Хабари рӯз

Ин иттиҳоди ҷадид барои киҳо таҳдид аст?

Нависанда: Холидин Зиёӣ, раиси Андешкдаи гуфтумони таълимии миллат, махсус барои “Сангар”

Матлаби аслӣ: ضد اسلام: اسرائیل هند را آموزش می‌دهد

Дар таҳаввуле муҳим ва камсобқа, вазорати дифоъи Исроил эълом кард, ки Амир Бором, сарпарасти кулли ин вазоратхона, дар ҷараёни нахустин сафари расмии худ ба Ҳинд, таҷориби майдонӣ ва дастовардҳои технологии ҷанги 12-рӯза алайҳи Эронро бо мақомоти низомӣ ва амниятии Ҳинд ба иштирок гузоштааст. Ин дидор дар чорчӯби тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ, дифоъӣ ва ҳуҷумӣ миёни ду кишвар арзёбӣ мешавад ва ҳовии паёмҳои ошкоре барои назми минтақаӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна аст.

1 - Мӯҳтавои дидор: интиқоли таҷрибаи низомӣ ва технологӣ:

Ба гуфтаи вазорати дифоъи Исроил, ҳадаф аз ин сафар табодули таҷориби майдонии ҷанги ахир бо Эрон ва интиқоли фановариҳои низомии пешрафта ва стратегӣ ба Ҳинд будааст. Ин таҷриба, ки мақомоти исроилӣ онро “таҷрбае тилоӣ ва ғайриқобили қиматгузорӣ” тавсиф кардаанд, акнун ба унвони бахше аз ёдгирии роҳбурдӣ барои ҷангҳои оянда ба Ҳинд мунтақил шудааст. Ин ҳамкорӣ нишондиҳандаи густариши як иттиҳоди низомии бесобиқа миёни Исроил ва Ҳинд аст.

2 - Меҳварҳои музокира: ҳамкорӣ дар сутӯҳи роҳбурдӣ ва ҳуҷумӣ:

Бором дар ҷараёни сафари худ бо мақомоти аршади амниятӣ ва низомии Ҳинд, аз ҷумла мушовири амнияти миллӣ ва вазири дифоъ, дар бораи роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард. Ин ҳамкориҳо на танҳо шомили ҳавзаҳои таҳқиқотӣ, тавсеа ва тавлиди муштараки силоҳҳои пешрафта мешавад, балки бар бӯъди ҳуҷумӣ ва пешдастона дар сиёсати дифоъӣ низ таъкид дорад. Ин таҳаввулот нишон медиҳанд, ки Исроил, дар чорчӯби дипломатияи низомӣ, ба думболи эҷоди як блоки минтақаӣ алайҳи меҳвари Эрон ва ҳампаймонони он аст.

3 - Паёмадҳои роҳбурдӣ барои Эрон: таксири таҷрибаи ҷангӣ:

Интиқоли таҷориби ҷанги 12-рӯзаи Исроил алайҳи Эрон ба кишваре ҳамчун Ҳинд, ки худ дар таниши доимӣ бо Покистон қарор дорад, метавонад паёмадҳои амниятии муҳимме барои Эрон дошта бошад. Ин интиқол ба масобаи копибардорӣ аз улгуҳои ҷанги ҳибридӣ, сайберӣ ва технологии Исроил аст, ки метавонад ба бумисозии роҳбурдҳои зиддиэронӣ дар дигар кишварҳо мунҷар шавад.

4 - Корбурдҳои эҳтимолӣ алайҳи Покистон: дарсҳое аз шикасти гузашта:

Ҳинд, ки дар набардҳои ахири худ бо Покистон, бавежа дар буҳронҳои марзии Кашмир, натоиҷи начандон қонеъкунандае ба даст оварда, акнун метавонад аз ин таҷриба барои тарроҳии муҷаддади сохторҳои дифоъӣ ва ҳуҷумии худ баҳрабардорӣ кунад. Бавежа дар арсаи ҷангҳои сайберӣ, паҳподӣ ва заработи пешдастона, ки Исроил дар онҳо таҷрибаи қобили таваҷҷуҳе дорад. Ин иттиҳод метавонад Ҳиндро ба бозтаърифи роҳбурди худ дар баробари Покистон водорад ва бар муодилоти амниятии Ҷануби Осиё таъсири амиқе бигузорад.

5 - Иттиҳоди Исроил - Ҳинд: як блоки низомии навзуҳур?:

Афзоиши равобити низомӣ, табодули иттилооти амниятӣ, тавлиди муштараки силоҳ ва пайвандҳои роҳбурдӣ миёни Исроил ва Ҳинд, метавонад шаклгирии як блоки ҷадиди низомӣ дар Осиёро нишон диҳад. Ин блок метавонад на танҳо дар баробари меҳвари Эрон, балки дар муодилоти қудрат бо Чину Русия низ нақше ифо кунад.

Натиҷагирӣ:

Сафари Амир Бором ба Ҳинд ва интиқоли таҷрибаи ҷангии Исроил алайҳи Эрон, нишонгари тағйири фазаи муҳимме дар сиёсати дифоъӣ ва роҳбурдии Исроил дар Осиё аст. Ин раванд, ҳамзамон таҳдиде барои Эрон ва занги хатаре барои Покистон маҳсуб мешавад. Ҳинд бо баҳрагирӣ аз ин таҷриба метавонад шикофҳои роҳбурдии худро дар баробари Покистон тармим кунад ва вориди марҳалае нав аз боздорандагии фаъол шавад.

Пешниҳоди тавсияи Андешакадаи миллат:

Тавсия мешавад андешакадаҳо ва марокизи роҳбурдӣ дар ҷаҳони ислом, бавежа дар Эрон ва Покистон, ин таҳаввулро бо ҷиддият расад карда ва барномаҳои муқобилаии лозимро тарроҳӣ кунанд. Ҳамчунин бозтарроҳии доктринаҳои амнияти миллии мутаносиб бо ин иттиҳоди ҷадид, амре зарурӣ барои ҳаёт ва бақои давлатҳои Эрону Покистон талаққӣ мешавад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!