Дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон як фармондеҳе нерӯ ҷамъ мекунад, ки касе намефаҳмад ба "Толибон"* тааллуқ дорад, ба "«Ал-қоида»"* ё "Шабакаи Ҳаққонӣ"*
Муаллиф: Фахриддини Холбек,
SPUTNIK ТОҶИКИСТОН
Дар гузоришоти иттилоотӣ, Мавлавӣ Наҷибуллоҳи Ҳаққонӣ, маъруф ба Мавлавӣ Наҷиби Роғӣ, фарди хатарнок, машкук ва ғайри қобили контрол аст, ки ҳатто “Толибон” низ намедонанд бо ӯ чӣ таомул кунанд.
Нуфуз ва истиқлоли ӯ содда аст - пул. Наҷиби Роғӣ рӯи тило роҳ меравад, чун гурӯҳи ӯ солҳо ба ин сӯ фоидаҳои ҳангуфти тилои Роғҳоро ба киса мезанад ва аз ҷангиёни хориҷии созмонҳои “Ансоруллоҳ”* ва "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон"* дар ин вулусволӣ, ки аксарашон тоҷику ӯзбеканд, ҳимоят мекунад. Маҳз ҷангиёни ин ду гурӯҳ буданд, ки зоҳиран ҳангоми пайвастан ба "Толибон" сутуни фуқароти нерӯҳои Наҷиб Роғӣ ба шумор мерафтанд.
Роғистон бо ҷамоати Шӯрободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Дараи Ровинҷи ин вулусволӣ дар марзҳои Тоҷикистон хатм ва дарёи ҳамномаш ба дарёи Панҷ сарозер мешавад.
ҶАНГ БА ҶОИ ДАРС
Мавлавӣ Наҷиб, тоҷик, зодаи рустои Патири вулусволии Роғистон буда, ҳудуди 45 сол дорад. Падари ӯ Соҳибназар ва модараш аз тоҷикони асили Роғ буда, аммо аз сӯи модарандараш, ки аз Гузари Афғонии шаҳри Файзобод, маркази Бадахшон ва аз паштунҳои ноқил гуфта мешавад, тарбия шудааст.
Дар даврони Муқовимати Аввал (1996-2001), вақте дар Афғонистон ҷанг ва дари макотиб баста буд, падараш ӯро барои сабақомӯзӣ ба Покистон фиристод. Дар Покистон ӯ ба Дор-ул-улуми Ҳаққония, маъруф ба "Донишгоҳи ҷиҳод" дохил шуда, бо созмонҳои “«Ал-қоида»” ва “Шабакаи Ҳаққонӣ” иртибот пайдо кард.
Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон, ки Мавлавӣ Наҷибро хуб мешиносад, мегӯяд, мавсуф ба ҷои ин ки дарси дин бихонад, дарси ҷанг омӯхт, дар Кунару Ҳилманд ба сифати сарбози “«Ал-қоида»” дар набардҳо ширкат кард ва дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай пинҳонӣ ба Роғҳо баргашт.
“Соли 2015, замоне ки “Толибон” дар Бадахшон ҷон мегирифт, амрикоиҳо як барнома доштанд, ки дар ҳар вулусволии ноамн пулиси маҳаллӣ месозанд ва имконоти пуливу низомӣ дар ихтиёраш қарор медиҳанд. Бародари Амонуллоҳ Паймон, вакили мардумии Афғонистон (2005 – 2018) Ҳаётуллоҳ ном дошт ва раиси амнияти Роғистон буд. Ӯ ба Наҷиб гуфт, ки ту баро, ба куҳ боло шав, ки ман як миқдор имтиёз аз давлат бигирам. Инҳо тафоҳум карданд. Ин одам бо 5-6 нафар ба куҳ баромад, толиб шуд”, - гуфт манбаъ.
Гурӯҳи Мавлавӣ Наҷиб дар як муддати кӯтоҳ ба 50-60 нафар расид. Вай бар асоси иртибототи қаблӣ бо “«Ал-қоида»” ва “Шабакаи Ҳаққонӣ” тамос гирифту онҳо ӯро ҳимояти моливу низомӣ карданд.
ҲОМӢ
Зоҳиран Мавлавӣ Наҷиб аз сӯйи худи ҳукумати Афғонистон ба майдон андохта шуд. Дере нагузашта ҷабҳааш қавитар гашт. Террористии хориҷӣ – тоҷикистониву ӯзбекистониҳое, ки дар дараи Даҳани Шолаи Роғистон паноҳ бурда буданд ва ҳам толибони дарвозӣ бо ӯ пайвастанд. Аввалҳо танҳо дар дараи Даҳанаи Шола пойгоҳ дошт. Ҳоло ба ҷуз ин дара, дар ду нуқтаи дигари Роғистон – Ровинҷов ва Зириндов низ пойгоҳ дорад.
“Дар Даҳанаи Шола 80 ҷангии тоҷик бо аҳли хонаводаашон зиндагӣ мекарданд. Баъди суқути ҳукумати Ғанӣ 77 хонаводаи онҳо ба Имом Соҳиби вилояти Кундуз кӯч карданд. Инҳо марбути созмони “Ансоруллоҳ”-анд, ки раҳбарашон касе ба номи мустаори Абуҷаъфар ва раҳбари умумиашон Мавлавӣ Иброҳим аст. Касоне, ки аз хориҷанд, ҳамагӣ номҳои мустаор доранд. Соли 2020 як фармондеҳи тоҷикро дар Зириндов тайёраи давлатӣ зада буд. Аз ҳамон замон ба баъд онҳо ба мардум номи мустаор мегӯянд ва иҷозаи тасвир гирифтанро намедиҳанд. Касе ҳам намефаҳмад, ки тоҷиканд ё ӯзбек, зеро онҳо бо дарӣ хуб суҳбат мекунанд”, - гуфт манбаъ.
Қаблан Устод Атомуҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон, феҳристеро аз террористони хориҷӣ дар Роғистон нашр карда буд, ки дар он ба шумули Абуҷаъфар, масъули низомӣ, 10 узви дигари “Ансоруллоҳ” ва ду узви Ҳаракати исломии Ӯзбекистон зикр шудааст.
Бино ба ин феҳрист, касе ба номи Ҳоҷӣ Фурқон, табааи Қазоқистон, узви Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, фармондеҳи умумии террористони хориҷӣ, муовинони ӯ нафароне ба номҳои Салмон, масъули асосии “Ансоруллоҳ” ва Қорӣ Алӣ, масъули умумии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон зикр шудаанд.
Дар ин феҳрист сардори як гурӯҳи ҷангиёни “«Ал-қоида»”* шахсе ба номи мустаори Муътасим Биллоҳ, маъруф ба Мавлавӣ Иброҳим, ҳамон шаҳрванди Тоҷикистон, ки зикраш дар боло рафт, низ дар дараи Даҳанаи Шолаи вулусволии Роғистон ҳузур ва як қароргоҳ дорад.
Ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, аъзои созмонҳои террористӣ дар Роғистон аз пуштибонии Мавлавӣ Наҷиб баҳрабардорӣ мекунанд, ки дар навбати худ барои ба авҷи қудрат расидан шояд аз Ҳаётуллоҳ Паймон, раиси амнияти Роғистон сипосгузор бошад.
ТИЛОКОР
Аммо он чӣ бар қудрати ӯ меафзуду то ба ҳол меафзояд, захираҳои бузурги тилои Роғистон аст. Мавлавӣ Наҷиб вақте қудрати низомӣ ба даст овард, болои хазинаҳои ҳангуфти тилои Роғҳо нишаст.
Қабл аз ӯ фоидаҳо ба кисаи Ҳаётуллоҳ Паймон ва дигар мансабдорони минтақа мерафт, ки ҳоло шояд аз боло кардани Мавлавӣ Наҷиб ба куҳҳо сахт пушаймон низ ҳастанд. То омадани “Толибон” хонаводаи Паймон кори тилои Ровинҷову рустои Лашкарҷо - зодгоҳашонро назорат мекард. Мавлавӣ Наҷиб аз замоне ки қудрат гирифт, кони Зириндовро дар ихтиёр дошт. Ҳоло ӯ молики ҳама конҳои Роғҳост.
“Вай аз мардуми тилокор хумс мегирад. Хумс, яъне аз панҷ тило як тило ҳаққи ӯ буд. Як тило 4٫58 грам аст. Мардум тилло истихроҷ мекунанд ва аз панҷ як ҳиссааш аз ӯ мешавад. Ба ҷуз он ки аз мардум хумс мегирад, худаш низ чанд коргоҳи тило дорад, ки авоидаш комилан ба кисаи худаш аст”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, Мавлавӣ Наҷиб танҳо толибе нест, ки аз синаи Помирҳо маъодини гаронқиматро берун меорад. Қорӣ Фасеҳуддин, ҳоло сардори Ситоди кулли Вазорати дифои “Толибон”, низ замоне қудрат гирифт, ки захираҳо ва тиҷорати лоҷувард дар кони Сари Санги вурусволии Ҷурм, баъдтар Карону Мунҷон ба дасташ афтод.
Дар умум хазинаҳои табиии Бадахшон дар ихтиёри ин фармондеҳон аст, ки ҳамагӣ бо “Шабакаи Ҳаққонӣ” иртибот доранд. Тилову лоҷувард ва дигар сангҳои қиматбаҳои Бадахшон аз тариқи Панҷшеру Кобул ба Покистон интиқол меёбад. Афроде ҳам дар Панҷшеру Кобул, ки дар ин тиҷорат дахиланд, гумоштаҳои “Шабакаи Ҳаққонӣ” - янд.
Хазинаҳои Бадахшон ҳамеша қудратофарин буданд. Ин ҳама сол онҳо “Толибон”-ро нерӯ бахшиданд ва дар замони ҷиҳоду муқовимат Аҳмадшоҳи Масъуд низ харҷи асосии ҷангҳо ва буҷаи қаламравашро то ҷое аз ин ҳисоб пур мекард.
ХУМС – БАЛОИ ҶОН
Мавлавӣ Наҷиб пас аз суқути Кобул ба дасти “Толибон” хонавода ва қисмати асосии нерӯҳояшро дар Роғҳо монда, бо теъдоди 50 муҳофизи шахсӣ ба пойтахт рафт ва бино ба гузоришҳо, ҳоло дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Далелаш ба аморат напардохтани хумси дар муддати 6-7 сол ҷамъ овардааш аст, ки ҳудуди 6.5 миллион доллар баровард шудааст.
Ӯ дар қаламрави таҳти нуфузи “Толибон” фаъолият дошт, табъан хумсро бояд ба Иморати исломӣ медод. Аз сӯи дигар, ин рақам гиреҳи зарфиятҳои конҳои Роғ ва ҳаҷми даромадҳои Мавлавӣ Наҷибро низ боз мекунад. Маҳз адами пардохти хумс ихтилофи миёни ӯву Мавлавӣ Амонуддин, волии пешини Бадахшонро ба ҳадде расонд, ки қариб буд, кор ба даргирии низомӣ миёни онҳо дар Кобул кашад.
“Қабл аз суқути Панҷшер афроди Наҷиб яке аз фармондеҳони Амонуддин ба номи Қадири Тиргаронро латукӯб карданд, ки ба шифохона афтод. Афроди Амонуддин дар посух ронандаи Наҷибро, ки як тоҷикистонӣ буд, мавриди латукӯби шадид қарор доданд. Қариб гап ба силоҳ расид, ки Қорӣ Фасеҳуддин миёнашон сулҳ кард”, - гуфт манбаъ.
Ин гузориш ҳам ҳаст, ки пас аз фишорҳо барои хумс Мавлавӣ Наҷиб қаҳр карда, ба манзури пайвастан ба Ҷабҳаи муқовимат роҳии Панҷшер шуд, аммо тавассути сарони “Толибон” аз кутали Хайрхона – дарвозаи шимолии Кобул дубора баргардонда шуд.
ХАТАРНОК ВА МАШКУК
Аммо на фақат хумси тилои Роғҳост, ки балои ҷони Мавлавӣ Наҷиб шудааст. “Толибон” гапҳои дигар ҳам дорад ва ӯро як фарди хатарноку машкук мебинад. Аз ҷумла, дар гузашта ӯ дар чанд оташбаси расмӣ аз амри иморат сарпечӣ намуд, ки садоқаташро таҳти суол қарор дод ва эҳтимоли иртиботи ӯ бо ДОИШ-ро қавӣ кард.
Вай бидуни салоҳи иморат дар Роғҳо – вулусволиҳои Роғистон, Ёвон ва Кӯҳистон - ба мардум 1500 мил силоҳ тавзеъ намуд ва аз ӯ пурсида мешавад, аз куҷо ва бо кадом пул онҳоро ба даст оварда буд? Вай дар 15 КамАЗ силоҳу муҳимот, ҳатто сӯзишвории ливои Урдуи миллии пешин дар Бадахшонро ба пойгоҳҳояш дар Роғҳо интиқол дод, ки маълум нест, ба дастури кӣ ин корро кардааст.
“Ӯ он қадар пул дорад, ки аҷаб нест, қариб нисфи силоҳеро, ки дар Бадахшон буд, харида бошад. Беҳтарин мошинҳоро ин одам дар хизматаш дорад, ки аксаран "Hilux"-и ҷопонӣ ва "Ford"-и амрикоиянд. Худаш савори як "Ford"-и ҷадиди шишасиёҳ мегардад. Баъди суқути ҷумҳурӣ аз ибтидо то феълан ҳарчи силоҳи амрикоӣ, ки дар бозори Файзобод пайдо шуд, аз қабили "амфур" (m4)-ро ин одам харида, ба Роғҳо интиқол додааст. Се нафар ҳанӯз ҳам масъули ҳамин харидҳоянд. Ҳатман “Толибон” фикр мекунад, ки ин ҳама ба хотири чӣ аст”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Аз сӯйи дигар, “Толибон”-и Бадахшон миёни худ замзама мекунанд, ки агар Мавлавӣ Наҷиб ба Бадахшон ояд, эҳтимол дорад, парчами ДОИШ-ро баланд кунад. Ба ин далел намегузоранд, ки Бадахшон биёяд.
“Достони ӯ дар ин шабурӯз сари забонҳои толибони бадахшонӣ дар маҳофили хусусӣ аст. Дар чандин маҷлис аз забони Қорӣ Исо, яке аз наздикони Қорӣ Фасеҳуддин низ шунида шудааст. Фармондеҳони толиб ба дили худ калон шуда, дар ҳар минтақа ҳукумат кардаанд, қонунро намепазиранд. Аз ҳамин хотир аз ноҳияи Мавлавӣ Наҷиб ба ташвиш ҳастанд. Ҷанҷолҳои ӯ бо Мавлавӣ Амонуддин низ метавонад дар Бадахшон буҳрон халқ кунад”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ба назар мерасад, Мавлавӣ Наҷиб дар мухолифат бо Мавлавӣ Амонуддин барандаи майдон нашуд. Ахирӣ аз симмати волии Бадахшон барканор, баъдтар муовини фармондеҳи як горнизони Мазори Шариф ва ниҳоят фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии вазорати дифоъи Толибон таъин шуд. Мавлавӣ Наҷиб ҳам як бор фармондеҳи ливои муҳофизати ин вазорат таъин шуд, аммо хеле зуд ӯро барканор карданд.
“Пуштибонаш ҳаққониҳоянд, ки ҳоло Вазорати дохила ва раёсати амният таҳти амрашон аст. Агар дар ҳукумати қаблӣ урдуи миллӣ - Вазорати дифоъ ҳарфи аввалро мезад, ҳоло гап гапи вазорати корҳои дохилӣ аст. Вазир ҳам Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари “Шабакаи Ҳаққонӣ” - ст, ки тамоми созмонҳои террористии хориҷӣ дар Афғонистонро пуштибонӣ мекунад”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
ТАҚДИРИ РОҒӢ ЧӢ ХОҲАД ШУД?
Агар "Шабакаи Ҳаққонӣ"*-и бонуфуз муттаҳиди худро ба самти раҳбарии Бадахшон савқ диҳад, таҳдиде бузургтар мувоҷеҳи амният дар ҳавзаи масъулияти Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), қабл аз ҳама, Тоҷикистон хоҳад шуд.
Чӣ касе медонад Мавлавӣ Наҷиб дар роҳи сарват ва қудрат ба чӣ моҷароҳое қодир аст? Аммо муҳиммтар аз он, як ҷангҷӯи баландпарвозу ғайриқобили контрол ва дар айни ҳол сарватманду қудратманд барои раҳбарии “Толибон”* низ хатарофарин аст, ки намегузоранд аз Кобул берун шавад ва амалан маҳбуси хонаи худ аст.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.