Хабари рӯз

Монанди як империалисти кӯҳнакор, Доналд Трамп дар баробари хориҷиҳо сардаргум шудаст

Манбаъ: Экономист (Бритониё)

Дипломатияи империалистии мубтанӣ бар “намоиши қудрати низомӣ” чунон раисиҷумҳур Доналд Трампро ҳаяҷонзада мекунад, ки гӯё бояд сабилҳои модели қадимӣ монад, кастуми расмии дароз пӯшад ва ҳам дар даст як шамшер дошта бошад. Бавижа дар давраи дувуми раёсатиҷумҳуриаш, Трамп борҳо ҷаҳонро шигифтзада кардааст, зеро равишҳои қарни нуздаҳумро барои ҳалли мушкилоти амниятии модерн ба кор гирифта, гӯё нусхаи имрӯзии Вилям Мак-Кинлӣ аст.

Аммо мутаассифона барои Трамп, ҷаҳон низ борҳо ӯро ғофилгир кардааст. Борҳо ва борҳо таҳдидҳо ва намоиши қудрат он‌ гуна, ки интизор мерафт корсоз набуда ва мақомҳои ӯ натавонистаанд сардаргумии худро пинҳон кунанд. Дар 19 феврал, чанд рӯз пеш аз он ‌ки Амрико ва Исроил Эронро ҳадафи ҳамалот қарор диҳанд, шабакаи Фокс-Нюс бо Стив Виткоф, музокиракунандаи ҳамакораи Трамп, мусоҳиба кард. Виткоф, ки фарде пурҳарф аст, гуфт, ки раисиаш аз ин мавзӯъ “мутааҷҷиб” аст, ки чаро раҳбарони Эрон то ба ҳол “таслим” нашудаанд. Ӯ бо тааҷҷуб пурсид, чаро Эрон бо таваҷҷуҳ ба қудрати оташи азиме, ки Амрико дар соҳилҳои он мустақар кардааст, ҳозир нашудааст дар бораи поёни барномаи ҳастаии худ музокира кунад?

Пас аз оғози ҷанг ва баста шудани тангаи Ҳурмуз тавассути Эрон барои бештари киштиҳо, дар Вашингтон низ иддаоҳое матраҳ шуд мабнӣ бар ин ‌ки Трамп аз ин муқовимат ҳам ғофилгир шудааст. Пит Ҳегсет, вазири ҷанги Трамп, бо асабоният ин иддаоро рад кард, ки давлат ғофилгир шудаст. Ӯ таъкид кард, ки Пентагон барномаҳое барои бозгушоии ин масири ҳаётӣ дорад. Бо ин ҳол, чанд рӯз баъд Трамп аз Чин ва муттаҳидони аврупоӣ хост то ба ӯ дар боз кардани ин масир кӯмак кунанд.

Эрон танҳо намунаи худбоварии беш аз ҳадди Трамп нест. Дар моҳи январ, нерӯҳои вижаи Амрико диктатори Венесуэла, Николас Мадуроро дастгир карда ва барои муҳокима ба Ню-Йорк мунтақил карданд. Пас аз он амалиёт, Трамп тавонист як раҳбари ҷадид ва мутеъ барои Венесуэла - Делси Родригес, муовини раисиҷумҳур Мадуроро интихоб кунад. Трамп ин натиҷаро “комил” меномад ва мехоҳад ба ҳамин шева раҳбари ҷадиди Эронро низ интихоб кунад.

Аммо воқеият ин аст, ки оқои Трамп дар ибтидо мизони аҳроми фишори худ дар Венесуэларо иштибоҳ муҳосиба карда буд. Чанд ҳафта пештар, Сузи Вайлз, раиси дафтари раисиҷумҳур, мантиқи корзорҳои ҳамалоти ҳавоии Амрикоро алайҳи қайиқҳое, ки ба қочоқи маводи мухаддир аз Венесуэла муттаҳам буданд, тавзеҳ дод. Ӯ ба як хабарнигор гуфт: “Трамп мехоҳад он қадар қайиқҳоро мунфаҷир кунад, то Мадуро таслим шавад.” Ин як қазовати аҷиб ва нодуруст буд. Мадуро, ки фарде бераҳм аст, аслан барояш аҳамияте надорад, ки қочоқчиёни иддаоии маводи мухаддир тавассути мушакҳои амрикоӣ нобуд шаванд. Аз ҳамин рӯ буд, ки ниёз ба дастгирии намоишии ӯ пеш омад.

Трамп беш аз ҳад мутмаин аст, ки метавонад раҳбарони хориҷиро бо таҳдид ба бомбаборони кишварҳояшон маръуб кунад. Ҳамчунин ӯ беш аз андоза ба ин бовар дорад, ки даргириҳо метавонанд ба суръат поён ёбанд, агар тарафҳои даргир фақат дарк кунанд, ки сулҳ муҷиби ронақи иқтисодӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи муовини раисиҷумҳури ӯ, Ҷи-Ди Ванс, Трамп намефаҳмад, чаро русҳо ва украинҳо ҳамчунон якдигарро мекушанд ва вориди "навъе тиҷорат бо якдигар" намешаванд.

Трамп муддатҳост дар дарки афроде, ки ба чизе фаротар аз пуландӯзӣ бовар доранд, дучори мушкил аст; ӯ ба таври машҳур сарбозони амрикоиро, ки дар ҷангҳои хориҷӣ кушта шудаанд, “аҳмақ” хондааст. Дар давраи дувуми раёсатиҷумҳуриаш, ин нотавонии зеҳнӣ бо навъе носталгия нисбат ба империализм ҳамроҳ шудааст. Суханроние, ки Трамп дар авоили имсол ироа кард, бештар ба хотири дархости сареҳи ӯ аз Дания барои фурӯши Гренланд — ҷазирае дар қутби шимол — ба ёд мондааст. Аммо камтар касе ба тамҷиди ӯ аз истеъмор ба унвони як ниҳод таваҷҷуҳ кард. Трамп таъкид кард, ки “ҳеҷ ишколе надорад”, ки сарзаминҳое ба даст оварда шаванд ва бо лаҳне тақрибан ҳасратолуд аз императориҳои аврупоӣ ёд кард, ки “сарвати азим ва сарзаминҳои васеъ дар саросари ҷаҳон” доштанд, пеш аз он ки “рӯ ба уфул” бираванд.

Ин сирфан як лағзиши забонӣ набуд. Пас аз дастгирии Мадуро, Трамп ба худ болид, ки аз пешиниёни қарни нуздаҳуми худ дар нишон додани “султаи Амрико” бар нимкураи ғарбӣ пешӣ гирифтааст. Дар моҳи феврал, Марко Рубио, вазири умури хориҷаи Трамп, аз мубаллиғони мазҳабӣ ва сарбозоне, ки аз Аврупо барои сохтани императориҳои ҷаҳонӣ раҳсипор шуданд, тамҷид кард — аз ҷумла ниёгони итолиёӣ ва испониёии худи ӯ. Марко Рубио изҳори таассуф кард, ки уфул ва суқути он “императориҳои бузурги ғарбӣ” ба василаи “инқилобҳои коммунистии бехудоӣ ва қиёмҳои зиддиистеъморӣ, ки ҷаҳонро дигаргун карданд ва рамзи досу болғаи сурхро бар бахшҳои васеъе аз харитаи ҷаҳон густариш доданд” тасреъ шуд. Бо пардохтан ба замони ҳозир, Рубио қудратҳои истеъмории собиқи Аврупоро ба хотири пазируфтани беш аз ҳадди муҳоҷирон ва низ ба далели “дар банд будан дар эҳсоси гуноҳу шарм” нисбат ба гузашта мавриди сарзаниш қарор дод.

Ин бардошт аз таърих башиддат гузиншӣ ва таҳрифшуда аст. Императориҳои Бритониё, Фаронса ва дигарон ба ин далел аз миён нарафтанд, ки Аврупо “бедор” шуд. Аврупо пас аз ҷанг фақир шуда буд ва контролу идораи мустамликаҳо ба коре ҳарчи пурхарҷтар ва хунинтар табдил шуд. Марксизм низ танҳо душмани империалистҳо набуд. Бисёре аз мустамликаҳо ба дасти натсионализми мардумӣ сарнагун шуданд — ҳамон нерӯи сиёсие, ки Трамп аз ҳар кишвар мехоҳад онро бипазирад. Илова бар ин, натсионализм ағлаб дар натиҷаи мудохилоти таҳоҷумии истеъморгарон шуълавар мешуд — аз ҳамон навъи мудохилоте, ки Трамп имрӯз аз он лаззат мебарад. Кофӣ аст аз бритониёиҳо бипурсед, ки дар соли 1942 чигуна кохи подшоҳи ҷавони Мисрро бо танкҳо мухосира карда, ӯро водор карданд, ки ҳукумати ҷадиде таъйин кунад. Чунин таҳқирҳо насле аз афсарони миллигарои артишро радикал кард — ҳамонҳое, ки баъдтар Бритониёро аз Миср ва дар ниҳоят аз Ховари Миёна берун ронданд.

Замоне ки Амрико мудофеи озодӣ буд

Муҳимтар аз ҳама, императориҳои Аврупо таҳти фишори мудовими Амрико фурӯ пошиданд. Албатта, зиддиистеъморгароии Амрико бидуни тардид бо миқдори қобили таваҷҷуҳе риёкорӣ ҳамроҳ буд. Дар соли 1953, созмони СиАйЭй ҳамроҳ бо маъмурони бритониёӣ кудатоеро барои сарнагунии раҳбари Эрон Муҳаммад Мусаддиқ, пас аз он ки ӯ ба коммунизм тамоюл нишон дод ва манофеъи нафтии таҳти контроли Бритониёро миллӣ сохт, созмондеҳӣ кард. Дар Амрикои Лотин низ кудатоҳои мавриди ҳимояти СиАйЭй рух дод. Аммо то замоне, ки Амрико даргири як набарди ҷаҳонӣ барои нуфуз бо коммунизми Шӯравӣ буд, раисони ҷумҳур пайдарпай мехостанд чунин дида шаванд, ки аз ҳаққи ҳар миллат барои таъйини сарнавишти худ дифоъ мекунанд. Амрико дар канори озодӣ ва пешрафт истода буд, на дар канори империалистҳои фарсуда.

Имрӯз, Чин рақиби ҷаҳонии Амрикост ва аз ҳамбастагии пасоистеъморӣ бо кишварҳои ҷануби ҷаҳонӣ сухан мегӯяд. Барои раҳбарони Чин, талошҳои Трамп барои густариши қудрат дар ҷаҳон як ҳадияи таблиғотӣ маҳсуб мешавад. Аммо дар ҳоли ҳозир, мутаассифона, ба назар мерасад, ӯ беш аз ҳад шефтаи “дипломатияи қаиқҳои тӯпдор” аст, ки ба ин мавзӯъ аҳамият диҳад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!