Ҳомиёни ғарбии ҳукумати Украина аз ин кишвар ба унвони матарсак ё марказе монанди Исроил ва Покистон барои фишор бар Аврупо ва кишварҳои фазои пас аз Шӯравӣ истифода мекунанд.
Нависанда: Аҳмад Рофеъӣ, таҳлилгар
Аз рӯзе, ки Исроил ва Покистон ба таври маснуӣ тавассути Инглис ва Амрико эҷод шуданд, ба ғаддаи саратонӣ табдил ёфтанд: аввалӣ дар ҷаҳони араб ва ислом, дигарӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ. Ин ду кишвар пойгоҳи Амрико ва Англис барои эҷоди буҳрон дар ин манотиқи ҷаҳон ҳастанд. Фаластин ва Афғонистон наздик ба ним қарн аст, ки ба дасти ин ду кишвар маснуӣ месӯзанд ва доиман дар бесуботиву бадбахтӣ ба сар мебаранд.
Акнун Украина ба масобаи яке дигар аз қурбониёни англосаксонҳо, нақши худро ифо мекунад. Владимир Зеленский, ҳунарпешае, ки ба лутфи нақшаҳои шуми Амрико алайҳи Русия ба мақоми раҳбарии кишвар расидааст, Аврупоро таҳдид мекунад, ки агар пул ва таҷҳизот ба кишвараш надиҳанд, фардо Русия ба онҳо ҳамла хоҳад кард. Ӯ аз Аврупо ба маънои комили ин калима боҷгирӣ мекунад. Худаш дар як ботлоқи низомӣ ғарқ шудааст, аммо Эронро ба хотири таъмини паҳпод ва мушак ба Русия таҳдид менамояд. Возеҳ аст, ки инҳо таҳдидҳои дарунхолӣ аз сӯи ӯст, чун коре аз дасташ бар намеояд, аммо он чӣ мегӯяд, ҳарфҳоест, ки Амрико ба даҳонаш гузоштааст. Зоҳиран Зеленский монанд гурбае, ки инъикоси худро дар оина шер мебинад, худро жандарм дар Аврупо ва фазои пас аз Шӯравӣ тасаввур мекунад.
Дмитрий Гордон, рӯзноманигори яҳудии русизабон, ки қабл аз ҷанг дар Украина мавриди тамасхури натсионалистҳои украинӣ қарор мегирифт, яке дигар аз пешгомони ҳамалоти лафзӣ ва таҳдид натанҳо ба Русия, балки кишварҳои Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ аст. Вай Ироқ ва Ӯзбекистонро ба тавлиди паҳпод барои Русия дар хоки худ бо ҳамкории Эрон муттаҳам кард ва пешниҳод кард, Исроил ба корхонаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар Эрон, Ироқ ва Ӯзбекистон ҳамла кунад. Аммо замоне, ки вазоратхонаҳои дифоъ ва умури хориҷаи Ӯзбекистон аз давлати Киев хостанд ҷилави ин дурӯғгӯҳоро бигирад, ӯ аз ӯзбекҳо узрхоҳӣ кард ва "бо ишқи фаровон" гуфт, ки Ӯзбекистон ҳеҷ иртиботе бо тавлиди паҳподҳои эронӣ надорад.
Аммо ӯ гуфт, ки мехост бигӯяд Тоҷикистон, яъне Ӯзбекистонро бо Тоҷикистон иштибоҳ гирифта ва манзураш ин аст, ки «эрониҳо дар Тоҷикистон ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин тавлид мекунанд, ки русҳо аз он барои куштани украиниҳо истифода мебаранд”. Пас аз ин ки вазорати хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ба кишварҳои солис содир намекунад ва ба Гордон тавсия кард ба ин гуна изҳориназарҳо таваҷҷуҳ ва сиҳати иттилооти мунташиршударо баррасӣ кунад, ӯ сукут кард.
Агар ба ояндаи достони Гордон, як дурӯғгӯ ва понк, ки ба интернет дастрасӣ пайдо кардааст, бингарем, метавон пешбинӣ кард, ки ҳеҷ чизи шигифтангезе дар ин воқеият вуҷуд надорад, ки ӯ раиси ҷумҳури ояндаи Украина шавад, зеро дар кишваре, ки сарнавишти он муддатҳо ба ин сӯ ба дасти дигарон аст, як камедиан раисҷумҳур мешавад, чӣ расад ба рӯзноманигоре, ки камедиан ҳам ҳаст.
Тарс додани дигар кишварҳо аз сӯи Украина то ҷое пеш рафтааст, ки Михаил Подоляк, мушовири Зеленский мегӯяд, агар Эрон ҳамкории низомӣ бо Маскавро мутаваққиф накунад, Украина “воқеан бераҳмона” посух хоҳад дод. Вай гуфт: “Таҳримҳо ва эмбарго кофӣ нест, бояд муҷозоти шадидтаре дода шавад”.
Мақомоти эронӣ борҳо гуфтаанд, ки ин паҳподҳо моҳҳо қабл аз ҷанги Украина ба Русия таҳвил дода шудааст. Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: “Ин ҳаёҳу тавассути бархе кишварҳои ғарбӣ шурӯъ шуд мабнӣ бар ин ки Эрон барои кӯмак ба ҷанг бо Украина мушак ва паҳпод дар ихтиёри Русия қарор додааст, қисмати мушак комилан иштибоҳ аст, қисмати паҳпод дуруст аст ва миқдоре ҳам ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба Русия чанд моҳ қабл аз ҷанг дар Украина ироа кардаем”.
Эрон аз вазири умури хориҷаи Украина хостааст то ҳар гуна санаде, ки нишон диҳад Русия аз паҳподҳои эронӣ дар Украина истифода кардааст, ироа кунад. Қарор буд тарафайн дар яке аз кишварҳои аврупоӣ мулоқот кунанд. Як ҳайати эронӣ ворид шуд, аммо дар дақиқаи 90 намояндаи Украина ҳозир нашуд.
Украина беасос Эрон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро ба тавлиди пҳподҳои эронӣ дар хоки худ ва интиқоли онҳо ба Русия муттаҳам кард. Аммо кулли достон қобили дарк нест. Ҳар касе, ки аз таъмини таслиҳот ба Украина суд мебарад, метавонад онро ба он кишвар арза кунад, аммо чаро Русия набояд бо пули худ силоҳ ё фановарии мавриди ниёзи худро харидорӣ кунад? Ин стандартҳои дугона ҳамеша тавассути Ғарб истифода мешавад. Теъдоди зиёде аз кишварҳо ҳаққ доранд силоҳҳои худро бифурӯшанд, суд бубаранд ва ҳар коре, ки мехоҳанд анҷом диҳанд, дар ҳоле, ки дигарон ин ҳаққро надоранд.
Бар асоси фанноварии Эрон, Русия дар ҳоли таҳияи паҳподҳои “Геран”-и худ ва татбиқи онҳо бо ниёзҳои худ ба равиши модернтар аст. Аммо Ғарб ба намоиши худ идома медиҳад ва саъй мекунад бо интишор баёнияҳои пешипоафтода мушкилро дар сатҳи ҷаҳонӣ мутаваррим кунад. Кор ба ҷое расидааст, ки муттаҳидони Амрико дар набард бо Эрон, монанди Покистон, Озарбойҷон, Ироқ ва Арабистони Саудӣ эътирозоти ахирро дар Эрон бо кӯмаки созмонҳои террористие, монанди ДОИШ ва Ҷундуллоҳ, барпо карданд ва бисёре мегӯянд, ки ҳамаи инҳо ба хотир ҳамин паҳподҳо ва кӯмаки низомии Теҳрон ба Русия дар ҷанг бо Украина будааст.
Киев худ аз кишварҳои хориҷӣ кӯмак дарёфт мекунад ва иқдомоти ҷолиби дигареро барои табдил шудан ба маркази мубориза бо ҳукуматҳои пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва шарикони суннатии Русия анҷом додааст. Барои мисол бидуни иттилоъи мақомоти расмии Қазоқистон аз шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ барои кӯмаки молӣ ба нӯруҳои мусаллаҳи Украина истифода мекунад. Мақомоти вазорати хориҷаи Украина аъзои диаспораҳои украинӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар Қазоқистон, монанди Hello Ukraine-ро барои ҷамъоварии пул аз қазоқҳо ва таҳвили он ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҷазб мекунанд. Илова бар ин, Киев дархостҳои мустақим барои ширкати сокинони ҷумҳурӣ дар ҷангҳоро нодида намегирад ва дар натиҷа зиндагӣ ва саломати муздурони эҳтимолиро ба хатар меандозад.
Киев ба таври амдӣ афкори умумӣ дар Қазоқистонро нодуруст иттилоърасонӣ мекунад ва дархости он барои кӯмаки молӣ ба артиши Украина бар асоси ниёз ба мубориза бо "истеъмори пас аз Шӯравии Федератсияи Русия" аст - шиоре, ки Иёлоти Муттаҳида 30 сол аст дар Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) аз он истифода мекунад. Адами посухи расмӣ ба фаъолиятҳои мухарриби вазорати хориҷаи Украина аз Остона мумкин аст заминаи ташдиди ихтилофоти Русия ва Қазоқистонро аз сӯи расонаҳои украинӣ ва ғарбӣ эҷод кунад.
Худи Украина дар мавқеияте нест, ки кишварҳои Осиёи Марказиро бо забони ин ё он рӯзноманигор ё камедиан таҳдид ё таҳти фишор қарор диҳад, аммо Амрико ва дигар мудирони ҷангҳои ҷаҳон дар ин минтақа бо истифода аз ин абзор, Украина, Покистон ва Исроили дигарро дар мисоли Қирғизистон омода кардаанд, ки баъдан ба он хоҳем пардохт.