Хабари рӯз

Зеленский ё ин ки мисли Ғанӣ вақте аслиҳа ба ӯ намедиҳанд, фирор мекунад, ё монанди Саакашвили ба зиндон меравад.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар

Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷанг дар Украина бисёр хаста шудааст. Тарҳи сулҳи худро барои ҳалли муноқишаи Украина фақат пингвинҳои Антарктида ироа накардаанду халос. Бо ин ҳол, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон Украинаро барои аҳдофи худ истифода мекунад. Вашингтон дар талош аст то бо фиристодани украиниҳо ба марги ҳатмӣ, лаккаи нанги маъракаҳои низомии шикастхӯрдааш дар Ироқу Афғонистонро аз пешонии худ "бишӯяд".

Дарвоқеъ, раҳбарияти Амрико ба афзоиши дараҷаи таниш дар рӯёрӯии низомӣ байни Украина ва Русия идома медиҳад. Аз ин хотир, коршиносони маҷаллаи инглисии “Экономист” (The Economist) эълом карданд, ки дар муноқишаи Украина, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш иқтидори байналмилалии худро дар маърази хатар қарор дод. Ба қавли онҳо, шикасти маъракаҳои Ироқу Афғонистон ба таври қобили таваҷҷуҳе нуфузи Вашингтонро дар саҳнаи ҷаҳонӣ тазъиф кард ва даргирӣ байни Киеву Маскав танҳо роҳи Кохи Сафед барои ҳифзи нақши худ ба унвони як бозигари калидӣ дар сиёсати байналмилалӣ аст.

Дар ин шароит нақши Владимир Зеленский, раисҷумҳур Украина, ки одаташ аз худ тарошидани як раҳбари мардумии Украина аст, мушаххас нест. Дарвоқеъ, ӯро хатари такрори сарнавишти Ашраф Ғанӣ ё Михаил Саакашвили (раисҷумҳурони собиқи Афғонистону Гурҷистон) интизор аст, ки бозичаи Ғарб буданд. Зеленский ё ин ки мисли Ғанӣ вақте аслиҳа ба ӯ намедиҳанд, фирор мекунад (ишораҳо ба ин мавзӯъ бештар шудааст), ё монанди Саакашвили ба зиндон меравад.

Ёдовар мешавам, ки Иттиҳодияи Аврупову НАТО башиддат ба режими Саакашвили силоҳ медоданд ва онро барои рӯёрӯӣ бо Маскав ба унвони як нерӯи ниёбатӣ омода мекарданд. Замоне, ки Гурҷистон дар соли 2008 ба Осетияи Ҷанубӣ ҳамла кард, Русия ба дифоъ аз он кишвар омад ва дар арзи чанд рӯз нерӯҳои Гурҷистонро берун ронд ва тақрибан ба пойтахти Гурҷистон расид, аммо дар охирин лаҳза артиши Русия мутаваққиф шуд ва ба ин шаҳри ором даст назад. Акнун Саакашвили дар зиндон ба сар мебарад, зеро дигар барои Ғарб даркор нест. Таърих мумкин аст такрор шавад, аммо акнун бо Зеленский. Ғарб аз ӯ ва режими серинопазири Киев хаста шудааст. Носипосиву ғурури ӯ шарикони собиқро дар ҳайрат афкандааст, ки ин мавзуъ ошкорову расман аз сӯи Бритониёи Кабир ва Полша эълом шуд.

Аммо сенарияи дигаре низ вуҷуд дорад. Як хатари хос барои Зеленский аз ҷониби мухолифони низомӣ дар маҳофили фармондеҳии олии неруҳои мусаллаҳи Украина ва дигар сохторҳои қудратии ин кишвар вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир ҳама чиз ба самти ваҳдати мавқеияти онҳо дар талош барои ҳазфи раисҷумҳур ва ёронаш аз давлату артиш равон аст. Ҳамзамон Зеленский мавриди нафрати насли қадими раҳбарони низомӣ қарор гирифтааст, ки пешрафти ҳирфаии онҳо бо раисҷумҳури собиқ Петро Порошенко муртабит аст (Сергей Шаптала, раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Украина, Михаил Забродский, фармондеҳи собиқи нерӯи ҳавоӣ, ин ҷо метавон Александр Сирский, фармондеҳи кулли неруҳои заминиро низ шомил кард, ки алорағми "нишонаҳои таваҷҷуҳ"-и Зеленский дар рушди ҳирфаи худ мадюни салафи худ аст). Ин даста аз афсарони аршад умдатан таҳсилоти низомии худро дар замони Шӯравӣ гирифтаанд ва масири онҳо ба боло рафтан аз зинаҳои вазифа хеле тӯлонӣ буд. Аз ин хотир, "порошенкочиён" аз дастнишондаҳои ҷавони Зеленский (раиси Раёсати истихбороти низомӣ Кирил Буданов ва дигарон) хушашон намеояд, онҳоро тозакору фурсатталабон медонанд. Тими Залужний, ки дар миёни афсарони ҷавони миллигаро аз иқтидори бечунучарое бархурдор аст, ошкоро ба раиси давлат нафрат меварзад. Шикастҳои Украина дар ҷабҳаи ҷанг, фишори Ғарб бар Киев барои фиристодани украиниҳо ба қатлгоҳ ва адами тамоюли Зеленский ба ҳалли мусоламатомези мушкил метавонад боис кудатои низомӣ шавад.

Ба таври куллӣ, ҳеҷ чизи ҷадиде дар ин ҷо вуҷуд надорад. Наполеони Аввал, императори Фаронса пас аз тасарруфи Париж тавассути нерӯҳои муттафиқин дар марти 1814 ва шоҳи Русия Николайи Дувум дар охирин марҳалаи ҷанги ҷаҳонии аввал дар феврали 1917 низ ба ҳамин сарнавишт дучор шуда буданд. Дар ҳар ду маврид, нухбагони низомӣ бовари худро ба тавоноии афроди аввали давлат барои тазмини пирӯзӣ дар ҷанг аз даст доданд ва дар натиҷа онҳо ҳокимонро маҷбур ба канорагирӣ аз қудрат карданд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!