Чаро Покистон раҳбарони Толибонро ҳазф намекунад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсату геополитика, махсус барои “Сангар”
Кашмакаши ҷорӣ миёни Толибон ва Покистонро наметавон сирфан дар чаҳорчӯби танишҳои марзӣ ё амниятии маъмул таҳлил кард; ин вазъият дарвоқеъ бахше аз як чархаи печида аз бозиҳои иттилоотӣ ва роҳбурдӣ дар сатҳи минтақаӣ аст, ки чандин бозигари муҳимро ба сурати мустақим ва ғайримустақим даргир кардааст. Барои дарки беҳтари ин муодила, бояд ба пайванд миёни аҳдофи амниятӣ, рақобатҳои геополитикӣ ва мулоҳизоти қудратҳои бузург таваҷҷуҳ дошт.
Яке аз пурсишҳои асосӣ ин аст, ки чаро Покистон, бо вуҷуди дастрасӣ ба иттилооти дақиқ дар бораи маҳалли раҳбарони Толибон, иқдом ба ҳазфи физикии онон намекунад. Посух дар ниёзи роҳбурдии Исломобод ба Толибон ниҳфтааст. Толибон барои Покистон абзори муҳимме дар мудирияти бенизомии контролшуда дар минтақа маҳсуб мешаванд. Аз сӯи дигар, чунин иқдом бидуни дар назар гирифтани мулоҳизот ва ҳамоҳангӣ бо Иёлоти Муттаҳида низ имконпазир нест, зеро муодилаи Афғонистон ҳамчунон дар чаҳорчӯби таъомулоти густардатари байналмилалӣ таъриф мешавад.
Дар ин миён, нигаронии ниҳодҳои амниятии минтақавӣ низ қобили таваҷҷуҳ аст. Ташдиди таниш миёни Толибон ва Покистон метавонад ба тазъифи сохтори қудрати Толибон бианҷомад ва дар натиҷа, замина барои тақвияти гурӯҳҳое монанди ДОИШ Хуросон фароҳам шавад. Чунин вазъияте на танҳо хатари густариши терроризмро афзоиш медиҳад, балки метавонад боиси бенизомии амиқтар дар минтақа гардад.
Чин ва Русия низ бо ҳассосияти боло таҳаввулоти Афғонистонро думбол мекунанд. Дар шароите ки ин ду қудрат даргири буҳронҳои муҳиме дар ҳавзаҳои дигар ҳастанд, гушуда шудани як буҳрони ҷадид дар Афғонистон метавонад ононро ногузир ба мудохила кунад. Нигаронии аслӣ ин аст, ки фишори беш аз ҳад бар Толибон, ононро ба самти муомилаҳои ғайримунтазира, аз ҷумла тавофуқи эҳтимолӣ бо Иёлоти Муттаҳида бар сари пойгоҳи Багром, савқ диҳад. Чунин сенарияе метавонад мувозинаи қудрат дар минтақаро ба таври ҷиддӣ тағйир диҳад.
Дар сатҳи дигар, рақобат миёни Ҳинду Покистон нақши таъйинкунандае дар шаклгирии ин танишҳо дорад. Наздикии эҳтимолии Деҳлии Нав бо Толибон, аз диди Исломобод таҳдиде мустақим талаққӣ мешавад, зеро метавонад нуфузи Покистон дар Афғонистонро тазъиф карда ва масири дастрасии Ҳинд ба Осиёи Марказиро ҳамвор созад. Дар ин чаҳорчӯб, Покистон талош мекунад бо аъмоли фишори низомии маҳдуд, Толибонро аз густариши равобит бо Ҳинд боз дорад ва ононро ба самти ҳамсӯии бештар бо сиёсатҳои худ суқ диҳад.
Ин фишорҳо ҳамчунин ҳомили паёми рӯшанест: Толибон бояд дар интихоби шарикони минтақавии худ таҷдидназар кунанд. Ҳадафи Покистон қатъ ё маҳдудсозии иртибототи истихборотии Толибон бо бозигаронест, ки хориҷ аз мадори нуфузи Исломобод қарор доранд. Дар айни ҳол, Покистон дар пайи он аст, ки Толибонро аз як бозигари номуътамад ба як шарики қобили контрол ва қобили пешбинӣ табдил кунад.
Бо ин ҳол, ҳадафи Покистон суқути Толибон нест, балки маҳор ва ҳидояти онон аст. Исломобод ба ин натиҷа расида, ки ҳифзи Толибон дар қудрат, барои таҳаққуқи умқи стратегикии ин кишвар дар Афғонистон зарурӣ аст. Аз ин рӯ, сиёсати ҷории Покистонро метавон “танбеҳи маҳдуд” номид, рӯйкарде, ки на ба ҷанги тамомайёр меанҷомад ва на ба сулҳи комил.
Дар сӯи муқобил, Толибон бо як дуроҳаи роҳбурдӣ мувоҷеҳанд. Онон ё бояд масири ҳамкорӣ бо Покистонро бипазиранд ва дар чаҳорчӯби хостаҳои он амал кунанд, ё вориди як бозии бузургтари минтақавӣ шаванд; масире, ки бо таваҷҷуҳ ба шиканандагии сохтори дохилиашон, метавонад пурҳазина ва ҳатто хатарнок бошад.
Дар ниҳоят, бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ин таҳаввулот дар бистари як назми чандқутбӣ ва бенизом дар ҳоли шаклгирӣ рух медиҳад. Ҳар таҳаввули ногаҳонӣ дар сатҳи минтақа ё ҷаҳон метавонад мувозинаи мавҷудро бар ҳам бизанад ва муҳосиботи Покистонро дастхуши тағйир кунад. Ба ҳамин далел, Исломобод талош дорад аз фурсатҳои мавҷуд барои эъмоли контрол бештар бар Толибон истифода кунад, пеш аз он ки таҳаввулоти бузургтар, ин имконро аз он салб кунад.
Дар ҷамъбандӣ метавон гуфт, ки кашмакаши кунунӣ миёни Толибон ва Покистон, на як рӯёрӯии сода, балки бахше аз як бозии печидаи қудрат аст, ки дар он, контрол, маҳор ва ҷиҳатдиҳӣ ба як бозигари ғайридавлатӣ, ба абзори аслии рақобати геополитикӣ табдил шудааст.