Хабари рӯз

Хадамоти истихборотии Афғонистон ва Амрико муддатҳост, ки ҳамкорӣ доранд

‏Нависанда: Андрей Серенко, хабарнигори аршади ”Независимая газета” ва раиси Маркази таҳлилии анҷумани сиёсатшиносони Русия

Матлаби аслӣ: 

Ҳайате аз Раёсати умумии истихборот (РУИ) – и Толибони Афғонистон (Додгоҳи олии Русия дар таърихи 17 апрели 2025 таълиқи мамнуъияти фаъолияти ин гурӯҳро эълом карда, аммо ҳамчунон дар феҳристи созмонҳои террористӣ дар Русия қарор дорад) тайи рӯзҳои оянда барои анҷоми музокирот ба Маскав хоҳад омад. Дар таркиби ин ҳайат афроде наздик ба Мулло Абдулҳақ Васиқ, раиси Раёсати умумии истихборот, ҳузур доранд, ки мавриди эътимоди комили ӯ ҳастанд. Ҳамин мақомоти истихборотии Толибон пештар дар чандин даври музокира бо намояндагон Созмон истихбороти марказии Амрико (CIA) ширкат карда буданд. Эҳтимоли зиёде вуҷуд дорад, ки таркиби ин ҳайат бо намояндагони истихбороти Амрико ҳамоҳанг шуда бошад.

Рӯзномаи “Независимая газета” ба санади маҳрамонае даст ёфта, ки дар таърихи 13 июли соли ҷорӣ дар ситоди раёсати истихбороти Толибон таҳия шудааст. Бино ба ин санад, “бар асоси тасмими раҳбарии Раёсати умумӣ, барои сафар ба Федератсияи Русия ҳайате бо таркиби зер ташкил шудааст:

1) Абдулмалик Мубашшир, раиси дафтари Раёсати умумии истихборот, ба унвони раиси ҳайат;

2) Абдуҷаббор Шаҳидмал, раиси Раёсати 197 – и равобити хориҷӣ, ба унвони узви ҳайат;

3) Абдураҳим Мазлум, раиси Раёсати 060 фаннӣ ва ҳамлу нақл, ба унвони узви ҳайат.”

Дар ин санад омадааст: “Ин ҳайати сенафара барои сафар ба Федератсияи Русия мансуб шудаанд ва то бозгашти онҳо, муовинони аввали ин раёсатҳо масъули ҳамоҳангӣ ва иҷрои тамоми умур хоҳанд буд.”

Таркиби ҳайати истихбороти “Толибон”, ки ба Маскав меояд, ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Мушаххас аст, ки Абдулмалик Мубашшир, раиси ҳайат, бо мулло Абдулҳақ Васиқ равобити хешовандӣ дорад ва мавриди эътимоди комили ӯст. Мубашшир, ҳамонанди Абдураҳим Мазлум (ҳар ду аҳли вилояти Ғазнӣ), пештар дар чанд даври музокироти маҳрамона бо намояндагони СиАйЭйи Амрико ширкат кардаанд. Ба унвони мисол, дар таърихҳои 5–6 марти соли ҷорӣ, Мубашшир ва Мазлум бо намояндагони истихбороти Амрико дар Риёз (Арабистони Саудӣ) дидор карданд ва дар таърихҳои 12–13 апрел низ дар Давҳа (Қатар) нишаст доштанд.

Бар асоси иттилооти мавҷуд, ҳайати РУИ-и «Толибон» ба раҳбарии Мубашшир аз авохири соли 2024 ба таври миёнгин ҳар ду моҳ як бор дар яке аз кишварҳои арабӣ бо ҳамтоёни худ аз СиАйЭй дидор мекунад. Яке аз меҳварҳои аслии ин нишастҳо, ироаи кӯмаки молӣ ба РУИ Толибон тавассути истихбороти амрикоӣ аст. Мубашшир дар се соли ахир нақши калидӣ дар равобити молии маҳрамона миёни РУИ ва СиАйЭй доштааст.

Манобеъи огоҳи афғон таъкид мекунанд, ки Мубашшир на танҳо мавриди эътимоди раиси худ, балки мавриди эътимоди мақомоти амрикоӣ низ ҳаст ва бо онҳо муомилоти пушти пардаи мутааддиде анҷом додааст. Ба гуфтаи ин манобеъ: “Раҳбарии РУИ “Толибон” мутмаинан на танҳо шарикони амрикоии худро аз сафари қарибулвуқуъи ҳайаташон ба Маскав мутталеъ карда, балки таркиби ин ҳайатро бо онҳо ҳамоҳанг кардааст. Тардиде нест, ки пас аз поёни музокирот дар Маскав, аъзои ҳайати Толибон ҷузъиёти натоиҷро ба таври комил ба тарафи амрикоӣ гузориш хоҳанд дод.”

Яке аз манобеъи афғон эҳтимол медиҳад, ки “РУИ мумкин аст таваҷҷуҳи Маскавро ба унвони абзоре барои афзоиши кӯмакҳои молӣ аз сӯи СиАйЭй ба кор гирад; Зеро баид аст касе ба андозаи созмонҳои истихборотии Амрико ба идораи мулло Васиқ кӯмаки молӣ кунад.”

Аз санади муаррихи 13 июл чунин бармеояд, ки дар идораи РУИ “Толибон”, раис бахши 197 (равобити хориҷӣ) тағйир кардааст. То пеш аз ин, ин вазифа дар ихтиёри доктор Шумсуллоҳ Абуалсаид буд, ки ӯ низ дар тамоми дидорҳои маҳрамона бо намояндагони СиАйЭй ширкат доштааст. Акнун Абдуҷҷаббор Шаҳидмал масъули ин бахш шудааст. Агарчи ӯ дар дидорҳои қаблӣ бо намояндагони истихбороти Амрико дида нашуда, аммо ин набояд мӯҷиби итминони хотири тарафи рус шавад; Зеро афроди тасодуфӣ ба чунин симматҳое дар истихбороти “Толибон намерасанд. Раҳбарони РУИ “Толибон” дар солҳои ахир равобити бисёр наздик ва судоваре бо созмонҳои истихборотии Амрико эҷод кардаанд (албатта, фақат дар чорчӯби “ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ”).

Манобеъи огоҳи афғон бар ин боваранд, ки СиАйЭй – и Амрико талош хоҳад кард аз тамосҳои ҷадид миёни РУИ Толибон ва Маскав барои ошкорсозии аҳдофи сиёсии воқеии Русия дар Афғонистон ва ҳамчунин ба манзури ҷамъоварии иттилоот дар бораи фаъолиятҳо ва коркунони истихбороти Русия дар ҳавзаи Афғонистон баҳрабардорӣ кунад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!