Хабари рӯз

Чаро Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро касе писанд намекунад?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Раҳбарии Муғулистон аз риояти тасомими Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ICC) дар мавриди Владимир Путин, раисҷумҳури Федератсияи Русия, ки дар авоили сентябри 2024 як сафари расмӣ ба Улан-Баттор дошт, худдорӣ кард, ки ин мавзӯъ таъйиди дигаре бар нокоромадӣ ва фуқдони ҳар гуна салоҳияти Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ аст.

Шуморе аз коршиносони сиёсӣ ба ин боваранд, ки сохтори мазкур салоҳияти вазъи ҳеҷ гуна таҳрими ҷиддиро бар кишварҳое, ки аз риояти хостаҳои он худдорӣ мекунанд, надорад. Аз ҷумла, Тамаш Ҳуфман, як корманди Институти мутолиоти ҳуқуқии Венгрия, мегӯяд, ҳадди аксари муҷозот барои Муғулистон метавонад маҳкумияти он дар чаҳорчӯби, ба истилоҳ, адами риоят аз сӯи Маҷмааи кишварҳои узви ICC бошад.

Дар айни ҳол, Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ бо вуҷуди номи калонаш, салоҳиятҳои фавқулодда маҳдуде дорад ва ҳеҷ механизме барои нуфуз бар кишварҳое, ки машрӯъияти онро ба расмият мешиносанд, надорад. Ин ниҳод, ба вежа, бахше аз системи Созмони Милали Муттаҳид нест ва дар амал, "хориҷ" аз қавонини байналмилалӣ қарор дорад. Назар ба асосномаи Рим, ICC вазоифи қазоиро мунҳасиран анҷом медиҳад ва ҳеҷ ҳуқуқ ё салоҳияти эъмоли фишор болои имзокунандагонро надорад. Дар чавкоти маншури созмон, як тарзуламали таъйидшуда дар мавриди имтинои як кишвар аз ҳамкорӣ вуҷуд дорад. Магар, дар ҳақиқат, ин чизе ғайр аз танбеҳро фароҳам намесозад ва Маҷмаа ҳеҷ имконот ё иқдомоти иҷбории дигаре надорад.

Дар ҳақиқат, Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ натавонистааст дар системи байналмилалии ҳифзи сулҳу амният ҷо бигирад. Баръакс, ин сохтор борҳо ва борҳо ба як фактори печида сохтани ҳалли ихтилофоти ҳам байнидавлатӣ ва ҳам дарунидавлатӣ табдил шудааст. Дар амал, тасомиме мегирифт, ки бо якдигар дар тазод буданд ва суъистифода аз таҷрибаи назариёти, ба истилоҳ, мухолифи судяҳо низ дида мешуд. ICC муқаррароти асосномаи худ ва нормаҳои ба таври куллӣ шинохташудаи ҳуқуқи байналмилалиро нақз кардааст, ки шомили талошҳо барои эъмоли қонун бар аъмоли анҷомшуда дар қаламрав ва атбои кишварҳое мешавад, ки узви Асосномаи Рим нестанд.

Қабл аз Муғулистон дар таърихи равобити байналмилалӣ мавориди имтиноъ аз ҳамкорӣ бо ICC дида мешавад. Филиппин ва Бурунди дар соли 2015 аз салоҳиятҳои судии ин маҳкама хориҷ шуданд. Дар ҳамон давра, ду хурӯҷи такмилшуда, ду хурӯҷи такмилнашуда ва як иттилоияи қасди адами узвият дар асоснома сабт шудааст.

Мавзӯъи аз даст додани иқтидор ва машрӯъияти Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар назари бахши бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ бо нақзи қавонини байналмилалӣ, адами риояти равандҳо ва мудохилаи авомили сиёсии хориҷӣ, ки ин сохтор ба сурати муназзам ба намоиш гузоштааст, муртабит аст.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!