АЗ “САНГАР”: Хонандагони азиз! Бо эҳтиром ба ду шахсиятҳои даргири ин баҳс – Ҳафиз Мансур ва Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, ин матолибро манзури шумо мекунем, чун аз нигоҳи мо, ин як баҳси воқеан омӯзанда аз ҷумла барои хонандагони ғайрифорсизабони мост. Дарки ин ки тамаддун ва муқовимати форсӣ чӣ шебу фарозҳое дошту дорад, дар чунин шабу рӯзҳо орӣ аз аҳамият нест.
«Шоҳнома» бояд ба унвони матни муқовимат бозхонӣ шавад. “Шоҳнома” бояд аз қафаси адабиёти сирф берун оварда шавад ва дубора ба унвони матни зиндаи фалсафаи сиёсӣ, ахлоқи муқовимат ва ҳофизаи тамаддунӣ хонда шавад — ҳамон чизе, ки дар гузашта Оятуллоҳ Хоманаӣ онро “китоби зери болини ҳар эронӣ” номида буд ва акнун Эмомалӣ Раҳмон бо эътои он ба ҳар хонадони Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Зеро Фирдавсӣ на танҳо гузаштаро ривоят кард, балки барои бақо дар даврони фурӯпошӣ улгу месозад. Ин улгуи бақоро мардуми Эрон дар ду ҷанг алайҳи Исроил ва Амрико нишон доданд!
ФИРДАВСӢ ВА ДИГАРОН
Матни Ҳафиз Мансур, сиёсатмадор ва нависанда, аз бузургони ҳизби Ҷамъияти исломӣ ва Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон, ки дар сафҳаи фейсбукии ӯ нашр шудааст
Дар рӯзи ҷаҳонии забони порсӣ, ба назари ман дар бораи нақши Абулқосим Фирдавсӣ, сарояндаи “Шоҳнома”, муболиға мешавад. Агар ин масъала нармтар баён шавад, шахсиятҳои барҷастаи дигаре, ки дар рушд ва шукуфоии забони порсӣ гомҳои баланд бардоштанд, ба фаромӯшӣ меравад, ки дарвоқеъ дар ҳаққи онҳо ҷафост. Ба сурати намуна:
- Барои аввалин бор Имом Абӯҳанифа раҳ фатво дод, ки онҳое, ки забони арабӣ балад нестанд, метавонанд ба забони порсӣ намозашонро адо кунанд. Судури чунин фатвое дар садаи дувуми ҳиҷрӣ, он ҳам дар Ироқ, кори саҳлу содае аст? Дарвоқеъ ӯ буд, ки бо ин фатвои худ аз баробарии забонҳо сухан гуфт ва миёни лафз ва маънои Қуръони маҷид тафкик қоил шуд.
- Агар Беҳзод, маъруф ба Абумуслими Хуросонӣ, дастгоҳи Умавиро дар Димишқ бар намеандохт ва қудратро ба Ироқ мунтақил намекард, ки дар асари он хонаводаҳои Балхӣ ва Марвӣ дар идораи умур саҳим намешуданд, маълум нест, ки сарнавишти забони порсӣ ба куҷо мекашид?
- Магар интиқоли қудрат аз Амин ба Маъмун ар-Рашид ба василаи Тоҳир Зулимайнайн заминаи ҳузури порсизабонҳоро дар дарбори хилофат густарда накард?
- Ин Сомониён буданд, ки нависандагон ва шоирони порсигӯро ташвиқ карданд ва барои онҳо фурсати боландагӣ фароҳам сохтанд. Дар аҳди онҳо буд, ки Қуръон ба забони порсӣ тарҷума шуд ва дар ихтиёри мусалмонон қарор гирифт.
- Агар дастури Яъқуб Лайси Саффорӣ намебуд, чӣ касе забони порсиро вориди муросалоти расмӣ мекард ва чӣ касе забони порсиро ба забони қудрат табдил медод?
Танҳо часпидан ба “Шоҳнома” ва пешинаи ин забонро ба хадамоти Фирдавсӣ хулоса кардан, наметавонад далели муваҷҷаҳ ва қонеъкунанда бошад. Дар ҳоле ки фатвои динӣ бо қудрати низомӣ-сиёсӣ ва офариниши адабӣ кохи банди порсиро барафроштаанд.
ФИРДАВСӢ ВА БУҲРОНИ ОГОҲИИ ТАМАДДУНӢ ДАР ҶУҒРОФИЁИ НОМНИҲОДИ АФҒОНИСТОН
Тааммуле дар ихвонизм, афғонистонгароӣ ва ҳувияти порсӣ
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
ПЕШДАРОМАД
Буҳрони ҳувият дар миёни нухбагони ихвонии порсизабони Афғонистон
Дар қаламрави таърихнигории фарҳангӣ, хатарноктарин навъи таҳриф на инкори мустақими ҳақиқат, балки ҷобаҷоии ороми маркази сиқли он аст; ҷое ки як тамаддун ба тадриҷ аз ҳофизаи таърихии худ ҷудо мешавад ва решаҳои он дар чорчӯби идеологияҳои нав бозтаъриф мегарданд.
Ёддошти Ҳафиз Мансур дар бораи Фирдавсӣ ва нақши ӯ дар таърихи забони порсӣ, намунаи дақиқи ҳамин ҷобаҷоии идеологӣ аст; матне, ки дар зоҳир мекӯшад “муболиға” дар нақши Фирдавсиро нақд кунад, аммо дар умқи худ пружаи густардатареро намояндагӣ мекунад: интиқоли маншаи ҳувияти порсӣ аз “хиради ҳамосӣ ва тамаддунӣ” ба “фиқҳи сиёсӣ ва умматгароии исломӣ”.
Вокуниши шадиди равшанфикрон ва фаъолони ҳавзаи мадании порсӣ ба он ёддошт танҳо вокуниш ба чанд иштибоҳи таърихӣ набуд; балки вокуниш ба як зеҳнияти решадор дар миёни бахше аз раҳбарони Ҷамъияти исломии Афғонистон ва ҷараёнҳои ихвонитабори минтақа буд; зеҳнияте, ки ҳаргиз натавонист миёни “исломгароии сиёсӣ” ва “ҳувияти тамаддунии порсӣ” оштӣ барқарор кунад. Ин ҷараёнҳо, ҳарчанд дар баданаи иҷтимоии худ бештар бар шонаҳои тоҷикҳо ва порсизабонон истода буданд, аммо дар сатҳи назарӣ ва идеологӣ ҳамвора ба уммати исломӣ бештар аз ҳофизаи таърихӣ ва тамаддунии мардуми худ вафодор монданд.
Дар натиҷа, тоҷик будан дар бисёре маворид на як огоҳии таърихӣ ва тамаддунӣ, балки танҳо як мавқеияти иҷтимоӣ ва абзори басиҷи сиёсӣ буд. Ба ҳамин далел, ҳангоме ки буҳрони таърихии Афғонистон ба нуқтаи сарнавиштсози худ расид, ин ҷараёнҳо фоқиди ҳар гуна пружаи раҳойибахш барои ҳавзаи порсӣ шуданд. Онон на назарияе барои ҳаққи таъйини сарнавишт доштанд, на қироати интиқодӣ аз давлати мутамаркизи Афғонистон ва на ҳатто дарке тамаддунӣ аз масъалаи забон ва ҳувият. Тамоми уфуқи сиёсии онҳо дар ниҳоят даруни чорчӯби “Афғонистони исломӣ” ва “уммати воҳида” боқӣ монд; чорчӯбе, ки дар амал ба бозтавлиди ҳамон сохтори таърихии султа анҷомид.
Дар чунон бистаре, кӯчаксозии Фирдавсӣ танҳо як доварии адабӣ нест; балки талошест барои тазъифи муҳимтарин сутуни ҳофизаи мустақили порсизабонон. Зеро Фирдавсӣ танҳо як шоир набуд; ӯ меъмори бузурги ҳофизаи таърихӣ ва фалсафии ҳавзаи тамаддунии порсӣ буд. «Шоҳнома» фақат маҷмӯае аз абёти ҳамосӣ нест, балки манифести азиме дар бораи хирад, адолат, машрӯъияти сиёсӣ, муқовимат ва тадовуми таърихии як тамаддун аст. Тамаддуне, ки пас аз фурӯпошии Сосониён ва султаи хилофати арабӣ, дар маърази нобудии фарҳангӣ қарор дошт.
Аз ҳамин ҷост, ки тақобули воқеӣ оғоз мешавад: тақобул миёни «хиради ҳамосии порсӣ» ва «идеологияи таъаббудии ихвонӣ». Фирдавсӣ ҷаҳонро бар меҳвари хирад, дод ва масъулияти инсонӣ тафсир мекунад; дар ҳоле ки исломгароии ихвонӣ машрӯъиятро на аз хирад ва адолати таърихӣ, балки аз уммат, шариат ва назми идеологӣ истихроҷ мекунад. Барои ҳамин аст, ки «Шоҳнома» нохудогоҳ ба як хатари маърифатӣ барои пружаи ихвонӣ бадал мешавад; зеро инсони «Шоҳнома» муқаллиди мунфаъил нест, балки субъекти хирадманд, мубориз ва масъул аст.
Ҳафиз Мансур дар ёддошти худ мекӯшад хостгоҳ ва оғозгоҳи азамати забони порсиро аз «Шоҳнома» ба фатвои Абӯҳанифа, ҳаракатҳои низомии Абӯмуслими Хуросонӣ, Тоҳир Зулямайнайн ва сиёсатҳои Сомониён мунтақил кунад. Аммо ин ривоят аз асос гирифтори як муғолатаи бузург аст: халт миёни «заминаи сиёсӣ» ва «бақои тамаддунӣ». Бидуни тардид, силсилаҳое чун Сомониён ё бархе вазирони эронитабор дар эҷоди фазо барои рушди забони порсӣ нақш доштанд, аммо ҳеҷ кадом натавонистанд онро ба як ҳофизаи таърихии фаромиллӣ ва мондагор табдил кунанд. Ин корро Фирдавсӣ анҷом дод; он ҳам на бо фатвои динӣ ё фармони ҳукуматӣ, балки бо офариниши як ҷаҳонбинии комил.
Дар воқеъ, тафовути Фирдавсӣ бо дигар чеҳраҳое, ки Мансур ном мебарад, дар ҳамин нуқта нуҳуфта аст. Абӯҳанифа як фақеҳ буд, ки барои тасҳили ибодати мусулмонони ғайриараб фатвое маҳдуд содир кард; Абӯмуслим ва Тоҳир сардорони хилофатсоз ё дарунсохтори он ба монанди Бармакиён буданд; ва Саффориён ё Сомониён давлатмардони амалгаро. Аммо Фирдавсӣ бунёдгузори ҳофизаи тамаддунӣ буд. Ӯ забони порсиро на танҳо зинда нигоҳ дошт, балки ба он рӯҳи таърихӣ, фалсафӣ ва ҳамосӣ бахшид.
Ин ҷустор талошест барои нақди ҳамин пружаи идеологӣ; пружае, ки мекӯшад ҳувияти порсиро аз бунёдҳои тамаддунӣ ва хирадгароёнааш ҷудо карда ва онро дар чокати фиқҳи сиёсӣ ва исломгароии умматӣ бозтаъриф кунад. Дар ин масир, нахуст ба таҳрифҳои таърихӣ дар бораи забони порсӣ ва нақши девонсолорӣ хоҳем пардохт; сипас «Шоҳнома»-ро ба унвони манифести хиради ҳамосӣ ва ҳофизаи тамаддунӣ баррасӣ хоҳем кард; ва дар ниҳоят, нисбати ихвонизми афғонистониро бо буҳрони ҳувият ва шикасти сиёсии ҳавзаи порсӣ бар пояи мафоҳими ҷомеашиносик ва таърихӣ — на динӣ — баррасӣ хоҳем намуд.
Таҳрифи таърихи забони порсӣ
Забони порсӣ ва муғолатаи умматгароёна
Яке аз бунёдитарин хатоҳои назарӣ дар ёддошти Ҳафиз Мансур, халт миёни “тасҳили мазҳабии забон” ва “пойдории тамаддунии забон» аст. Ӯ мекӯшад бо барҷастасозии нақши Абӯҳанифа, Абӯмуслими Хуросонӣ, Тоҳир Зулямайнайн, Яъқуби Лайс ва Сомониён, ин тасаввурро эҷод кунад, ки бақои забони порсӣ бештар мадюни фиқҳи исломӣ, хилофат ва қудрати сиёсӣ будааст, то ҳосили муқовимати тамаддунӣ ва ҳофизаи таърихии мустақили ҳавзаи порсӣ. Ин хониш, дар зоҳир таърихӣ аммо дар умқи худ идеологӣ аст; зеро ҳадафи ниҳоии он интиқоли хостгоҳи ҳувияти порсӣ аз “тамаддун” ба “уммат” мебошад.
Дар ин ривоят, забони порсӣ дигар як ҳомили як ҷаҳонбинии мустақил нест, балки танҳо абзоре дар хидмати назми исломӣ муаррифӣ мешавад; гӯё порсӣ танҳо замоне машрӯъият ёфт, ки фақеҳон иҷозаи истифода аз онро содир карданд ё хулафо ва амирони мусулмон ба он майдон доданд. Чунин бардоште, дарвоқеъ таърихро воруна мекунад; зеро забони порсӣ пеш аз Ислом, забони як тамаддуни азим, дастгоҳи идорӣ, фалсафа, шеър, устура ва давлат буд. Ин забон, бо вуруди Ислом халқ нашуд; балки пас аз фурӯпошии сиёсии Эрони Сосонӣ, вориди марҳалае аз бақо ва бозсозии тамаддунӣ гардид.
Дар ҳақиқат, агар забони порсӣ танҳо маҳсули фатвои фиқҳӣ ё ҳимояти қудрати сиёсӣ буд, мебоист монанди садҳо забони дигар дар даруни хилофати арабӣ ҳал мешуд. Он чи онро ҳифз кард, на тасоҳули хилофат, балки муқовимати ҳофизаи таърихӣ ва фарҳангии мардумоне буд, ки намехостанд дар назми арабӣ — умавӣ мустаҳил шаванд — монанди ҷунбиши бузурги Шуубия!
2 - Фатвои Абӯҳанифа; тасҳили ибодат, на пружаи эҳёи тамаддунӣ
Ҳафиз Мансур, ҳамчунон ки бисёре аз исломгароёни ихвонӣ, талош мекунад нақши Абӯҳанифаро дар бақои забони порсӣ барҷаста созад ва онро ҳамсанги нақши Фирдавсӣ ҷилва диҳад. Ӯ ба фатвои машҳури Абӯҳанифа ишора мекунад, ки иҷоза медод мусулмонони ғайриараб намозро ба забони порсӣ бихонанд. Бидуни тардид, ин фатво дар замони худ нишонае аз инъитофи фиқҳӣ буд, аммо табдили он ба “реша ва чашмаи ҳаёти забони порсӣ” таҳрифе ошкор аст.
Абӯҳанифа як фақеҳ буд, на назарияпардози ҳувияти фарҳангӣ. Дағдағаи ӯ ҳифзи инсҷоми уммати исломӣ ва тасҳили ибодати навмусулмонон буд, на эҳёи тамаддуни эронӣ ё дифоъ аз ҳувияти порсӣ. Ҳатто дар даруни мазҳаби ҳанафӣ низ ин фатво баъдҳо маҳдуд, машрут ё дар амал канор гузошта шуд. Бинобар ин, нисбат додани бақои забони порсӣ ба чунин фатвое, беш аз он ки истидлоли таърихӣ бошад, талоше барои исломисозии чашмаи ҳувияти порсӣ аст.
Ин нигоҳ ба гунаи дақиқ бозтоби зеҳнияти ихвонӣ аст, ки наметавонад бипазирад тамаддуне хориҷ аз чаҳорчӯби уммати исломӣ, дорои истиқлоли маърифатӣ ва фалсафӣ бошад. Барои чунин ҷараёнҳо, забони порсӣ танҳо замоне арзишманд аст, ки дар хидмати фиқҳ, тафсир ва назми исломӣ қарор гирад, на ин ки ҳомили ҳофизаи мустақили таърихӣ ва хирадварзии пешоисломӣ бошад.
3 - Абӯмуслим ва Тоҳир; сардорони хилофат, на меъморони ҳувияти порсӣ
Мансур сипас ба Абӯмуслими Хуросонӣ ва Тоҳир Зулимайнайн ишора мекунад ва онҳоро аз омилҳои заминасози рушди порсӣ муаррифӣ менамояд. Аммо ин ривоят низ мубтанӣ бар иғроқ ва ҷобаҷоии мафҳумӣ аст.
Абӯмуслими Хуросонӣ, ҳарчанд аз Хуросон бархост ва дар суқути Умавиён нақши калидӣ дошт, аммо пружаи ӯ эҳёи ҳувияти эронӣ набуд. Ӯ дар ниҳоят дар хидмати интиқоли қудрат аз Умавиён ба Аббосиён қарор гирифт. Аббосиён низ бар хилофи тасаввури романтикии бархе исломгароён, хилофати арабӣ — исломиро идома доданд, ки марказияти фарҳангии он Бағдод ва забони аслии девон ва дониш дар он арабӣ буд.
Тоҳир Зулимайнайн низ, бо вуҷуди эронитабор будан, бештар як фармондеҳи вафодор ба хилофат буд то назарияпардози истиқлоли фарҳангии Хуросон. Ҳатто манобеи таърихӣ нишон медиҳад, ки ашрофи эронии он даврон, дар бисёре маворид шефтаи фасоҳати арабӣ ва фарҳанги Бағдод буданд; зеро забони қудрат, илм ва машрӯъияти сиёсӣ танҳо арабӣ буд.
Бинобар ин, талош барои табдили ин шахсиятҳо ба қаҳрамонони “наҷоти забони порсӣ” ношӣ аз навъе носионализми умматӣ аст, ки мехоҳад ҳамаи дастовардҳои тамаддунии порсиро дар даруни сохтори хилофати исломӣ бозтаъриф кунад, то ҳувияти мустақили ин ҳавза аз миён биравад.
4 - Сомониён; ҳомиёни шеъри порсӣ, на порсисозони комили девон
Яке аз роиҷтарин афсонаҳои таърихнигории муосири Афғонистон ва Эрон, ин иддаост, ки Сомониён девонсолориро порсӣ карданд ва забони порсиро ба забони расмии комили ҳукумат мубаддал намуданд. Ҳафиз Мансур низ ҳамин ривоятро такрор мекунад. Аммо баррасии дақиқи асноди таърихӣ нишон медиҳад, ки ин тасвир бисёр иғроқомез ва то ҳадди зиёде нодуруст аст.
Сомониён бидуни тардид нақши бузурге дар ҳимоят аз шеър ва адаби порсӣ доштанд. Дар дарбори онҳо шоироне чун Рӯдакӣ, Дақиқӣ ва Балъамӣ маҷоли рушд ёфтанд ва тарҷумаҳое аз мутуни динӣ ва таърихӣ монанди “Тафсири Табарӣ” ба забони сӯча ва сараи порсӣ сурат гирифт. Аммо миёни “ҳимоят аз адаби порсӣ” ва “порсисозии комили сохтори идорӣ” ва табдили порсӣ ба “забони қудрат” фосилаи зиёд ва тафовути азим вуҷуд дорад.
Бахши умдаи девонсолории Сомониён ҳамчунон ба арабӣ идора мешуд. Аснод, мукотиботи расмӣ ва сохтори фиқҳӣ — идории хилофатмеҳвари он аср ҳанӯз зери султаи арабӣ буд. Ҳатто бисёре аз донишмандон ва дабирони Сомонӣ осори муҳими худро ба арабӣ менавиштанд, зеро забони илм ва машрӯъияти расмӣ ҳамчунон арабӣ маҳсуб мешуд.
Ин нукта аҳамияти бунёдӣ дорад; зеро нишон медиҳад, ки бақои забони порсӣ фақат ҳосили ҳимояти ҳукуматӣ набуд. Агар чунин мебуд, бо суқути Сомониён низ забони порсӣ фурӯ мепошид. Аммо он чи порсиро мондагор кард, интиқоли он аз сатҳи “абзори девон” ба сатҳи “ҳофизаи тамаддунӣ” ва аз тариқи нигаҳбонони аслии он яъне “деҳгонҳо ё деҳқонҳо” буд ва Фирдавсӣ намояндаи барҷастаи он буд, ки тавонист кори бузурге анҷом диҳад.
5 - Яъқуби Лайс; устурасозӣ аз як вокуниши забонӣ
Ривояти машҳури дигаре, ки Мансур такрор мекунад, нақши Яъқуби Лайси Саффорӣ дар расмисозии забони порсӣ аст. Ривояти маъруф мегӯяд ҳангоме ки шоире дар ҳузури Яъқуб қасидае арабӣ хонд, ӯ гуфт: “Чизе ки ман андар наёбам, чаро бояд гуфт?” ва хост шеър ба порсӣ хонда шавад:
Эй амире, ки амирони ҷаҳон хоссаву ом
Бандаву чокару мавлою сагбанду ғулом.
Азалӣ хатте дар лавҳ, ки мулке бидиҳанд,
Ба Абӣ Юсуф Яъқуб бин ал-Лайси ҳамом.
Ба латом омад Рутбилу латӣ хӯрд ба ланг,
Латра шуд лашкари Рутбилу ҳабо гашт каном.
Лиман ал-мулк бихондӣ ту амиро ба яқин,
Бо қалил-алфия кун зод дар он лашкар ком.
Умар Аммор туро хосту з-ӯ гашт барӣ,
Теғи ту кард миёнҷӣ ба миёни даду дом.
Умри ӯ назди ту омад ки ту чун Нӯҳ базӣ
Дар окори тани ӯ сари ӯ боби таом.
Мутобиқи “Таърихи Систон” Муҳаммад Васифи Сагзӣ ин шеърро суруд, ки ниме аз он арабӣ аст ва бархе вожаҳо ҳам дорад, ки то ба ҳол дар Кобул ба кор мераванд!
Ин ривоят, агарчи аз назари рамзӣ муҳим аст, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ ба маънои форсӣ шудани девонсолорӣ набуд. Яъқуби Лайс на назарияпардози забон буд ва на меъмори сохтори идории навин. Ӯ як фармондеҳи низомии бархоста аз табақоти фурудаст буд, ки бештар дағдағаи тасбити қудрат ва густариши дини Исломро дошт то бозсозии тамаддунии порсӣ; ҳатто суқути давлати Кобулшоҳон бахше аз пружаи арабисоз буд, ки анҷом дод!
Девонҳо ва мукотиботи расмӣ дар асри Саффориён ҳамчунон ба арабӣ боқӣ монданд. Тафовут миёни “забони шеъри дарбор” ва “забони бюрократӣ” дақиқан ҳамон нуқтаест, ки ривоятҳои идеологӣ онро нодида мегиранд.
5 - Исфароинӣ, Маймандӣ ва набардии воқеии забон дар девон
Воқеияти таърихии форсисозии девон, на дар асри Саффориён ё Сомониён, балки дар кашмакашҳои печидаи давраи Ғазнавӣ ва сипас Салҷуқӣ ошкор мешавад. Дар ин ҷо нақши вазироне чун Абулъаббос Исфароинӣ пураҳамият буд.
Исфароинӣ, вазири Маҳмуди Ғазнавӣ, кӯшид девон ва мукотиботи расмиро аз арабӣ ба форсии дарӣ мунтақил кунад. Ӯ, ки бархоста аз суннати девонсолории эронӣ буд, талош кард сохтори идории Хуросонро аз вобастагии мутлақ ба арабӣ берун оварад.
Аммо он раванд пойдор намонд. Пас аз суқути Исфароинӣ, Аҳмад бин Ҳасани Меймандӣ, ки шефтаи фарҳанги Бағдод ва забони арабӣ буд, тамоми ислоҳоти ӯро лағв кард ва дубора арабиро бар девон мусаллат сохт.
Ин кашмакаш нишон медиҳад, ки масъалаи забон танҳо масъалаи “ҳимояти ҳукумат” набуд; балки майдони набарди ду ҷаҳонбинӣ буд:
- ҷаҳонбинии Эроншаҳрӣ — Хуросонӣ,
- ва ҷаҳонбинии хилофатмеҳвари арабӣ.
Ҳарчанд равшанфикри дигаре — Бӯнасри Мушкон — кӯшид забони порсиро дар девонсолорӣ баргардонад, аммо асри Масъуди Ғазнавӣ пур аз ошӯб буд ва кори вай ба гунаи бояста идома наёфт.
Саранҷом, дар асри Салҷуқиён ва бо нақши вазироне чун Амидулмулк Кундурӣ ва Хоҷа Низомулмулк, забони порсӣ тавонист ҷойгоҳи пойдортари идорӣ пайдо кунад ва забони қудрат шавад. Аммо он пирӯзӣ на ҳосили фиқҳ ё уммати исломӣ, балки натиҷаи тадовуми суннати тамаддунии эронӣ — хуросонӣ буд.
6 - Чаро Фирдавсӣ масъалаи аслӣ аст?
Дар ҳамин нуқта аст, ки аҳамияти воқеии Фирдавсӣ ошкор мешавад. Тамоми шахсиятҳое ки Мансур ном мебарад, дар беҳтарин ҳолат заминасозон ё бозигарони сиёсӣ буданд; аммо ҳеҷ кадом натавонистанд барои порсӣ “ҳофизаи таърихии ҷовидон” халқ кунанд.
Шоҳнома, забони порсиро аз сатҳи абзори идорӣ ё шеъри дарборӣ фаротар бурд ва онро ба сутуни ҳувияти тамаддунӣ бадал сохт. Фирдавсӣ на танҳо вожаҳо, балки устураҳо, таърих, ахлоқ, фалсафаи сиёсӣ ва рӯҳи муқовиматро эҳё кард. Ӯ барои нахустин бор пас аз фурӯпошии Сосониён, эрониён ва хуросониёнро дубора ба як ривояти таърихии муштарак пайванд дод.
Ба дурустӣ ба ҳамин далел аст, ки пружаҳои ихвонӣ ва умматгаро, ногузир даст ба кӯчаксозии Фирдавсӣ мезананд. Чунон гароише дар оғози Инқилоби Исломӣ дар Эрон ҳоким буд ва ҳатто мехостанд оромгоҳи Фирдавсиро тахриб кунанд, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ бо навиштани як нома монеъи тахриби он шуд. “Шоҳнома” ёдоварии ин ҳақиқат аст, ки ҳавзаи порсӣ як “тамаддуни таърихии мустақил” аст.