Исмоилиёни Дарвози Бадахшон дар маърази саркӯби ҷамъӣ қарор доранд.
Манбаъ: “Ҳашти субҳ”
Шуморе аз бошандагони исмоилиямазҳаб дар Дарвози Бадахшон аз эъмоли фишор, зӯргӯӣ ва нақзи густардаи озодиҳои мазҳабиашон дар ин вилоят шикоят доранд. Онон мегӯянд, ки ба далели таҳдид, саркӯб ва тарс аз қатлу зиндонӣ шудан тавассути Толибони маҳаллӣ, бавижаи Ҷумъаи Фотиҳ, аз фармондеҳони Толибон, ки дар “куштору саркӯб” машҳур аст, таҳти фишори шадид қарор доранду зиндагиашон ҳар рӯз дар сояи режими ин гуруҳ тангтар мешавад. Бархе аз пайравони мазҳаби исмоилия мегӯянд, ки аз расонаӣ шудани мушкилоташон нигаронии шадид доранд ва Толибон бо ҳар бор нашри хабар, фишори бештаре бар онҳо ворид мекунанд, аммо ҳамзамон таъкид мекунанд, ки ин фишорҳо набояд таҳти сукути иҷборӣ фаромӯш шавад.
Пайравони мазҳаби исмоилия дар Бадахшон аз эъмоли фишор ва бархӯрдҳои табъизомези толибон алайҳи худ шикоят доранд. Онон мегӯянд, ки дар чаҳор соли гузашта, Толибон, бавижа Ҷумъаи Фотиҳ, фишорҳои мазҳабии густардае бар бошандагони исмоилӣ эъмол карда ва шуморе аз онҳоро ба тағйири иҷбории мазҳаб водор кардаанд. Ба гуфтаи манобеъ, ин фармондеҳи Толибон ҳамчунон ба даст доштан дар қатли низомиёни пешин низ муттаҳам аст.
Манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки Ҷумъаи Фотиҳ, фармондеҳи Толибон дар вулусволии Нусай, фишорҳои шадиду тозаеро ҳар рӯз бар пайравони мазҳаби исмоилия дар вулусволиҳои Шикай ва Нусай эъмол мекунад. Ба гуфтаи онон, ин фармондеҳи Толибон бо сӯъиистифода аз мақоми худ, озодиҳои мазҳабӣ ва иҷтимои мардумро башиддат саркӯб кардааст.
Ин манобеъ меафзоянд, ки Фотиҳ дар вулусволии Нусай, тамоми барномаҳои мазҳабии пайравони мазҳаби исмоилиро таътил кардаву ҳатто иҷозаи баргузории маҳофили қироату тадриси Қуръонро ба қориёну ҷавонони исмоилӣ надодааст.
Манобеъ мегӯянд: “Дар вулусволии Шикай, бавижа дар қарияи Зангриё, Фотиҳ теъдоде ҷавонони бесавод ва бетаҷрибаро мусаллаҳ кардаву ононро ба унвони абзори таҳдид, зӯргӯӣ ва сӯъистифода ба кор гирифтааст. Ин афрод акнун ба номи дин ва ба дастури вай, фазои тарсу руъбро дар миёни мардум эҷод кардаанд.”
Ҷумъа “Талбон”: табланавозе, ки дузду толиб шуд
Бар асоси изҳороти манобеъ, Толибон дар рустои Ҷомарчи Боло, ки наздик ба 500 хонавори исмоилӣ дар он зиндагӣ мекунанд, тавассути Ҷумъаи Фотиҳ як мадрасаи динӣ сохта шуда ва бо истифода аз зӯру туфанг, фарзандони мардумро маҷбур ба ҳузур дар ин мадрисаи динӣ мекунанд. Ба гуфтаи манобеъ, агар хонаводае фарзанди худро ба ин мадраса нафиристад, даҳҳо ҳазор афғонӣ ҷарима хоҳад шуд. Ҳамчунин манобеъ таъкид мекунанд, ки Фотиҳ сокинони маҳалро маҷбур месозад то ба дастури “Қорӣ Ваҳоб” барои ҷамъоварии чӯби сӯхт иқдом кунанд ва ҳар кас муқовимат кунад, бо таҳдид мувоҷеҳ мешавад.
Манобеъ мегӯянд, ки ин фармондеҳи Толибон ҳамчунин бо пардохти пул ба афроди бесаводу ноогоҳ, онҳоро ба абзори фишору таҳдид алайҳи мардум табдил кардааст. Ба гуфтаи манобеъ, ин иқдомот боиси тафриқа, душманӣ ва аз байн рафтани эътимоду ҳамзистии мусолиматомез миёни мардуми минтақа шудааст.
Манобеъ меафзоянд, ки исмоилиҳо дар се вулусволӣ таҳти фишорҳои шадиди Толибон қарор доранд ва хоҳони шунида шудани садои худ аз сӯи ниҳодҳои Толибон ва ниҳодҳои байналмилалӣ шудаанд то ҷилави зӯргирӣ ва фишорҳои ин фармондеҳи маҳаллии Толибон гирифта шавад.
Як манбаъ мегӯяд: “Мардум башиддат таҳти фишори Толибон қарор доранду ҳатто мақомҳои ин гуруҳ дар хатму хайроти исмоилиҳо ширкат намекунанд ва муддаӣ ҳастанд, ки нони инҳо ҳаром аст. Вазъиятҳои аҷибу ғарибе ҷараён дорад. Бештар касоне, ки зулм мекунанд, аз бадахшиҳо ҳастанд.”
Ба гуфтаи ин манбаъ, мардум таҳти фишорҳои шадиди равонӣ ва тарс аз боздошту иҷбор ба тағйири мазҳаб қарор доранд; ба ҳамин далел, ҳар гузорише, ки вазъияти исмоилиҳоро бозтоб диҳад, онро ба зиёни худ талаққӣ мекунанд ва барои ҳамсӯӣ бо Толибон, талош мекунанд чунин гузоришҳоеро рад кардаву шоиъа биноманд.
Бошандагони исмоилимазҳаб дар Бадахшон аз ташдиди фишорҳои Ҷумъаи Фотиҳ, фармондеҳи Толибон, шикоят доранд; касе, ки пештар даст кам 50 тан аз мардони исмоиливу шиъаи дувоздаҳимомиро дар Бадахшони маҷбур ба тағйири мазҳаб карда буд. Толибон дар Бадахшон дар моҳи далви соли гузашта эълом карда буданд, ки ин пайравони исмоилияро ба “дини ислом мушарраф” кардаанд. Ҳамчунин пеш аз он, ҳудуди 25 тани дигар низ маҷбур ба тағйири мазҳаб шуда буданд.
Ҳамзамон дафтари ҳайати муовинати Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (ЮНАМО) низ таъйид карда буд, ки даст кам 50 марди исмоилӣ дар Бадахшон бо зӯр водор ба пазириши мазҳаби суннӣ шудаанд; бархе аз онҳо мавриди зарбу шатм қарор гирифта ё ба марг таҳдид шудаанд.
Манобеъ дар он замон ба рӯзномаи “Ҳашти субҳ” гуфта буданд, ки ин фармондеҳи Толибон, исмоилиёни вулусволиҳои Шуғнон, Ишкошим, Юмгону Зебокро “кофир” хонда ва таҳдид кардааст, ки бояд ҳарчи зудтар мазҳаби худро тағйир диҳанд.
Пештар Толибон дар Бадахшон як тан аз пайравони мазҳаби исмоилияро, ки ба таври иҷборӣ водор ба тағйири мазҳаб шуда буд, маҷбур карданд то “калимаи шаҳодатайн”-ро бар забон ҷорӣ кунад; иқдоме, ки маъмулан барои касоне анҷом мешавад, ки аз адёни ғайриисломӣ ба ислом мегараванд.
Нигарониҳо аз бархӯрдҳои табъизомезу саркӯбгаронаи мазҳабии Толибон дар ҳоле афзоиш меёбад, ки пештар Нидомуҳаммад Надим, вазири таҳсилоти олии ин гуруҳ, иддао карда буд, дар Афғонистон ба ҷуз мазҳаби ҳанафӣ, мазҳаби дигаре вуҷӯд надорад. Ӯ дар суханрониаш дар Донишгоҳи Саидҷамолиддини Афғон дар вилояти Кунар гуфта буд: “Тамоми афғонҳо пайрави мазҳаби ҳанафиянд.”
Ҳамчунон Нурмуҳаммад Исломҷор, волии Толибон дар Ҳирот, дар китобе таҳти номи “Мабоҳис фи алъақидаҳ алмотуридия алмусамо муътамад мотуриди ман муътақид мотурид”, шиъаёнро “фирқаи такфирӣ” ва “дар тӯли таърих ҳамдасти куффор” тавсиф кардааст.
Пеш аз ин, вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши солонаи худ дар бораи “озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон” гуфтааст, ки озодиҳои мазҳабӣ дар Афғонистон бо ҳамалоти хушунатомез ва табъизи густарда мувоҷеҳ аст. Бар асоси ин гузориш, Толибон дар ин муддат аз ибодатгоҳҳои ақаллиятҳои мазҳабӣ муҳофизат накардаанд.
Ҳамчунон Маҷмаъи осиёӣ барои ҳуқуқи башар ва тавсеа гуфтааст, ки Толибон озодии мазҳабӣ ва ақидатии шиъаёнро мамнӯъ кардаанд. Афзун бар ин, Антонио Гутерриш, дабири кули Созмони Милали Муттаҳид, дар гузоришҳои худ ба Шуроии амният гуфта, ки Толибон ба таҷаммуъоти бузурги шиъаён дар айёми Ошӯро иҷоза надода ва чаҳор танро дар шаҳри Ғазнӣ дар маросими Ошӯро ба қатл расондаанд.