Хабари рӯз

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия, хабарнигори хоси “Независимая газета”

Дар акс: Нур Валӣ Маҳсуд, раҳбари Таҳрики Толибони Покистон ба намоди аслии “ҷиҳод” барои “низом исломӣ”-и Покистон табдил шудааст. Акс аз Муҳаммад Хуросонӣ

Толибони Афғонистон дар Русия ба унвони як гурӯҳи террористӣ шинохта шудааст, дар ҳоле, ки Таҳрики Толибони Покистон дар “Феҳристи ягонаи федералии созмонҳои хориҷӣ ва байналмилалии хориҷие, ки тибқи қавонини Федератсияи Русия ба унвони террористӣ шинохта шудаанд”, қарор надорад. Бо ин ҳол, Роскомнадзор ба “Независимая газета” гуфт, ки бар асоси иттилооти манобеъи боз, Таҳрики Толибони Покистон "ҳамкории наздик бо созмони “Ҷунбиши Толибон” дорад, ки бо тасмими Додгоҳи олии Русия, ки лозимулиҷро шудааст, дар 4 март 2003 ба унвони як созмони террористӣ ба далоили пешбинишуда тавассути Қонун федерали шумора 35-FZ муаррихи 6 марти 2006 "Дар бораи мубориза бо терроризм" ба расмият шинохта ва дар Феҳристи ягонаи федерал гунҷонда шудааст”. Илова бар ин, дар баёнияи ниҳоие, ки дар 13 апрел пас аз нишасти формати “Русия, Эрон, Чин ва Покистон” ба тасвиб расид, созмони Таҳрики Толибони Покистон дар зумраи гурӯҳҳои террористии “таҳдидкунанда ба амнияти минтақаву ҷаҳон” муаррифӣ шуд.

Ба гуфтаи Муҳаммад Хуросонӣ, яке аз мақомоти Толибони Покистон, ки аввалин мусоҳибаи худро бо як расонаи русӣ анҷом додааст, акнун ҳазорон ҷангҷӯи Таҳрики Толибони Покистон барои эҷоди як "низоми исломӣ" дар Покистон ҷанги чирикӣ ба роҳ андохтаанд. Дастёбӣ ба ин ҳадафро раҳбарони ТТП шарти аслии сулҳ дар минтақа мешуморанд. Ба ёд меорем, ки Таҳрики Толибони Покистон аз соли 2011 ба унвони як созмони муртабит бо Ал-қоида (мамнуъ дар Русия) таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад. Созмон Милал тахмин мезанад, ки Таҳрики Толибони Покистон то 35 ҳазор ҷангҷӯ дорад, ки Толибони покистониро ба бузургтарин созмони ҷиҳодӣ дар минтақа табдил мекунад.

- Дар Русия иттилооти зиёде дар мавриди Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) вуҷуд надорад. ТТП чист? Чӣ замоне ба вуҷуд омад? Раҳбари ТТП кист?

 - Таҳрики Толибони Покистон як созмони ҷиҳодии мазҳабӣ аст, ки дар натиҷаи ҷиноёти ваҳшатнок ва амалиётҳои пай дар пай алайҳи мардуми Покистон падид омад. Раиси феълии Таҳрики Толибони Покистон муфтӣ Нурвалӣ Маҳсуд (Абу Осим Мансур) аст.

- Тафовути Таҳрики Толибони Покистон бо Толибони афғони мамнуъ дар Русия чист?

- Далели тафовут мушаххас аст, ҳадафи Таҳрики Толибони Покистон Покистон ва ҳадафи Толибони Афғонистон Афғонистон буд.

- Идеологияи ТТП чист? Чӣ аҳдоферо пеши худ гузоштаед? Вазъияти имрӯзи Покистонро чигуна арзёбӣ мекунед?

- Теорияи ТТП дар мавриди Покистон ин аст: то замоне, ки ин низоми бутпарастӣ дар Покистон вуҷуд дорад, то он замон сулҳе дар ин минтақа вуҷуд нахоҳад дошт. Покистони имрӯзӣ ба далели сиёсатҳои нодурусти худ ба тамоми маъно дар остонаи фурӯпошӣ аст.

 - ТТП имрӯз куҷо ҳузур дорад? Дар кадом манотиқи Покистон ва шояд фаротар аз он?

- Бештар нерӯи инсонии муҷоҳидини покистонӣ аз Гилгит-Болтистон то Гводар мустақар аст. Ҳазорон муҷоҳид дар саросари ин минтақа ҳузур дорад. Аз он ҷое, ки ҷанги мо бо Покистон дар ҳоли ҳозир ба сурати чирикӣ дар ҷараён аст, ба ҳамин далел, муборизони муҷоҳиди мо дар саросари Покистон, аз ҷумла Синд ва Панҷоб пароканда шудаанд.

- Чӣ касе аз ТТП ҳимоят мекунад? Муттаҳидони шумо дар дохилу хориҷ аз Покистон чӣ касоне ҳастанд?

 - Таҳрики Толибони Покистонро тамоми мардуми таҳти ситами Покистон, бавежа, қабоили паштун ва балучи сокин дар камарбанди қабилаӣ ҳимоят мекунанд. Мо ҳеҷ муттаҳиде дар хориҷ аз Покистон надорем. Бо ин ҳол, бисёре аз аҳзоби мазҳабӣ ва сиёсӣ дар Покистон хайрхоҳон ва дилсӯзони мо ҳастанд.

- Таҳрики Толибони Покистон ба ДОИШ (созмони мамнуъа дар Русия) чӣ назар дорад?

- Байни идеологияи мо ва ДОИШ тафовути бисёр возеҳе вуҷуд дорад.

- Толибони Афғонистон ҳадафи худро эҷоди "низоми исломӣ" дар Афғонистон медонад. Ба гузориши расонаҳо, Таҳрики Толибони Покистон ҳамчунин ба думбол эҷоди як "низоми исломӣ" дар Покистон аст. “Низоми исломӣ” дар фаҳми ТТП чист? Чӣ вежагиҳое бояд дошта бошад? Бар асоси биниши ТТП, дар чӣ кишварҳои дигаре бояд “низоми исломӣ” эҷод шавад?

 - Таҳрики Толибони Покистон низоми исломӣ дар Покистонро шиори худ медонад, ки дар он ҳама шаҳрвандони Покистон бо арзишҳои мазҳабӣ ва миллии худ муҳофизат мешаванд. Вежагии аслии низоми исломӣ ҳифзи дину мол, ҷону номус ва интеллекти ҳамаи мардум аст. Аз он ҷое, ки ТТП ҳеҷ барномаи хориҷӣ надорад, наметавонад дар мавриди ҳеҷ кишвари дигаре чизе бигӯяд.

 - ТТП ба ҳуқуқи занон барои таҳсил, кор ва шуғл чӣ назар дорад? Оё мавзеъи Таҳрики Толибони Покистон дар ин маврид бо мавзеъи Толибони Афғонистон мутафовит аст?

- Таҳрики Толибони Покистон мехоҳад ҳама ҳуқуқеро, ки ислом ба занон додааст, чӣ иҷтимоиву сиёсӣ аст ё омӯзишӣ, ба занон бидиҳад.

 - ТТП ба Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб ба таври куллӣ чӣ назар дорад? Натоиҷи ҳузури 20-солаи Амрико ва НАТО дар Афғонистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Дар мавриди Амрико ва Ғарб, мо мӯътақидем то замоне, ки онҳо дар умури мо дахолат накунанд, коре ба онҳо надорем. Онҳо метавонанд натоиҷи хуб ва бади бист соли ҳузури Амрико ва НАТО-ро худашон қазоват кунанд.

- Эҳсоси Таҳрики Толибони Покистон дар мавриди Русия чист?

- Русия дур аз минтақаи мо қарор дорад ва то он ҷо, ки медонем, ҳеҷ гуна ҳамкорӣ бо Покистон алайҳи ТТП надоштааст. Мо дар оянда низ ҳамин интизорро аз Русия дорем.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!