Толибон ба хости русҳо эътино намекунад, аммо чаро русҳо чаро нози онро мебардорад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Ин ки чаро Русия ба думболи ҳазфи номи Толибон аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ аст, ин саволро дар ин ҷо посух медиҳем. Посухи мо ба ин савол дар қолаби баррасии бистарҳои мавҷуд дар муҳосиботи геополитикӣ ва аҳдофи амниятиву сиёсии Русия аст, ки дар Афғонистони таҳти контроли Толибон, ба гунаи комил машҳуд аст.
Русия аз нахустин кишварҳои минтақа буд, ки бо Толибон иртибот таъмин кард ва баъд аз суқути ҷумҳурият, сафораташ дар Кобул камокон боз аст. Русҳо бо Толибон вуҷӯҳи муштараке надоранд. Толибон падидаи комилан ғарбӣ, иртиҷоъӣ ва пайвандхӯрда бо терроризм ва ифротгароианд. Аммо тасмими ахири Русия мабнӣ бар ҳазфи номи Толибон аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ, нишон медиҳад, ки Русия дар шароити кунунӣ, ки яке аз тарафи ҷанги Украина ва бунбасти ҳоким бар он мӯҷиби машғулияти бештари кишвар шуда ва аз сӯи дигар, мунозиъаи фарогир дар Ховари Миёна, ки пойи бозигарони ғайридавлатиро низ ба майдон мекашад, намехоҳад дар ҷабҳаи ҷануб даргир шавад.
Ба ин ҳисоб, Русия ба думболи ҳамкории низомӣ ва иттилоотӣ бо Толибон аст то аз як тараф эҳтимоли аз контрол хориҷ шудани Толибонро коҳиш диҳад ва бо он дар иртибот бошад ва аз сӯи дигар, аҳдофи геополитикӣ ва зермҷмуъаҳои он, монанди роҳбурдҳои геоостратегӣ ва геоиқтисодии худро думбол кунад. Дар зимн, зоҳиран ҳузури ДОИШ-Хуросон ва даҳҳо гурӯҳи террористии дигар, мӯҷиб шуда то Толибону Русия ваҷҳи муштарак пайдо кунанд.
Аммо аз он ҷое ки маълум аст, Толибон ба думболи боҷгирӣ на танҳо аз Русия, бал аз тамоми минтақа ҳастанд ва ДОИШро бо ишоъаи ҳошияҳои талхи он ки ҳосили дасткории истихборотӣ аст, бузургнамоӣ мекунанд то аз вуҷуди Русия дар таомулоти минтақаӣ дар канори Эрону Чин суд бубаранд ва аз қудрати ветои Русияву Чин дар Шӯрои Амният, итминон ҳосил кунанд. Гуфтанист, ки ба мизони гармии равобит миёни русҳову Толибон, Чин низ робитаи хубе бо ин гурӯҳ дорад ва ҳузураш дар Афғонистон, бисёр пурсарусадо шудааст.
Андрей Корибко, коршиноси як муассисаи мутолиоти стратегӣ дар Маскав изҳор дошт, Русия бо ҳазфи номи Толибон аз феҳристи гурӯҳҳои мамнуъаи худ, ба думболи густариши ҳамкориҳои низомӣ ва иттилоотӣ бо Толибон ва муборизаи муштарак бо ДОИШ аст. Корибко тасреҳ кард: “Ин иқдом ба Русия иҷоза медиҳад то ҳамкориҳои низомӣ ва иттилоотии бештаре бо Толибон дошта бошад. Ин ҳамкорӣ мумкин аст шомили кӯмаки таслиҳоти сабук [ба Толибон] ва тавофуқҳое дар заминаи сармоягузорӣ дар бахши энержӣ ва маъдан бошад”.
Бовари мутаориф бар ин аст, ки Русия дар пайи думболи аҳдофе барои мубориза бо терроризм ва ҳар он хатаре, ки мӯҷиби таҳдиди амнияти миллии Русия ва шариконаш дар Осиёи Миёна шавад, ҳисси итминон аз адами ҳузури дубораи руқабои ин кишвар дар Афғонистон, сармоягузорӣ дар бахши маодин ва бахши энержӣ, боз кардани бозорҳои Русия дар Афғонистон, истифода аз мавқеияти транзитии Афғонистон барои равнақи иқтисоди Русия ва густариши пайванди тиҷоратӣ бо Ҷануби Осиё, ҳусули итминон аз амнияти Осиёи Марказӣ ва талоши ҷамъӣ барои масоии муштарак бо Чину Эрон мебошад.
Дар зимн, рақобат дар контрол ва иртибот бо Толибон, бистари гарме шуда дар равобит миёни Русия, Чин ва Эрон, ки ҳар кадом дар тақаллои ҳузури бештар дар Афғонистони таҳт ҳокимият Толибон ҳастанд. Агарчи Толибон дар ду нишасти Формати Москва минҳайси меҳмон даъват шуданд, аммо на танҳо Русия, бал ҳеҷ кишваре дар минтақа ва фароминтақа ҳозир нашуда то риски барасмиятшиносии ин гурӯҳро қабул кунад ва режими онро ба расмият бишносад.
Бар илова, хости русҳо дар ду нишасти ахири Формати Маскав, мабнӣ бар ташкили ҳукумати фарогир ва овардани ислоҳот аз сӯи Толибон, ҳеҷ посухе дарёфт накардааст, аммо шиносоии де-фактои режими Толибон ва таъмини иртиботи тактикӣ дар қолаби таомулро метавон ношӣ аз аҳдофи роҳбурдии Русия, ки бештар реша дар нигарониҳояш дар қисмати амнияти Афғонистони таҳти контрол Толибон дорад, маҳсуб кард.