Раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон дар вокуниш ба тахриби мақбараи Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд, ҷанги Толибонро ҷанге алайҳи забони ақвом ва ҳувияти таърихии онҳо донист.
МАЗОРИ ШАРИФ, 9 ноябр - Сангар, Қорӣ Аҳмад. Толибон ахиран мақбараи Аҳмадшоҳ Масъудро дар дараи Панҷшер тхриб карданд, ки эътирозотеро дар дохилу хориҷи Афғонистон ба бор овард ва ин танҳо бор нест, ки эҳсосоти мардуми тоҷикро озор медиҳанд.
Ато Муҳаммади Нур, раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон дар баёнияе, ки аз сӯи дафтари матбуоти вай ба Сангар дода шудааст, мегӯяд, ки дар тайи беш аз як соли султаи номашруъи Толибон бар Афғонистон, ба сурати барномарезишуда алайҳи забони форсӣ, ки забони тоҷикҳо, ҳазораҳо ва катлаи азими кишвар ва забони ифҳому тафҳими байни ақвоми Афғонистон аст ва ҳамчунин дар тақобул бо арзишҳо, намодҳои миллӣ ва ҳувияти таърихӣ - тамаддунии порсизабонон, иқдомоти нописанд, иҳонатомез, хилофи рӯҳияи миллӣ ва ҳамзистии мусолиматомези ақвом анҷом додаанд.
“Агар Толибон дар ақиби ин рӯйдодҳо нест, чӣ гуна ҳанӯз ҳеҷ иқдоми амалӣ дар муқобила бо авомили чунин иқдомот сурат нагирифтааст?”, - суол гузоштааст Устод Атомуҳаммади Нур.
Вай дар робита бо тахриби мақбараи Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллӣ ва раҳбари аввалин муқовимат дар баробари Толибон, Алқоида ва Покистон, аз ин гурӯҳ ва ҳомиёни он ном бурда, аммо номеро аз ин "ҳомиён" зикр накардааст.
“Тавассули мутакаррири Толибон ва ҳамфикрони онон ба тахриби оромгоҳи Қаҳрамони миллии кишвар, шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд, ки дар қалби озодихоҳон ҷо дорад ва намоди озодагиву истодагӣ аст, на танҳо ба ҷойгоҳи ӯ садама намезанад, ки бар мизони маҳбубияти он солори шуҳадо меафзояд”, - гуфтааст ӯ.
Ин аввалин бор нест, ки Толибон мақбараи Аҳмадшоҳ Масъудро дар Теппаи Саричаи дараи Панҷшер тахриб карда ва ба ӯ беэҳтиромӣ мекунанд. Дар гузашта Толибон дар мазори ӯ оҳанг хонда ва атан - рақси афғонӣ иҷро карда буданд.
Пас аз шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд дар соли 2001 қабри ӯ зиёратгоҳ ҳазорон тан аз ҳаводорони ӯ аз саросари ҷаҳон шуд, аммо Толибон ӯро душмани худ медонанд, зеро ӯ танҳо касе буд, ки дар даҳаи 90 нагузошт онҳо дар Афғонистон ҳукумат кунанд. Дар гузашта, Толибон Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ, яке дигар аз раҳбарони тоҷикро, ки дар соли 1929 қудратро ба зӯр аз паштунҳо гирифт, тавҳин карда буданд.
Дар айни ҳол, Толибон поро фаротар гузоштанд ва намодҳои миллии тоҷикҳо ва дигар сокинони форсизабони Афғонистонро тахриб ва тавҳин карданд. Ҳазфи тасовири “Девор фарҳехтагон" ва рангпошӣ рӯйи тундиси Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар Балх, тахриби муҷассамаи “Шаҳиди ваҳдати миллӣ” Абдулалии Мазорӣ дар Бомиён, рангпошӣ рӯйи тоблуи ҷодаи “Шаҳиди сулҳ” Бурҳонуддини Раббонӣ ва ҳазфи тасовири шахсиятҳои таърихӣ аз Донишгоҳи Кобул, тағйири тоблуҳои забони форсӣ, ҳазфи вожаи “донишгоҳ” аз тоблуҳо дар саросари Афғонистон ва даҳҳо мавориди дигар аз иқдомоте аст, ки сиёсати фарҳангситезӣ ва қавмситезии Толибонро барҷаста мекунад.
Устод Ато Муҳаммади Нур ин иқдомоти Толибонро хилофи рӯҳияи миллӣ, арзишҳои меҳанӣ ва асли ҳамзистиву ҳамдигарпазирӣ хондааст.
“Ин рӯйкардҳо хатароти ҷиддӣ барои иқдомоти мушобеҳ нисбат ба шахсиятҳои қавмиро афзоиш медиҳад ва дар иқдомоти талофиҷӯёна мумкин аст фардо шоҳиди рӯйдодҳои мушобеҳ алайҳи шахсиятҳои мутааллиқ ба табори Толибон бошем, ки омили он аъмоли қавмситезонаи ҳамин гурӯҳи фашист ва бартариятхоҳ аст”, - гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи нозирони авзоъи Афғонистон, Толибон агарчи шиорҳои исломиро медиҳанд, аммо рафторҳои миллигароёна, балки бештар фашистӣ доранд ва бо пайравӣ аз давлатҳои қаблӣ, сиёсати тақвияти мавқеияти қавми худ - паштунҳо дар Афғонистонро думбол мекунанд. Ин иштибоҳи бузурги онҳост, ки ҳар рӯз бар теъдоди мухолифони онҳо аз соири ақвом ҳатто аз толибони ғайрипаштун афзуда мешавад. Иқдомоти онҳо ҳатто мавозеъи касонеро, ки тарафдори сохтори федерал, ҳатто тақсими Афғонистон ҳастанд, тақвият мекунад. Ва ҳама фақат як истидлол доранд: шумо наметавонед дар як кишвар бо мардуме зиндагӣ кунед, ки ба арзишҳои шумо эҳтиром намегузоранд, балки баракс арзишҳои худро таҳмил мекунанд.