Бетаваҷҷуҳии Ҳибатуллоҳ хашми Туркияро барангехтааст.
Нависанда: Фазл Аҳмад Маънавӣ, вазири пешини адлияи Афғонистон, махсус барои “Сангар”
Моҳи гузашта, раиси истихбороти Туркия дар раъси як ҳайати ҳамоҳангшуда бо Қатар вориди Кобул шуд, то дар бораи нигарониҳои амниятии ношӣ аз Афғонистон бо мақомоти Толибон гуфтугӯ кунад. Мақомоти Толибон тасмимгирӣ дар мавзӯъҳои асосиро ба Мулло Ҳайбатуллоҳ ҳавола карданд. Ҳайат ба Қандаҳор рафт, вале раҳбари Толибон ҳозир ба дидор нашуд ва Мулло Ширин, Мулло Толиб ва Забеҳуллоҳ Муҷоҳидро барои интиқоли паёмҳо муваззаф сохт.
Туркия бо ёдоварӣ аз муоҳидаи амниятии Макка таъкид кард, ки дар мавриди қазияҳои марбут ба Покистон бетараф нахоҳад буд ва Толибон бояд мавзеъи худро ба таври возеҳ рӯшан созанд. Равобити Толибон бо Таҳрики Толибони Покистон (TTP), муносибатҳои амниятӣ бо Эрон, ҳузури муҷаддади шабакаи Алқоида, бавижа Ҳамза бин Лодан ва фаъолияти гурӯҳҳои мухолифи Ӯзбекистон аз мавзӯъҳои мавриди баҳс буданд.
Туркия ва Қатар ҳамчунин хостори мушаххас шудани мавзеъи Толибон дар бораи ташкили ҳукумати ҳамашумул, касби машрӯъияти сиёсӣ ва поён додан ба мамнӯъияти омӯзиш ва кори занон шуданд.
Посухи Толибон дар қиболи Покистон дупаҳлу ва маънодор буд. Онон Покистонро кишвари мусулмон ва бародар хонданд, ки дар ду давраи ишғол дар канорашон истода ва кумак кардааст ва таъкид карданд, ки хоҳони ҷанг бо он нестанд. Дар айни ҳол, фаъолияти Таҳрики Толибони Покистонро мушкили дохилии Покистон донистанд ва масъулияти маҳори онро напазируфтанд. Толибон тасреҳ карданд, ки Покистон метавонад дар ҳар нуқта аз хоки Афғонистон, ки ҳузури мухолифони худро собит кунад, онҳоро мавриди ҳадаф қарор диҳад.
Дар мавзӯи Эрон, ҳайат муддаӣ буд, ки дар ҷараёни ҷанг дар Ховари Миёна, кумакҳои Русия аз масири Афғонистон вориди Эрон шуда ва Толибон ба таври ғайримустақим дар ҷанг бо Эрон ҳамкорӣ кардаанд. Толибон ҳар гуна ҳамкории низомӣ, истихборотӣ ва логистикиро рад карданд ва тасреҳ намуданд, ки дар майдони Эрон бозӣ нахоҳанд кард.
Ҳайат ҳамчунин дар бораи ҳузури Алқоида, ба вижа Ҳамза бин Лодан, тавзеҳ хост ва нигарониҳои Амрико ва Ғарбро матраҳ кард. Илова бар ин, дар бораи ҳузури мухолифони Осиёи Марказӣ, бахусус Ӯзбекистон, ки барои Туркия аҳамият дорад, истифсор намуд. Посухи Толибон инкори ҳузур ва фаъолияти ин шабакаҳо буд. Онон посухҳои ғайримантиқӣ ироа карданд, ки нигарониҳои амниятии минтақаро бартараф накард.
Дар мавзӯи ҳукумати ҳамашумул ва ҳуқуқи занон низ мавзеъи Толибон ҳамон мавзеъи ҳамешагӣ буд: ин масоил дохилии Афғонистон аст, дигарон ҳаққи мудохила надоранд ва дар ин маворид бо касе музокира нахоҳанд кард.
Он чӣ хашми Туркияро барангехтааст, танҳо имтиноъи Ҳибатуллоҳ аз дидор бо ҳайат нест, балки бархӯрдест, ки дар он як ҳайати олирутбаи амниятӣ ба Қандаҳор меравад, аммо раҳбари Толибон ҳозир намешавад мустақиман посухгӯи нигарониҳои минтақаӣ бошад.
Акнун масъалаи ҷанги ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ва Саудӣ ба ин печидагӣ афзудааст. Таҳаввулот дар минтақа шиддати бештаре хоҳад ёфт ва Толибон қатъан тавони мудирияти буҳрони мутаваҷҷеҳ ба Афғонистонро нахоҳанд дошт.
Гузоришҳое низ дар бораи талоши Туркия барои мизбонии як нишасти ғайриалании ҷараёнҳои мухолифи Толибон матраҳ шудаанд; мавзӯе, ки дар сурати таъйид, метавонад нишонаи тағйир дар рӯйкарди Анқара бошад.