Мусоҳибаи ихтисосии Раззоқ Маъмун, рӯзноманигори саршинос ва узви Шӯрои мушовараи "Сангар" бо Андрей Серенко, коршиноси барҷастаи Русия дар умури Афғонистон.
Андрей Серенко соли 1967 дар шаҳраки Городишеи вилояти Волгогради Русия ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили донишкадаи таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Волгоград аст. Вай дар ҳоли ҳозир мудири Маркази таҳлилии Анҷумани сиёсатшиносони Русия, раиси Маркази мутолиоти сиёсати Афғонистон, ҳамзамон шореҳи Независимая газета, яке аз панҷ нашрияи таъсиргузори Русия мебошад.
Дар миёни коршиносони Русия ва шояд ҷаҳони имрӯз, ӯ танҳо касест, ки бо назарот ва таҳлилҳои маслакии худ, ба таври хастагинопазир аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳимоят ва дар таблиғи он мушорикат мекунад. Саволи аввал низ дар мавриди ҳамин алоқамандиҳои вай ба умури Ҷабҳаи муқовимат аст.
- Ман аз соли 2005 ё 2006, ки аввалин ёддоштро дар мавриди мавзӯъи "Афғонистон" навиштам ва мунташир кардам, ба таври куллӣ ба сиёсати Афғонистон алоқа дорам. Ба назар мерасад, ки ин матлаб ба имкони афзоиши теъдоди нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ихтисос дошт... Бинобарин иштиёқи ман ба сиёсати Афғонистон беш аз 15 сол мешавад. Хеле вақт аст, мебинед. Аммо ин боис намешавад, ки ҷаззобияти мавзуъ бароям кам шавад. Балки баракс.
Ба назари ман, сиёсати Афғонистон натанҳо ба худии худ фавқулода ҷолиб аст, балки мағзро низ ба хубӣ тарбият мекунад. Ман тавсия мекунам, ки як давра дар мавриди сиёсати Афғонистон ва таҳлили он дар барномаҳои дарсии гурӯҳҳои улуми сиёсӣ дар донишгоҳҳои Русия гунҷонда шавад. Зеро агар таҳлилгарони сиёсии ҷавон ёд бигиранд, ки сиёсати Афғонистонро бо ҳама печидагиҳо, дасисаҳо ва алоиқи пинҳони он дарк кунанд, он гоҳ ба роҳатӣ раванди сиёсии ҳар кишвар дигареро дарк хоҳанд кард.
Дар мавриди Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, алоқаи ман ба он, қабл аз ҳар чиз ба мунҳасир ба фард будани ин барнома муртабит аст. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ як гурӯҳи бисёр кӯчак аз мардони воқеӣ ва бисёр шуҷоъ аст, ки имрӯз аз номуси тамоми Афғонистон дифоъ мекунад. Инҳо афроде ҳастанд, ки таслим нашуданд, ба ормонҳои худ хиёнат накарданд, ки дар ҳоли ҳозир нодир аст. Онҳо ба танҳоӣ ва бо силоҳ дар даст омода ҳастанд то дар баробари шарри ваҳшат, ки ба назар мерасад бақияи ҷаҳон бо он канор омадаанд, муқовимат кунанд. Ин наметавонад эҳтиром ва албатта алоқаро барнаангезад.
Имрӯз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ба назари ман, натанҳо як барномаи низомӣ-сиёсӣ аст, балки агар бихоҳед, як ҷунбиши мазҳабии ҷадид аст, ки дар муқобили Шарри Ҷаҳонӣ, ки таҷассуми дигаре дар диктатории террористии Толибон, проектҳои зиддибашарии Алқоида ва ДОИШ пайдо кардааст, истодааст. Қаҳрамонони муқовимати миллӣ муҷоҳидини воқеӣ ҳастанд, ки ман онҳоро ҳамтои ёрони ҳазрати Муҳаммад (с) қарор медиҳам: ҳамаи онҳо ба номи Худо, ватан, пирӯзии инқилоб, алайҳи нерӯҳои шайтон ва торикӣ ҷиҳоди нуронии адолат ва арзишҳои исломи воқеӣ мекунанд. Ман мутмаинм, ки мо ҳамчунон ба ин ифтихор хоҳем кард, ки бо қаҳрамонони муқовимати Афғонистони муосир будем.
Манро ба сахтӣ метавон фарде номид, ки Ҷабҳаи муқовимати миллиро "тарвиҷ" мекунад. Ин тахмини бисёр болое аз фаъолият хоксоронаи ман аст. Аммо ман ба мардуме, ки зери парчами муқовимати Афғонистон ҷамъ мешаванд, бисёр алоқамандам. Ва ман мӯътақидам, ки шаҳрвандони Русия ва соири кишварҳои пас аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, ҷое, ки онҳо ҳанӯз наҳваи дарки забони русиро фаромӯш накардаанд, бояд дар мавриди муқовиматгарон бидонанд. Зеро ҷангандаҳои муқовимати миллӣ имрӯз бо ҳамон шарре, ки моро ин ҷо дар Русия таҳдид мекунад, меҷанганд. Ва агар Худой нокарда, Ҷабҳаи муқовимат шикаст бихӯрад, ин бало монанди кӯзаи шикаста аз Афғонистон сарозер хоҳад шуд ва сел кишварҳои ҳамсоя ва шаҳрҳои ҳамсояро хоҳад гирифт. Ман инро хеле намехоҳам.
- Чӣ касе сиёсати Русия дар қиболи Афғонистонро бар ӯҳда дорад: артиш ё ниҳоди амнияти федерал (FSB)?
- Гоҳе ба назарам мерасад, ки ҳеҷ кас, ба далели ин ки сиёсати Русия дар қиболи Афғонистон беасар, нокоромад, беибтикор аст. Маскав барои муддати тӯлонӣ аз ибтикороти амрикоӣ, ба унвони як қоида, пайравӣ мекард. Имрӯз мавқеияти Русия дар Афғонистон заифтар аз ҳамеша шудааст. Умедворам Кремл инро дарк кунад ва бо дар назар гирифтани тағйири ҷиҳатгирии куллии сиёсати Русия нисбат ба шарқ, саъй кунад вазъиятро тағйир диҳад.
Бале, дар ҳоле, ки марҳалаи ҳодди даргирии мусаллаҳона дар Украина идома дорад, дастони Маскав тавассути театри амалиёти низомии Украина баста хоҳад шуд. Аммо ба маҳзи поён ёфтани марҳалаи ҳодди ҷанг, ва ба ночор, Русия фавран таваҷҷуҳи худро ба Афғонистон ва минтақаи атрофи он афзоиш хоҳад дод. Ман умедворам, ки ин низ мунҷар ба тағйир дар тавсеаи тасмимоти сиёсӣ дар мавриди Афғонистон шавад.
То кунун гурӯҳи Замир Кобулов, намояндаи вежаи Русия дар вазорати хориҷа маркази эҷоду татбиқи стратегияи Маскав дар Афғонистон будааст. Ӯ тавассути бархе аз мақомоти бонуфуз дар FSB, сервиси иттилооти хориҷӣ (СВР), идораи раёсатиҷумҳурии Русия ҳимоят мешавад. Бо ин ҳол, дастуруламалҳои оқои Кобулов чандон муваффақиятомез набуд ва имрӯз далеле барои сӯҳбат дар мавриди оғози таҷдиди назар дар стратегияи Русия дар мавриди Афғонистон тавассути Маскав вуҷуд дорад.
Ман баъид намедонам, ки дар иртибот бо ин, маркази тавсеаи сиёсати ҷадиди Афғонистон барои Кремл аз вазорати хориҷа ба Шӯрои амният мунтақил шавад, ки раёсати онро генерал Хадамоти амнияти федерол (ФСБ) Николай Патрушев бар ӯҳда дорад. Бо ин ҳол, ин раванди сареъ нест. Дар Русия тақрибан ҳама чиз ба оромӣ анҷом мешавад. Мутмаиннан гурӯҳи Замир Кобулов саъй хоҳанд кард то кӯрпаро аз рӯи худ бикашанд. Аммо бо ин вуҷуд, раванди бознигарӣ ва танзими стратегияи Маскав дар Афғонистон иҷтинобнопазир аст.
Дар мавриди нақши вазорати дифоъ дар умури Афғонистон, то он ҷо, ки ман метавонам қазоват кунам, ин нақш маҳдуд аст. Албатта, артиши Русия дар мавриди гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва таҳдидоти эҳтимолии онҳо иттилоот ҷамъоварӣ мекунад, аммо ба назари ман, таъсири артиш бар тавсеаи стратегияи сиёсии Кремл ҷиддӣ нест.
Ба ҳар ҳол, ман тааҷҷуб нахоҳам кард, ки пас аз муддате, ширкатҳои низомии хусусии русӣ, ба унвони мисол, Вагнер, шурӯъ ба нишон додани алоқа ба Афғонистон кунанд. Бо ин ҳол, алоқаи онҳо сирфан тиҷорӣ хоҳад буд ва марбут ба тавсеаи бозори хадамоти амниятӣ ва маъдан хоҳад буд. Соҳибони Вагнер мутмаинан талош хоҳанд кард, то бар хатти сиёсии Маскав дар қиболи Афғонистон таъсир бигузоранд. Шояд дар ин замина муваффақтар аз масъулони вазорати дифоъ бошанд.
- Сиёсат Русия дар қиболи тоҷикҳо дар Афғонистон чист?
- Ҳамон тавр, ки дар робита бо кулли Афғонистон - мушоҳида ва бидуни мудохилаи фаъол. Намояндагони Русия, то онҷо, ки ман медонам, ба таври давраӣ ва ғайррасмӣ бо бархе аз раҳбарони тоҷикҳои Афғонистон мулоқот мекунанд, иттилоот ҷамъоварӣ мекунанд, бо диққат гӯш медиҳанд ва... аммо коре анҷом намедиҳанд. Ба назари ман, ин ба далели тадовуми тасаллути гурӯҳи Замир Кобулов бар умури Афғонистон дар Маскав аст, ки ҳамеша бар муошиқа бо Толибон такя кардааст. Бар ин асос, оқои Кобулов аз ҳар гуна талош барои он ибтикороте, ки мумкин буд Толибон хушашон наёяд, ҷилавгирӣ кард. Бадеҳист, ки тамосҳои расмии Маскав бо тоҷикҳои Афғонистон қатъан шӯру шавқеро дар миёни раҳбарони Толибон барангехта нахоҳад кард.
Замоне Русия шурӯъ ба тағйири стратегияи худ дар Афғонистон мекунад, ки дар ҳолати идеалӣ бояд ба истеъфои Замир Кобулов аз симмати намояндаи вежаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мунҷар шавад. Танҳо дар ин сурат аст, ки метавон интизори тағйир дар равобити Маскав бо тоҷикҳои Афғонистонро дошт. То он замон, русҳо монанди солҳои ахир рафтор хоҳанд кард: мулоқот, бо диққат ба сӯҳбат гӯш кардан, иттилоот ҷамъоварӣ кардан ва коре анҷом надодан. Аммо биёед каме мову шумо каме сабур бошем.
- Чаро Русия ошкоро аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳимоят ва кӯмак накард?
- Дарвоқеъ ман қаблан ба ин савол дар боло посух додам. Боз ҳам мегӯям: сиёсати Маскав дар қиболи Афғонистон ҳанӯз тавассути Замир Кобулов ва гурӯҳаш, ки бар муошиқа ва ҳамкорӣ бо Толибон такя доранд, шакл мегирад. Бинобарин ҳар чизе, ки метавонист бо ин давра тадохул дошта бошад, масдуд шуд. Албатта, “доктрин Кобулов” ҳамкории Маскав бо Ҷабҳаи муқовиматро мустасно мекунад.
Бо ин ҳол, як солу ними ахир нишон додааст, ки стратегияи Замир Кобулов шикаст хӯрдааст ва барои Кремл номувафақ будааст. Ин стратегия Русияро ба гаравгони ибтикороти хориҷӣ дар ҷиҳати Афғонистон табдил кардааст. Шояд ин барои Кремл қабл аз шурӯъи амалиёти низомӣ дар Украина муносиб буд, аммо имрӯз дигар наметавонад муносиб бошад.
Бале, Маскав хоҳони зуҳури як “ҷабҳаи ҷанубӣ”-и дувум дар Осиёи Марказӣ нест ва ба ҳамин далел ҳамчунон ба “хатти Кобулов” пойбанд аст то режими Толибонро розӣ кунад. Аммо замоне, ки авзоъ дар Украина тағйир кунад ва марҳалаи ҳодди ҷанг ба поён бирасад, метавон интизори тағйир дар сиёсати Маскав дар Афғонистон, аз ҷумла дар равобит бо Ҷабҳаи муқовиматро дошт.
- Ҷанги байни Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон дар Русия чигуна тафсир мешавад?
- Расман - ба унвони як даргирии сирфан байналафғонӣ. Аммо дар ҳақиқат, мухотибони русӣ иттилооти каме дар мавриди ин ҷанги муқовимат бо Толибон доранд. Бадеҳист, ки ин низ бахше аз стратегияи гурӯҳи Замир Кобулов аст, ки намехоҳад режими Толибонро нороҳат кунад ва ба гумони ман, талош мекунанд то иттилооти марбут ба фаъолиятҳои Ҷабҳаи муқовиматро масдуд кунанд.
Бояд эътироф кард, ки худ раҳбарони Ҷабҳаи муқовимат ва ҳамчунин фаъолони расонаии ҷабҳа таваҷҷуҳи бисёр каме ба пӯшиши иттилоотии маъмурият ва муборизаи рӯзмарраи худ дар манобеъи иттилоотии русизабон доранд. Суханронони Ҷабҳаи муқовимат ҳанӯз ҳам умдатан англисӣ сӯҳбат мекунанд... Агар мехоҳанд дар Маскав ва пойтахтҳои дигари кишварҳои пас аз фурӯпошии Шӯравӣ шунида шаванд, бояд ба забони русӣ тасаллут дошта бошанд ва таомул бо рӯзноманигорон, сиёсатмадорон, коршиносон ва афкори умумии русиро афзоиш диҳанд. Имрӯз Ҷабҳаи муқовимат дар барномаи иттилоотӣ ва сиёсии Русия ғоиб аст.
- Ба назари шумо оё Русия ва Эрон мехоҳанд монанди Эрон ва Арабистони Саудӣ дар Чин, Ҷабҳаи муқовимат ва Толибонро пойи миз музокира қарор диҳанд?
- Ман чунин ақидаҳоеро шунидаам. Ман баид намедонам, ки битавон талошҳое инчунинӣ анҷом шавад. Ба ҳар ҳол, ин бад-он маъно нест, ки онҳо музир хоҳанд буд. То кунун, ба назари ман, Толибон қотеъона бо чунин музокироте мувофиқ нестанд - онҳо ҳанӯз ҳам қасд надоранд қудрати худро бо касе тақсим кунанд.
Барои ин ки чунин сенарияи музокира имконпазир бошад, ду шарти аслӣ бояд риоят шавад. Аввал, кудато дар даруни диктатории Толибон аст, то қудрати воқеӣ дар дасти гурӯҳҳои толибоне бошад, ки омодаи гуфтугӯ ҳастанд. Сониян, Ҷабҳаи муқовимат бояд тавоноии худро барои пирӯзӣ ва густариши нуфузи худ дар кишвар нишон диҳад, ба иборати дигар, қудрати худро нишон диҳад. Бидуни ин ҳеҷ музокирае имконпазир нахоҳад буд. Аз ин гузашта, музокирот фақат бо афроди қавӣ анҷом мешавад, заифҳо ба содагӣ нобуд мешаванд.
- Ба назари Шумо, агар нооромӣ дар минтақа шурӯъ шавад, аз кадом хок шуруъ мешавад - Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ё Қазоқистон?
- Ҳамаи ин ҷумҳуриҳо дар навъи худ осебпазир ҳастанд. Ва то он ҷо, ки ман медонам, имрӯз гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистон вуҷуд доранд, ки қасд доранд “ҷиҳод”-ро ба ҳар як аз ин кишварҳо мунтақил кунанд. Ба унвони мисол, манобеи ман ҳушдор медиҳанд, ки мумкин аст аввалин мушкилот дар тобистони оянда дар Тоҷикистон оғоз шавад, ҷое, ки гурӯҳҳои террористӣ дар ҳоли ҳозир талош мекунанд ва ҳамон тур, ки мегӯянд, бидуни муваффақият, интиҳориҳоро мефиристанд. Ҳам дар ҷиҳати Ӯзбекистон ва ҳам дар Қазоқистон ҳама чиз сари ҷояш нест. Дар ниҳоят кадом як ҳалқае заиф хоҳад буд? Фақат замон инро нишон хоҳад дод. Усулан ҳамаи онҳо метавонанд дар ин вазъият бошанд. Ман фикр мекунам, агар барномаи муқовимат, Худо нокарда, шикаст бихӯрад, хатари як фоҷиа барои Тоҷикистон заруритар хоҳад шуд. Бидуни Ҷабҳаи муқовимат, режимҳои Осиёи Марказӣ дар баробари ҷавомеъи ҷиҳодии дохилӣ ва хориҷӣ бедифоъ хоҳанд буд.
- Амрико дар соли 2001 тавонист чандин пойгоҳи низомиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷора кунад. Ба назари шумо чаро ин бор натавонистанд ин корро анҷом диҳанд?
- Хеле содда аст. Дар соли 2001 Русия дар мубориза бо Ал Қоъида ва Толибон дар канори ИМА буд. Ҳамон тавр, ки ба ёд доред, раисҷумҳур Путин аввалин раҳбари ҷаҳонӣ буд, ки пас аз ҳамалоти 11 сентябр бо раисҷумҳур Буш тамос гирифт. Бинобар ин, Маскав дар эҷоди пойгоҳҳои низомии Ғарб дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дахолате надошт. Сипас вазъият тағйир кард. Равобити Маскав ва Вашингтон бадтар шуд. Акнун Русия бо Амрико мухолиф аст ва иҷозаи зуҳури пойгоҳҳои амрикоӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро намедиҳад. Маскав то кунун аз қудрат ва нуфузи кофӣ барои тазмини ин мавқеият бархурдор аст. Биёед, бубинем вазъият чӣ гуна инкишоф хоҳад ёфт.
- Ба назари шумо, хатар дар марзҳои ҷанубии Русия куҷост?
- Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба таври суннатӣ маконҳои осебпазир дар геополотикаи Русия ҳастанд. Имрӯза онҳо ҳамон манотиқи мушкилсоз боқӣ мондаанд. Дар муқоиса бо даҳаҳои гузашта, метавон аз тазъифи потенсиали Қазоқистон барои субот сӯҳбат кард: дар январи 2022, бузургтарин нооромӣ дар таърихи ин ҷумҳурӣ дар Қазоқистон рух дод. Раисҷумҳур Тоқаев, албатта, иқдомоти фаъолеро барои тасбити низоми сиёсӣ анҷом медиҳад, ки ба нафъи Маскав низ мебошад. Бо ин ҳол, то кунун ба сахтӣ метавон бо итминони комил изҳор дошт, ки такрори вақоеи январи соли гузашта дар Қазоқистон ғайримумкин аст. Ва ин амр Русияро водор мекунад, то равандҳои Қазоқистонро бо диққати бештаре думбол кунад. Ман ҳадс мезанам, ҳанӯз ҳам шигифтиҳое ин ҷо вуҷуд дорад.
- Агар як корзори ҷиҳодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз шавад, Русия чӣ хоҳад кард?
- Албатта, Русия фаъолона мудохила карда ва бо ин корзор мухолифат хоҳад кард. Дар сурати лузум, сипас бо нерӯи низомӣ. Агар ҷиҳодгарон дар ҳар ҷумҳурии Осиёи Марказӣ пирӯз шаванд, ин поёни нуфузи Русия дар минтақа ва оғози як ҷанги бузурги ҷиҳодӣ алайҳи худи Русия хоҳад буд.
- Агар ДОИШ ба як таҳдиди воқеӣ барои вилоёти шимолии Афғонистон табдил шавад, Русия чӣ хоҳад кард? Оё худаш дар даргириҳо мудохила ё аз муқовимат ҳимоят хоҳад кард?
- Як саволи бисёр ҷолиб. Ман фикр мекунам, пас аз он шоҳиди маҷмӯае аз талошҳо хоҳем буд - аз ҳузури ҷангҷӯёни “Вагнер” (эҳтимолан асолатан афғонистонӣ) то ҳимояти мустақим аз Ҷабҳаи муқовимат дар шимоли Афғонистон. Ва албатта, ҳавопаймоҳои ҷангандаи Русия дар осмони Афғонистон зоҳир хоҳанд шуд. Ба эҳтимоли зиёд, дар ин сурат, вазъияти шабеҳи он чӣ дар Сурия дар солҳои 2015-2018 буд, замоне, ки нерӯҳои вижаи Русия, ҷанговарони “Вагнер” ва ҳавопаймоҳои низомӣ бо ҳимояти нерӯҳои ниёбатии Эрон бо террористҳои ДОИШ меҷангиданд, хоҳад шуд. Ба ҳар ҳол, ин имкон вуҷуд дорад, ки дар шимоли Афғонистон, дар мубориза бо ДОИШ, Русия ва Эрон битавонанд таҷрибаи мусбати ҳамкории низомиро, ки қаблан дар Сурия ба даст омада буд, такрор кунанд. Ва дар суфуфи ин эътилофи зиддитеррористии Русия ва Эрон, албатта, аз ҷанговарони Ҷабҳаи муқовимат бисёр истиқбол хоҳад шуд.
- Шикасти амалиёти вижа дар Украина дар расонаҳои ғарбӣ ба унвони воқеият ироа мешавад. Агар Русия барои бохт барномарезӣ намекунад, марзҳои дастовардҳои худро чӣ гуна мебинад?
- Даргирии мусаллаҳона байни Русия ва Украина ҳанӯз ба поён нарасидааст. Мумкин аст амалиёти вижа ҳамон тур, ки дар ибтидо дар Маскав барномарезӣ шуда буд, пеш наравад, аммо қатъан ин ба маънои шикасти амалиёт ва илова бар он шикасти Русия нест. Ҳама саргармиҳо тоза шурӯъ шудааст. Тафовутҳои зариф, манофеъ ва бозигарони мухталифе дар даргирӣ дар Украина вуҷуд дорад. Ва бисёре аз шигифтиҳои дигар вуҷуд хоҳад дошт.
Ман фикр мекунам, вазифаи аслии Маскав тасарруф ва ҳифзи манотиқи ҷадид ё афзоиши теъдоди тонкҳои амрикоии задашуда дар майдони набард нест. Нуктаи асли раҳгирӣ ва ҳифзи хатти Маскав ва зоҳиран Пекин, ибтикори роҳбурдӣ дар рӯёрӯии таркибӣ бо Амрико аст, ки имрӯз аз тариқи саҳнаи даргирии Украина дар ҳоли иҷро аст. Манзара метавонад тағйир кунад, он чӣ муҳим боқӣ мемонад назорат бар ибтикори амал аст, ки имкони таҳаққуқи манофеъи стратегии Русияву Чинро пас аз поёни марҳалаи ҳодди рӯёрӯии мусаллаҳонаи ошкор фароҳам мекунад. Агар Маскаву Пекин муваффақ шаванд, ин дастоварди аслии амалиёти вижа хоҳад буд.
Он чӣ муҳим аст, ҷанг нест, сулҳест, ки баъд аз ҷанг ба вуҷуд меояд. Имрӯз вазифаи аслии ҳама ширкаткунандагон ва бозигарони даргирӣ дар Украина, пирӯзӣ дар ҷаҳони оянда аст, то мавқеиятҳои қавитареро барои худ дар он барои як бозии стратегии ҷадид ва бузург тазмин кунанд.
- Агар Русия заиф шавад чӣ иттифоқе меафтад?
- Ақибнишинӣ мекунад, барои ҷамъоварии нерӯи ҷадид як қадам ба ақиб бармедорад. Ин вазъ на як бор дар таърихи Русия иттифоқ афтодааст. Аммо дар ниҳоят, Маскав мавқеияти мусаллати худро дар Авруосиё ва Аврупои Шарқӣ эҳё ва тақвият кард. Илова бар ин, шикастҳо боис мешавад беҳтар фикр кунад. Тавсеаи ин маҳорат ба нафъи нухбагони сиёсии Русия хоҳад буд. Дар ҳар сурат, Русия аз нақшаи таърих нопадид нахоҳад шуд, балки як бозигари аслӣ боқӣ хоҳад монд, ки ҳамеша бо он ҳисоб мешавад.
- Оё Русия мутмаин аст, ки абарқудратҳои ғарбӣ ҷаҳони чандқутбиро таҳаммул хоҳанд кард?
- Мусалламан, ки на. Онҳо фаъолона муқовимат хоҳанд кард. Аммо мавзӯъ аз ҳад гузаштааст ва дигар фақат гап дар мавқеи Русия нест. Дар ҳар сурат, ҷаҳон дигар мисли қабл нахоҳад буд, аммо дақиқан чӣ гуна хоҳад шуд, чӣ қадар чандқутбӣ, чандтикка, қобили мудирият хоҳад буд - ин як саволи боз аст.
Маскав, Пекин, Эрон ва бисёре аз бозигарони дигар ба Вашингтон равшан мекунанд, ки дигар имкони бозгардондани такқутбии ҷаҳон бо зӯр вуҷуд надорад. Аммо метавон аз тариқи “гуфтугӯи ҷадиди бузург” ҷилави ташдиди чандқутбиро гирифт. ИМА аз чунин гуфтугӯ иҷтиноб мекунад, феълан онҳо мехоҳанд саъй кунанд назми такқутбиро бо зӯр бозгардонанд ва русҳои нофармонро ба таври аланӣ муҷозот кунанд ва онҳоро ба унвони қурбонии намунаи Ғарби бузург ба ҷаҳон муаррифӣ кунанд. Ин проект ҷасурона аст, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ осон нест. Ба далоили мухталиф, имрӯза бисёре аз бозикунон хоҳони шикасти Русия нестанд, дар миёни онҳо, ҳатто аъзои расмии эътилофи ғарбӣ низ вуҷуд доранд. Ба ҳамин далел аст, ки ин бозии бисёр драматику ҳод аст ва қатъан то поён фосилаи зиёде дорад.
- Агар Амрико аз Покистон ҳимоят кунад, таҳдиди интиқоли ҷанг аз қаламрави шимоли Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба воқеият табдил нахоҳад шуд?
- Чунин таҳдиде вуҷуд дорад. Ба ҳамин далел барои Русия бисёр муҳим аст, ки ҳар чӣ зудтар танзими фаъолонаи стратегияи Афғонистони худро оғоз кунад. Бояд бар асоси тахсис шимоли Афғонистон ба минтақаи манофеъи авлавиятдор ва таваҷҷуҳи вижаи Маскав табдил ёбад. Ва дар шимоли Афғонистон аст, ки Русия барои татбиқу ҳифозат аз манофеъи худ дар минтақа ба зерсохтҳои сиёсии ҷадид ниёз дорад. Ман мутмаин ҳастам, ки мушорикати стратегӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва раҳбарони гурӯҳҳои қавмии шимоли Афғонистон бояд бахше аз ин зерсохтҳо шавад.
Ба ҳар ҳол, ман аз ҷустуҷӯи абзорҳои муассир барои таъсиргузорӣ бар вазъияти худи Покистон, дар дараҷаи аввал дар Паштунистон ва Балучистон, худдорӣ намекунам. Агар Исломобод интихоби ниҳоиро анҷом диҳад ва ба эътилофи зидди Русия бипайвандад, Маскав ниёзе ба маҳдуд кардани худ дар ҷустуҷӯи шарикон, муттаҳидон ва ҳамсафарон барои ҳифзи манофеи худ надорад. Илова бар ин, фурсатҳое вуҷуд дорад. Ба унвони мисол, дар Балучистон, Ҷунбиши озодибахши миллӣ алайҳи диктаҳои Панҷоб дар ҳоли ташдид аст. Паштунҳо дар Покистон бештар ва ошкортар аз эҷоди як Паштунистони мустақил сӯҳбат мекунанд. Зимнан шумо медонед, ки ҷунбиши Таҳрики Толибони Покистон (TTP) бар хилофи, масалан, Толибони Афғонистон, Ал-Қоида ва ДОИШ ҳанӯз ба таври расмӣ дар Русия мамнуъ нест. Ба назари ман, ин тафовути зарифу ҷаълиест, ки доманаи нисбатан густурдаеро барои тафсирҳои чашмандоз боз мекунад.
- Робита Имронхон бо Русия ва қудратҳои осиёӣ чӣ гуна аст?
- Дар ҳоли ҳозир, ин як ҳамроҳи сиёсии тасодуфии Маскав аст. Шояд ӯ ба муттаҳиди ҷиддитаре табдил шавад. Аммо ба шарте, ки тарафи русӣ ба як фардӣ мутмаин будани ӯ мутақоид шавад. Ва ин як масъалаи бисёр душвор аст. Бо ин ҳол, масъалаи бақои физикии Имронхон дар амвоҷи амиқтарини буҳрони низомманде, ки давлати Покистонро фаро гирифтааст, матраҳ аст. Ман метарсам, ки агар Имронхон тасмим бигирад, ки муттаҳиди қобили эътимод Маскав шавад, пас аз он ҳатто се рӯз ҳам зинда нахоҳад монд. Имронхони ғайри қобил эътимод танҳо барои эҷоди таниши мавқеият дар минтақаи манофеъи Амрикову Англис дар минтақа метавонад барои Маскав муфид бошад. На камтар, аммо на бештар.