Хабари рӯз

Нависанда: доктор Холидин Зиёӣ, раиси Андешакадаи гуфтумони таълимии миллати Афғонистон

Таърих гоҳ чеҳраҳои хешро на дар ҳайати шоҳону императорон, балки дар қомати қаҳрамононе менигорад, ки ҷони хешро ба машъали озодӣ бадал мекунанд. Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, аз ҳамон табор буд; Марде, ки бо шаҳодати хеш, на танҳо миллати хешро ба оинаи муқовимат фаро хонд, балки дар ҳамсоягӣ, истиқлоли Тоҷикистонро бо маъное жарфтар пайванд зад.

Масъуд; Фаротар аз ҷуғрофияи Панҷшер

Масъуд дарае кӯчакро ба сангар бузурги озодӣ бадал сохт. Панҷшер танҳо хок набуд; Мактаб буд, донишгоҳе аз шаҳомат, ҷое, ки ӯ омӯхт чигуна имонро ба аслиҳа бадал кунад ва чигуна стратегияро бо шуҷоат биёмезад. Дар ин ҷо буд, ки Масъуд на ба унвони як фармондеҳи маҳаллӣ, балки ба унвони устурае фаромиллӣ зода шуд. Тоҷикони он сӯи Ому, дар рӯзҳои торики ҷангҳои дохилӣ ва шиканандагии истиқлоли хеш, дар симои Масъуд на фақат бародари ҳамзабон, ки қаҳрамоне диданд, ки метавонад тақдири миллатҳои ҳамфарҳангро маъно кунад.

Шаҳодат ва истиқлол; Тасодуф ё тақдир?

Ҳамзамонии шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд дар соли 2001 бо солҳои тасбити истиқлоли Тоҷикистон пурсиши бунёдинро бармеангезад: оё ин танҳо бозии тасодуфи таърих аст ё таҷаллии сарнавишти муштарак?
Агар аз манзари ҳамосӣ бингарем, ин тасодуф набуд, балки тақдире буд, ки хуни як қаҳрамон, истиқлоли ҳамсояро бо рӯҳи муқовимат пайванд дод. Агар аз манзари таҳлилӣ нигоҳ кунем, мебинем, ки истиқлоли Тоҷикистон бидуни иттико ба фарҳанги муқовимати минтақаӣ наметавонист пойдор бимонад. Шаҳодати Масъуд ҳамон ҳушдори таърихӣ буд, ки мегуфт: "Истиқлол танҳо бо имзо ва парчам ба даст намеояд; Бояд реша дар хун дошта бошад", ва ин хун, Масъуд буд.

Масъуд; Оинаи ҳувияти муштарак

Масъуд дар симои хеш ҳамзамон се маъноро ҳамл мекард:
1. Маънои низомӣ: фармондеҳе, ки мошини ҷанги Шӯравиро ба зону даровард ва Толибонро дар Панҷшер мутаваққиф сохт.
2. Маънои фарҳангӣ: марде, ки шеър мехонд, фалсафа мефаҳмид ва барои мардуми хеш фақат ҷанг намехост, балки бедорӣ мехост.
3. Маънои тамаддунӣ: пуле миёни Афғонистону Тоҷикистон ва Эрон сохт, миёни таърихи воҳид ва се ҷуғрофияи ҷудогона, миёни захми муштарак ва умеди муштарак бал иртиботи таърихӣ ва ояндаи муштарак эҷод кард.

Аз ин манзар, шаҳодати ӯ танҳо фуқдони як фармондеҳ набуд, балки шаҳодати ҳувияти муштараке буд, ки миллати тоҷикро низ ба андеша ва тааммул фаро хонд: истиқлоли шумо агар аз хуни мо биёмӯзад, мондагор хоҳад буд.

Паёми ҷовидон барои ду миллат

Таҳлили равшан ин аст, ки шаҳодати Масъуд ду паёми мувозӣ дошт:
• Ба афғонҳо гуфт, ки истиқлол бидуни баҳои хун, саробе беш нест.
• Ба тоҷикҳо гуфт, ки истиқлолашон танҳо замоне устувор хоҳад буд, ки ба фарҳанги муқовимати масъудӣ гиреҳ бихӯрад.

Ин ҳамон пайвандест, ки тасодуф намесозад, балки таърих ва сарнавишти онро менигорад.

Натиҷагирӣ: шаҳодате, ки ба марзҳо хандид

Аҳмадшоҳ Масъуд бо хуни хеш деворҳои ҷуғрофиёиро шикаст. Ў нишон дод, ки шаҳодат метавонад ду миллатро дар як тақдири муштарак бинишонад: яке дар сӯги қаҳрамон, дигаре дар ҷашни истиқлол. Аммо ин сӯг ва ҷашн, ду рӯи як сикка буданд; Сиккае, ки бар он бо хатти сурх навишта буд:
«Озодӣ бидуни хун, истиқлол бидуни муқовимат ва оянда бидуни шаҳомат вуҷуд надорад.»

Пас шаҳодати Масъудро набояд ҳодисае тасодуфӣ донист, балки бояд онро ба масобаи сарнавишти муштараки се миллати муштарак (Эрон - Тоҷикистон - Афғонистон) дид; Сарнавиште, ки Қаҳрамони миллии Афғонистон ва машҳур ба Шери Панҷшер бо ҷони хеш онро нигошт ва ба насли оянда як нақшаи равшан ва таслимнопазирро тарсим кардааст.

 


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!