Хабари рӯз

Мулло Ҳайбат мехоҳад ҷаҳонро раҳбарӣ кунад, аммо ин раҳбарӣ ё сари ӯро хоҳад хӯрд ё сари Афғонистонро.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистону минтақа

Ба шумули худам ва аксарияти мардуми Афғонистон ҳатто дар ҳудуди 19 моҳ қабл камтар касе аз аъзои раҳбарии Толибон ё ашхосу афроди дигар фикр мекарданд, ки раҳбари ғоибашон пас аз ба қудрат расидан то ин ҳад иқтидоргаро, худраъй ва бетаваҷҷӯҳ ба интиқоду мухолифатҳои онон шавад.

 Зоҳиран, ӯ ҳар он чӣ дилаш бихоҳад, анҷом медиҳад ва барои таҳкими қудраташ даму дастгоҳи бузурге дар Кандаҳор ба вуҷуд овардааст.

Пас аз кушта шудани Мулло Ахтар Мансур дар соли 2016, аъзои аршади Шӯрои Кветтаи Толибон бар сари таъйини як раҳбари фоқиди таҷрибаи низомӣ тавофуқ карданд, ки собиқаи тадрис дар мадрасаи динӣ ва муовинияти комиссияи адлӣ ва қазоии Толибонро дошт.

Шояд онҳо фикр мекарданд, ки канор задан ё эъмоли нуфуз бар раҳбаре, ки на собиқаи сиёсӣ-низомӣ дорад ва на мутааллиқ ба қабилаи қудратманди паштун аст, роҳаттар аст. Аммо, Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзода хушхаёлии аъзои Шӯрои Кветтаро ба намоиш гузоштааст. Ӯ акнун хостори итоати беқайду шарти ҳама аст.

 

НОРИЗОИЯТӢ АЗ РАҲБАРИ ҲАМАКОРА

Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ бидуни машвара бо дигар чеҳраҳои калидии Толибон фармонҳои аҷиб, монанди мамнуъияти омӯзишу кори занонро содир карда, ки хашми байналмилалиро барангехта ва ба инзивои бештари Толибон мунҷар шудааст. Интиқодҳои ғайримустақими касоне чун Сироҷуддин Ҳаққонӣ ва Мавлавӣ Яъқуб низ дар тасмими ӯ тағйире наёвардааст.

Ба нақл аз манобеъи дохилии Толибон, норизоиятӣ аз раҳбарии Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ лояҳои мухталиф дорад. Ӯ амалан тасмимҳои такнафара мегирад, дар тамоми сутӯҳи мудириятии хурду калон дахолат дорад ва барои худ дар Қандаҳор даму дастгоҳи бузурги идорӣ ва низомӣ ба вуҷуд овардааст.

Ӯ ба дилхоҳи худ қитаоти хатарнок ва дорои афроди интиҳориро аз Кобул ба Кандаҳор фаро хондааст. Аз вазорати молия ва Банки Марказӣ 60 милиард афғонӣ нақд ва бидуни санад мутолиба кардааст. Раҳбари Толибон, ба гуфтаи чанд манбаъи иттилоотӣ, бо барканории Ҳидоятуллоҳ Бадрӣ, машҳур ба Гулоғо Исҳоқзай, вазири молияи қаблӣ, мусаммам ба интиқоли вазорати молия ва бахше аз Банки Марказӣ ба Кандаҳор аст.

Акнун, ки сухангӯёни ҳукумати Толибон низ ба Қандаҳор интиқол ёфтаанд, эҳтимоли интиқоли пойтахт аз Кобул ба Кандаҳорро набояд аз назар дур дошт.

 

ИНТИҚОЛИ ПОЙТАХТ БА КАНДАҲОР?

Бино ба манобеъи иттилоотии Толибон, Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ далоили зиёде барои интиқоли қудрати давлат аз Кобул ба Қандаҳор дорад. Ӯ дар онҷо қудрати худро мунсаҷимтар карда ва паёмҳое якдаст ба давлатҳои дигар ирсол метавонад кунад. Ҳайатҳои хориҷӣ ҳам ба хубӣ огоҳанд, ки қудрати аслӣ дар Кандаҳор аст ва на дар Кобул. Аз ин пас, онҳо вақти худро дар мулоқотҳои бенатиҷа дар Кобул зойеъ нахоҳанд кард.

 Раҳбари Толибон Кандаҳорро барои истеҳкоми пояҳои қудраташ муҳим медонад. Ӯ дар иттиҳод бо сарони қабоили аликузай (Садр Иброҳим), исҳоқзай (Шайх Ҳаким Ҳаққонӣ), ализай (Қаюм Зокир) ва кокар (Мулло Фозил) метавонад бар танишҳо ва чолишҳои дарунии Толибон пирӯз ояд.

Танишҳои дохилиро дар асабонияти Сироҷуддин Ҳаққонӣ, Мавлавӣ Яъқуб  ва дигар аъзои аршади Толибони кобулнишин аз Ҳайбатуллоҳ метавон дид. Ба назар меояд, ки ӯ ба вазирони дохила ва дифоъи худ ба хотири тамос бо ғарбиҳо ва парварондани андешаи кудатои сафед мазнун аст. Ӯ аз Абдулҳақ Васиқ, раиси истихборот, ки бо амрикоиҳо робитаи давомдор дошта, сахт нороз аст. Баъид нест, ки онҳо дар ҷараёни як тасфияи дохилӣ, аз мақомҳояшон барканор шаванд.

Манобеъи иттилоотӣ аз даруни Толибон мегӯянд, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода аз раисалвузаро, муовинин ва аъзои аршади Толибон сархӯрда аст. Зеро, онҳо низоми “исломӣ”-и мавриди назари ӯро ба вуҷуд наёварданд. Аз ин миён рафиқони раҳбари Толибон, Шайх Ҳаким Ҳаққонӣ, қозиюлқуззоти Толибон ва чанд вазири солхӯрдаи дигаранд.

Нодида гирифтани ҳалқаи кобулнишин ва коҳиши манзалату иқтидори сиёсии он, беш аз ҳар касе ба Сироҷуддин Ҳаққонӣ ва Мавлавӣ Яъқуб осеб зада, ки дар бозии тоҷу тахт худро пас аз Ҳайбатуллоҳ, шоистаи раҳбарии Толибону Афғонистон медонад. Бо ниҳодина шудани идораи умури кишвар дар Кандаҳор, рӯёи Сироҷуддин Ҳаққонӣ ва Мавлавӣ Яъқуб барои раҳбарии ояндаи кишвар ба яъс мубаддал хоҳад шуд.

Барои мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, интиқоли қудрати сиёсӣ ба Кандаҳор натанҳо ба маънои эҳёи давраи Мулло Муҳаммад Умар, аввалин раҳбари Толибон ва ҳатто зинда кардани хотираи таърихии давраи Аҳмадшоҳ Абдолӣ аст, балки ба коҳиши таваҷҷуҳ ва талоши гурӯҳҳои мухолифи Толибон ба тасарруфи Кобул низ мунҷар хоҳад шуд. Яъне, талоши гурӯҳҳои мухолифи Толибон барои ноамнсозии вилоёти атрофи Кобул ва тасхири ин шаҳр минҳайси пойтахтро камаҳамият хоҳад сохт.

 

ИМПЕРАТОРИИ ҶИҲОДӢ

Як таҳлили ҷиддӣ дар мавриди ҳузури гурӯҳҳои террористии хориҷӣ дар Афғонистон ин аст, ки раҳбари Толибон ба онҳо ба унвони лашкари таҳаққуқи як ҷиҳоди ҷаҳонӣ мебинад.

Раҳбари Толибон, ҳаммонанди муттаҳиди қадимии худ Усома ибни Лодан, эҳсос мекунад, ки пас аз пирӯз омадан бар чолишҳои дохилӣ, доманаи иморати худро ба берун аз марзҳои Афғонистон, ба кӯмаки гурӯҳҳои террористии хориҷӣ тавсеа дода метавонад. Дар ҳар ҳол, ин гурӯҳҳо мӯҳраҳо ва абзори нуфуз дар бозии қудратанд.

Ба назар мерасад, ки раҳбари Толибон ҳар чӣ дар тавон дорад барои таҳаққуқи хобҳояш ба кор хоҳад бурд ва дар ин роҳ гӯш ба касе намедиҳад. Касоне, ки Мулло Ҳайбатуллоҳро аз наздик дидаанд, мегӯянд, ки ӯ ба шиддат мустабид ва дорои афкори суннатӣ аст ва аслан ба тағйиру таҳаввули ҷаҳон ва танаввӯъи қавмӣ ва фарҳангии Афғонистон бовар надорад.

Феълан, фориғ аз пешгӯии оянда, мухолифатҳо ва норизоиятии дохилии Толибон дар ростои тағйири Мулло Ҳайбатуллоҳ ҷиддӣ ба назар намерасад. Аммо, бадбахтона, тасмимҳои ӯ ва ҳалқаи вафодораш дар Кандаҳор вазъияти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистонро бадтар хоҳад кард.

Бидуни шак, Мулло Ҳайбат мехоҳад ҷаҳонро раҳбарӣ кунад, аммо ин раҳбарӣ ё сари ӯро хоҳад хӯрд ё сари мардум Афғонистонро, вале бовар дорам, ки сари ӯро хоҳад хӯрд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!