Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон, роҳе ба ҷуз саркӯби Толибонро* намебинад, зеро онҳо фурсати сулҳро хароб карданд
ДУШАНБЕ, 25 март – Сангар, Фирдавси Низом. Вай ин нуктаро дар як паёми видеоии ҷадид дар робита ба соли нави 1401 – и ҳиҷрии шамсӣ баён кард. Вай соли гузаштаро соли баде барои ҳама мардуми Афғонистон унвон кард.
Вай афзуд, Толибон ҳамчунон бо гурӯҳҳои террористӣ дар тамос ҳастанд ва онҳо фурсати сулҳ дар Афғонистонро аз байн бурданд.
“Мо санадҳои мувассақ дар даст дорем, ки Толибон дар саросари Афғонистон барои созмонҳои террористӣ марокизи вежа ихтисос додаанд ва дигарбора терроризми ҷаҳониро таҳти пуштибонӣ гирифта, Афғонистонро дигарбора ба паноҳгоҳи террористон табдил додаанд”, - гуфт раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон.
Аҳмад Масъуд гуфт, кушторҳои фароқонунӣ, нопадид шудани мардум, саркӯби расонаҳо ва хабарнигорон ва низ дигар зулмҳо чеҳраи воқеии Толибонро ошкор кардааст.
“Иддаои онҳо ин аст, ки мардум дигар ба монанди солҳои қабл кушта намешавад, дар кишвар амният омадааст ва худ эътироф мекунанд, ки омили аслии ноамнӣ ва куштори мардуми Афғонистон дар 20 соли гузашта худи онҳо буданд ва ҳеҷ тағйире дар чеҳраашон наёмадааст”, - гуфт ӯ.
Раҳбари ҶММА таъкид кард, ки Афғонистон ба давлате ниёз дорад, ки бар асоси хости мардум бошад ва онҳоро намояндагӣ кунад ва Толибон то машрӯъияти дохилии худро пайдо накунанд, ба машруъияти байналмилалӣ нахоҳанд расид.
“Онҳо аз мо тақозо доранд, ки ё таслим шавем, ё бо онҳо байъат кунем. Пешниҳодҳои мо дар бораи ҳалли мушкили Афғонистонро нахостанд бишнаванд. Таъкид бар ҷанг карданд ва ҳамин тур, ҷанг сари мо таҳмил шуд. Мо то охирин лаҳза барои Афғонистони обод, озод ва мустақил дар баробари ҳар навъ ишғолу истибдод меистем ва мубориза мекунем”, - гуфт Аҳмад Масъуд.
Вай зимни ташаккур аз занон, ононро “қалби тапандаи муқовамат” хонд ва қавл дод, аз ҳуқуқи онон дифоъ кунад.
Раҳбари ҶММА ба афсарону сарбозони собиқи нерӯҳои амниятии Афғонистон паёми вижа дода, гуфт, бояд онҳо ба ҳам оянд ва зарфиятҳои қаблии низомии кишварро барқарор кунанд.
“Мо тамоми тайфҳо ва гуруҳҳоро даъвати мекунем, ки ба ҳам оянд ва барои озодиву иззати Афғонистон мубориза кунанд. Иттиҳод ва истодагии шумо шарт ва лозимаи пирӯзии муқовиматгарон ва озодии Афғонистон аст”, - гуфт ӯ.
Ин аввалин паёми видеоии Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аст, ки моҳҳо пас аз хомӯшии ӯ нашр мешавад. Қаблан раҳбарон ва фармондеҳони сатҳҳои мухталифи Ҷабҳаи муқовимат тариқи расонаҳо эълон карда буданд, ки бо омадани баҳор ҳамлаҳои худ сари Толибонро ташдид хоҳанд бахшид.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.