Хабари рӯз

Амрикоиҳо бояд қабл аз ин ки хеле дер шавад, бо воқеиятҳои дунёи пасотакқутбӣ бедор шаванд.

Нависанда: Ҷорҷ Ди. О’Нил Ҷуниор (George D. O’Nill Junior),

Аз он ҷое, ки шоҳиди фурӯпошии ривоятҳои аслии мухталиф, ба вежа онҳое, ки дар мавриди ҷанги Иёлоти Муттаҳида/НАТО бо Русия дар Украина вуҷуд дорад, амрикоиҳо бояд шурӯъ ба арзёбии муҷаддади дарки худ аз раҳбарии миллии Иёлоти Муттаҳида кунанд. Аксар шаҳрвандони амрикоӣ ҳеҷ тасаввуре аз тафовути зиёд байни он чи давлаташон дар хориҷ аз кишвар анҷом медиҳад ва достонҳое, ки аз баландгӯҳояш мешунаванд, надоранд. Дар натиҷа, амрикоиҳо нохоста аз анвоъи амалиётҳои хориҷӣ ҳимоят мекунанд, бо дарки ночизе аз он чи дар воқеъ дар ҳоли вуқӯъ аст ё аслан намедонанд. Солҳост, ки онҳо тавассути як маъракаи таблиғотии бевақфа, ки акнун шурӯъ ба фурӯпошӣ кардааст, гумроҳ шудаанд.

Мо дар ҳоли таҷрибаи гегемонияи такқутбии Иёлоти Муттаҳида дар бахшҳои бузурге аз ҷаҳон ҳастем. То замоне, ки шаҳрвандон мутаваҷҷеҳи бузургии фиребкориҳои сиёсати давлати худ нашаванд, дарки мавқеияти ҷаҳонии дар ҳоли тағйири Иёлоти Муттаҳида ва созгорӣ бо таъсироти тасаввури манфии физоянда аз кишвари мо тавассути бисёре аз мардум дар саросари ҷаҳон ба таври фазояндае душвор хоҳад шуд.

Аз замони Ҷанги ҷаҳонии дувум ва ба вежа пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, Иёлоти Муттаҳида қудрати бартар ва берақиби ҷаҳонӣ буд. Иёлоти Муттаҳида ба ҷои ин ки як ҳофизи сулҳ ва "пулиси ҷаҳон" содиқ бошад, ба таври фазояндае як “буққа”-и бесуботкунанда будааст. Бисёре аз раҳбарон дар сартосари ҷаҳон ба далели тарс аз муҷозот, тамоюле ба сӯҳбат дар мавриди моҳияти мухарриби физояндаи сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида надоранд. Аммо бо коҳиши қудрати Иёлоти Муттаҳида, бахшҳои бузурге аз ҷаҳон барои муҳофизат аз худ дар баробари шикорчиёни Иёлоти Муттаҳида масруфи омодагиҳое ҳастанд.

Аксар амрикоиҳо намедонанд, ки чаро чунин таҷдиди созмонҳо иттифоқ меафтад, ба лутфи як ҷараёни таблиғотии мудовим дар мавриди ин ки Амрико “саховатмандтарин”, “миллати истисноӣ” аст, “миллате, ки манофеъи худро ба нафъи ҷаҳон канор мегузорад”. “Манбаъи муҳимми хайр” дар сартосари ҷаҳон ба унвони “ҳофизи назми мубтанӣ бар қавонин”, ки ҳамеша масъулияти сангини муҳофизат аз низоми байнулмилал ва кишварҳои заиф дар баробари бозигарони бадро ба дӯш мекашад. Ба гуфтаи теъдоде аз манобеъ, ҷангҳои ношӣ аз мудохилаҳои Иёлоти Муттаҳида ба таври мустақим омили марги беш аз 10 миллион нафар пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум будааст. Ва муҳофизакорон ин ҳақоиқу манобеъи онҳоро масхара хоҳанд кард, аммо аксари кишварҳои дигари ҷаҳон мӯътақиданд, ки ин воқеият дорад.

Аксари амрикоиҳо наметавонанд ин мушоҳидотро бипазиранд, зеро бо ривояте, ки дастгоҳи таблиғоти давлатӣ дар ҳама ҷо ба онҳо ироа мекунад, дар тазод аст. Дар ҳоле ки феҳристи фазояндаи қарзҳои амрикоӣ дар хориҷ аз кишвар барои солҳо дар дохили кишвар бидуни чолиш будааст, барои бисёре дар саросари ҷаҳон ба таври физояндае ошкор шудааст. Амрикоиҳо бояд таваҷҷуҳ дошта бошанд. Ба унвони мисол, вазорати хориҷаи Чин ба тозагӣ як мурури куллӣ аз он чи онҳо ба унвони рафтори нодурусти Иёлоти Муттаҳида медонанд, мунташир кардааст. Ташкилоти Иёлоти Муттаҳида ва меҳанпарастони хушният мумкин аст мушоҳидоти чиниро рад кунанд, аммо ин мушоҳидот барои бисёре аз касоне, ки хориҷ аз ҳубоби таблиғотии навмуҳофизакорҳо зиндагӣ мекунанд, содиқ аст.

Бар хилофи устураҳои истиқрор, Иёлоти Муттаҳида ба далели зери по гузоштани ваъдаҳои худ, ба нақзи муоҳидот ва канор гузоштани қарордодҳо машҳур аст. Рӯйхат тӯлонӣ аст: ваъдаи Иёлоти Муттаҳида дар соли 1990 мабнӣ бар адами интиқоли НАТО ба Шарқ ба кишварҳои собиқи Созишномаи Варшава, лағви созишномаҳои дифоъи зиддимушакӣ, мушакҳои миёнбурд ва кӯтоҳбурд, осмони боз, коҳиши таслиҳоти таҳоҷумии стратегӣ, барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак, барҷом, тавофуқ бо Либия ва ғайра. Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин борҳо бо ҳамла ба кишварҳое, ки дар баробари гегемонияи Иёлоти Муттаҳида таслим намешаванд, қавонини байналмилалиро зери по гузоштааст.

Теъдоде аз бунёдҳо дар Иёлоти Муттаҳида вуҷуд доранд, ки ба таври махфиёна амалиёти мудохилаи созмонҳои ғайридавлатӣ дар интихоботро таъмин мекунанд. Аксар амрикоиҳо намедонанд, ки Бунёди миллии демократия дар даврони ҷанги сард барои таъсиргузорӣ бар интихобот дар кишварҳои саросари ҷаҳон эҷод шудааст ва дар бисёре аз онҳо мудохила кардааст. (Бунёди миллии демократия дар Русия пул харҷ мекард то замоне ки русҳо онҳоро ихроҷ карданд.) Ҳамчунон иқдомоте, ки ба "инқилобҳои рангӣ" маъруф ҳастанд, тавассути нерӯҳои мухталифи Иёлоти Муттаҳида ҳимоят мешаванд. Бархе тахмин мезананд, ки Иёлоти Муттаҳида дар панҷоҳ кишвар мудохила кардааст.

Рӯзҳои тазоҳур ба нодида гирифтани ин рафтори мухарриб рӯ ба поён аст. Мо вориди даврае мешавем, ки мумкин аст ҷамъияти бисёре аз кишварҳо тасмим бигиранд, ки тобеият аз гегемонияи Амрико ба нафъи онҳо нест. Теъдоди физояндае аз кишварҳо ба хориҷ аз нуфузи Иёлоти Муттаҳида пайваста ва иттиҳодҳои ҷойгузин ташкил додаанд. Созмони Ҳамкори Шонгҳой, БРИКС плюс, ОПЕК плюс ва дигарон, узвияти рӯ ба рушдеро таҷриба кардаанд, зеро ин кишварҳо мӯътақиданд, ки манофеъашон тавассути ин иттиҳодҳои ғайривобаста ба Иёлоти Муттаҳида, беҳтар муҳофизат мешавад.

Паёмадҳои ҷанги фоҷиабор ва ғайризарурии Украина ин ҷунбишро барои ҷустуҷӯи дигар анҷуманҳои таовунӣ тасриъ кардааст. Ба ҳамин тартиб, муттаҳидони аврупоии Амрико дар ҳоли омӯхтан ҳастанд ин ки иртибот бо Иёлоти Муттаҳида метавонад ҳазинаҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҳангуфтеро ба ҳамроҳ дошта бошад.

Таъминкунанда ва ҳомии "назми мубтанӣ бар қавонин" тасмим гирифт, ки Олмон набояд гази табиии арзони Русияро ворид кунад. Раисҷумҳури Амрико ва яке аз мақомоти аршади вазорати хориҷаи Амрико таҳдид карданд, ки агар Русия дар баробари хостаҳои Вашингтон таслим нашавад, хатти лӯлаи таъмини гази Русияро қатъ хоҳанд кард. Иттифоқан чанде баъд хутути лӯлаи гази “Норд Стрим” мунфаҷир шуд. Вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки харобкорӣ як "фурсат" аст ва ба назар мерасад дастёри вазири умури хориҷа розӣ аст. Навмуҳофизакороне, ки ин иқдоми террористиро алайҳи муттаҳиди Иёлоти Муттаҳида (Олмон) тамҷид мекунанд, мумкин аст бар ин бовар бошанд, ки агар вонамуд шавад, Вашингтон масъули он набудааст, Амрико ва Аврупо мутмаин мешаванд, аммо бақияи ҷаҳон хилофи инро бовар доранд.

Бисёрӣ авоқиби нақши эҳтимолии Иёлоти Муттаҳида дар тахриби хутути лӯлаи “Норд Стрим”-ро нодида мегиранд ё онро коҳиш медиҳанд. Аммо ин изофа шудан ба феҳристи аъмоли бераҳмонае аст, ки дар хориҷ аз кишвар тавассути Иёлоти Муттаҳида анҷом мешавад, бештар ривояти Амрико ба унвони “миллати саховатманд”, “раҳбари ҷаҳони озод”, “муҳофизи назми мубтанӣ бар қавонин”-ро тазъиф хоҳад кард. Ин таноқузот барои солҳо тавассути матбуоти мутеъ ва ниҳодҳои ҳамдаст, ки аз ин фиребҳо суд мебурданд, ба тарзи моҳиронае нодида гирифта мешуд. Аммо аз он ҷое, ки Иёлоти Муттаҳида камтар қудратманд ба назар мерасад, бақияи ҷаҳон шурӯъ ба таваҷҷуҳ кардаанд ва ба думболи дӯстиҳои муҳофизи дигаре ҳастанд.

Камтар аз ду сол пеш, "қудратмандтарин артиши таърихи башар" тавассути гурӯҳе аз ситезаҷӯёни мутаҷовизи мусаллаҳ ба силоҳҳои сабук ва савор бар хар, дучарха ва мотосикл аз Афғонистон берун ронда шуд. Толибон акнун 80 миллиард доллар таҷҳизоти низомии Амрикоро дар ихтиёр дорад, ки раҳбарони мо пушти сар гузоштаанд. Ин баҳонаҳо мумкин аст барои нухбагони Вашингтон қонеъкунанда буда ва тавассути расонаҳои ҳамсӯ бо режим башиддат фурӯхта шуда бошад. Бақияи дунё беҳтар медонанд. Ҳарфҳои обшустаи қадимӣ пас аз фурӯпошии Ветнам, ки иддао мекарданд “агар воқеан ба мо иҷоза медод биҷангем, пирӯз мешудем”, пас аз бист сол, фоида надорад - садҳо ҳазор кушта ва бехонумон шуданд, ва чандин триллион доллар барои он фоҷиа харҷ шуд.

Бар хилофи бисёре аз иддаоҳои мабнӣ бар ин ки русҳо аз шоку ҳайбат “таҳримҳои ҷаҳаннамӣ” фурӯ хоҳанд пошид, рубл ҳамон тур, ки Ҷо Байден пешбинӣ карда буд, ба овор табдил нашудааст. Муҳиммот ва таслиҳоти Иёлоти Муттаҳида ва НАТО барои ирсол ба Украина, ки ба дастури онҳо сафед мешавад, тамом мешавад. Ба назар мерасад, ки Русия ба таври пайваста артиши Украинаро нобуд хоҳад кард. Ҳамаи инҳо ёдовари Ҷанги ҷаҳонии аввал аст. Навмуҳофизакорон он ҷангро ба унвони як даргирии сареъ фурӯхтанд, ки то соли нави 1914 тамом мешуд. Чаҳор сол баъд, 20 миллион кушта ва бисёре дигар захмӣ ё овора шуданд. Мутаоқибан аксари подшоҳиҳои масеҳии Аврупо фурӯ пошид, Русия дар кобуси ҳафтодсолаи коммунизм фурӯ рафт ва “ҷанг барои поён додан ба ҳама ҷангҳо” барои “эмин кардани ҷаҳон барои демократия” заминаро барои Ҷанги ҷаҳонии дувуми ваҳшатноктар фароҳам кард.

Як қарни баъд, мо дар хоб роҳ меравем ва вориди Ҷанги ҷаҳонии севум мешавем. Амрикоиҳо бояд таблиғоти давлатиро нодида бигиранд (ба тарзи ваҳшатноке шабеҳ ба он чӣ, ки мунҷар ба Ҷанги ҷаҳонии аввал шуд), аз хоб бедор шаванд, ба он чӣ раҳбаронашон анҷом додаанд, нигоҳ кунанд ва тамоми талоши худро барои поён додан ба ҳимоят аз ин ҷанги золимона қабл аз мувоҷиҳа бо як ҷанги бузург - монанди оташсӯзӣ ё бадтар аз он - анҷом диҳанд.

ДАР БОРАИ НАВИСАНДА: Ҷорҷ Ди О’Нил Ҷуниор, яке аз аъзои ҳайати мудираи муассисаи идеяҳои амрикоӣ, ки нашрияи The American Conservative-ро мунташир мекунад ва ҳунарманде аст, ки дар рустои Флорида зиндагӣ мекунад.

Манбаъ: American Conservative


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!