Хабари рӯз

“Сангар”: Кишварҳои Формати Маскав аз Толибон тақозо карданд, ки созмонҳои террористии таҳти пуштибониашонро аз байн бубаранд, то Афғонистон як лонаи терроризм набошад. Толибон ҳаргиз ин корро нахоҳанд кард. Замоне раҳбари онҳо Мулло Умар Афғонистонро таслим кард, аммо Усома ибни Лоданро таслим накард. Ин як интизори ботил аст ва додхоҳии гӯсфанде аст, ки барои адолат ба гург рӯй меоварад. Толибон худ як гурӯҳи террористӣ аст. Мушаххас нест воқеан дар пушти саҳнаи ин дидор чӣ иттифоқе афтодааст. Аммо агар воқеан бовари онҳо ин бошад, ки Толибон ба ҳарфи онҳо гӯш хоҳанд дод, дар муқобили талошҳои Амрико барои эҷоди як давлати фарогир кори арзишманде анҷом надодаанд.

Манбаъ: сомонаи вазорати корҳои хориҷии Русия

 

БАЁНИЯИ МУШТАРАКИ ШИРКАТКУНАНДАГОН ДАР “ФОРМАТИ МАСКАВ”

Дар 16 ноябри 2022, чаҳорумин нишасти кишварҳои ширкаткунанда дар формат (қолаб)-и машваратҳои Маскав дар мавриди Афғонистон дар Маскав баргузор шуд, ки дар он намояндагони вежа ва мақомоти аршади Русия, Чин, Покистон, Эрон, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон баргузор шуд ва баёнияи зерро тасвиб карданд.

▪️ Мо бар тааҳҳуди худ барои эҷоди Афғонистон ба унвони як кишвар сулҳомез, якпорча, воҳид ва мустақилу орӣ аз таҳдидоти терроризм ва ​​қочоқи маводи мухаддир таъкид кардем.

▪️ Акидан тавсия мешавад, ки Толибон* ба тааҳҳудоти худ барои решакан кардани терроризм ва ​​қочоқи маводи мухаддир амал кунанд, иқдомоти малмустареро алайҳи ҳамаи созмонҳои террористӣ иттихоз кунанд, ва қотеъона бо онҳо муқобила намуда, онҳоро аз байн бубаранд, то итминон ҳосил шавад, ки Афғонистон ҳаргиз дубора ба як "лонаи гарм" ва паноҳгоҳи амн ё манбаъи густариши терроризм табдил нахоҳад шуд.

▪️ Мо бори дигар бар омодагии худ барои кӯмак ба Толибон дар ин кор таъкид кардем, ҳамалоти террористӣ алайҳи ғайринизомиёни афғон, аз ҷумла муассисоти омӯзишӣ ва ҳамчунин ҳамлаи террористии ахир дар наздики сафорати Русия дар Кобулро маҳкум кардем.

▪️ Мо бар ғайри қобили қабул будани истиқрори таъсисоти зербиноии низомии кишварҳои солис дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя тамаркуз кардем.

▪️ Ҳимояти худро аз Толибон дар инкишофи барномаҳои рушди зироати ҷойгузини маводи мухаддир ва низ дар тамоми талошҳои онон барои рафъи мушкили маводи мухаддир эълом кард.

▪️ Бо таъкид бар аҳамияти ташкили як ҳукумати воқеан фарогир дар Афғонистон, ки мунъакискунандаи манофеъи ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ-сиёсии аслии он бошад, бар аҳамияти таомули амалӣ байн кишварҳои минтақа ва Афғонистон дар ин замина ишора кардем.

▪️ Бо ишора ба ин ки буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон метавонад мунҷар ба муҳоҷирати дастаҷамъии паноҳҷуён, таҳрики ифротгароӣ, терроризм ва ​​бесуботӣ шавад, аз ташдиди вазъияти муҳоҷират дар атрофи Афғонистон ибрози нигаронӣ карде, ки метавонад сулҳ ва суботи кишварҳои ҳамсояро таҳдид кунад.

▪️ Хотирнишон кардем, ки кӯмак ба Толибон дар эҳёи иқтисоди Афғонистон боиси эҷоди шароити муносиби зиндагӣ барои мардум ва коҳиши ҷараёни муҳоҷират ба хориҷ аз кишвар мешавад.

▪️ Аз меҳмоннавозии ҳамсоягони Афғонистон дар мизбонӣ аз миллионҳо паноҳҷӯ қадрдонӣ кардем ва бар аҳамияти бозгардондани амн, обрӯмандона, ба мавқеъ ва бо манобеъи кофии паноҳҷуён ба Афғонистон таъкид кардем.

▪️ Бар афзоиши талошҳо барои ироаи кӯмакҳои башардӯстона ва иқтисодӣ ба мардуми Афғонистон барои бозсозии кишвар пас аз ҷанг таъкид кард.

▪️ Бо ишора ба аҳамияти талошҳои Толибон барои таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои асосии мардум, ҳимояти худро аз риояти ҳуқуқи асосии ҳама ақвом, ба шумули ақаллиятҳо, занон ва кӯдакон ба тартиб бо дастрасии баробар ба адолат ва омӯзиш эълом кардем.

▪️ Мо мутақоид шудаем, ки НАТО бояд бори аслии молии бозсозии иқтисоди Афғонистони пас аз ҷангро ба ӯҳда бигирад, то шугуфоӣ ва рифоҳи мардуми одии афғон бидуни дахолат дар умури дохилии Афғонистон тазмин шавад.

▪️ Таъкид кардем, ки ҳама ақшори ҷомеаи Афғонистон хостори озодсозии комили захоири тилоии Афғонистон тавассути Амрико ҳастанд ва хостори иттихози тамоми тадобири лозим барои ин амр шуданд.

▪️ Ба аҳамияти ҳамоҳангии талошҳои минтақаӣ барои иртиқои оштии миллии байналафғонӣ, тақвияти амният ва субот дар минтақа таҳти назорати формати машваратии Маскав дар мавриди Афғонистон ва соири анҷуманҳои муҳим, монанди механизми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва гуфтугӯи минтақаии Деҳлӣ ишора кардем.

▪️ Хостори тавсеаи рӯйкардҳои муштарак барои таомул бо Толибон, аз ҷумла аз тариқи Созмони Милал шудем. Аз ташкили як гурӯҳи музокиракунандаи байналмилалӣ дар мавриди Афғонистон таҳти назорати Созмони Милали Муттаҳид ҳимоят мекунем.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ мамнуъ ё таҳти таҳримҳои Созмони Милал аст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!