Хабари рӯз

Рӯзҳои торик дар интизори Русия, Украина ва ҳатто кулли ҷаҳон аст. 

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”

 

Ба баҳонаи садсолагии эҷоди Иттиҳоди Шӯравӣ

Сталинизм он коммунизм набуд, ки ҳама аз таблиғот мешинохтанд.

Сталинизм як идеологияи ҷудо аз марксизм ва ленинизм буд. Асоси онро сотсиализми адолатхоҳонаи русӣ бо пояҳои ортодоксӣ ва иқтисоди давлатии таҳти раҳбарии як мустабид, яъне Сталин ташкил медод.

 Иқтисоди сталинистӣ дар таърихи башарӣ бузургтарин рушди иқтисодӣ миёни 10 то 24 дарсад дар солро ба бор овард, кишвари деҳқониро ба кишвари бузурги санъатӣ ва пас аз поёни ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ба дувумин иқтисоди ҷаҳон мубаддал сохт, ки то ҳол дар ҳеҷ куҷои ҷаҳон такрор нашудааст.

Агар Сталин 3.5 миллион аз беҳтарин инсонҳои вафодорашро дар ҷараёни ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аз даст намедод, мумкин роҳаш идома меёфт.

Аммо пас аз ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, нахуст гароиши натсионалистӣ сабаби тазъифи Сталин шуд ва баъд аз маргаш ҷиноҳи тротскистии ғарбгаро дар таҳти раҳбарии Хурушев тамоми барномаҳои Сталинро канор гузошт ва ба сӯи боз шудани иқтисод ва ҷомеа рафт.

Дар натиҷа хиштҳои системае, ки тавассути Сталин гузошта шуда буд, як ба як бардошта шуд.

Зарбаи маргбор аз замони сиёсати ҳамзистии мусолиматомези Брежнев бо Ғарб ворид шуд, ки поёни онро дар асри Горбачёв муяссар сохт.

Ҳизби коммунисти Шӯравӣ пас аз Сталин як ҳизби тротскистӣ буд.

Тамоми аҳзоби вобаста ба Ҳизби коммунисти Шӯравӣ дарвоқеъ идомадиҳандагони роҳи Тротский буданд, ки ҳадафи он оштӣ бо Ғарб буд.

Сталинизм як бадили русӣ дар баробари низоми сармоядорӣ буд, ки муттакӣ ба иқтисод бо мавлудияти баланд, вале комилан муттакӣ ба фаровардаҳои худӣ буд.

***

Путин ба ҷанг бо Ғарб бо иқтисоди сиёсии либералӣ ва арзишҳои муҳофизакоронаи ортодоксӣ рафтааст. Иқтисоди он вобаста ба хориҷ аст. Русия на аз назари рушди иқтисодӣ ва на ҳам дар кулли рушди технологӣ дар ҳадди Шӯравии даврони Сталин қарор дорад.

Алигархияи атрофи қудрат ба гунаи пинҳонӣ бо Ғарб дар муомила аст, ки дарвоқеъ сутуни панҷум дар дохили Кремлро ташкил медиҳад.

Ин режимро хатари бузург таҳдид мекунад ва он афзоиши қудрати низомиён дар ҷанг аст.

Натсионализми русӣ фаросӯи қудрати Керемл ва атрофиёни он амал мекунад. Украинаро даврони хунин дар интизор аст. Вале хунҳои ҷанги Украина домани Кремлро ҳам сурх хоҳад кард ва низомиёни баргашта аз ҷанг туфангҳояшонро ба сӯи бюрократҳои атрофи Кремл давр хоҳанд дод. Тасфияи ҳисобҳои бузург ва хунин дар Русия низ дур аз имкон нест.

Сталинизм бо Путин ва ё бидуни вай ба Русия бар мегардад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!