Хабари рӯз

Чаро Маскав душмани худро муттаҳиди оянда ташхис дод?

Нависанда: Фахриддин Холбек, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”

Нубуғ ва шахсияти истисноии Аҳмадшоҳи Масъуд дар навбати аввал муборизаи ӯ дар шароити рақобат миёни Авруосиёгароӣ ва Атлантикгароӣ дар саҳнаи Афғонистон ба исбот мерасонад.

Авруосиёгароӣ ва атлантикгароӣ ду ҷараёни умдаи геополитикӣ ҳастанд, ки тақобули қудратҳои хушкӣ (Русия, аносире аз Аврупо ва Чин) ва қудратҳои дарёӣ (Амрикои Шимолӣ ва Аврупои Ғарбӣ), ҳамчунин масирҳои мутафовити шаклгирӣ ва тавсеаи назми ҷаҳониро тавзеҳ медиҳанд.

Авруосиёгароӣ идеяи русист, ки Авруосиёро тамаддуни вижае бо ҳувияти мустақил медонад ва бо диктаи ғарбӣ (атлантикӣ) дар қора муқобила мекунад. Идеяи бунёдии он бартарии хушкӣ (Ҳартленд) аз тариқи созмонҳое назири Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва БРИКС, бо такя бар паҳнаҳои васеи заминӣ, арзишҳои суннатӣ ва давлати қудратманд аст.

Атлантикгароӣ идеяи англосаксонҳост, ки асоси онро бартарии қудрати дарёӣ (Римленд), раҳбарии қудратҳои дарёӣ бар ҷаҳон аз тариқи НАТО, мушорикати транс-атлантик ва Гурӯҳи Ҳафт (G7), ҳамчунин такя бар бозори озод, демократия, тиҷорати дарёӣ ва ҷаҳонишавӣ бар асоси улгуи ғарбӣ ташкил медиҳад.

Авруосиёгароён (евразистҳо), ба забони сода, ба унвони нерӯи ватанпарасти Авруосиё таъриф мешаванд, ки барои озодии қора аз истеъмори чаҳорсадсолаи атлантикгароён (атлантистҳо) мубориза мекунанд. Онҳо дар саросари ҷаҳон аносир ва нерӯҳои ниёбатии худро, бахусус аз миёни нерӯҳои чапи коммунист ва миллигаро, доранд. Барои намуна, Ҳизби демократики халқи Афғонистон. Ҳатто дар сафҳои тими Гитлер низ евразистҳо ҳузур доштанд, зеро яке аз вазифаҳои аслии рақибони атлантисти онҳо ҷилавгирӣ аз иттиҳоди Русия ва Олмон аст.

Атлантикгароён тайи ҳузури муассири худ дар “Ҷазираи ҷаҳонӣ” нерӯҳои ниёбатиеро эҷод карданд, ки дар хидмати ҳифзи манофеи онҳо қарор доранд. Як нигоҳ ба сохтори қудрат дар Чин, Русия, Эрон, ҷаҳони араб ва Аврупо кофист, то битавонем ба содагӣ ин нерӯҳои ниёбатиро дар ҳукуматҳои онҳо шиносоӣ ва мушаххас кунем. Онҳо ояндаи кишвари худро бо Ғарб мебинанд ва Шарқро дар раддаи дувум қарор медиҳанд.

Муҷоҳидин ва Толибони Афғонистон низ аз ҳамин ҷумла буданд, ба истиснои Аҳмадшоҳи Масъуд. Муборизаи ӯ дар имтидоди хатти тақобули ин ду нерӯи ҷаҳонӣ сурат гирифт ва зиндагиаш замоне ба поён расид, ки ин тақобул ба марҳалаи ҳассос ва таъйинкунандаи худ расид.

Шахсияти таърихие чун Масъудро ҷиҳоди Афғонистон ба саҳнаи “Бозии бузург” овард, аммо Шӯравӣ он андоза душманӣ бо Масъуд надошт, ки маъмулан тасаввур мешавад.

Тақобули авруосиёгароён ва атлантикгароён бар сари тасоҳуби қудрат дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳамон рӯзҳои таъсиси ин абарқудрат ҷараён дошт. Иосиф Сталин, ки бо канор задани Владимир Ленини атлантист («муздури Олмон»), аз сӯи генералҳои Русияи подшоҳӣ ба унвони як “меҳанпараст” ташхис дода ва ба қудрат расонда шуд, то поёни умр “атлантистҳо”-ро саркӯб кард ва бо эҷоди низоми ҷадиди коммунистӣ, сармоядории онҳоро ба чолиш кашид (Чини Мао Сэдун низ ҷуғрофиёи дигари авруосиёгароён буд.) Аммо бо рӯи кор омадани Никита Хрушёв, атлантистҳо бори дигар ҷон гирифтанд, то ин ки бо Михаил Горбачёв рӯзгори Шӯравиро табоҳ карданд.

Яке аз “шоҳкориҳое”, ки атлантистҳои Шӯравӣ, дар раъси онҳо аносире аз КГБ, бо ҳамдастии истихбороти ғарбӣ ба вуҷуд оварданд, кашондани Артиши Сурх — қудратмандтарин артиши ҷаҳон ва пойгоҳи аслии авруосиёгароён — ба ботлохи Афғонистон буд. То ба имрӯз касе аз ин роз сар дарнаовардааст, ки чаро чаҳор сол (1979 то дами марг 1984) фармондеҳии кулли нерӯҳо дар Афғонистонро Юрий Андропов, раиси КГБ-и Шӯравӣ, бар уҳда дошт. Дарвоқеъ, он гуна ки план шуда буд, ботлохи Афғонистон амалан Артиши Сурхи қудратмандро ба бахше аз таърих табдил кард.

«ГРУ», Идораи истихбороти низомии Вазорати дифои Шӯравӣ ва яке аз қудратмандтарин созмонҳои истихборотии ҷаҳон, пас аз се соли ҳузур дар Афғонистон, дар миёни дигар фармондеҳоне, ки бо пулу имконоти ғарбиҳо шиори “барафроштани парчами Ислом бар фарози Кремл”-ро сар медоданд, Аҳмадшоҳ Масъудро шахсияте меҳанпараст ё авруосиёгаро ташхис дод.

Валентин Фалин, яке аз мушовирони маҳрами раҳбарони Кремл, пас аз охирин дидори Леонид Брежнев ва Бабрак Кормал дар соли 1982 ба ин натиҷа расид, ки бо як раҳбари муздур на Афғонистон ба ҷое мерасад ва на Шӯравӣ дар Афғонистон муваффақ хоҳад шуд. Ӯ дар китоби хотироташ менависад: "Вақте як бузургзодаи шарқӣ мегӯяд: "Назари шумо барои ман фармон аст", ман ба ӯ эътимод намекунам”. Фалин менависад, ки мо ба афроде ниёз дорем, ки дар миёни мардумашон “ба садоқат ва устуворӣ дар боварҳояшон шинохта мешаванд”. Ва ӯ аз генерал Абдулқодири парчамӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ном мебарад.

Дар соли 1982, дар буҳбуҳаи ҷанг, Анатолий Ткачёв, афсари «ГРУ»-и Шӯравӣ, бо миёнҷигарии Мирдод Панҷшерӣ, як панҷшерии мансабдори ҳукумат, ва ба гунаи пинҳонӣ аз ҳукумати Бабрак Кормал ва КГБ-и Шӯравӣ, бо Масъуд дидор кард. Натиҷаи расмии он як оташбаси якунимсола буд. Масъуд набояд пойгоҳҳо ва корвонҳои Шӯравиро ҳадаф қарор медод ва Шӯравӣ низ дигар ба қаламрави нуфузи Масъуд, ки дар он замон Панҷшер буд, ҳамла намекард.

Аммо муҳимтарин нуктаи тавофуқи онҳо чизи дигаре буд: Шӯравӣ тааҳҳуд кард, ки дар даргириҳои маҳаллии Масъуд бо Ҳизби Исломии Гулбиддин Ҳикматёр, ба гунаи пинҳонӣ аз ӯ ҳимояти лужистикӣ ва зарур ояд пуштибонии тӯпхонаӣ ва ҳавоӣ кунад.

Оташбас ба Масъуд имкон дод, ки аз ин вақфа дар ҷанг барои созмондиҳии муҷаддади нерӯҳои худ, иҷрои тарҳи эҷоди “Панҷшерҳои дигар”, эҷоди ниҳодҳои идораи мулкӣ, захирасозии силоҳ ва густариши нуфузи худ ба вилоятҳои ҳамҷавор истифода кунад.

Табъан ин ҷо ин пурсиш матраҳ мешавад, ки чаро Шӯравӣ чунин имтиёзеро ба Масъуд дод — ба шахсе, ки умдатарин мушкил, балки душмани №1-и он дар Афғонистон буд?

Муаррихон, ба вижа ҳаводорони Масъуд, оташбасро пирӯзӣ ва ба расмият шинохтани қудрати Масъуд аз сӯи абарқудрате ба номи Шӯравӣ ва ҳатто нишонаи заъфи он талаққӣ кардаанд ва мекунанд. Ҳукумати Бабрак Кормал ба шиддат мухолифи ин тавофуқ буд, зеро дар пайи он Масъуд ба унвони ҳокими биломунозеи Панҷшер, он ҳам аз сӯи Иттиҳоди Шӯравӣ, ба расмият шинохта мешуд; яъне нерӯе мувозӣ дар баробари Кобул. Аз ҳамин рӯ, Хадамоти амнияти давлатии Афғонистон (ХОД), ки таҳти контроли КГБ буд, талош мекард ин тавофуқро барҳам бизанад. Дар Покистон, маркази амалиётии атлантистҳо, Масъудро “ҷосуси КГБ” хонданд.

Баъдтар дар Маскав, аносири атлантистҳо дар КГБ ва Вазорати дифои Шӯравӣ Ткачёвро ба иттиҳоми “ҳамкорӣ бо бандитҳо” чандин бор мавриди бозҷӯӣ қарор доданд. Аммо дар соли 1984 дар Кобул, ХОД Мирдод Панҷшериро зиндонӣ кард ва ӯ танҳо дар соли 1990 озод шуд.

Муҳимтар аз ҳама, тарҳе, ки Ткачёв ва Масъуд бар сари он тавофуқ карда буданд, иҷро шуд. Ин чӣ тарҳе буд? Поксозии Шимол аз нерӯҳои Гулбиддин Ҳикматёр, ба вижа манотиқи марзии Шӯравӣ. Ҳузури Ҳикматёр дар марзҳои Шӯравӣ ба маънои ҳузури Покистон ва ҳомиёнаш — Амрико ва Арабистони Саудӣ — талаққӣ мешуд. Аз сӯи дигар, Ҳикматёр рақиби аслии Масъуд на танҳо дар Шимол, балки дар саросари Афғонистон буд. Ӯ то ба имрӯз натавонистааст оташи нафрати худро нисбат ба Масъуд фурӯ нишонад, зеро маҳз Масъуд буд, ки иҷоза надод ӯ ба қудрат бирасад.

ГРУ, ё истеблишменти низомии «авруосиёӣ»-и Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Масъуд нерӯи ҳамсӯе дар мубориза бо атлантистҳо ва як муттаҳиди билқувваи геополитикӣ медид. Дар воқеъ, душманони Масъуд ҳамон нерӯҳое буданд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар саросари ҷаҳон бо онҳо муқобила мекард. Покистон, Эрон, кишварҳои арабӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупо ва ҳатто Чин, ки пас аз Мао Сэдун дар соли 1979 ба дасти атлантистҳо афтода буд, ҳамагӣ дар майдони набарди Афғонистон алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва режими коммунистии таҳти ҳимояти он дар Кобул басиҷ шуда буданд.

Ҳеҷ яке аз онҳо Масъудро гузинае барои раҳбарии кишвар намедид. Ҳар кадом аз як чеҳраи ҷиҳодӣ ҳимоят мекарданд, ба ҷуз Масъуд. Покистон ва Си-Ай-Эй рӯи Ҳикматёр ҳисоб мекарданд. Аъроб, ба вижа Арабистони Саудӣ, Масъудро касе медонистанд, ки “ба забони эрониҳо” суҳбат мекунад. Эрон мехост Масъуд ва нерӯҳояшро як “Ҳамос” ва “Ҳизбуллоҳ” бибинад. Интихоби Аврупо ва Чин низ як тоҷик набуд; ҳама бар ин бовар буданд, ки дар Афғонистон фақат паштунҳо “ҳаққи подшоҳӣ” доранд.

Қудратҳои ғарбӣ Масъудро як ҷангҷӯи исломгарои ихвонӣ ва мухолифи идеологии “низоми куфр”-и Шӯравӣ медиданд — дақиқан ҳамон тасвире, ки муҷоҳидин мекӯшиданд дар баробари ҳомиёни атлантисти худ барҷаста созанд. Аммо Масъуд дидгоҳи хоси худро дар бораи Афғонистони озод ва мустақил дошт; Афғонистоне раҳо аз диктаи хориҷӣ ва ба унвони бахши ҷудоинопазири хонаводаи Авруосиё. Дар он солҳо ӯ алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷиҳод мекард, аммо душмани аслии ӯ ҳамон “ҳомиёни ҷиҳод” — атлантистҳо буданд, ҳамон нерӯҳое, ки ҳам ӯро ва ҳам тарҳи ӯро барои оянда Афғонистон намепазируфтанд.

Таърих ҳама чизро собит кард. Покистон ва Эрон давлати Раббонӣ — Масъудро ба чолиш кашиданд. Робин Рафел, намояндаи вижаи Амрико, дар Қасри Истолиф аз Масъуд хост, ки қудратро ба Толибон таслим кунад. Аъроб, ба вижа Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб, низ рӯи Толибон сармоягузорӣ карданд.

Иттиҳоди Шӯравӣ - пойгоҳи авруосиёгароӣ низ ба дасти атлантистҳо суқут кард. Онҳое, ки мегӯянд, ин суқут аз Афғонистон ва дискретидатсияи Артиши Сурх шуруъ шуд, иштибоҳ намекунанд. Русҳо на танҳо аз ҳукумати Наҷибуллоҳ, ки дар ҷанги Ҷалолобод короии худро ба намоиш гузошта буд, балки аз ҳукумати Раббонӣ — Масъуд низ ҳимоят накарданд. Масъуд танҳо монд ва Кобулро ба Толибон — "артиши Зоҳиршоҳ” — вогузор кард.   

Зуҳури Толибон дар соли 1994 моҳияти тақобул миёни авруосиёгароён (Масъуд) ва атлантистҳо (Толибон)-ро дар Афғонистону минтақа ба шиддат тағйир дод. Чашмандози геополитикӣ низ дигаргун шуд. Чин, Русия ва Эрон пружаи “Толибон”-ро як моҷароҷӯии хатарноки амрикоӣ медонистанд, ки аз тариқи он Вашингтон — "парчамбардори ҷаҳони озод ва демократӣ" — бо дастури кори тозае ва бо такя бар нерӯе ба шиддат иртиҷоӣ ва зиддимодернистӣ вориди майдон мешуд. Толибон ба омили аслии эҷоди “Гурӯҳи панҷ ё панҷгонаи Шонгҳой” дар 26 апрели соли 1996 — салафи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой — табдил шуданд.

Авруосиёгароён бедор шуданд, аммо хеле заиф буданд. Генералҳои Русия, кишваре, ки барои нахустин бор дар таърих ба дасти ҳукумате шадидан ғарбгаро ё атлантист афтода буд, ба гунаи пинҳонӣ ва маҳдуд аз Масъуд ҳимоят мекарданд; фақат ба андозае, ки суқут накунад. Ҳинд ошкоро дар канори Масъуд қарор дошт, аммо имконоташ маҳдуд буд ва дағдағаи аслиаш низ дарвоқеъ Покистон буд. Ҳинд аз ҳамон замон “қибла” – и худро ба сӯи атлантистҳо тағйир дода буд ва ин ҳақиқат имрӯз офтобӣ шудааст. Истихбороти Ҳинд дар ҷабҳаи Масъуд ба нафъи Амрико кор мекард (9 сентябри соли 2001 акси пайкари Аҳмадшоҳи Масъудро як доктори ҳиндӣ барои Си-Ай-Эй фиристода буд).

Эрон бо Толибон таомули хуб дошт ва танҳо пас аз кушта шудани дипломатҳояш дар Мазори Шариф буд, ки “охундҳои Кобул”-ро шинохт. Тоҷикистон ошкоро аз Масъуд ҳимоят мекард, аммо дар вазъияти иқтисодии хубе қарор надошт, балки худ даргири ҷанги дохилӣ буд. Дигар ҳамсояҳо наззора мекарданд, ки паллаи тарозу ба кадом сӯ сангинӣ мекунад.

Муқовимати Масъуд танҳо сипари минтақа ва ҳамсояҳо буд. Ин муқовимат кумак кард, то минтақа пас аз шоки фурӯпошии Шӯравии абарқудрат сару сомони худро пайдо кунад. Дар 26 марти 2000, дар натиҷаи тавофуқе эълоннашуда миёни генералҳо (авруосиёгароён) ва олигархия (атлантикгароён)-и Русия, Владимир Путин, афсари КГБ, дар Русия ба қудрат расид. Ҷанги дохилии Тоҷикистон ба поён расид, аз ҷумла бо ҳамкориву талошҳои Масъуд.

Масъуд дар моҳи июли соли 2000 дар Душанбе, дар ҳошияи панҷумин нишасти “Панҷгонаи Шонгҳой”, бо раҳбарони кишварҳои узви созмон — Русия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон — ва меҳмони нишаст, Ӯзбекистон, дидорҳои маҳрамонае анҷом дод; чизе, ки Ғарбро ба шиддат нигарон сохт, зеро пазироӣ аз Масъуди саркаш аз сӯи рақибони Ғарб ба маънои ҳимоят аз ӯ ва барбод рафтани барномаи атлантистҳо дар Афғонистон буд, он чӣ бо ҳамлаи низомӣ ва 20 соли ҳузури Амрико ва НАТО тасбит шуд.

Тағйири вазъи майдони ҷанги Афғонистон ба нафъи Масъуд низ ин нигарониро меафзуд. Толибон ва муттаҳидони онҳо аз “интернатсионали террористӣ” ба раҳбарии “Ал-Қоида” — нерӯе, ки дар хидмати барномаҳои атлантистҳо буд — дигар пешравӣ намекарданд ва ба бунбаст афтода буданд. Ҷабҳаи муқовимат нуфузи худро аз Ҳиндукуш ба саросари кишвар густариш медод. Навъе аз тавозуни қувваҳо шакл гирифта буд, ки дар он нишонаҳои суқути эҳтимолии Толибон аз ҳамон замон ба чашм мехӯрд.

Танҳо як ҷарақа зарур буд, ки ҳукумати Толибон пош хӯрад. Ин ҷарақа пуштибонии минтақа дар симои “Панҷгонаи Шонгҳой” буд, ки дар нишасти Душанбе ба як созмони байнулмилалӣ табдил ёфт ва як сол пас бо узвияти Ӯзбекистон номи он ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой тағйир ёфт.

Ғарбиҳо аз Толибон маъюс шуда буданд (“артиши Зоҳиршоҳ” қарор буд зимоми умури Афғонистонро ба амрикоиҳо вогузор кунад, аммо чунин накард. Дидори Масъуд ва Рафелро ба ёд биёред). Аммо ин ба он маъно набуд, ки онҳо аз Масъуд ҳимоят хоҳанд кард — ӯ низ шурути онҳоро напазируфта буд. Гэри Шроен, масъули тамосҳои Амрико бо Масъуд, бори охир дар Порис бо ӯ дидор кард ва пас аз мулоқот ба бародари Масъуд гуфт: “Қумондон тағйир накардааст, аммо тағйир хоҳад омад”.

 

Атлантистҳо (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО) ба ин натиҷа расиданд, ки агар худ вориди Афғонистон нашаванд, бо ин нерӯҳои ниёбатӣ, ки ҳатто натавонистанд ба ҳисоби Масъуд расанд, набарди сарнавиштсозро хоҳанд бохт ва барномаҳои онон барои эҷоди як ҳукумати дастнишонда, истиқрори пойгоҳҳои низомӣ ва ҷойгир шудан дар марзҳои Чин ва Русия — дар маънои густардатар, табдили Афғонистон ба як “Исроили ҷадид” миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ — бо шикаст рӯбарӯ хоҳад шуд.

Аммо нигаронии онон аз Толибон ё гурӯҳҳои террористӣ набуд; нерӯҳое, ки пойгоҳи мардумӣ надоштанд ва дар миёни мардум мардуд ва манфур буданд. Мушкили умдаи онон Масъуд буд, ки эълом карда буд, агар ҳар қудрати хориҷӣ ба Афғонистон ҳамла кунад, ӯ дар канори Толибон қарор хоҳад гирифт.

Дар 9 сентябри 2001 Аҳмадшоҳи Масъуд дар натиҷаи як ҳамлаи террористӣ ба шаҳодат расид — аз ҷумла бо ҳамкории аносири атлантист дар атрофи ӯ, ки бар хилофи Масъуд ба зудӣ дасти иттиҳод бо нерӯи хориҷӣ доданд ё ба забони содда, ормони ӯро фурӯхтанд.

Ҳазфи Масъуд заъфи авруосиёгароён ва қудрати атлантистҳоро ба намоиш мегузорад. Агар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчунон вуҷуд медошт ё агар Путину Си Ҷинпини имрӯз дар он замон аз ҷойгоҳ ва нуфузи кунунии худ бархӯрдор мебуданд, ҳаргиз иҷоза намедоданд чунин муҳраи муҳим ва калидӣ дар тахтаи шоҳмоти Афғонистон ва минтақа ҳазф шавад. Аммо гумони инҷониб бар он аст, ки онҳо ин қурбониро амдан доданд, то ба он чӣ расанд, ки имрӯз расиданд – атлантистҳо дар Авруосиё на фақат ки ақибнишинӣ мекунанд, балки саркӯб мешаванд.

Аз ин хотир, дар соли 2001 иҷоза доданд Иёлоти Муттаҳида ва НАТО вориди Афғонистон шаванд ва рӯи Толибон сармоягузорӣ карданд; Толибоне, ки то он замон аз сӯи холиқони худ монанди чизи дигар ғайризарурӣ ва ғайриқобили истифода, ба канор андохта шуда буданд.

Толибон имрӯз зоҳиран дар масири авруосиёгароии Масъуд – Афғонистони озоду мустақил ва узви хонаводаи бузурги Авруосиё - пеш мераванд, аммо офарандагони худро низ нодида намегиранд, мавқеъе, ки шояд сари онҳоро хӯрад, чун наметавон дар як замон бар ду курсӣ нишаст. Бо ин вуҷуд, онҳо фурсат доранд, ки интихоби масъудӣ кунанд.

Аксари ҷабҳаҳои зидди Толибон низ дар хатти атлантистҳо қарор гирифтаанд; чизе, ки муқовимати онҳоро аз муқовимати Масъуд мутамойиз мекунад. Ҷабҳаи муқовимати миллии Аҳмади Масъуд дар хатти авруосиёгароӣ қарор дорад ва решаи интиқодҳо алайҳи онро бояд дар ҳамин воқеият ҷустуҷӯ кард.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!