Хабари рӯз

Ин нишасти Доҳа ҳам идомаи нишастҳои қаблии Доҳа аст, ки билохира мунҷар ба ақди қарордоди Доҳа байни Халилзоду Мулло Бародар шуда ва Афғонистонро бо дору надораш дар коми террористон андохт...

Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар (Олмон)

Ба кӯшиши Созмони Милали Муттаҳид ва ба мизбонии оқои Антонио Гуттереш сармуншии он созмон, ба рӯзҳои аввалу дувуми моҳ май, нишасти дурӯзае дар мавриди Афғонистон бо ҳузури намояндагони вежаи 25 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ дар Доҳаи қатр доир шуд.

Дар ин нишасти Созмони Милали Муттаҳид саъй мекунад то мутобиқи нақшаи роҳ, чӣ гунагӣ таомул бо Толибонро тул ва тарозу карда, тамом кишварҳо ва созмонҳои асаргузор бар Толибонро ба як тафоҳуми муштарак наздик бисозад.

Қисме, ки маълум шуд, нишаст дар пушти дарҳои баста бидуни ҳузури хабарнигорон баргузор шуд ва ҳатто кӯшиш шуд то аз маҳалли баргузории нишаст иттилооти зиёде дар ихтиёри хабарнигорон гузошта нашавад.

Арчанд Созмони Милал зимни эъломияе эълон дошта, ки масоили калидь ҳуқуқи башар, бахусус, ҳуқуқи занону духтарон, ҳукумати фарогир, мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир дар ин нишаст баҳс хоҳад шуд; Аммо ҳамчунон тайи ҳамин эъломия ба сароҳат гуфта шудааст, ки: "Ҳадафи ин нишаст эҷоди иҷмоъи назар дар байни кишварҳои ҷаҳон дар мавриди таомул бо Толибон аст."

Тавре, ки маълум мишавад, меҳвари аслии ин нишаст, ҳамвор кардани роҳи таомул бо Толибон, мусоид кардани заминаҳои ба расмиятшиносии онон ва чашмпӯшӣ аз тамоми ҷиноёти Толибон хоҳад буд.

Дар ҳоле, ки Шӯрои Амнияти Милали Муттаҳид, тамоми иқдомоти зиддибашарии Толибонро, бахусус, мамнуъияти кору таҳсили занонро ахиран маҳкум карда ва Толибонро таҳдид кард, ки агар дар сиёсатҳо ва амалкардҳои зиддибашарии худ таҷдиди назар накунанд, аз Афғонистон берун мешаванд (бино ба қавоиди ҳузури намояндагии СММ дар ягон кишвар, агар дар он корманди зан набошад, бояд дар он кишвар ҳузур надошта бошад – “Сангар”)

Аммо тавре, ки дида мешавад воқеият чизи  дигарест. Созмони Милал боз ҳам ба идомаи кору таомул бо Толибон мӯътақид аст ва асосан кӯчактарин парвое нисбат ба мардуму фарҳанги мардуми Афғонистон надорад.

Ба бовари ман, ин нишасти Доҳа ҳам идомаи нишастҳои қаблии Доҳа аст, ки билохира мунҷар ба ақди қарордоди Доҳа байни Халилзод ва Мулло Бародар шуда ва Афғонистонро бо дору надораш дар коми террористон андохт...

Ба таври фишурда аҳдофи аслии ин нишастро ин тур метавонем баршуморем:

Аввал - таомул бо Толибон;

Дувум - бузургнамоии Толибон;

Ва севум – ҳамвор кардани роҳ барои шиносоии Толибон ҳамон гуна, ки чанд рӯз пеш Амина Муҳаммад, муовини дабири кулли ин созмон орзу бурда буд...

Воқеият ин аст, ки то ҳанӯз на Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои ҳуқуқи башариаш, на Амрикову Иттиҳоди Аврупо, на Русия, на Эрон ва на Чин, то ҳанӯз ҳеҷ кадом ба сароҳату қотеъият, ҷиноёти ҳавлноки гурӯҳи террористии Толибонро маҳкум накардаанд. На танҳо маҳкум накардаанд, балки ҳама мехоҳанд барои ин гурӯҳи интиҳорӣ сафеднамоӣ кунанд...

Инон ҳама аз наслкушиҳои Толибон, кӯчдоданҳои иҷборӣ, интиҳориҳо, табъизи ошкори ҷинсиятӣ ва душманӣ бо занон, душманӣ бо ҳунармандон, душманӣ бо шиъаён ва ақвоми дигар, ки тавассути Толибон бевақфа идома дорад, чашмпӯшӣ мекунанд...

Ҳеҷ кадом аз кӯчдоданҳои иҷбории мардумони бумӣ тавассути Толибон, аз тирборонҳои берҳмонаи Толибон ва аз наслкушиҳо, забонситезиҳо ва фарҳангзудоиҳои Толибон чизе нахоҳад гуфт.

Ба назар мерасад, ки ин нишаст низ монанди нишастҳои дигар ба ғарази пӯшондани чеҳраи хашини Толибон, соф кардани ҷодаи таомул бо Толибон ва ба хотири инҳирофи роҳҳали аслии қазияи Афғонистон, ки мубориза ва қиёми озодибахши миллӣ дар баробари Толибон аст, ба роҳ афтодааст.

Ба ин бунёд, ман аз ин нишаст ҳеҷ гуна умеде ба суди мардуми мазлуми Афғонистон надорам.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!