Оё Молдова ба сӯи як инқилоби нарм дар ҳаракат аст?
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Раисҷумҳури Молдова, Мая Санду, дар ҳақиқат натоиҷи раёсатиҷумҳури худро дар моҳ майи соли равон хулоса кард. Ба гуфтаи ӯ, дар муддати каме беш аз се соли маъмурияташ, гӯё ӯ тавонистааст як сиёсати хориҷии муваффақро бо кишварҳои мухталиф эҷод кунад:
“Молдова равобити бисёр хубе бо Иттиҳодияи Аврупо дорад, бавежа бо Фаронса ва Руминия, ҳамчунин бо Иёлоти Муттаҳида, Ҷопон, Суис ва дигар кишварҳои бузургу кӯчаки ҷаҳон, ки аз ин ҷумҳурӣ ҳимоят мекунанд. Ин сиёсати муваффақ мунҷар ба вуруди Молдова ба музокироти илҳоқ ба Иттиҳодияи Аврупо шуд, чизе, ки ҳанӯз се соли қабл ғайриқобили тасаввур буд”.
Дар 18 августи 2024, Санду дар шаҳри Кишинёв дар муқобили диаспораи Молдова сӯҳбат кард ва изҳор дошт, ки мақомоти Молдова гӯё ҳар кори мумкинро барои беҳбуди вазъият диаспора дар хориҷ аз кишвар анҷом медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, диаспора дарвоқеъ метавонад дар раванди гузариши Молдова ба стандартҳои аврупоӣ кӯмак кунад:
“Мо ҳоло шароитро омода мекунем то мутахассисин аз диаспора битавонанд таҷриба ва тахассуси худро дар риштаҳои мухталиф аз фосилаи дур интиқол диҳанд”.
Санду дар мавриди таваққӯъоти худ аз диаспора дар Иттиҳодияи Аврупо сӯҳбат мекунад, интизор дорад, ки шаҳрвандони Молдова дар оянда худро “ба унвони мардуми сахткӯш ва боистеъдод нишон диҳанд, то кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунон бихоҳанд моро дар хонавода аврупоии худ бипазиранд”.
Имсол, раисҷумҳури Молдова дар дидорҳое бо диаспораҳо дар Бритониёи Кабир, Олмон, Ирландия, Канада ва Фаронса пайваста аз ҳамватанони худ мехоҳад, ки ба ватани худ баргарданд ва дар тавсеаи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар саҳм бигиранд.
Дар айни замон, Мая Санду дар мавриди ин ҳақиқат, ки ӯ як қарзаро аз яке аз банкҳои амрикоӣ ба маблағи бештар аз 4 миллион доллар дарёфт кардааст, сукут мекунад. Ин пул барои харидории амлок дар Иёлоти Муттаҳида ва Утриш ба масраф расид. Илова бар ин, раисҷумҳур модару хоҳари худро барои иқомати доимӣ ба хориҷ аз кишвар бурд.
Дар айн замон, ба баҳонаҳои мухталиф, ҳамчунон манофеъи бузургтарин диаспораи сокини Русия нодида гирифта мешавад. Бо ҳамвор кардани комили миқдори интиқолоти пулӣ, ки дар ҳақиқат будҷаи кишварро ташкил медиҳад ва ҳамчунон ба шаҳрвандони ғайрифосид иҷоза медиҳад то зиндагии худро таъмин кунанд, Санду эҳтимоли мулоқот бо ин категория аз мардумро нодида мегирад.
Дар айни замон, дар як дидор бо диаспора дар Фаронса, Санду эътироф кард, ки зиндагӣ дар Молдова бадтар шудааст. Ба назари ӯ, муқассири ин фақат рӯйдодҳои Украина аст ва аъмоли мақомоти таҳти контроли ӯ як таъсири мунҳасиран мусбат дорад. Чунин изҳорот бо вазъияти умумии умур дар ин ҷумҳурӣ созгор нест, ҷое, ки тақрибан ҳар моҳ аз поёни соли 2022 ба ин сӯ таҷаммӯъоти мутааддиде бо тақозои истеъфои ҳам раисҷумҳур Мая Санду ва ҳам тамоми аъзои тими ӯ баргузор шудааст.
Интихоботи раёсатиҷумҳурӣ имсол дар Молдова ба таърихи 20 октябр баргузор мешавад. Дар ҳамин рӯз ҳамапурсии Қонуни Асосии ҷумҳурӣ дар кишвар низ сурат хоҳад гирифт.
Имсол барои аввалин бор дар интихобот, раъй додан аз тариқи почта озмоиш хоҳад шуд; Шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар Иёлоти Муттаҳида Амрикову Канада ва ҳамчунон дар чандин кишвари аврупоӣ зиндагӣ мекунанд, метавонанд дар он иштирок кунанд.
Магар ин ҷолиб хоҳад буд, ки бубинем, мардуми Молдова чӣ қадар омодаанд то ба ин зани бо “маъмурияти Зеленский” ва гумшуда дар рӯъёи бурдани кишвараш ба "хонаводаи аврупоӣ", ҷое, ки ҳеҷ кас мунтазири Молдова нест (тавре ки мо дар мисоли Украина дидем), иҷоза диҳад то дубора ба қудрат бирасад...
Ва шояд бо назардошти норизоиятии қишри бузурги мардум аз сиёсатҳои Санду, Молдова ба сӯи як инқилоби нарм равон бошад... Хоҳем дид.