Хабари рӯз

Сафорати Украина дар Эрон дастуроте аз раисҷумҳур Владимир Зеленский барои ҷазби шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун муздур дар Легиони хориҷӣ дарёфт кардааст

МАШҲАД, 4 март - Сангар, ​​Зоҳири Фақир. Ин сафорат аз шаҳрвандон эронӣ хост то ба як гурӯҳи мусаллаҳ ҷамъ оянд ва дар Украина алайҳ Русия биҷанганд. Корбарони эронӣ аз дархости Зеленский, раисҷумҳури Украина хашмгин шуданд ва хостор бастани сафорати Украина дар ин кишвар ва ихроҷи сафираш шуданд.

Ба гузориши теъдоде аз каналҳои телеграмӣ, сафорати Украина дар Теҳрон аз шаҳрвандони эронӣ барои пайвастан ба Легиони хориҷии Украина ва мубориза бо Русия дархост кард. Довталабон фақат бояд шиносномаи дохилӣ ва байналамилалии миллӣ ва ҳамчунин мадраки мабнӣ бар хидмат дар нерӯҳои мусаллаҳ ё ширкат дар ҷангҳо дошта бошанд.

Бино ба гузоришҳое, ки дар ихтиёри сомонаи Сангар қарор гирифтаанд, ба муздурон ҷониби украинӣ аз 10 то 15 ҳазор рӯзона ҳаққи корро пешбинӣ кардааст, аммо ин иттилоъ ҷое расман таъйид нашудааст.

Ин баёния боиси хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоии эронӣ шуд. Онҳо дар паёмҳои худ дар Твитер хостори ихроҷи сафири Украина аз Эрон ва баста шудани сафорат шуданд. Дар айни ҳол таъкид шуд, ки Эрон муттаҳиди Русия аст. Ҳамчунин интиқодоте аз сиёсатмадорони ғарбгарои эронӣ вуҷуд дошт.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон дар хитоб ба миллат ба муносибати иди Наврӯз, дар хусуси он чӣ дар Украина мегузарад, хотирнишон кард, ки “дар ҳаводиси Украина, ҳама шоҳиди нажодпарастии кишварҳои ғарбӣ ҳастанд.

“Расонаҳои ғарбӣ бо вақоҳат мегӯянд, ки онҳо мутаассифанд, ки ин бор дар Ховари Миёна ҷанге нест, балки дар Аврупо ҷанг аст. Бинобарин барои онҳо табиӣ аст, ки ҷанг, хунрезӣ ва куштор дар Ховари Миёна рух диҳад, на дар Аврупо. Ин фақат нажодпарастии ошкор ва бармало аст!”- гуфтааст раҳбари Инқилоби Эрон.

Ахиран, намояндагиҳои дипломатии Украина ва ҳамчунин сафоратхонаҳои кишварҳое, ки аз он ҳимоят мекунанд, ба таври фазояндае ба ин мавзӯъот ворид шудаанд.

20 март дар Ереван, тибқи гузориши портали planet-today, таҷаммӯъе дар ҳимоят аз Украина баргузор шуд, ки мустақиман тавассути сафорати Украина дар Арманистон созмондеҳӣ шуд. Ин иттифоқ хашми фаъолон ва шахсиятҳои маъруфи арманиро барангехт. Ҳатто бархе аз онҳо барои таъсиргузорӣ бар фаъолияти ғайриқонунии дипломатҳои украинӣ ба вазорати хориҷаи ин кишвар муроҷиа карданд.

23 март вазорати хориҷаи Беларус ба 12 дипломати украинӣ пешниҳод дод, ки зарфи 72 соат кишварро тарк кунанд ва онҳоро ба ҷосусӣ алайҳи кишварашон муттаҳам кард.

Дар гузашта корбарони интернетӣ аз Тоҷикистон низ аз таблиғоти зиддирусӣ, ки тавассути сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин ҷумҳурӣ анҷом шуд, изҳори норизоиятӣ карда буданд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!