Чаҳор сол чӣ гуна дар сояи Толибон фурсатҳо сӯхтанд?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Матлаби аслӣ: اپوزیسیون سرگردان افغانستان
Моҳи август чаҳор сол аз суқути ҷумҳурият ва таҳвилдиҳии он ба Толибони террорист мегузарад. Дар ин муддат Толибон бо шиддати тамом саркӯб карданд ва ҳар гуна заминаи муқовимат ва шӯришро бар зидди низоми мустабиди худ аз миён бардоштанд; Ба гунае, ки кӯчактарин талоше низ маҷоли буруз наёфт то ба чолише дар баробари ин низоми қавмгаро ва мутаассиб табдил шавад.
Дар ин чаҳор сол опозисион дар табъид, ки муташаккил аз арокини ҷумҳурияти махлуъ, ҷиҳодиҳои қудратманд, технократҳои сарватманд ва мухолифин дар хат буд, ҷуз чанд конфронси хабарӣ, нашри эъломияҳои вокунишӣ ва такрори шиорҳои мансух, дастоварде надошт. Агар ин опозисион фурсатҳои аз даст рафтаро муғтанам мешумурд ва дар ҷиҳати сафороии маънодор ва эҷоди ҷабҳаи васее аз мухолифони Толибон, иқдомоти роҳбурдӣ ва пухтатаре анҷом медод, шояд вазъияти имрӯз мутафовит мебуд. Аммо дар иваз дипломатияи ҳидояти Толибон аз сӯи кишварҳои ҳомияшон, майдони бештаре барои манёвр ёфт ва ба муваффақиятҳое дар арсаи тамос ва барасмитшиносии ин гурӯҳи террорист даст ёфт.
Имрӯз фуқдони инсиҷом ва раҳбарии воҳид опозисионро ба гурӯҳҳои пароканда ва беасар бадал кардааст. Набуди барномаи амалӣ ва стратегияи мушаххас, муборизаи расонаиро ба шиорҳои такрорӣ ва бенатиҷа маҳдуд сохтааст. Ин опозисион на худ тавоноии сафороии маънодорро дорад ва на ба дигарон фурсати бозигарӣ медиҳад.
Опозисионе, ки дар қолаби шӯроҳо, аҳзоб, ҷабаҳот ва ташаккулоти низомӣ ва сиёсӣ, ба маҳалле барои вақтгузаронии бебарномаҳо, сутунипанҷумиҳо, афроди муфтхӯр ва ҳувиятфурӯшон бадал шудааст. Ин ташкилоти аризу тавил бо номҳо ва ановини пуртумтароқ, ҷаласоти бемаънӣ ва расонаӣ, амалан ба иллати нотавонӣ дар басиҷи нерӯҳои дохилӣ ва ҷалби ҳимоят мардумӣ, аз воқеиятҳои майдонӣ фосила гирифтаанд.
Имрӯз беш аз сад ҷараёну ҳизби сиёсӣ бо шиори мушорикат дар қудрат, мусолиҳа ва тафоҳум бидуни ҷанг, дар талошанд то шояд фурсате барои шарокат бо Толибон биёбанд. Аммо маншаи тамоми ин таҳаввулот, чашминтизорӣ барои ҳимояти хориҷӣ аст. Вобастагии беш аз ҳад ба ҳимояти хориҷӣ, машрӯъият, мақбулият ва истиқлоли амали ин опозисионро зери савол бурдааст.
Нотавонӣ дар эҷоди як бадили сиёсии қобили қабул, фурсатҳои тилоӣ барои ҷалби эътимоди ҷомеаи ҷаҳониро аз даст додааст. Акнун кишварҳои минтақа ва фароминтақа, дар пайи муомила ва ҳифзи манофеъи худ бо Толибонанд. Дар ҳоле ки опозисион бо шиорҳои демократихоҳона ва либерал, худро гузинаи матлуб барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад, аммо ғофил аз ин аст, ки дунё нерӯи саркӯбгар, якдаст ва муттакӣ ба қудрати дохилиро тарҷеҳ медиҳад то гурӯҳҳои пароканда ва бебарнома.
Адами ҳузури физикии опозисион дар дохили кишвар, фосилаи амиқе миёни онон ва мардуми Афғонистон эҷод кардааст. Чаҳор соли ҷанги расонаӣ, шиорҳо, конфронсҳо ва мавозеъи мутазалзил, сармояҳои иҷтимоиро фарсуда ва фосилаи мардум ва опозисионро амиқтар сохтааст. Ин фарсоиш дар натиҷаи тафриқа ва рақобатҳои шахсӣ миёни раҳбарони опозисион, монеъи шаклгирии ҷабҳаи воҳид ва қудратманд шудааст то битавонад дар арсаи рақобати минтақаӣ ва фароминтақаӣ арзи андом кунад.
Опозисион дар хат, ба ҷои тамаркуз бар масоили муҳим ва авлавиятбандии ниёзҳо, дар масири иштибоҳ ҳаракат карда ва ба садое беиртибот бо ҷомеа бадал шудааст. Ин гурӯҳҳо ҳеҷ барномаи амалӣ барои хурӯҷ аз буҳрони кунунӣ надоранд ва адами тадвини нақшаи роҳи равшан барои интиқоли қудрат, оянданигарӣ ва эътимодсозиро ба шиддат тазъиф кардааст.
Ба иллати адами пухтагии сиёсӣ, фурсатҳои дипломатӣ барои фишор бар Толибон низ ба далели парокандагӣ ва бебарномагӣ аз даст рафтааст. Аксарияти аъзои ин ҷараёнҳо на сиёсатро балад буданд то бозигарии қавӣ кунанд ва на роҳи муборизаи мустақимро интихоб карданд то ба нерӯи ғайри қобили инкор табдил шаванд.
Дар натиҷа, он чи имрӯз дар зеҳнияти оммаи мардум нақш баста, нотавонӣ, бебарномагӣ, вобастагӣ, шиорҳои миёнтиҳӣ, бетаваҷҷӯҳӣ ба ниёзҳои мардум, такрори иштибоҳоти гузашта, тафриқа ва парокандагӣ ва эҷоди фазои беэътимодӣ аст, ки мушаххасаи аслии ин опозисион дар хат шудааст. Мардуми Афғонистон ба нерӯҳои фаъол ва коромади опозисионӣ ниёз доранд, ки нусхаи наҷоти кишварро дар чанголи терроризм ироа диҳанд, на ин ки худ ба муъзале дар масири ҳалли буҳрон табдил шаванд.
Дар ниҳоят, ин опозисион на қавмӣ аст то сафҳо ҷудо шавад ва на миллӣ аст то масири ояндаро барои соири нерӯҳои бетараф ва мардум мушаххас кунад. Ин опозисион дар талотуми бебарномагӣ ва адами шинохти худ ва душман, саргардон аст ва намедонад барои чӣ бояд опозисион бошад.






