Хабари рӯз

Чӣ гуна Амрико тавассути пойгоҳҳояш кишварҳои арабиро “медӯшад”?

Нависанда: Довуд Иброҳимхел, дипломати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон

Мавҷудияти пойгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида дар кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс на як моҷароҷӯии сода, балки бахше аз як сохтори печидаи геополитикӣ аст, ки тайи даҳсолаҳо шакл гирифтааст. Аммо ҳақиқат он аст, ки умед ба амнияти ин кишварҳо на аз эътимод ба худ, балки аз миллиардҳо доллар боҷи молӣ ва таслиҳотӣ ҳосил шудааст; боҷҳое, ки сарвати умумии ин миллатҳоро ба сӯи Амрико сарозер сохта ва амнияти воқеӣ барои онон ба армуғон наёвардааст.

Кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, бавижа Қатар, Баҳрайн, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ, на танҳо замин ва имконоти худро дар ихтиёри нерӯҳои низомии Амрико гузоштаанд, балки миллиардҳо доллар барои сохт, тавсеа, нигаҳдории пойгоҳҳо ва хариди таслиҳоти амрикоӣ пардохтаанд; боҷе, ки дар ниҳоят боиси вобастагӣ, тазъифи тавони дифоъии мустақил ва тасҳили тавсеаталабии Амрико ва Исроил шуда, ки аз вазъияти минтақа баҳра бурдаанд.

Қатар ва пойгоҳи ал-Удайд; Сармоягузории калон барои умеди амнияти номаълум

Пойгоҳи ал-Удайд дар Қатар яке аз муҳимтарин марказҳои ҳузури низомии Амрико дар минтақа аст. Аммо пушти ин ҳузур, достоне аз ҳазинаҳо ва масорифи сарсомовар ва тааҳҳудоти калон нуҳуфтааст. Тайи чанд соли гузашта, Қатар ҳудуди 8 то 10 миллиард доллар сарфи сохт, тавсеа ва таҷҳизоти логистикии пойгоҳи ал-Удайд кардааст.

Қатар мутааҳҳид шуда ҳадди ақал то даҳ соли дигар иҷозаи ҳузури нерӯҳои амрикоиро бидиҳад ва замин, имконот ва зерсохтҳоро дар ихтиёри онон нигаҳ дорад. Қарордодҳои таслиҳотии Қатар бо Амрико болиғ бар 50 миллиард доллар аст ва шомили ҷангандаҳо, системҳои дифои ҳавоии пешрафта ва таҷҳизоти тахассусии дигар мешавад.

Ҳузури Амрико ва таслиҳоти гаронқимат на танҳо амнияти воқеӣ барои мардуми Қатар ба ҳамроҳ надошта, балки кишварро дар як чархаи вобастагӣ ва боҷдеҳии мустамир гирифтор кардааст.

Баҳрайн ва Қувваи панҷуми Амрико; баҳое барои амнияти номутмаин

Баҳрайн, кӯчактарин кишвари ҳавзаи Халиҷ, мизбони Қувваи панҷуми Амрико аст.

Дар даҳаи гузашта, Баҳрайн миллиардҳо доллар сарфи тавсеаи бандарҳо, пойона (платформа)-ҳои дарёӣ, имконоти логистикӣ ва ҳимоятии ин қувва кардааст. Қарордодҳои таслиҳотии ин кишвар бо Амрико болиғ бар 6 то 8 миллиард доллар будааст.

Дастрасии ин қувва ба бандарҳо, имконоти дарёӣ ва ҳамкории иттилоотии густурда аст. Дар натиҷа вобастагии Баҳрайн ба Амрико афзоиш ёфта, аммо амнияти воқеӣ ҳосил нашуда ва бадамнӣ идома ёфтааст. Ин вобастагӣ ҳамчунин заминасози тасҳили тавсеаталабии Исроил ва қудратҳои хориҷӣ шудааст.

Кувайт ва пойгоҳҳои Амрико

Истиқрори нерӯҳои амрикоӣ бо ҳазинаҳои қобили таваҷҷуҳ ҳамроҳ будааст. Ҳазинаи тавсеа ва нигаҳдории пойгоҳҳо 5 то 7 миллиард доллар ҳазина доштааст. Қарордодҳои таслиҳотии ин кишвар бо Амрико болиғ мегардад аз 8 то 10 миллиард доллар. Иҷозаи захираи таҷҳизот ва истифодаи амалиётӣ аз хоки Кувайт низ шомили тавофуқ аст.

Дар натиҷа вобастагии амалиётӣ эҷод шудааст, амнияти мустақил камтар тазмин шуда ва кишвар ногузир ба идомаи пардохти боҷ барои ҳифзи ҳузури Амрико хоҳад буд.

Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва пойгоҳи аз-Зофра

Ҳазинаи сохт ва тавсеаи пойгоҳи аз-Зофра ва имконоти лужистик 6 то 8 миллиард доллар баровард шудааст.

Қарордодҳои таслиҳотии 30 то 40 миллиард доллар шомили ҷангандаҳо, системҳои дифои ҳавоӣ, паҳпод ва хадамоти логистикӣ шомили тавофуқ мебошад. Ҳамчунин истифода аз ҳарими ҳавоӣ, ҳимояти иттилоотӣ, ҳузури нерӯҳои Амрико низ тааҳҳуд гардидааст.

Дар натиҷа миллиардҳо доллар пардохт шудааст, аммо амнияти воқеӣ ҳосил нашуда ва ҳузури пойгоҳ ва таҷҳизот, бештар вобастагӣ ва тасҳили аҳдофи тавсеаталабонаи Исроилро тақвият карда ва ин кишварро дар маърази ҳамалоти мутақобили Эрон қарор додааст.

Арабистони Саудӣ; ғули боҷдиҳанда

Ҳазинаи тавсеаи пойгоҳҳо ва имконоти лужистик 10 то 12 миллиард доллар;

Қарордодҳои таслиҳотии 142+ миллиард доллар.

Имтиёзот:

Пойгоҳи ҳавоӣ, имконоти логистикӣ, ҳамкории иттилоотӣ ва амалиётӣ;

Дар натиҷа бо ин ҳаҷми ҳазина, амнияти воқеӣ барқарор нашуда ва кишварҳо ногузир хоҳанд буд, ҳатто дар оянда миллиардҳо доллари дигар барои ҳифзи пойгоҳҳо ва таҷҳизот пардохт кунанд ва тан ба хостаҳои Амрико бидиҳанд.

Паёмади воқеӣ: амният ё вобастагӣ?

Кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс миллиардҳо доллар барои пойгоҳҳо ва лужистики Амрико ҳазина кардаанд, садҳо миллиард доллар сарфи қарордодҳои таслиҳотӣ бо Амрико шудааст, замин, имконот, ҳарими ҳавоӣ ва хадамоти иттилоотиро дар ихтиёри Амрико гузоштаанд.

Дар ҷанг байни Амрико ва Исроил алайҳи Эрон, маълум шуд, ки ҳатто ҳазинаи дифоъ аз ин пойгоҳҳо низ ба уҳдаи ин кишварҳо будааст.

Аммо дар натиҷаи ҳамаи ин ҳазинаҳо ва масориф амнияти воқеӣ ҳосил нашуда ва бадамнӣ, вобастагӣ ва тавсеаталабии Амрико ва Исроил афзоиш ёфт. Ин кишварҳо акнун дар чархае аз боҷдеҳии мустамир ва ҳазинаҳои оянда гирифтор ҳастанд.

Акнун ки дар ҳамалоти мутақобили Эрон ин пойгоҳҳо ва таҷҳизоти Амрико тахриб ё ниёзманди бозсозӣ шудааст, ба яқин ки ҳазинаҳои сохтусози муҷаддади ин пойгоҳҳо ба дӯши ин кишварҳо хоҳад буд ва онҳо ногузир хоҳанд шуд бо хостаҳои аҷиб ва боҷгириҳои Трамп низ мувоҷеҳ шаванд ва ҳатто мумкин аст аз онҳо хоста шавад то бахше ё тамоми ҳазинаҳои ҷанги Амрико бо Эронро мутақобил шаванд.

Ҳузури Амрико дар Халиҷи Форс, дар ҳақиқат на амният, балки як чархаи боҷдеҳии геополитикӣ ва вобастагии таҳмилӣ эҷод кардааст; кишварҳое, ки миллиардҳо доллар додаанд ва дар муқобил бештар аз пеш дар маърази таҳдидот, фишорҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ боқӣ мондаанд ва масири пеши рӯ низ пур аз ҳазинаҳои эҳтимолӣ ва вобастагии бештар аст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!