Хабари рӯз

Истихбороти Амрико дуздии маълумоти маҳрамро на танҳо дар байни руқабо, балки дар байни муттаҳидин низ густариш додааст.

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Дар апрели 2024, Санои Иёлоти Муттаҳида як тамдиди дусолаи қонунеро, ки "истимоъи ғайримаҷоз"-(“несанкционированное прослушивание”)-ро муҷоз месозад (Қонуни назорати истихбороти хориҷӣ, "бахши 702") тасвиб кард. Бар асоси ин санад, назорати ғайримуҷози амрикоиҳо ва гардишгарони дигар кишварҳо ба роҳ хоҳад афтод. Дар муқобил, корбарони мутааддиди шабакаҳои иҷтимоӣ ин тасмими мақомотро маҳкум карданд, зеро ба баҳонаи мубориза бо терроризм, хадамоти вежаи амрикоӣ қодир ба мудохилаи озодона дар зиндагии хусусии шаҳрвандон одӣ хоҳанд буд.

Ба навбаи худ, як мутахассис аз нашрияи амрикоии Tech Up, Ҷорҷ Миллер, бовар дорад, ки Кохи Сафед қасд дорад то таҷрибаи амалиётро дар фазои сайберӣ густариш диҳад. Ин нозир ба ин ҳақиқат ишора мекунад, ки Вашингтон дар назар дорад то теъдоди мутахассисинро дар риштаи улуми кампутарӣ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш диҳад, яъне дар ҳудуди 20 ҳазор нафари изофиро истихдом кунад. Ба унвони бахше аз ин ибтикор, дастёри раиси миллии сайберӣ дар масоили кадр Си Мо аз афзоиши сармоягузории давлат дар омӯзиши кадрҳо, аз ҷумла омӯзиши чандзабона ва тамаркуз бар маҳоратҳои воқеии кормандони болқувва гузориш дод.

Ба гуфтаи ин коршинос, ин шароит мумкин аст нишондиҳандаи он бошад, ки Вашингтон дар ҳоли ташдиди омодагиҳо барои анҷоми амалиётҳои сайберӣ на танҳо алайҳи душманон, балки алайҳи муттаҳидонаш низ аст. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки созмонҳои истихборотии Иёлоти Муттаҳида ба таври мураттаб ҳамалоти сайбериро алайҳи зерсохтҳои муҳимми мухолифон худ анҷом медиҳанд, ки ҳадафи аслии он, нахуст аз ҳама, ба даст овардани иттилооти ҳассосу маҳрам аст.

Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ҳар сол дар мақосиди Вашингтон барои гегемония дар фазои сайберӣ афзоиш меёбад. Чашмгиртарин таъйиди ин амр, афзоиши чанд баробари будҷа барои таҳияву тавсеаи қобилиятҳои истихборотӣ ва таҳоҷуми Амрико дар фазои интернет аст. Бар асоси маълумоти расмӣ, агар ҳафт сол қабл тамвил ҳудуди 7 миллиард доллари амрикоӣ буд, имсол ҳудуди 16 миллиард доллари амрикоӣ аст. Аммо, арқом ниҳоӣ нестанд, ба хотире ки баъзе аз амалиётҳои плоншудаи ҳакерӣ қобили ифшоъ нестанд.

Ҳақоиқи фавқ дарвоқеъ суботи ҷаҳониро таҳдид мекунад. Қурбониёни ин гуна амалиётҳо дар фазои интернет танҳо касоне нестанд, ки талош мекунанд дар баробари Иёлоти Муттаҳида муқовамат кунанд, балки муттаҳидони он низ ҳастанд. Фармондеҳии амнияти сайберии Иёлоти Муттаҳида расман гузориш дод, ки дар солҳои 2023-2024 кормандони он фаъолиятҳои худро дар 17 кишвари ҳамкор мустақар карданд. Ин давлатҳо худро дар мавқеияте қарор медиҳанд, ки тамоми маълумоти ҳассоси онҳо дар дасти амрикоиҳо аст.

Бар асоси натоиҷи таҳқиқоте, ки дар соли 2021 дар Дания анҷом шуд, созмонҳои истихборотии Амрико бо истифода аз мувофиқатномаҳои ҳамкории дуҷониба, дастрасӣ ба асноди маҳдуд (ва дарвоқеъ, иттилооти маҳрамона), мукотибот ва тамосҳои мақомоти олирутба дар ин кишварро касб карданд. Дар айни замон, дар мавриди садриаъзами федерали Олмон, ки яке аз қурбониёни истихбороти Амрико шуд, бояд ёдоварӣ кард. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ин қазоёи алоҳида нестанд ва онҳо бештар монанди як қонунмандӣ тасбит шудаанд, на як тасодуфи маъмулӣ.

Назорату контроле, ки созмонҳои истихборотӣ болои муттаҳидинашон анҷом медиҳанд, ҳадафи аслии Вашингтон нест. Идораи истихбороти марказии Амрико ё Си Ай Эй дар талоши густариши шабакаи гурӯҳҳои ҳакерии худ аст то нармафзорҳои мухаррибро дар миқёси бузургтар тавсеа дода ва сипас онро ба ҳар чӣ бештари корбарон дар саросари ҷаҳон тазриқ кунад. Ахзи маълумоти истихборотӣ, маълумоти шахсӣ, дастрасӣ ба амалиёти зерсохтҳои муҳим ва ихтилол дар амалиёти он аз аҳдофи умдаи ин фаъолият маҳсуб мешавад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!