Хабари рӯз

Касоне дар Ғарб мехоҳанд Қазоқистони саршор аз нафту газ ва дигар манобеи табииро ба кишваре хомфурӯш ва мутеъ табдил диҳанд.

Нависанда: Женишбек Жусупов, таҳлилгар (Казахстан), махсус барои "Сангар"

Дар солҳои ахир, шуморе аз расонаҳои ғарбӣ ва ҳамфикрони онҳо дар Қазоқистон талош кардаанд Русияро ҳамчун як ҳаюло ба тасвир бикашанд, ки ин кишвари Осиёи Марказиро дар чанголи худ нигоҳ доштааст.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз коршиносони қазоқ тақрибан ҳар рӯз аз хатари табдил ёфтани кишварашон ба як мустамликаи навин ҳушдор медиҳанд ва пеш аз ҳама ба ин воқеият ишора мекунанд, ки тайи сӣ соли гузашта беш аз 70 дарсади даромадҳои бахши нафту гази Қазоқистон тадриҷан дар ихтиёри ширкатҳои бритониёӣ ва амрикоӣ қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, ба назар мерасад чунин “корзорҳои расонаӣ” бо бузургнамоии “таҳдиди Русия” дар пайи онанд, ки ин воқеиятро камранг сохта, таваҷҷуҳи афкори умумиро аз ҳақиқати ҳол мунҳариф созанд.

Ҳамкории ҳамаҷонибаи миёни Русия ва Қазоқистон на танҳо боиси таҳкими пойдории иқтисодӣ ва амнияти низомию сиёсии ду кишвар шудааст, балки ба онҳо мақоми раҳбарони асосии равандҳои ҳамгироии Авруосиёиро додааст ва дар шароити бесуботии геополитикии ҷаҳонӣ заминаи шукуфоӣ ва рушди дарозмуддатро фароҳам сохтааст. Илова бар ин, муштаракоти фарҳангӣ, пайвандҳои таърихӣ ва мукаммил будани сохторҳои иқтисодии ду кишвар аз омилҳои муҳими тақвияти ин шарикӣ ба шумор мераванд.

Дар соли 2025 ҳаҷми гардиши молу коло миёни Остона ва Маскав ба 23,4 миллиард доллари Амрико расид. Ҳамзамон, 95 дарсади пардохтҳо ва тасвияҳисобҳо бо арзҳои миллӣ анҷом мешаванд, ки ин амр хатари фишорҳои таҳримии Ғарбро коҳиш дода, ба афзоиши истиқлоли молиявии ду кишвар мусоидат мекунад.

Бар асоси маълумоти Идораи миллии омори Қазоқистон, ҷумҳурӣ дар соли 2025 ба арзиши 19,23 миллиард доллар аз Русия коло ворид кардааст, дар ҳоле ки ин рақам дар соли 2024 баробари 18,58 миллиард доллар буд.

Дар моҳи ноябри соли 2025, раисони ҷумҳури ду кишвар “Эъломияи шарикии роҳбурдии ҳамаҷониба”-ро имзо карданд, ки бар асоси он ҳадаф гузошта шудааст ҳаҷми гардиши молу коло байни ду кишвар дар соли 2026 ба 30 миллиард доллари Амрико расонда шавад.

Дар соли гузашта Русия ва Қазоқистон 14 тарҳи муштараки саноатиро бо ҳаҷми сармоягузории 616 миллион доллар ба баҳрабардорӣ расониданд. Дар марҳилаи кунунӣ ду кишвар дар маҷмӯъ беш аз 175 ибтикор ва тарҳи иқтисодиро бо арзиши тақрибан 57 миллиард доллар амалӣ мекунанд. Дар натиҷаи ин ҳамкориҳо, дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон 63 ҳазор ҷойи кори нав таъсис ёфтааст, ки ба рушди иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Яке аз муҳимтарин самтҳои ҳамкории ду кишвар бахши энержӣ мебошад. Бар асоси барномаҳои мавҷуд, қарор аст аз 1 январи соли 2030 хатти асосии гази “Ишим – Остона” ба истифода дода шавад. Ҳамчунин ҳамкорӣ дар бахши транзити манобеи энержӣ идома дорад ва ҳаҷми интиқоли гази Русия ба Ӯзбекистон тавассути қаламрави Қазоқистон пайваста афзоиш меёбад. Ин тарҳ ба таҳкими суботи минтақаӣ ва амнияти энержии Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.

Илова бар ин, Қазоқистон дар соли 2025 воридоти сӯзишворӣ ва дигар маҳсулоти саноати нафту газро аз Русия 25 дарсад афзоиш дод ва ҳаҷми ин воридот ба 2,26 миллиард доллари Амрико расид.

Ба арзёбии коршиносони Институти Ҳадсон, ҳамкории Русия ва Қазоқистон дар бахши назорати марзҳо ба эҷоди як сипари муҳофизатӣ дар баробари таҳдидҳои бархоста аз Афғонистон мусоидат мекунад ва дар натиҷа амнияти ҷамъиро дар чорчӯби “Авруосиёи Бузург” тақвият мебахшад.

Ин, муаррифии кӯтоҳе аз равобити ду кишвари ҳамсоя ва ду шарики роҳбурдӣ аст, ки муштаракан ба сӯи ояндае равшан гом бармедоранд; чизе, ки хобро аз чашмони касоне дар Ғарб рабудааст, ҳамон касоне, ки мехоҳанд Қазоқистони саршор аз нафту газ ва дигар манобеи табииро ба кишваре хомфурӯш ва мутеъ табдил диҳанд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!