Хабари рӯз

Оё муттаҳидони Русия дар Осиёи Марказӣ аз ҳамкории ин кишвар бо Толибон осеб хоҳанд дид?

Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Путин, ки гуфта, Толибон муттаҳиди мо дар мубориза бо терроризм аст, ишора ба моҳияти паштунистӣ/афғонистии Толибон дорад. Толибон бино ба моҳияти паштунистии худ, алоқаманди мубориза бо он идда аз ҳамсангарони худ аст, ки даъвои ҷиҳоди ҷаҳонӣ доранд.

Алқоида ва ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои террористии ҳамкори Толибон, ки мӯътақиданд ҷиҳод марз намешиносад ва бояд марзҳои исломии Чину Русияро низ дарнавардад, солҳо бо Толибон ҳамкорӣ карданд, то ин гурӯҳ қудратро дар Афғонистон ба даст гирад. Толибон ба ҳамсангарони худ ваъда дода буданд, ки бо ба даст гирифтани қудрат, чатри мутмаине барои онҳо фароҳам хоҳанд кард. Ҳоло аммо агар Толибон ба ин ваъда амал кунад, ба ин маъност, ки иҷоза диҳад, ки гурӯҳҳои террористии мухталиф алайҳи Эрон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ҳамалоти террористӣ анҷом диҳанд. Агар ин иҷозаро диҳад, тамоми кишварҳои минтақа алайҳи Толибон мешаванд ва ҳукумати ин гурӯҳ сарнагун мешавад.

 Бинобар ин, Толибон маҷбур аст, ки алайҳи ҳамсангарони худ биҷангад, то кишварҳои минтақа иҷоза диҳанд, ки ҳукумати толибонӣ давом кунад. Он гуна, ки Путин тасреҳ карда, Толибон омодаи чунин коре аст ва ба он алоқа дорад. Дарвоқеъ Толибон аз гурӯҳҳои террористии фаромарзӣ истифодаи абзорӣ кардааст. Болои онон шикори худро кард, ҳоло алайҳи онон меҷангад ба хотире, ки қудратро ҳифз кунад. Ин хосияти паштунизм/афғонизм аст. Маккор, фиребкор, ҷаълкор, ташнаи қудрат ва истифодаҷӯ.

Ҳамон гуна, ки Ғаниву Карзай алайҳи касоне, ки (нерӯҳои муқовимат) дар ба қудрат расониданашон нақши умда доштанд, тавтеа карда ва ба мурури замон дар садади паштунӣ кардани сохтори давлат ва ҳазфу тасфияи ғайрипаштунҳо шуданд, Толибон низ бо гурӯҳҳои террористии муттаҳиди худ тавтеа доранд ва мекунанд. Айман Алзавоҳириро ба Амрико фурӯхтанд ва хелеҳои дигарро ба Русияву Эрон ва Чин мефурӯшанд. Ин хислати паштунизм аст.

Ёди мо бошад, ки Русия бо Толибон аз тариқи коммунистҳои паштунист, ки дар сохтори Толибон фаъоланд, дар тамос аст. Ин коммунистҳои паштун, коммунизмро низ ба паштунизм мусодира карданд. Исломизми толибониро низ чунин мекунанд.

Бо ин ҳол, ба неруҳои сиёсии зидди Толибон, толиби ҳидоят ҳастем, ки ба асли матлаб бирасанд ва бидонанд, ки барои ҳар сиёсатмадори паштун аз чапу рост ва кофиру мусулмон, амал кардан бар мабнои тафаккури паштунистӣ як асли хадшанопазир аст.

Ман мӯътақидам, ки Русия ва Чин ва қадре ҳам Эрон зиёд нигарони Толибон ва террористҳои ҳамкори ин гурӯҳ нестанд ва фикр мекунанд, ки тавони маҳори ононро доранд. Аммо дар ин муомилаи хунину нангин, ки Русия бо Толибон анҷом медиҳад (таомул бо Толибон дар изои муборизаи ин гурӯҳ бо гурӯҳҳое, ки Русия ононро таҳдид медонад) бештарин зиёнро кишварҳое мисли Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва... мекунанд. Инҳо осебпазиртар ҳастанд ва бештар ба Русия эътимод кардаанд, амнияти худро ва Русияро низ мебинем, ки зоҳиран бо террористон дар ҳоли муомила аст ва парвои нигаронии муттаҳидини Осиёи Миёна худро надорад.

Дӯш аз масҷид сӯйи майхона омад пири мо,

Чист ёрони тариқат баъд аз ин тадбири мо?!


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!