Толибон дар Панҷшер пайвандони Мавлавӣ Ҳисомуддин, яке аз раҳбарон ва матраҳтарин чеҳраи мазҳабии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро боздошт ва бо шеваи ваҳшиёнае ба шаҳодат расонданд
ҲИНДУКУШ, ҚУНДУЗ, 27 май – Сангар, Ҳасиби Сангар, Ҷамшед Бадахшӣ. Тайи рӯзҳои ахир мавориди куштори асирони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз сӯи Толибон афзоиш ёфтааст, дар ҳоле ки ҷабҳа мегӯяд, то ба ҳол ҳеҷ асири толибро қатл накардааст.
Хабарнигори Сангар аз Панҷшер хабар медиҳад, ки нерӯҳои Толибон Муҳаммадшоҳ Муҷоҳид ва писараш Ҷовид Муҷоҳид, бошандагони деҳаи Қалъаи вулусволии Париёнро ба гунаи ваҳшиёна ба ҳалокат расонданд.
Як манбаъ дар қароргоҳи Кавҷони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Париён ба сомонаи Сангар гуфт, Муҳаммадшоҳ, раиси аркони қароргоҳи Кавҷон буд ва бегоҳи 4 июн махфиёна ба хонааш дар айлоқҳо рафт, то аҳволи фарзандонашро бигирад.
“Ҷосусон, ки тахмин меравад, аз наздикон ва ҳамрустоҳои ӯ буданд, ба Толибон хабар медиҳанд ва як қитъаи зарбатии онҳо аз ҷумлаи паштунҳо ва бадахшиҳо, тақрибан соати 12 – и шаб хонаи Муҳаммадшоҳро муҳосира мекунад. Ӯву писараш мусаллаҳ буданд, аммо ҳузури занону кӯдакони хонавода ба онҳо иҷоза намедиҳад, ки муқовимат кунанд. Маҷбур таслим мешаванд”, - гуфт манбаъ.
Ба қавли ӯ, дар масири роҳ Ҷовид, вақте мебинад Толибон падарашро таҳқиру азият доранд, бо дастони баста талош ба ҳамла мекунад, ки дар пайи он ӯро аз мошин пойин намуда, тирборон мекунанд.
“Толибон Муҳаммадшоҳро мавриди шиканҷаи шадид қарор медиҳанд ва то расидан ба маркази Париён чашмонашро кашида, кӯр мекунанд ва ниҳоят ӯро сар мезананд”, - гуфт манбаъ.
Муҳаммадшоҳ Муҷоҳид тақрибан 65 сол дошт. Вай дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ ва Муқовимати аввал алайҳи Толибон яке аз фармондеҳони Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари ҷиҳоду муқовимати Афғонистон буд. Дар замони ҷумҳурият вай бо ҳукуматҳои рӯ ба Амрико ҳамкорӣ накард, аммо баробари шурӯъи Муқовимати дуввум таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд ба он пайваст ва раиси аркон – ситоди Кавҷон, яке аз се қароргоҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар шаҳристони Париён буд.
Муҳаммадшоҳ Муҷоҳид амакбачаи Мавлавӣ Ҳисомуддин, собиқ раиси Шӯрои уламо ва ҳоло яке аз аъзои раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон буд.
Аммо ин танҳо мавриди шиканҷаву қатли асирон дар ҷангҳои ахири Ҳиндукуш нест. 2 июн Толибон Аҳмад Мунир, бошандаи рустои Маласпаи шаҳристони Бозоракро, ки як чӯпон буд, бо латукӯб ситамкуш карданд. 4 июн як тан аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Алӣ Сабзмуҳаммад аз рустои Тагоби Даҳанаи шаҳристони Хӯсти вилояти Бағлонро низ дастгир ва баъдан тирборон намуданд.
Ҳамон рӯз Толибон Ҷонгул Мирзоду бародараш Тамим Мирзод ва Файзоғо Раҳимӣ, се сарбози Ҷабҳаи муқовиматро аз қароргоҳи Чамол Варда дар дараи Карбошии Панҷшер низ бо дастони баста ба рагбор бастанд. Шаби 6 июн Толибон Суҳроб фарзанди Меҳробуддин ва хоҳари ҷавонашро дар рустои Сӯқи шаҳристони Фиринги вилояти Бағлон низ дар пеши чашми хонаводааш тирборон карданд. Суҳроб низ сарбози муқовимат буд.
Мавриди такондиҳандаи дигар куштори чаҳор ҷавон (дар акс) дар вулусволии Тагоби вилояти Бадахшон аст, ки бино ба гузоришҳо, 31 май шахсан аз сӯи Мавлавӣ Амонуддин, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Толибон анҷом шудааст.
Манбаъи огоҳ аз ҷузъиёти ин ҷиноят ба Сангар гуфт, бародарон Абдуҷаббор ва Наҷибуллоҳ ва ҳам тағобачаашон Талабуддин, бошандагони рустои Тиргарон ва Муҳаммад Исроил, бошандаи рустои Башанди шаҳристони Вардуҷро афроди Мавлавӣ Амонуддин аз хонаҳояшон боздошт намуда, ба шаҳристони Тагоб бурданд ва дар ҳоле ки дастони ҳама баста буд, тирборон карданд.
“Ин ҷавонон ҳамагӣ аз собиқ сарбозону афсарони нерӯҳои давлатӣ буданд, ки як моҳи қабл аз Эрон вориди Бадахшон шуданд ва зиндагии одӣ доштанд. Амонуддин ҳам аз деҳаи Башанд аст. Вақте аз ҳузури онҳо огоҳ мешавад, зоҳиран, ба душмание, ки бо ҳамдеҳааш Исроил дошт, фармон медиҳад, ки ҳамаро дастгир кунанд. Барои саҳнасозӣ ва хушхидматӣ пеши Толибон, ки сарбозони муқовиматро куштааст, шахсан дасти ҳамаро баста, ба дараи дурдасти Катуболои Тагоб мебарад ва тирборон мекунад ” – гуфт ӯ.
Ин куштор воқеан аз сӯи Толибон расман таъйид шуд ва ба ҳамон ривояте, ки Мавлавӣ Амонуддин сохта буд.
Мавлавӣ Амонуддин, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Толибон, яке аз фармондеҳони тоҷиктабори Толибон аст, ки дар суқути ҷумҳурият саҳм гузошта, дар ҷангҳо алайҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ширкати фаъол дорад. Моҳи апрел ӯ ва афродаш шаш ҷавони муқовиматиро бо хӯрдани қасам ба Қуръони карим фиреб дода, дар шаҳристони Роғистони Бадахшон тирборон карда буданд.
Дар ҳамин ҳол, манобеъи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба Сангар гуфтанд, ки то ба ҳол бо далоили маълум ҳеҷ толиби асирро ба қатл нарасондаанд.
"Қавонини муқовамат, тибқи Қуръон, куштани як асирро мамнуъ кардааст. Неруҳои мо даҳҳо толибро асир кардаанд, аммо ҳеҷ як аз онҳо кушта нашудааст," - гуфт ин манбаъ.
Қатли асиронро қонунҳои байнулмилалӣ ва исломӣ ҷинояти барашарӣ мехонанд ва қатъиян манъ кардаанд, аммо Толибон, ки даъвии пуштибонии арзишҳои исломиро дорад, дар аксари маворид хилофи иддаоҳояш амал намуда, асиронро ба танҳоӣ ва ё гурӯҳ-гурӯҳ ба қатл расондаанд. Чолиб ин аст, ки ин ҷиноёти башарӣ мустанад шуда, дар расонаҳои маҳаллӣ пахш шудаанд, аммо аз сӯи расонаҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар ҳамеша нодида гирифта мешаванд.
Бо он вуҷуд ки он чӣ дар боло зикр шуд, фақат мавориди даҳ рӯзи ахир аст ва даҳ моҳ ба ин сӯ Толибон бо куштор афроди ақвом хос машғул аст, ҷомиаи ҷаҳонӣ ҳеҷ гоҳ ба ҷиноятҳои башарӣ, бахусус қавмкушӣ ё геносид дар Афғонистон таваҷҷӯҳи хосе надошт.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.