"Дидбони тоҷик" моҳи сунбула/шаҳривар (22 август – 21 сентябр)-ро ба унвони “Моҳи ҳамбастагии миллии тоҷикон” эълон кард.
Автор: "Дидбони тоҷик"
ФАРОХОНИ ҲАМКОРӢ ВА МУШОРИКАТ
Тоҷикони Афғонистон дар моҳи сунбула ду тан аз чеҳраҳои сиёсӣ-низомии қудратманди худро аз даст доданд. 18 сунбула Аҳмадшоҳ Масъуд, фармондеҳи настуҳ ва номдори тоҷикон террор шуд. 29 сунбула, устод Бурҳониддин Раббонӣ раиси фақиди Давлати исломии Афғонистон террор шуд.
Гиромидошт аз ин ду шахсияти бузург дар моҳи сунбула нуқтаи васли тоҷикон дар солҳои ахир буда ва метавон гуфт, ки аксарияти тоҷикон дар гиромидошт аз онон ҳамсадову ҳамсӯ ҳастанд. Бисёре аз огоҳони тоҷик ба ин боваранд, ки дар шароити сахти имрӯзӣ тоҷикон беш аз ҳар чӣ ба ҳамбастагӣ ниёз доранд, то битавонанд дар дифоъ аз иззат, ҷон, мол ва сарзамини хеш мунсаҷим амал карда ва ба зулм, ишғол ва таҳқири таърихии ношӣ аз ҳокимияти қавмии Толибон поён диҳанд.
Дар соли 1395-и хуршедӣ ҷамъе аз тоҷикони огоҳ тасмим гирифтанд, ки пайкарҳои Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ - шоҳи айёри Хуросон ва ёронашро, ки тавассути Нодири ғаддор эъдом шуданд, шиносоӣ ва дар Теппаи Шаҳророи Кобул дафн намоянд. Ин ҳаракат, ки ба рӯзи ёздаҳуми сунбула ба самар нишаст, яке аз рӯзҳои муҳим дар ҳаёти сиёсии тоҷикон ва дар заминаи эҷоди бедорӣ миёни ҷавонони тоҷик ба шумор меравад.
Дар сунбулаи 1395 ҳаракати ҷавонони огоҳи тоҷик нишон дод, ки вақте тоҷикон мунсаҷим амал кунанд, метавонанд гомҳои арзишманде дар ростои эҳёи иқтидори хеш бардоранд.
Бо таваҷҷуҳ ба нукоти фавқ, “Дидбони тоҷик”, моҳи сунбуларо “Моҳи ҳамбастагии миллии тоҷикон” эълом намуда ва аз ҳама шахсиятҳои таъсиргузор, нухбагон ва ташаккулҳои тоҷикӣ мехоҳад, ки даст ба дасти ҳам дода ва дар ҷараёни ин моҳ силсилабарномаҳоеро дар фазоҳои маҷозӣ ва ҳақиқӣ баргузор намоем.
Дар ин барномаҳо перомуни чигунагии авомили чандпорчагии тоҷикон дар солҳои ахир ва чигунагии дастёбӣ ба иттиҳоду ҳамбастагии миллии тоҷикон баҳс хоҳад шуд. Мо муътақидем, ки ин баҳсҳо метавонад дар ростои ҳамбастагӣ ва бедории тоҷикон, ба вежа насли ҷавони тоҷик муассир воқеъ шавад ва масири мушаххасеро фаророҳи насли ҷадиди тоҷик қарор диҳад, ки битавон дар ростои расидан ба аҳдофи роҳбурдии тоҷикон гомҳои муассир бардошт.
Ёддошт:
1 - “Дидбони тоҷик” муташаккил аз нухбагону огоҳони тоҷик, аз тамоми вилоятҳои Афғонистон/Хуросон аст, ки аз наздик ба як сол ба ин сӯ гирди ҳам омада ва дар ростои аҳдофе ҳамчун: ташхиси манофеъ ва масолеҳи улёи тоҷикон, бедории тоҷикон, ҳамбастагии тоҷикон ва эҷоди як дидгоҳи роҳбурдии равшан барои ояндаи сиёсатварзии тоҷикон фаъолият менамоянд.
2 - “Дидбони тоҷик” барои машвараву ҳамоҳангӣ бо соири ташаккулҳои тоҷикӣ ҳамчун конуни посдорони фарҳанги тоҷик, Шӯрои саросарии тоҷикон ва Шӯрои инсиҷоми тоҷикон низ мавзӯъро дар миён гузошта, ки хушбахтона, онон ваъдаи ҳамкорӣ ва мушорикат дар барномаҳову баҳсҳоро доданд.
3 - Ҳамкории расонаии “Дидбони тоҷикон” дар роҳандозиву барномарезии баҳсҳои “Моҳи ҳамбастагии миллии тоҷикон” хабаргузории “Пуроно” мебошад. Аз соири расонаҳои мӯҳтараме, ки мутааҳҳид ба манофеи улёи тоҷикон ҳастанд низ мехоҳем, ки дар ин корзор моро ҳамроҳӣ намуда ва ёрӣ расонанд.