Ҷолибтарин иттифоқ дар пушти саҳнаи низоъ рух медиҳад, ба дур аз ғурриши тонкҳо ва гулӯлаи тӯпхонаҳо. Барои аввалин бор дар таърихи муосир, кишварҳои ғарбӣ воқеан гирдиҳам омаданд ва ҳамлаи иқтисодии қудратмандеро ба Русия анҷом доданд. Бисёре аз ширкатҳои ғарбӣ аз таълиқи фаъолиятҳои худ дар Федератсиюни Русия хабар доданд, таҳримҳои шадид қаблан алайҳи банкҳои пешрави Русия эъмол шудааст, Аврупо ҳарими ҳавоии тайёраҳои Русияро бастааст ва раванди қатъи иртиботи созмонҳои молии Русия аз системи SWIFT дар ҳоли анҷом аст. Иқдомоти бесобиқа аст. Ба думболи он, саҳоми ширкатҳои русӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ суқут кард ва арзиши рубл коҳиш ёфт.
Аммо маҳз дар ҳамин ҷо Владимир Путин ба таври ғайримунтазирае вориди бозӣ мешавад, гӯӣ, ки мунтазири ин лаҳза аст. Раисҷумҳури Русия мамнуъиятеро барои саҳомдорони ширкатҳои русӣ барои бардошти суди саҳом дар хориҷ аз кишвар, аз ҷумла офшорҳо, муаррифӣ мекунад. Ин ҳаракат, дастёбӣ ба дороиҳо дар Русияро барои шуракои хориҷӣ бемаъно мекунад ва қимати саҳоми Русияро ҳатто поинтар - тақрибан ба сифр мерасонад. Ширкатҳои хориҷӣ ба самти хуруҷ ҳуҷум меоваранд ва шурӯъ ба халос шудан аз шарри дороиҳои русии худ мекунанд.
Бо арзёбии вазъият Владимир Путин равиши дувумро анҷом медиҳад - хариди саҳоми арзоншудаи ширкатҳои русӣ ба маблағи ночиз аз ҳисоби ҳазинаи Сандуқи рифоҳи миллии Русия (175 миллиард доллари амрикоӣ то 1 феврали 2022). Амалан раисҷумҳури Русия барои халос шудан аз шарри алигархҳои мавриди бемеҳрии мардум, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, ба равиши мушобеҳ, манобеъи арзишмандро соҳиб шуда буданд ва ҳам сармоягузорони хориҷӣ, ки манфиаташон фақат ба кишварҳои худ кашондани пул аз Русия аст, ба миллӣ кардани манобеъи табии кишвар оғоз мекунад.
Ҷолиб ин аст, ки ҳоло зарурати мисли Сталин сармоядоронро кулак ва ё «тройка» кардан нест. Онҳо омодаанд худ бо ду дасти адаб ҳамаро таслим кунанд. Бидуни иҷбор ва ба кор бурдани зӯр.
Шояд Владимир Путин дар тамоми давраҳои раёсатиҷумҳурии худ мунтазири чунин иттифоқе буд, аммо шояд на. Аммо дар ҳоли ҳозир, Русия ин шонсро дорад, ки кулли сохтори иқтисодии кишварро тағйир диҳад ва манобеъи табииро ба касе, ки танҳо ҳақ ба онҳо дорад, он ҳам мардуми чандмиллиятии Русия баргардонад.
Тавсеаи рӯйдодҳо бар асоси ин сенария ин имконро фароҳам мекунад, ки рифоҳи ҳар шаҳрванди Русия чандин баробар афзоиш ёбад ва на танҳо аз назари манобеъи табиӣ ба як раҳбари ҷаҳонӣ, балки аз назари стондорти зиндагии ҷамъият низ ба як кишвари пешрав табдил шавад.
Аммо бо Аврупои равшанфикр ва Амрико, ки «ранҷиданд» ва таҳрим шуданд ва шартҳои ғайримумкинро пеш гузоштанд ва ҳам барои салом кардан бо худ эҳтиром тақозо карданд, чӣ бояд кард? Ҳеҷ чӣ. Беш аз 200 кишвар дар ҷаҳон вуҷуд дорад, ки аксари онҳо омодаи ҳамкорӣ дар шароити мутақобили судманд ва бидуни ултиматум (тақозои таҳдиддор) – и якҷониба ҳастанд. Ба ин афсонаҳо, ки бидуни Ғарб инсоният ҳеҷкора аст, бояд нуқтаи таммат гузошт. Таърихро инсонҳои бузург дигар мекунанд.
Ба ҳар ҳол, Отто фон Бисмарк боз чунин гуфта буд: "Мо ҳама мардум ҳастем ва ҳукумат низ." Хулоса, Владимир Путин, навбати Шумост...